Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Худо ҳамдард аст?

Оё Худо ҳамдард аст?

МО АЗ ОФАРИДАҲО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

Ҳамдардӣ маънои «ба ғаму дарди касе шарик будан ё худро ба ҷойи касе монда дардашро ҳис кардан»-ро дорад. Равоншинос Рик Ҳенсон мегӯяд: «Ҳамдардӣ дар сиришти мо ҷо шудааст».

АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Чаро дар байни офаридаҳо танҳо мо инсонҳо ҳамдардӣ нишон дода метавонем? Чунки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо одамизодро ба сурати худ офарид (1 Мӯсо 1:26). Ин маънои онро дорад, ки мо хислатҳои олиҷаноби ӯро ба дараҷаи муайян нишон дода метавонем. Барои ҳамин, вақте одамон аз ҳамдардӣ ба дигарон ёрӣ медиҳанд, онҳо ба ҳамдардии Офаридгори раҳмдиламон Яҳува пайравӣ мекунанд (Панднома 14:31).

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ ҲАМДАРДИИ ХУДО ЧӢ МЕГӮЯД?

Худо нисбати мо ҳамдард аст ва азоб кашидани моро чашми дидан надорад. Дар бораи халқи Исроил, ки дар Миср дар ғуломӣ азоб мекашиданду 40 сол дар биёбон овора буданд, дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «[Худованд] ҳар як азоби онҳоро дида азоб мекашид» (Ишаъё 63:9). Аҳамият диҳед, Худо на танҳо аз азоби онҳо хабардор буд, балки дарди онҳоро ҳис мекард. Яҳува мегӯяд: «Ман аз дарду азоби онҳо огоҳ ҳастам» (2 Мӯсо 3:7). Ӯ боз чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба гавҳараки чашми ман даст мерасонад» (Закарё 2:8). Вақте дигарон моро азоб медиҳанд, ӯ ҳам бо мо азоб мекашад.

Агар мо худро баъзан ҳукм карда ба ҳамдардии Худо нолоиқ ҳис кунем, Китоби Муқаддас бо суханони зерин моро боварӣ мебахшад: «Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳама чизро медонад» (1 Юҳанно 3:19, 20). Худо моро аз худамон ҳам беҳтар медонад. Ба ӯ вазъият, фикрҳо ва ҳиссиётамон пурра аён аст ва ӯ ба мо ҳамдардӣ нишон медиҳад.

Мо ҳангоми душвориҳо аз Худо бе дудилагӣ тасаллӣ, хирад ва мадад пурсида метавонем

Каломи Худо моро боварӣ мебахшад

  • «Он гоҳ шумо сӯйи Яҳува фарёд мезанед ва ӯ ҷавоб медиҳад, мадад мепурсед ва ӯ мегӯяд: “Ман ин ҷоям!”» (ИШАЪЁ 58:9).

  • «Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ, ва ба шумо ояндаву умед бахшам. Он гоҳ шумо сӯйи ман мехонед ва наздам меоед. Шумо ба ман дуо мегӯед ва ман ба шумо гӯш медиҳам» (ИРМИЁ 29:11, 12).

  • «Ашкҳоямро дар машки худ ҷамъ ор. Магар онҳо дар дафтарат навишта нашудаанд?» (ЗАБУР 56:8).

ХУДО БА МО АҲАМИЯТ МЕДИҲАД, ҲАМДАРДӢ МЕКУНАД ВА МОРО МЕФАҲМАД

Оё донистани он ки Худованд нисбати мо ҳамдард аст, кумак мекунад, ки ба мушкилиҳоямон тоб орем? Биёед мисоли Марияро бинем.

«Вақте писари 18-солаам, баъди ду соли бо касалии саратон мубориза бурданаш, вафот кард, ин бароям зарбаи сахт буд. Ҳис кардам, ки ҳаёт нисбати ман бисёр вазнину беадолат аст. Ман аз Яҳува ба ғазаб омадам, ки чаро вазъиятамро дигар накард ва писарамро шифо набахшид.

Баъди шаш сол ман ба як дӯсти меҳрубонам аз ҷамоат дарди дил карда гуфтам, ки Яҳува гӯё маро дӯст намедорад. Ӯ гапамро набурида якчанд соат гӯш кард ва баъд 1 Юҳанно 3:19, 20-ро хотиррасон кард, ки дар он ҷо гуфта шудааст: “Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳама чизро медонад”. Ӯ қайд кард, ки Яҳува дарду ғами моро мефаҳмад.

Вале ба ҳар ҳол аз ғазабам халос шуда наметавонистам. Баъд суханони Забур 94:19-ро хондам, ки чунин аст: “Вақте ғаму ташвиш дарунамро фаро мегирифт, ту маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ”. Ин суханон маҳз барои ман буданд. Донистани он ки Яҳува маро мешунавад, мефаҳмад ва ман ба ӯ дардамро гуфта метавонам, диламро бардошт».

Донистани он ки Худо моро мефаҳмад, ба мо ҳамдардӣ мекунад, чӣ қадар тасаллибахш аст! Пас, набошад барои чӣ дарду азоб ин қадар бисёр аст? Магар аз сабаби он ки Худо моро барои хатоҳоямон ҷазо медиҳад? Барои нест кардани азобҳоямон оё ягон чора меандешад? Дар мақолаҳои навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.