Чаро умед доштан муҳим аст?
Чаро умед доштан муҳим аст?
БА ФИКРАТОН, агар Дениэл, ки бемории саратон дошту дар аввали мақола дар борааш хондем, умедашро аз даст намедод, зинда мемонд? Оё бар бемории саратон ғолиб мебаромад? Ба ин саволҳо ҳатто онҳое, ки ба қувваи шифобахши умед боварӣ доранд, зуд ҷавоб дода наметавонанд. Ин фикр сазовори диққат аст. Воҳима карда умедро дармони ҳамаи касалиҳо шуморидан начандон дуруст аст.
Дар мусоҳиба бо шабакаи «Си-би-эс Нюс» духтур Нейтан Черни қайд мекунад, ки дар мавриди беморони вазнин ба қувваи шифобахши умед аз ҳад зиёд таваккал кардан хатарнок аст. Ӯ мегӯяд: «Ҳолатҳое буданд, ки шавҳар занашро сарзаниш карда мегуфт, ки ӯ ба ҳолати равониаш нағз эътибор намедиҳад ва ба қадри кофӣ некбин нест». Духтур илова мекунад: «Дар натиҷаи чунин гуфтаҳо ақидаи беасосе пайдо мешавад, ки гӯё лаҷоми бемории саратон пурра дар дасти худи бемор аст. Аз рӯйи ин ақидаи нодуруст онҳо гӯё бо дарди худ ба қадри кофӣ мубориза намебаранд. Аз ин ҷиҳат беморро айбдор кардан аз рӯйи адолат нест».
Бояд гуфт, ки бо бемории марговар мубориза бурдан шахсро хаставу бемадор мегардонад. Бешубҳа хешу табори чунин бемор намехоҳанд, ки ӯро айбдор карда, дарду азобашро дучанд гардонанд. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки аз умед фоидае нест?
Не албатта! Вазифаи духтуре, ки аллакай дар борааш гуфтем, муолиҷа ё дароз кардани умри бемор нест. Мақсади ӯ дарди беморро сабук кардан аст. Чунин духтурон боварӣ доранд, ки ин тарзи табобат, ҳатто табъи беморони вазнинро болида мегардонад. Бинобар ин далелҳои зиёде ҳастанд, ки умед ҳолати беморро беҳтар гардонда метавонад ва ба бисёр чиз қодир аст.
Фоидаи умед
«Умед таъсири калон дорад» — мегӯяд рӯзноманигор, Гиффорд Джонс. Ӯ ҳар гуна мақолаҳои тиббиро таҳқиқ карда, фаҳмиданӣ буд, ки оё кӯмаки равонӣ ба беморони вазнин ягон фоида дорад. Тахмин карда мешавад, ки чунин кӯмак ба одамон ёрӣ медиҳад, ки назари мусбӣ дошта бошанд ва ноумед нашаванд. Мувофиқи яке аз таҳқиқоти соли 1989 маълум гашт, ки умри бемороне, ки аз ҷиҳати равонӣ дастгирӣ карда шуданд, дарозтар мешавад. Вале таҳқиқоте, ки дар ин мавзӯъ ба наздикӣ карда шуд, далелҳояш чандон боваринок нестанд. Ба ҳар ҳол мувофиқи чунин таҳқиқот бемороне, ки кӯмаки равонӣ мегиранд, назар ба онҳое, ки аз ин гуна кӯмак маҳруманд, камтар ба депрессия дучор мешаванд ва азобашон сабуктар аст.
Як таҳқиқоти дигареро аз назар мегузаронем, ки мақсади он фаҳмидани таъсири некбинӣ ва бадбинӣ дар мавриди бемории дил аст. Дар рафти санҷиш, бо 1300 мард сӯҳбат карда, некбин ё бадбин будани онҳоро маълум сохтанд. Баъд аз даҳ сол 12 фоизи онҳо гирифтори бемории дил шуданд. Шумораи онҳое, ки бадбин буданд, назар ба некбинон ду маротиба зиёд буд. Лора Кубзански, дотсенти кафедраи саломатӣ ва рафтори ҷамъиятии факултаи тандурустии донишгоҳи Гарвард қайд мекунад: «Аксар ақидаҳое, ки дар бораи таъсири хуби некбинӣ ба саломатии одам буданд, ягон асоси илмӣ надоштанд. Валекин таҳқиқоте, ки гузаронда шуд аз ҷиҳати тиб исбот мекунад, ки некбинӣ ба саломатии одам таъсири хуб мерасонад».
Мувофиқи тадқиқот онҳое, ки ба саломатии худ баҳои бад медиҳанд баъди ҷарроҳӣ назар ба онҳое, ки саломатии худро хуб баҳо медиҳанд, дертар сиҳат мешаванд. Яъне дарозумрии инсон ба некбинии ӯ вобаста аст. Дар як тадқиқот маълум карданд, ки некбинӣ ва бадбинӣ ба саломатии одамони пиронсол чӣ тавр таъсир мерасонад. Дар рафти санҷиш, ба пиронсолон паёмакҳои кӯтоҳ фиристода, мегуфтанд, ки онҳо баробари пир шудан соҳиби хираду таҷрибаи бойи зиндагӣ гаштанд. Пиронсолон аз ин паёмакҳо рӯҳбаланд шуда, қувват мегирифтанд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот маълум шуд, ки таъсири сухани нек ба машқи ҷисмонии 12-ҳафтаина баробар будааст.
