Умеди ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
Умеди ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
АҚРАБАКИ СОАТИ ШУМО ҳаракат намекунад, аз афташ соататон вайрон шудааст. Бисёр мутахассисон онро таъмир кардан мехоҳанд. Вале пешниҳоди онҳо ҳархела буда, ба ҳам муқобиланд. Аммо, чӣ агар шумо фаҳмед, ки якчанд сол пеш соати шуморо ҳамсояатон сохта будааст ва мехоҳад онро бароятон бепул таъмир кунад? Маълум аст, ки шумо таъмири соататонро ба кӣ бовар мекунед, ҳамин тавр не?
Акнун тасаввур кунед, ки соат ин умеди шумо аст. Агар шумо бинед, ки дар ин замонҳои сахт умедатонро мисли дигар одамон аз даст дода истодаед, аз кӣ кӯмак мепурсед? Бисёр одамон мегӯянд, ки дар чунин маврид ба шумо кӯмак карда метавонанд. Вале пешниҳоди беҳисоби онҳо сари шуморо гаранг мекунад ва ба ҳам муқобил мебарояд. Пас беҳтараш аз Оне кӯмак пурсед, ки одамро бо қобилияти умед доштан офаридааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» ва мехоҳад ба мо кӯмак кунад (Корнома 17:27; 1 Петрус 5:7).
Калимаи умед маънои васеътар дорад
Мувофиқи Китоби Муқаддас маънои калимаи умед назар ба фаҳмиши олимон, духтурон ва равоншиносони имрӯза васеътар аст. Калимаи ибронӣ ва юноние, ки дар Китоби Муқаддас «умед» тарҷума шудаанд, маънояшон чизеро сахт хостан ва чизи хубро интизор будан аст. Одатан умед ду чизро дар бар мегирад: чизи хуберо хостан ва барои иҷро шудани чизи хуб боварии асоснок доштан. Умеде, ки дар Китоби Муқаддас омадааст танҳо як орзуи хом нест. Ин умед аз далелҳои асоснок сарчашма мегирад.
Аз ин ҷиҳат маънои умед ва имон наздик аст. Имон бояд бар далелҳо асос ёбад, на бар суханони ҳеҷу пуч (Ибриён 11:1). Валекин мувофиқи Китоби Муқаддас байни умед ва имон фарқе ҳаст (1 Қӯринтиён 13:13).
Мисоле меорем. Вақте шумо аз дӯсти наздикатон кӯмак мепурсед, умедвор мешавед, ки ӯ ба мададатон мерасад. Ин умедатон беасос нест. Шумо ба дӯстатон боварӣ доред, чунки ӯро нағз мешиносед ва аз некиву саховатмандиаш бохабаред. Дар ин маврид боварӣ ва умедатон алоқаманданд, ҳатто ба якдигар вобастаанд. Лекин ҳамзамон аз якдигар фарқ мекунанд. Чӣ тавр шумо ба Худо ҳамин гуна умед баста метавонед?
Умеди асоснок
Худо сарчашмаи умеди ҳақиқӣ аст. Дар замонҳои қадим Яҳува «умеди Исроил» номида шуда буд (Ирмиё 14:8). Ӯ ба халқаш умеди асоснок медод ва ҳамзамон Худаш умеди онҳо буд. Ин умед танҳо орзуву хаёли хом набуд. Умеде, ки Яҳува ба халқаш медод таҳкурсии мустаҳкам дошт. Дар давоми асрҳо Яҳува пайваста ба халқаш умед бахшида ваъдаҳояшро иҷро мекард. Боре пешвои исроилиён Юшаъ ба халқ муроҷиат карда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки ҳеҷ як сухан аз ҳама ваъдаҳои Худоятон Яҳува, ки ба шумо додааст, барбод нарафтааст» (Юшаъ 23:14).
Аз иҷрошавии ин ваъдаҳо ҳазорҳо сол гузашта бошад ҳам, онҳо имони моро имрӯз низ қавӣ мегардонанд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи бисёр пешгӯйиҳои Худо гуфта шудааст, ки иҷрошавии онҳоро таърих тасдиқ мекунад. Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас чунон бовариноканд, ки баъзан дар бораи онҳо тавре гуфта мешавад, ки гӯё аллакай иҷро шудаанд.
Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки Китоби Муқаддас умедбахш аст. Вақте аз он мехонед, ки чӣ тавр Худо бо одамон муносибат мекард, барои ба ӯ умед бастан бештар асос пайдо мекунед. Павлуси расул навиштааст: «Ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (Румиён 15:4).
Худо ба мо чӣ гуна умед мебахшад?
