БУРҶИ ДИДБОНӢ №1 2018 | Китоби ҳама давру замон
КИТОБИ ҲАМА ДАВРУ ЗАМОН
Оё гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар ин замони тараққиёт, ки рӯз ба рӯз маълумоти нав мебарояд, кӯҳна шудааст? Каломи Худо мегӯяд:
«Тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва... фоиданоканд» (2 Тимотиюс 3:16).
Ин нашри «Бурҷи дидбонӣ» ҳозиразамон будани Китоби Муқаддасро исбот мекунад.
Оё маслиҳатҳои Китоби Муқаддас то ҳол фоидаоваранд?
Бо вуҷуди он ки ҳар лаҳза маълумоти нав ба нав мебарояд, чаро ба китобе, ки қариб 2000 сол пеш навишта шудааст, муроҷиат кунем?
Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯҳна намешаванд
Ҳатто маълумоти нав исбот накард, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас кӯҳна шудаанд, зеро онҳо солҳо пеш навишта шуда бошанд ҳам, аз маълумоти нав қафо намемонанд.
Китоби Муқаддас китоби қадимаву ҳозиразамон
Китоби Муқаддас китоби илмӣ набошад ҳам, дар он маълумоте ҳаст, ки бо илми ҳозира мувофиқат мекунад.
1 Чӣ тавр худро аз душвориҳо эмин дорем?
Биёед дида бароем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба одамон ёрдам доданд, ки худро аз душвориҳои вазнин эмин доранд.
2 Чӣ тавр душвориҳоро ҳал кунем?
Китоби Муқаддас барои ҳалли душвориҳое, ки давомноку вазнинанд, ба мисли аз ҳад зиёд ташвиш кашидан, корро кашол додан ва танҳоӣ ёрдам карда метавонад.
3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?
Дар бораи душвориҳое, ки на аз онҳо гурехта мешаваду на онҳоро ҳал карда мешавад, ба мисли бемории дурудароз ё марг, чӣ гуфтан мумкин аст?
Китоби Муқаддас ва ояндаи шумо
Каломи Худо дар ҳал кардани душвориҳои дар наздамонбуда, яъне душвориҳое, ки ҳар рӯз дар ин ҷаҳони тағйирёбанда рӯ ба рӯ мешавем, кӯмак мекунад. Лекин Китоби Муқаддас боз дар дигар маврид низ кӯмак мерасонад. Он ба ояндаи мо равшанӣ меандозад.
Шумо чӣ фикр доред?
Фаҳмед, ки баъзе одамон ба чӣ боварӣ доранд ва Китоби Муқаддас дар бораи ин саволҳо чӣ таълим медиҳад.