Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳамкорӣ бо Худо хурсандӣ меорад

Ҳамкорӣ бо Худо хурсандӣ меорад

«Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед» (2 ҚӮР. 6:1).

СУРУДҲО: 28, 14

1. Нигоҳ накарда ба он ки Яҳува Ҳаққи Таоло аст, дигаронро ба чӣ даъват мекунад?

ЯҲУВА — Ҳаққи Таоло ва Офаридгори тамоми даҳр аст. Қувва ва хиради Ӯ поён надорад. Баъди он ки Яҳува ба Айюб кӯмак кард, ки ин чизҳоро фаҳмад, ӯ навишт: «Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд, ва нияти туро боздоштан мумкин нест» (Айюб 42:2). Яҳува нияташро бе ёрдами касе иҷро карда метавонад, аммо аз рӯи муҳаббат моро даъват мекунад, ки бо Ӯ ҳамкорӣ кунем.

2. Исо дар офариниш чӣ нақш бозид?

2 Яҳува Писараш Исоро пеш аз офарида шудани ҳама чиз ба вуҷуд овард. Ӯ ба Исо имконият дод, ки дар офаридани дигар чизҳои модӣ ва офаридаҳои заминиву рӯҳӣ ба Ӯ кӯмак расонад (Юҳ. 1:1–3, 18). Павлуси ҳавворӣ дар бораи Исо чунин навиштааст: «Ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо,— ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст» (Қӯл. 1:15–17). Яҳува ба Писараш на фақат вазифаи муҳим супорид, балки ба дигарон дар бораи нақши муҳими Исо гап зад.

3. Яҳува Одамро ба чӣ даъват намуд ва чаро?

3 Яҳува одамонро низ барои бо Ӯ ҳамкорӣ кардан даъват мекунад. Масалан, Ӯ ба Одам имкон дод, ки ба ҳайвонҳо ном гузорад (Ҳас. 2:19, 20). Албатта, барои Одам омӯхтани хусусияти ҳайвонҳо ва номгузорӣ кардани онҳо кори ҳаловатбахш буд. Яҳува метавонист, ки ба ҳайвонҳо худаш номгузорӣ кунад, зеро онҳоро худаш офарид. Аммо аз рӯи муҳаббат Ӯ ба Одам иҷозат дод, то ба онҳо ном гузорад. Инчунин Яҳува ба Одам супориш дод, ки заминро пур карда онро ба биҳишт табдил диҳад (Ҳас. 1:27, 28). Вале афсӯс ки Одам дар охир бо Худо ҳамкорӣ кардан нахост ва ин ба ӯ ва наслаш дарду азоб овард (Ҳас. 3:17–19, 23).

4. Чӣ тавр баъзеҳо бо Худо ҳамкорӣ карда иродаи Ӯро ба ҷо меоварданд?

4 Баъдтар Яҳува дигаронро даъват намуд, ки бо Ӯ ҳамкорӣ кунанд. Нӯҳ киштӣ сохта худаш ва оилаашро аз Тӯфон наҷот дод. Мусо халқи Исроилро аз ғуломии Миср раҳо кард. Еҳушаъ исроилиёнро ба Замини ваъдашуда роҳнамоӣ кард. Сулаймон дар Ерусалим маъбад сохт. Марям модари Исо гашт. Ҳамаи ин ва дигар мардону занони содиқ бо Яҳува ҳамкорӣ мекарданд ва иродаи Ӯро ба ҷо меоварданд.

5. Мо дар кадом кор иштирок карда метавонем ва оё Яҳува ба ёрдами мо мӯҳтоҷ аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Имрӯз Яҳува моро даъват мекунад, ки барои дастгирӣ кардани Салтанати Масеҳоӣ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Барои ба Худо хизмат кардан роҳҳои бисёр вуҷуд дорад. Баъзеи онҳо ба ҳамаи масеҳиён имконпазир нест, аммо ҳамаи мо дар кори мавъизаи Салтанат иштирок карда метавонем. Албатта, Яҳува ин корро бе ёрдами мо ҳам карда метавонист. Ӯ метавонист, ки бо одамон рӯирост аз осмон гап занад. Исо гуфта буд, ки Яҳува метавонад ҳатто сангҳоро ба забон дарорад, то дар бораи Подшоҳи Масеҳоӣ гап зананд (Луқ. 19:37–40). Аммо Яҳува ба мо имконият дод, ки ҳамкорони Ӯ бошем (1 Қӯр. 3:9). Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Мо, ки мададгорон [«ҳамкорон», Тарҷумаи дарии форсӣ]-и Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед» (2 Қӯр. 6:1). Бо Худо ҳамкорӣ кардан шарафи бузургест, ки ба мо хурсандии зиёд меорад. Биёед бубинем, ки чаро?