Кадом вақт ба мо умед бештар лозим аст? Шояд вақте, ки бо марг рӯ ба рӯ мешавем? Барои бисёриҳо, вақте ягон шахси наздикашонро аз даст медиҳанд, умед доштан хеле душвор аст. Охир, марг ба кас ягон умед боқӣ намемонад. Аз марг ягон ҷойи гурез нест. Инсон аз он андаке гурезад ҳам, вале пурра пеши роҳи онро гирифта наметавонад. Аз ин ҷост, ки Китоби Муқаддас маргро «душмани охирин» меномад (1 Қӯринтиён 15:26).
Пас, чӣ тавр ҳангоми бо марг рӯ ба рӯ шудан умед дошта метавонем? Дар ояте, ки нав хондем, инчунин гуфта шудааст, ки марг «нест карда мешавад». Яҳува Худо аз марг дида бузургтар аст. Ӯ инро маротибаҳои зиёд исбот кардааст. Чӣ тавр? Дар Китоби Муқаддас оиди нӯҳ воқеае гуфта шудааст, ки бо қувваи Худо мурдаҳо зинда шудаанд.
Боре Яҳува ба писараш Исо қувват бахшид, то ӯ дӯсти наздикаш Лаъзорро, ки чор рӯз дар қабр буд, зинда кунад. Исо ин мӯъҷизаро дар пеши шоҳидони бисёр ба амал овард (Юҳанно 11:38–48, 53; 12:9, 10).
Шояд шумо гӯед: «Чаро одамонро зинда мекарданд? Охир онҳо оқибат пир шуда боз мемурданд-ку?» Гапатон рост. Вале дар асоси воқеаҳои зиндашавӣ мо умеди асоснок пайдо мекунем, ки рӯзе наздикони фавтидаамон ҳатман аз нав зинда мешаванд. Хулосаи гап, мо умеди ҳақиқӣ дорем.
Исо гуфта буд: «Ман растохез ва зиндагӣ ҳастам» (Юҳанно 11:25). Яҳува ба Исо қудрат медиҳад, ки дар саросари замин мурдагонро зинда кунад. Исо гуфтааст: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабранд, овози ӯро [Масеҳро] мешунаванд ва берун меоянд» (Юҳанно 5:28, 29). Бале, ҳамаи онҳое, ки дар қабр ҳастанд, зинда шуда дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ хоҳанд кард.
Пайғамбар Ишаъё зиндашавиро хеле ҷолиб тасвир кардааст: «Мурдагони ман зинда мешаванд, ҷасадҳои халқи ман бармехезанд. Эй сокинони хок, бедор шаведу хурсандӣ кунед! Зеро шабнами ту мисли шабнами саҳарӣ аст ва замин мурдагони бемаҷолро ба ҳаёт бармегардонад» (Ишаъё 26:19).
Магар ин суханон тасаллибахш нестанд? Мурдагон дар ҷойи аз ҳама бехатар қарор доранд, ба мисли тифле, ки дар батни модар аст. Бале, онҳое ки дар қабр хобидаанд, дар хотираи Худои Қодир нигоҳ дошта шудаанд (Луқо 20:37, 38). Ба наздикӣ онҳо дар дунёе зинда мешаванд, ки саршори хушбахтӣ асту ҳама аз дидорашон хурсанд мегарданд, ба мисли он ки оилаи меҳрубоне аз таваллуди кӯдак хурсандӣ мекунад. Бинобар ин мо бо марг рӯ ба рӯ шавем ҳам, ноумед нестем.
Аз умед чӣ фоида?
Павлуси расул дар бораи фоидаи умед нағз қайд кардааст. Ӯ умедро бо қисми муҳими либоси ҷангии рӯҳонӣ, яъне кулоҳ, муқоиса кардааст (1 Таслӯникиён 5:8). Павлус бо ин суханонаш чӣ гуфтанӣ буд? Дар замонҳои қадим ҷанговар кулоҳи оҳанинро аз болои каллапӯши намадин ё чармин пӯшида ба ҷанг мерафт. Ба туфайли кулоҳ зарбаҳои гуногун ба сари ҷанговар зарари марговар намерасонданд. Аз ин рӯ, Павлус гуфтанӣ буд, ки чи хеле кулоҳ сари ҷанговарро муҳофизат мекард, умед низ ақл ва фикрронии одамро муҳофизат мекунад. Агар умеди шумо дар асоси ваъдаҳои Худо бошад, дар вақтҳои ноором оромиро нигоҳ дошта ба воҳима намеғалтед ва рӯҳафтода намешавед. Кӣ соҳиби чунин кулоҳ шудан намехоҳад?
Павлус инчунин бо як мисоли дигар нишон додааст, ки чӣ тавр умед бо иродаи Худо алоқаманд аст. Ӯ навиштааст, ки «умед барои ҷонҳои мо лангари мустаҳкаму устувор» аст (Ибриён 6:19). Павлус, ки киштиаш чандин маротиба ғарқ шуда буд, қадри лангарро нағз медонист. Ҳангоми тӯфон баҳрнавардон лангарро ба қаъри баҳр мефароварданд. Агар лангар ба сангҳои қаъри баҳр расида дармемонд, киштӣ сӯйи соҳил рафта ба сангҳо барнамехӯрд ва намешикаст.
