БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Январ 2018

Ин нашр мақолаҳои омӯзишӣ аз 26 феврал то 1 апрели соли 2018-ро дар бар мегирад.

ОНҲО ХУДРО БО ОМОДАГӢ ПЕШКАШ КАРДАНД

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мадагаскар

Бо баъзе воизоне, ки ба Мадагаскар кӯчида дар паҳн кардани хушхабар кӯмак мерасонанд, шинос шавед.

«Ӯ хастаро қувват мебахшад»

Бо наздик шудани анҷоми ин ҷаҳон мо бо душвориҳо зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Ояти соли 2018 ба мо ёдрас мекунад, ки мо метавонем барои бақувват шудан аз Худо ёрӣ пурсем.

Шоми ёдбуд — маросиме, ки халқи Худоро муттаҳид месозад

Чӣ гуна Шоми ёдбуд ба ягонагии халқи Худо мусоидат мекунад? Оё ягон вақт чунин мешавад, ки халқи Худо Шоми ёдбудро дигар қайд накунад? Агар ҳа, ин кай рӯй медиҳад?

Оё Дорандаи ҳама чиз ба дороии мо ниёз дорад?

Яке аз роҳҳое, ки мо ба Яҳува муҳаббатамонро нишон дода метавонем, ин аз дороиамон барои Ӯ сарф кардан мебошад. Чӣ тавр мо бо дороии худ Яҳуваро ҷалол дода метавонем ва ин ба мо чӣ манфиат меорад?

Муҳаббате, ки хушбахтии ҳақиқӣ меорад

Муҳаббате, ки дар 2 Тимотиюс 3:2–4 гуфта шудааст, аз муҳаббате, ки мо ба Худо дорем, чӣ фарқ дорад? Ба ин савол ҷавоб ёфта мо қаноатмандӣ ва хушбахтии ҳақиқиро ба даст меорем.

Фарқи байни одамонро пай баред

Хислатҳои одамони замони охир аз хислатҳое, ки халқи Худо зоҳир мекунад, бо чӣ фарқ мекунад?

Оё шумо медонед?

Оё исроилиёни қадим ҳангоми ҳал кардани баҳсу мунозираҳои ҳуқуқӣ Шариати Мӯсо ба кор мебурданд?