Мисли Исо ба Иблис муқобилат кунед
Мисли Исо ба Иблис муқобилат кунед
«Ба иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (ЯЪҚ. 4:7).
1. Исо оиди мухолифате, ки дар замин бояд рӯ ба рӯ мешуд, чиро медонист ва он бояд бо чӣ анҷом меёфт?
ИСОИ МАСЕҲ медонист, ки ба мухолифати Иблис дучор хоҳад шуд. Ин аз суханоне бармеояд, ки Худо ба мор, аниқтараш ба фариштаи исёнгари шарире, ки морро истифода бурд, гуфт: «Дар миёни ту ва зан [қисми осмонии созмони Яҳува], ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай [Исои Масеҳ] сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳас. 3:14, 15; Ваҳй 12:9). Кӯфта шудани пошнаи Исо маънои онро дошт, ки вай ҳангоми дар замин буданаш кушта мешавад, вале марг ӯро абадан дар завлонаҳояш нигоҳ намедорад ва Яҳува ӯро барои ҷалоли осмонӣ эҳё мекунад. Лекин кӯфта шудани сари мор маънои онро дорад, ки ба Иблис зарбаи марговар расонида мешавад ва ӯ аз он ҳеҷ гоҳ ба худ нахоҳад омад. (Аъмол 2:31, 32; Ибриён 2:14-ро бихонед.)
2. Чаро Яҳува боварии комил дошт, ки Исо ба Иблис бомуваффақият муқобилият мекунад?
2 Яҳува боварии комил дошт, ки Исо дар рӯи замин аз ӯҳдаи супориши Ӯ бомуваффақият мебарояд ва ба Иблис муқобилият мекунад. Чаро Яҳува чунин эътимод дошт? Ӯ Исоро дар осмон асрҳои бешумор қабл офарида буд ва дар давоми он вақт ӯро назорат мекард ва медонист, ки ин «меъмори моҳир» (Тарҷумаи Дунёи Нав, англ. [ТДН]) ва «нахустзодаи тамоми махлуқот» шахси итоаткор ва содиқ аст (Мас. 8:22–31, Қӯл. 1:15). Бинобар ин, вақте ки Исо ба замин омад ва ба Иблис иҷозат дода шуд, ки ӯро то дами марг биозмояд, Худо боварии комил дошт, ки «писари ягоназод»–аш (ТДН) бар Иблис ғолиб меояд (Юҳ. 3:16).
Яҳува ходимонашро дар паноҳи худ нигоҳ медорад
3. Муносибати Иблис ба ходимони Яҳува чӣ гуна аст?
3 Исо Иблисро «мири ин ҷаҳон» номида, шогирдонашро огоҳ кард, ки онҳо низ мисли вай ба таъқибот дучор мешаванд (Юҳ. 12:31; 15:20). Ҷаҳоне, ки зери ҳукумати Шайтон Иблис аст, аз масеҳиёни ҳақиқӣ нафрат дорад, зеро онҳо ба Яҳува хидмат мекунанд ва воизони адолатанд (Мат. 24:9; 1 Юҳ. 5:19). Ҳадафи асосии Иблис бақияи тадҳиншудагон мебошанд, ки онҳо дар оянда ҳамроҳи Масеҳ дар Салтанати осмонӣ ҳукмронӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин Шоҳидони бисёри Яҳува, ки умед бар ҳаёти ҷовидона дар биҳишти рӯи замин доранд, ҳадафи Шайтон мебошанд. Каломи Худо моро огоҳ мекунад: «Душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8).
4. Чӣ нишон медиҳад, ки халқи Худо имрӯз ба Иблис бомуваффақият муқобилият мекунад?
4 Чун созмоне, ки аз дастгирии Яҳува Худо баҳравар аст, мо бомуваффақият ба Иблис муқобилият мекунем. Ба маълумоти зерин аҳамият диҳед: таи сад соли охир баъзе тартиботҳои сахти диктаторӣ барои несту нобуд кардани Шоҳидони Яҳува кӯшиш намуданд. Вале шумораи Шоҳидон торафт афзуда истодааст ва ҳоло онҳо қариб 7 000 000 нафаранду дар зиёда аз 100 000 ҷамъомадҳо дар саросари замин хидмат мекунанд. Тартиботҳои золими диктаторие, ки халқи Яҳуваро таъқиб мекарданд, дигар вуҷуд надоранд!
5. Чӣ тавр ходимони Яҳува ҳақ будани ваъдаи дар Ишаъё 54:17 навишташударо эҳсос карданд?