Аз чӣ сабаб умед ва некбинӣ ба саломатии одам таъсири хуб мерасонанд? Азбаски олимон ва духтурон то ҳол хусусияти мағзи сар ва организми одамро пурра наомӯхтаанд, ба ин савол ҷавоби аниқ дода наметавонанд. Валекин мутахассисони соҳаи равоншиносӣ дар асоси таҷриба ва дониши худ нуқтаи назари худро доранд. Масалан, як духтури асабшинос мегӯяд: «Умед ва хурсандӣ ба инсон қаноатмандӣ мебахшанд. Дар чунин ҳолат асаби инсон ором аст ва ӯ худро саломат ҳис мекунад. Хулосаи гап, агар инсон баумед ва хурсанд бошад, саломатиаш низ беҳтар мешавад».
Ин ақида барои баъзе духтурону равоншиносон ва олимон нав аст, вале онҳое, ки Каломи Худоро меомӯзанд ин фикрро барвақт медонистанд. Тақрибан 3000 сол пеш шоҳи хирадманд Сулаймон зери илҳоми Худо фикри зеринро гуфта буд: «Дили шод давои дард аст, вале рӯҳи ғамгин қувватро ҷаббида мегирад» (Панднома 17:22). Аҳамият диҳед, дар ин оят гуфта шудааст, ки «дили шод давои дард аст», на ин ки давои ҳамаи дардҳост.
Ба фикратон, агар умед дору мебуд, магар духтурон онро ба бемор тавсия намедоданд? Бояд гуфт, ки умед на танҳо ба саломатӣ фоида меорад.
Некбинӣ, бадбинӣ ва ҳаёти шумо
Тадқиқотчиён фаҳмиданд, ки некбинӣ аз бисёр ҷиҳат ба одам манфиат меорад. Чунин шахсон дар мактаб, ҷойи кор ва ҳатто машғулиятҳои варзишӣ нисбатан муваффақанд. Масалан, бо як гурӯҳи заноне, ки бо варзиши сабук машғуланд, санҷиш гузаронда шуд. Аз мураббиён хоҳиш карданд, ки ба қобилияти ҳар як варзишгар баҳо диҳанд. Ҳамзамон дар байни варзишгарон пурсиш гузаронда, маълум карданд, ки то чӣ андоза онҳо умеди қавӣ доранд. Дар натиҷа маълум шуд, ки варзишгароне, ки умед доштанд, назар ба муррабиёнашон ба қобилияти худ баҳои аниқтар доданд. Умед аз куҷо ин қадар қудрат дорад?
Вобаста ба ин мавзӯъ, олимон хислати бадбиниро таҳқиқ карда, маълумоти бештаре ба даст оварданд. Солҳои 1960-ум дар натиҷаи санҷиши рафтори ҳайвонот маълумоти ҷолибе ошкор гашт. Дар асоси ин санҷиш олимон фаҳмиши наве ҷорӣ карданд, ки он «ночории азхудкарда» ном гирифт. Онҳо муайян намуданд, ки ин синдромро ҳатто одамон дошта метавонанд. Масалан, ба як гурӯҳ одамон садои гӯшхарошеро монда, гуфтанд, ки агар тугмачаҳои махсусро пайдарпай пахш кунанд, он садо хомӯш мешавад. Иштирокчиёни санҷиш мувофиқи дастурот амал карда, он садоро хомӯш карданд.
Ба гурӯҳи дуюм низ чунин дастур доданд, вале дар мавриди онҳо садо хомӯш намешуд. Дар натиҷа иштирокчиёни гурӯҳи дуюм худро ночор ҳис карданд. Дар санҷишҳои навбатӣ бошад, онҳо тамоман ягон чора намеандешиданд, зеро боварӣ доштанд, ки ҳамаи кӯшишҳояшон бефоида аст. Бояд гуфт, ки ҳатто дар ҳамин гурӯҳи дуюм шахсони некбин барои хомӯш кардани садои гӯшхарош таслим намешуданд ва пайваста тугмачаҳоро пахш мекарданд.
Равоншинос Мартин Селигман, ки дар ташкил кардани баъзе санҷишҳо кӯмак карда буд, мавзӯи бадбинӣ ва некбиниро ҳаматарафа омӯхт. Ӯ тарзи фикрронии онҳоеро, ки одатан ҳисси ночорӣ доранд, таҳқиқ кард. Дар натиҷа ин равоншинос ба хулоса омад, ки чунин фикрронӣ дар ҳаёт ба одам барои пешравӣ кардан халал мерасонад ва ҳатто сабаб мегардад, ки шахс аз ҳама кор дилхунук мешавад. Селигман дар бораи бадбинӣ ва таъсири он чунин хулоса мебарорад: «Дар асоси таҳқиқоти 25-сола гуфта метавонам, ки агар мо мисли шахси бадбин, аз рӯйи одат гӯем, ки ягон корамон барор намегирад, воқеан ҳам ҳамин хел мешавад. Лекин, агар некбин бошем, корамон барор гирифта метавонад».
Ин суханон барои баъзеҳо шояд нав бошанд, аммо барои онҳое, ки Каломи Худоро меомӯзанд, ин гуфтаҳо нав нестанд. Ба панди зерин диққат кунед: «Агар дар рӯзи сахтӣ дилшикаста шавӣ, оҷизу нотавон мегардӣ» (Панднома 24:10). Бале, дар Китоби Муқаддас қайд мешавад, ки рӯҳафтодагӣ ва фикрҳои манфӣ шахсро аз по меафтонанд. Пас, чӣ тавр бо бадбинӣ мубориза бурда, бештар некбин гардем ва бо умед зиндагӣ кунем?
[Тасвир дар саҳифаҳои 4, 5]
Умед манфиати зиёд меорад