БО ХУДО ҲАМКОРӢ КАРДАН ХУШБАХТИСТ

6. Исо аз ҳамкорӣ бо Падараш чӣ ҳис мекард?

Вақтҳои пеш хизматгорони Яҳува аз ҳамкорӣ бо Ӯ хурсандӣ мегирифтанд. Исо пеш аз ба замин омаданаш гуфта буд: «Худованд маро ибтидои роҳи Худ сохтааст... назди Ӯ дастпарвард будам, ва ҳар рӯз ҳаловат мебурдам, ва ба ҳузури Ӯ ҳамеша хушҳолӣ менамудам» (Мас. 8:22, 30). Исо бо Худо ҳамкорӣ мекард ва супоришҳои Ӯро хурсандона ба ҷо меовард. Ҳамчунин донистани он ки Яҳува дӯсташ медорад, ба ӯ хурсандӣ мебахшид. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст?

Оё аз таълим додани дигарон кори хурсандибахше ҳаст? (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чаро кори шогирдсозӣ ба мо хурсандӣ мебахшад?

7 Исо гуфта буд, ки инсон ҳам аз додан ва ҳам аз гирифтан хушбахтӣ ҳис мекунад (Аъм. 20:35). Вақте мо ҳақиқатро қабул кардем, хурсанд шудем ва инчунин ҳангоме ки ҳақиқатро ба дигарон мавъиза мекунем, диламон аз хурсандӣ лабрез мегардад. Аз дидани он ки чӣ тавр одамон ташнагии рӯҳониашонро шикаста ҳақиқати Китоби Муқаддасро қадр мекунанд ва ба Яҳува наздиктар мешаванд, худро хурсанд ҳис мекунем. Инчунин дидани он ки онҳо на фақат фикр, балки ҳаёти худро дигаргун месозанд, хурсандиамонро зиёдтар мегардонад. Мо дарк менамоем, ки мавъизаи хушхабар кори хеле муҳим ва қонеъкунанда аст. Зеро он барои абадан зиндагӣ кардани шахсоне ки бо Яҳува дӯст мешаванд, роҳ мекушояд (2 Қӯр. 5:20).

8. Баъзеҳо оиди хурсандие ки ҳамкорӣ бо Худо меорад, чӣ мегӯянд?

Вақте одамон хабари моро қабул мекунанд, мо аз ин хурсанд мешавем. Лекин донистани он ки Яҳува хизматамонро қадр мекунаду аз мо розӣ аст, хурсандии бештар мебахшад. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.) Марко, ки дар Итолиё зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ман бениҳоят хурсандам, ки чизи беҳтаринамро ба Яҳува мебахшам, на ба ягон каси дигар, ки каме пас корҳоямро фаромӯш карда метавонад». Ба ин монанд Франко, ки ӯ низ дар Итолиё хизмат мекунад, мегӯяд: «Яҳува ба воситаи Каломаш, адабиёт ва вохӯриҳо ҳар рӯз хотиррасон мекунад, ки моро дӯст медорад ва ҳар кореро ки мо барояш мекунем, хеле қадр мекунад, ҳатто вақте кӯшишҳоямон ба назарамон ночиз тобанд. Ана барои чӣ ҳамкорӣ бо Худо ба ман хурсандӣ бахшида, ҳаётамро пурмаъно мегардонад».

ҲАМКОРӢ БО ХУДО МОРО БА Ӯ ВА ДИГАРОН НАЗДИК МЕСОЗАД

9. Байни Яҳува ва Исо чӣ гуна муносибат вуҷуд дошт ва чаро?

Вақте мо бо шахсе ки дӯсташ медорем, ҳамкорӣ мекунем, мо бо шахсият ва хислатҳои ӯ беҳтар шинос мешавем. Мо на фақат оиди мақсадҳои ӯ, балки чӣ тавр амалӣ гардонидани ин мақсадҳояшро ҳам мефаҳмем. Исо миллиардҳо сол бо Падараш ҳамкорӣ кардааст ва риштаи меҳру муҳаббати онҳоро чизе канда наметавонад. Исо дар бораи муносибати наздики байни ӯву Падараш чунин гуфт: «Ман ва Падар як ҳастем» (Юҳ. 10:30). Онҳо аз ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хурсандӣ мегирифтанд.

10. Чӣ тавр кори мавъиза моро ба Яҳува ва якдигар наздик месозад?