5 Ба ҷамъомади Исроили қадим чун ба «зан»–и худ муроҷиат намуда, Худо ваъда дод: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст» (Иш. 54:1, 17). Халқи Яҳува дар давоми ин «айёми охир» ҳақ будани ин ваъдаро борҳо эҳсос намудааст (2 Тим. 3:1–5, 13). Мо ба Иблис муқобилият карданро давом медиҳем ва ягон олате, ки ӯ барои нест кардани халқи Худо ба кор мебарад, комёб намешавад, зеро Яҳува дар тарафи мост (Заб. 117:6, 7).
6. Пешгӯии Дониёл дар бораи ояндаи ҳокимияти Иблис чиро ошкор мекунад?
6 Бо анҷомёбии тамоми ин тартиботи шарирона, ки он босуръат наздик шуда истодааст, ҳар ҷузъи ҳокимияти Шайтон пурра нест карда мешавад. Зери илҳоми илоҳӣ Дониёл–пайғамбар пешгӯӣ намуд: «Дар айёми он подшоҳон [имрӯз вуҷуддошта] Худои осмон салтанате [дар осмон] барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро [онҳоеро, ки имрӯз вуҷуд доранд] гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дон. 2:44). Вақте ки ин пешгӯӣ иҷро мешавад, ҳам ҳокимияти Шайтон ва ҳам ҳокимияти одамони нокомил барҳам мехӯранд. Ҳар ҷузъи тартиботи Иблис абадан нест мешавад ва Салтанати Худо бе ягон мамониат бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард. (2 Петрус 3:7, 13-ро бихонед.)
7. Аз куҷо мо медонем, ки ҳар ходими Яҳува ба Иблис бомуваффақият муқобилият карда метавонад?
7 Бешубҳа, созмони Яҳува боқӣ хоҳад монд ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ гул–гул хоҳад шукуфт. (Забур 124:1, 2-ро бихонед.) Дар бораи мо чӣ метавон гуфт? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо чун Исо ба Иблис бомуваффақият муқобилият карда метавонем. Дар ҳақиқат, мувофиқи рӯъёе, ки Масеҳ ба Юҳаннои расул дод, қатъи назар аз мухолифати Шайтон «анбӯҳи бузурги мардум», ки умед ба ҳаёт дар рӯи замин доранд, ҳангоми анҷоми ин тартибот зинда хоҳанд монд. Онҳо нидо мекунанд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст ва аз они Барра [Исои Масеҳ] аст!» (Ваҳй 7:9–14). Дар бораи тадҳиншудагон гуфта мешавад, ки онҳо бар Шайтон ғолиб омадаанд ва ҳамроҳони онҳо — «гӯсфандони дигар» низ бомуваффақият ба ӯ муқобилият мекунанд (Юҳ. 10:16; Ваҳй 12:10, 11). Лекин барои ин сахт кӯшиш бояд кард ва барои раҳоӣ аз Иблис самимона дуо бояд гуфт (Мат. 6:13).
Исо ба таври комил ба Иблис муқобилат кард
8. Васвасаи якуме, ки бо он Иблис Исоро дар биёбон озмуд, кадом аст ва Исо чӣ ҷавоб дод?
8 Иблис мекӯшид, то беайбии Исоро бишканад. Дар биёбон Шайтон Исоро ба васваса андохт ва бо ин ӯро ба вайрон намудани аҳкоми Яҳува водор карданӣ шуд. Вале Исо дар муқобилият ба Шайтон намунаи комил гузошт. Баъди он ки Исо 40 шабонарӯз чизе нахӯрд, ӯ эҳтимол сахт гурусна буд. «Агар Ту Писари Худо бошӣ,— гуфт Шайтон,— ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд». Вале Исо ба манфиати шахсӣ истифода бурдани қувваеро, ки Худо ба вай дода буд, рад кард. Баръакс ӯ гуфт: «Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд”» (Мат. 4:1–4; Такр. Ш. 8:3).
9. Чаро набояд гузорем, ки Иблис аз ниёзҳои табиии мо истифода кунад?
9 Имрӯз Иблис мекӯшад, ки аз ниёзҳои табиии ходимони Яҳува истифода кунад. Аз ин рӯ, мо бояд васвасаи бадахлоқии ҷинсиро, ки дар ин ҷаҳони фосид хеле маъмул аст, қатъиян рад намоем. Каломи Худо таъкид мекунад: «Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон ... вориси Малакути Худо намешаванд» (1 Қӯр. 6:9, 10). Равшан аст, ки агар касе бадахлоқона зиндагӣ кунаду ислоҳ шудан нахоҳад, ба дунёи нав роҳ дода намешавад.