Ба ин монанд, агар ваъдаҳои Худо бароямон мисли умеди «мустаҳкаму устувор» бошанд, мо дар гирдоби зиндагӣ намепечем. Яҳува ваъда медиҳад, ки ба наздикӣ одамон аз ҷанг, ҷиноят, дарду алам ва ҳатто марг дигар азоб намекашанд. (Ба чорчӯбаи саҳифаи 10 нигаред). Умед кӯмак мекунад, ки аз тӯфон паноҳ ёбем ва қувват медиҳад, то мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ кунем. Инчунин ба туфайли умедамон мо аз рӯҳияи бадахлоқонае, ки дар ҷаҳони имрӯза паҳн гаштааст, дурӣ ҷуста метавонем.
Умеде, ки Яҳува медиҳад ба шумо низ дахл дорад. Ӯ ният дорад, ки шумо аз ҳаёти ваъдакардаи ӯ баҳра баред. Яҳува «мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд». Чӣ хел? Дар аввал ҳама бояд «дар бораи ростӣ дониши хуб гиранд» (1 Тимотиюс 2:4). Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки дар бораи ҳақиқат аз Каломи Худо дониш гиред ва соҳиби ҳаёти ҷовидона шавед. Ҳамин тавр Худо ба шумо умеде медиҳад, ки аз умеди ин ҷаҳон садчандон беҳтар аст.
Бо чунин умед шумо ҳеҷ гоҳ ноумед намешавед. Худо ба шумо қувват медиҳад, ки ба ҳар мақсаде, ки мувофиқи иродаи ӯст, бирасед. (2 Қӯринтиён 4:7; Филиппиён 4:13). Магар шумо чунин умедро орзу намекунед? Пас, агар ба шумо умед лозим бошад, агар дар ҷустуҷӯи он бошед, далерӣ зоҳир кунед. Умед дар остонаи дар аст. Шумо онро соҳиб шуда метавонед!
[Чорчуба/Тасвир дар саҳифаи 10]
Умеди мо асоснок аст
Фикрҳои зерин бар Китоби Муқаддас асос меёбанд ва умеди шуморо қавӣ гардонда метавонанд:
◼ Худо ояндаи хушбахтонаро ваъда медиҳад.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки тамоми рӯйи замин биҳишт мешавад ва одамон чун оилаи тифоқ хушбахтона зиндагӣ мекунанд (Забур 37:11, 29; Ишаъё 25:8; Ошкорсозӣ 21:3, 4).
◼ Худо дурӯғ намегӯяд.
Худо аз ҳар гуна дурӯғ нафрат дорад. Яҳува Худои пок ва муқаддас аст, барои ҳамин ӯ ҳаргиз дурӯғ намегӯяд (Панднома 6:16–19; Ишаъё 6:2, 3; Титус 1:2; Ибриён 6:18).
◼ Худо қувваи беохир дорад.
Танҳо Яҳува Абарқудрат аст. Барои иҷро кардани ваъдаҳояш ягон чиз дар олам садди роҳи ӯ шуда наметавонад (2 Мӯсо 15:11; Ишаъё 40:25, 26).
◼ Худо мехоҳад, ки шумо абадан зиндагӣ кунед.
(Юҳанно 3:16; 1 Тимотиюс 2:3, 4).
◼ Худо аз мо умедашро намеканад.
Худо на ба камбудиву сустиҳо, балки ба хислатҳои хуб ва кӯшишҳои мо аҳамият медиҳад (Забур 103:12–14; 130:3; Ибриён 6:10). Ӯ умедвор аст, ки мо дуруст рафтор карда розигиашро ба даст меорем (Панднома 27:11).
◼ Худо кӯмак мекунад, то хосташро иҷро карда тавонед.
Хизматгорони ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намешаванд. Худо саховатмандона ба мо рӯҳи муқаддасашро медиҳад. Рӯҳи муқаддас ин қувваи бузург ва беҳамтои ӯст (Филиппиён 4:13).
◼ Умед ба Худо ҳеҷ касро ноумед намесозад.
Худо сазовори боварӣ аст ва ҳеҷ гоҳ шуморо ноумед намекунад (Забур 25:3).
[Тасвир дар саҳифаи 12]
Чи хеле кулоҳ сари ҷанговарро муҳофизат мекард, умед низ ақл ва фикрронии одамро муҳофизат мекунад
[Тасвир дар саҳифаи 12]
Мисли лангар умеде, ки таҳкурсии мустаҳкам дорад ба кас оромӣ мебахшад
[Манбаи маълумот]
Courtesy René Seindal/Su concessione del Museo Archeologico Regionale A. Salinas di Palermo