10 Исо аз Яҳува хоҳиш кард, ки шогирдонашро муҳофизат кунад. Чаро? Ӯ дар дуояш гуфт: «То ки як бошанд, чунон ки Мо ҳастем» (Юҳ. 17:11). Вақте мо мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ мекунем ва дар кори мавъиза иштирок менамоем, мо хислатҳои олиҷаноби Ӯро боз ҳам беҳтар мефаҳмем. Мо мефаҳмем, ки чаро ба Ӯ такя намудан ва аз рӯи дастуроташ амал кардан оқилона аст. Вақте мо ба Худо наздик мешавем, Ӯ низ ба мо наздик мешавад. (Яъқуб 4:8-ро хонед.) Мо ҳамчунин ба ҳамимононамон наздик мешавем, чунки вазъият ва мақсадҳои мо якхелаанд. Бале, мо якҷоя меҳнат мекунем, якҷоя хурсандӣ мекунем ва якҷоя истодагарӣ мекунем. Октавия, ки дар Британия зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Бо Яҳува ҳамкорӣ карда ман ба дигарон наздик шудам. Дӯстии ман бо одамон ба он асос наёфтааст, ки мо аз ягон ҷиҳат ба ҳам монандем, балки як мақсад дорем ва ҳамаамон ба як самт ҳаракат мекунем». Оё шумо бо суханони хоҳар розиед? Вақте мебинед, ки чӣ тавр дигарон барои ба Яҳува писанд омадан кӯшиш мекунанд, оё ин шуморо ба онҳо наздиктар намесозад?

11. Чаро мо дар дунёи нав ба якдигар ва ба Яҳува наздиктар мешавем?

11 Риштаи муҳаббати мо бо Худо ва бародаронамон ҳоло мустаҳкам аст, лекин дар дунёи нав он мустаҳкамтар мешавад. Дар бораи ҳамаи он корҳои аҷоибе фикр кунед, ки дар оянда моро интизоранд. Мо шахсони эҳёшударо пешвоз мегирем ва роҳҳои Яҳуваро ба онҳо таълим медиҳем. Ҳамчунин мо барои ба биҳишт табдил ёфтани замин меҳнат мекунем. Мо якҷоя кор мекунем ва зери ҳукмронии Масеҳ оҳиста-оҳиста ба комилият мерасем. То чӣ андоза хурсандибахш хоҳад буд он замон! Ҳамаи одамон ба якдигар ва ба Яҳува, ки «ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» мекунад, боз ҳам наздик мешаванд (Заб. 144:16).

БО ХУДО ҲАМКОРӢ КАРДАН МОРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

12. Чӣ тавр кори мавъиза моро муҳофизат мекунад?

12 Мо бояд муносибати бо Яҳува доштаамонро муҳофизат кунем. Мо дар ҷаҳони Шайтон зиндагӣ дорем ва нокомилем, барои ҳамин метавонем ба осонӣ тарзи фикрронӣ ва рафтори одамони ин ҷаҳонро қабул кунем. Инро ба мисоли зерин монанд кардан мумкин аст: шумо дар дарёи пурталотуме шино мекунед. Мавҷҳои тези он шуморо ба самте ки намехоҳед, мебаранд. Барои ҳамин шумо бояд тамоми қуввататонро ҷамъ карда ба самти дигар шино кунед. Мисли ин мо бояд бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш кунем, то ба таъсири ҷаҳони Шайтон дода нашавем. Чӣ тавр иштирок дар мавъиза моро муҳофизат мекунад? Вақте мо дар бораи Яҳува ва Каломаш гап мезанем, мо диққатамонро ба чизҳои муҳим равона месозем, на ба чизҳое ки имонамонро суст мекунанд (Флп. 4:8). Кори мавъиза имони моро мустаҳкам месозад, чунки ба мо дар бораи ваъдаҳои Худо ва меъёрҳои одилонаи Ӯ хотиррасон мекунад. Он ҳамчунин ба мо кӯмак мекунад, ки зиреҳи рӯҳонии худро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем. (Эфсӯсиён 6:14–17-ро хонед.)

13. Як Шоҳиди Яҳува аз Австралия дар бораи кори мавъиза чӣ мегӯяд?

13 Агар бо кори мавъиза ва дигар корҳои рӯҳонӣ банд бошем, мо дар бораи ғаму ташвишҳои зиндагӣ камтар фикр мекунем ва ба туфайли ин худро муҳофизат мекунем. Ҷоэл, ки дар Австралия зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Кори мавъиза ба ман кӯмак мекунад, ки дар кадом вақт зиндагӣ карданамро фаромӯш насозам. Ин ба ман дар бораи душвориҳое ки одамон аз сар мегузаронанд ва он ки то чӣ андоза бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддас манфиатбахшанд, хотиррасон мекунад. Кори мавъиза ба ман кӯмак мекунад, ки барои фурӯтан мондан кӯшиш кунам. Ин ба ман имконият медиҳад, ки ба Яҳува ва бародару хоҳаронам такя кунам».