10. Мувофиқи Матто 4:5, 6 васвасаи дигаре, ки Шайтон бо он беайбии Исоро шикастанӣ буд, кадом аст?
Мат. 4:5, 6). Ин гуна рафтор гӯё ба таври равшан Масеҳ будани Исоро тасдиқ мекард. Дар асл бошад, он нодурусту худписандона буд ва мавриди илтифоту дастгирии Худо қарор намегирифт. Бори дигар Исо беайбии худро назди Яҳува нигоҳ дошт ва дар ҷавоб ба Шайтон аз Навиштаҳо иқтибос овард: «Ҳамчунин навишта шудааст: “Худованд Худои худро наозмой”» (Мат. 4:7; Такр. Ш. 6:16).
10 Дар бораи як васвасае, ки Исо ба он дар биёбон дучор гашт, Навиштаҳо мегӯянд: «Иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт: “Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро ба зер андоз; зеро ки навишта шудааст: “Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ””» (11. Шайтон моро чӣ гуна ба васваса андохта метавонад ва ин ба чӣ оварда расонданаш мумкин аст?
11 Шайтон шояд моро ба васваса андозад, то ба худ бо роҳҳои гуногун шӯҳрат ҷӯем ё шояд барангезад, ки ба тарзи либоспӯшиву мӯйсарородиҳии одамони ин ҷаҳон тақлид кунем ё дар вақтхушиҳои шубҳанок ширкат варзем. Вале агар мо ба маслиҳатҳои Китоби Муқаддас беэътиноӣ карда, ба ин ҷаҳон тақлид намоем, оё интизор шуда метавонем, ки фариштагон моро аз оқибатҳои бади чунин тарзи амал ҳифз мекунанд? Ҳарчанд шоҳ Довуд аз кардани гуноҳҳое, ки бо Батшобаъ алоқаманд буданд, пушаймон гашт, ӯ оқибатҳои аъмоли худро чашид (2 Подш. 12:9–12). Пас, биёед бо ин ҷаҳон дӯстӣ накунем ва ба тарзи нодуруст Яҳуваро наозмоем. (Яъқуб 4:4; 1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед.)
12. Матто 4:8, 9 оиди кадом васваса нақл мекунад ва Писари Худо дар он вазъият чӣ гуна амал кард?
12 Иблис Исоро дар биёбон боз бо он ба васваса андохт, ки ба ӯ ҳокимияти сиёсӣ пешниҳод кард. Шайтон ба Исо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро нишон дода, гуфт: «Агар рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам» (Мат. 4:8, 9). Аз худ кардани ибодате, ки ба Яҳува тааллуқ дорад ва водор кардани Исо ба бевафоӣ — чӣ кори бешармонае! Фариштае, ки замоне ба Худо содиқ буд, дар бораи ба даст овардани ибодати одамон фикр карда, аз тамаъ ба гуноҳ даст зад ва дар натиҷа васвасакори золим — Шайтон Иблис гашт (Яъқ. 1:14, 15). Лекин бархилофи ӯ, Исо қотеъона садоқати худро ба Падари осмониаш нигоҳ доштан мехост ва аз ин рӯ хитоб кард: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; зеро ки навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”». Ҳамин тавр Исо бори дигар ба Иблис қатъиян муқобилият нишон дод. Писари Худо ба ягон чизе, ки ҷузъи ҷаҳони Шайтон аст, дилкашол набуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба он шарир саҷда кардан намехост (Мат. 4:10; Такр. Ш. 6:13; 10:20).
«Ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт»
13, 14. а) Иблис бо нишон додани ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба Исо чӣ пешниҳод кард? б) Бо кадом роҳ Шайтон моро ахлоқан вайрон карданист?
13 Ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро нишон дода, Иблис ба Исо ҳокимиятеро, ки касе аз одамон то ба ҳол надошт, пешниҳод кард. Шайтон умед дошт, ки чизи дидааш ба Исо таъсир карда, эътимод мебахшад, ки ӯ дар замин сарвари тавонои сиёсӣ шуда метавонад. Имрӯз Иблис ба мо мамлакатҳоро пешниҳод намекунад, вале ӯ тавассути он чизе, ки мебинем, мешунавем ё дар борааш фикр мекунем, моро ахлоқан фасод карданист.
14 Ин ҷаҳон зери назорати Иблис аст; аз он ҷумла воситаҳои ахбори умум. Бинобар ин, тааҷҷубовар нест, ки чизе ки ин ҷаҳон барои тамошо кардан, шунидан ва хондан ба одамон пешкаш мекунад, пур аз бадахлоқии ҷинсиву зӯроварист. Инчунин реклама дар мо хоҳиш пайдо мекунонад, ки ҳарчи бештар чизҳои дар асл нодаркорро бихарем. Ҳамин тавр Иблис тавассути чизҳои ҷолибе, ки мо мебинем, мешунавем ва дар бораашон фикр мекунем, моро доимо ба васваса меандозад. Лекин агар мо аз тамошо кардан, шунидан ва хондани чизҳои аз нуктаи назари Навиштаҳо нодуруст даст кашем, дар асл мегӯем: «Аз Ман дур шав, эй шайтон». Бо ин роҳ мо дар қатъиян рад намудани ҷаҳони нопоки Шайтон ба Исо пайравӣ мекунем. Ҷузъи ҷаҳони Шайтон набуданамон ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки мо аз ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягону хешовандон шарм накарда, худро чун Шоҳиди Яҳува ва пайрави Исо муаррифӣ менамоем. (Марқӯс 8:38-ро бихонед.)
15. Чаро муқобилият ба Шайтон ҳамеша ҳушёру бедор буданро талаб мекунад?
15 Баъди он ки кӯшиши сеюми Иблис дар шикастани беайбии Исо барор наёфт, «иблис Ӯро вогузошт» (Мат. 4:11). Вале Шайтон аз нияти васваса кардани Исо даст кашиданӣ набуд. Мо мехонем: «Ва иблис тамоми озмоишро [дар биёбон] ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд» (Луқ. 4:13). Вақте ки мо ба Иблис бомуваффақият муқобилият мекунем, бояд барои ин ба Яҳува миннатдор бошем. Лекин минбаъд низ мо бояд кӯмаки Худоро ҷӯем, зеро Иблис дар фурсати дигари барояш муносиб ва на ҳамеша дар вақте ки мо шояд онро интизорем, барои васваса кардан бармегардад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ҳушёру бедор бошем ва қатъи назар аз озмоишҳое, ки бо онҳо дучор мешавем, барои давом додани хидмати муқаддас ба Яҳува тайёр бошем.
16. Яҳува ба мо кадом қувваи пуриқтидорро медиҳад ва чаро дар бораи он дуо бояд гуфт?
16 Барои он ки ба Иблис бомуваффақият муқобилият карда тавонем, мо бояд аз Худо рӯҳулқудс пурсем, ки он қувваи пуриқтидортарин дар даҳр аст ва боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ онро медиҳад. Рӯҳи муқаддас ба мо қувват мебахшад ва мо он чиро ки бо қувваи худ карда наметавонем, иҷро хоҳем кард. Исо пайравонашро эътимод бахшид, ки кӯмаки рӯҳулқудс дастрас аст. Ӯ гуфт: «Агар шумо, ки [нокомиледу аз ин сабаб ба дараҷае] шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13). Биёед ба Яҳува дар бораи рӯҳулқудс пайваста дуо гӯем. Ба туфайли чунин қувваи пуриқтидортарин, ки иродаи моро дар муқобилият ба Иблис устувор мекунад, мо бар ӯ ғолиб хоҳем омад. Ғайр аз дуоҳои мунтазам ва самимӣ, мо бояд тамоми зиреҳи рӯҳониеро, ки Худо додааст, дар бар кунем, то «ба дасисаҳои иблис муқобилат намоем» (Эфс. 6:11–18).
17. Чӣ тавр хурсандӣ ба Исо кӯмак кард, то ба Иблис муқобилият кунад?
17 Чизи дигаре ҳаст, ки ба Исо барои муқобилат ба Иблис кӯмак менамуд ва он ба мо ҳам кӯмак карда метавонад. Мувофиқи Китоби Муқаддас Исо баҳри «шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст» (Ибр. 12:2). Мо низ чунин хурсандӣ эҳсос карда метавонем, агар ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ намоем, номи муқаддаси Ӯро ҷалол диҳем ва инъоми ҳаёти ҷовидониро дар хотир дорем. Вақте ки Шайтон ва тамоми аъмоли ӯ абадан нест карда мешавад ва ҳалимон вориси замин гашта, аз осудагии бисёр лаззат мебаранд, чӣ хурсандие ҳукмфармо хоҳад шуд! (Заб. 36:11). Пас, биёед мисли Исо ба Иблис муқобилат кунем. (Яъқуб 4:7, 8-ро бихонед.)
Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
• Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува халқашро дар паноҳи худ нигоҳ медорад?
• Дар муқобилат ба Шайтон Исо чӣ намунае гузошт?
• Шумо бо кадом роҳҳо ба Иблис муқобилият карда метавонед?
[Саволҳо барои омӯзиш]