14. Чӣ тавр истодагарии мо нишон медиҳад, ки рӯҳи Худо бо мост?

14 Ҳамчунин кори мавъиза ба мо боварӣ мебахшад, ки рӯҳи Яҳува бо мост. Мисоле меорем. Тасаввур кунед, ки ба шумо кореро пешкаш мекунанд. Шумо бояд ба одамони маҳаллатон нон тақсим кунед. Лекин барои ин ба шумо музд намедиҳанд ва хароҷотатонро рӯпӯш намекунанд. Беш аз ин шумо мефаҳмед, ки бисёриҳо нон намехоҳанд ва баъзеҳо барои ин коратон аз шумо ҳатто нафрат мекунанд. Шумо то ба кай бо ин кор машғул мешудед? Дере нагузашта шумо аз муносибати одамон рӯҳафтода мешудед ва эҳтимол дигар кор карда наметавонистед. Лекин бисёре аз мо тӯли солҳо мавъиза карда истодаем. Мо ин корро аз ҳисоби худ мекунем ва ба муносибати бад ва мазоҳу масхараи одамон аҳамият намедиҳем. Магар ин нишон намедиҳад, ки рӯҳи Худо бо мост?

БО ХУДО ҲАМКОРӢ КАРДАН НИШОНАИ МУҲАББАТ АСТ

15. Чӣ тавр мавъизаи хушхабар бо нияти Худо алоқаманд аст?

15 Чӣ тавр кори мавъиза бо нияте ки Худо нисбати одамизод дорад, алоқаманд аст? Худо мехоҳад, ки одамон абадан зиндагӣ кунанд ва ин мақсади Ӯ баъди гуноҳ кардани Одам дигар нашуд (Иш. 55:11). Худо коре кард, то мо аз банди гуноҳу марг озод шавем. Чӣ тавр? Исо ба замин омад ва ҳаёти худро қурбон кард. Лекин барои манфиат гирифтан аз ин қурбонӣ одамон бояд ба гуфтаҳои Худо гӯш диҳанд. Исо ба одамон дар бораи он ки Худо аз онҳо чӣ интизор аст, таълим медод ва ӯ ба шогирдонаш фармуд, ки онҳо низ ҳамин корро кунанд. Яҳува мехоҳад, ки одамон аз банди гуноҳу марг озод шаванд, барои ҳамин мо дар кори мавъиза иштирок мекунем ва ба одамон кӯмак мерасонем, ки бо Худо оштӣ шаванд. Ҳамин тавр мо бо Худо ҳамкорӣ мекунем.

16. Чӣ тавр кори мавъиза бо амри бузургтарин Худо алоқаманд аст?

16 Вақте мо ба дигарон кӯмак мекунем, ки имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро пайдо кунанд, мо ба онҳо ва ба Яҳува муҳаббат нишон медиҳем. «Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Вақте фарисие аз Исо пурсид, ки бузургтарин амри Яҳува кадом аст, ӯ ҷавоб дод: «“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор”. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин; ва дуюмаш монанди он аст: “Ёри худро мисли худ дӯст бидор”» (Мат. 22:37–39). Хушхабарро мавъиза карда мо ба ин амри Худо итоат мекунем. (Аъмол 10:42-ро хонед.)

17. Шумо нисбати имконияти пуршарафи мавъизаи хушхабар чӣ фикр доред?

17 То чӣ андоза хушбахтем мо! Яҳува ба мо кореро дод, ки хурсандибахш аст, моро ба Ӯ ва бародаронамон наздик месозад ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат мекунад. Ин ҳамчунин ба мо имконият медиҳад, ки муҳаббатамонро ба Худо ва одамон нишон диҳем. Яҳува дар рӯи замин миллионҳо ходимон дорад ва вазъияти ҳар яки онҳо гуногун аст. Ҳамаи мо метавонем дар бораи имонамон ба дигарон гап занем, новобаста аз он ки мо ҷавонем ё пир, боем ё камбағал, бақувватем ё камқувват. Мо бо суханони хоҳарамон Шантел, ки аз Фаронса мебошад, розием: «Бузургтарин Шахс дар олам, Офаридгори тамоми мавҷудот ва Худои хушбахт ба ман мегӯяд: “Бирав! Гап зан! Ба ҷойи Ман гап зан, аз таҳти дил гап зан. Ман ба ту қувват, Каломи худ, дастгирии фариштагон, ҳамроҳони заминӣ, таълими беҳтарин ва дастуроти аниқу саривақт медиҳам”. Чӣ имконияти пуршарафест, ки Яҳува моро даъват мекунад, ки ҳамкоронаш бошем!»