Айюб исми Яҳуваро эҳтиром мекард
Айюб исми Яҳуваро эҳтиром мекард
«Исми Худованд муборак бод»! (АЙЮБ 1:21).
1. Китоби Айюбро эҳтимол кӣ навиштааст ва кай?
МУСО дар синни қариб 40–солагӣ аз ғазаби фиръавн паноҳ ҷуста, Мисрро тарк намуд ва дар сарзамини Мидён сокин шуд (Аъм. 7:23). Дар он ҷо вай эҳтимол оиди озмоишҳои Айюб, ки дар ҳамсоязамини Ус зиндагӣ мекард, шунида буд. Чандин сол пас, вақте ки сафари исроилиён дар биёбон ба охир мерасид, онҳо дар наздикии сарзамини Ус қарор гирифтанд ва он ҷо эҳтимол Мусо дар бораи солҳои охири ҳаёти Айюб бохабар шуд. Аз таърихи яҳудиён маълум аст, ки Мусо китоби Айюбро чанде пас аз марги ин пайғамбар навиштааст.
2. Чӣ тавр китоби Айюб имрӯз имони ходимони Яҳуваро қавӣ мегардонад?
2 Китоби Айюб имрӯз имони ходимони Худоро қавӣ мегардонад. Чӣ тавр? Он ба воқеаҳои пураҳамияте, ки дар осмон рух дода буданд, равшанӣ андохта, диққати моро ба муҳимтарин саволи баҳсталаб оиди ҳокимияти оламгири Худо равона месозад. Ин китоб ба таври хуб мефаҳмонад, ки назди Худо нигоҳ доштани беайбӣ чӣ маъно дорад ва чаро Яҳува баъзан ба азобу уқубатҳои ходимонаш роҳ медиҳад. Ҳамчунин мо аз он мефаҳмем, ки душмани асосии Яҳува ва инсоният Шайтон Иблис аст. Ин китоб нишон медиҳад, ки одамони мисли Айюб нокомил, қатъи назар аз озмоишҳои сахт ба Яҳува содиқ монда метавонанд. Биёед, баъзе аз воқеаҳои дар китоби Айюб навишташударо дида бароем.
Шайтон Айюбро меозмояд
3. Мо дар бораи Айюб чӣ медонем ва чаро ӯ зери ҳамлаҳои Шайтон қарор гирифт?
3 Айюб марди сарватманду бонуфуз буд ва чун сарвари хуби оила бо хислатҳои неки инсонӣ фарқ мекард. Бешубҳа, вай мӯҳтоҷонро дастгирӣ менамуд; маслиҳатҳои ӯро дигарон баланд қадр мекарданд. Аз ҳама муҳимаш Айюб марди худотарс буд. Дар бораи Айюб гуфта мешавад, ки ӯ «беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд». Ӯ маҳз барои ба Худо содиқ буданаш зери ҳамлаҳои Шайтон Иблис қарор гирифт, на барои он ки вай сарватманду бонуфуз буд (Айюб 1:1; 29:7–16; 31:1).
4. Беайбӣ чист?
4 Дар бобҳои аввали китоби Айюб ҷамъомади осмоние тасвир шудааст, ки дар он фариштагон назди Яҳува ҳозир шудаанд. Шайтон низ он ҷо ҳузур дошт ва Айюбро айбдор кард. (Айюб 1:6–11-ро бихонед.) Ҳарчанд Шайтон дар бораи молу мулки Айюб сухан ронд, чизи асосие, ки вай мавриди баҳс қарор дод, беайбии Айюб буд. Мафҳуми «беайбӣ» ростқавлӣ, бенуқсонӣ, адолатмандӣ ва ахлоқан пок буданро дар бар мегирад. Китоби Муқаддас ҳамон шахсонро беайб меномад, ки ба Яҳува комилан содиқанд.
5. Шайтон Айюбро дар чӣ айбдор кард?
5 Шайтон даъво кард, ки Айюб Худоро аз рӯи тамаъ ибодат менамояд. Шайтон арз мекард, ки агар Яҳува Айюбро аз баракат ва ҳимояи худ маҳрум кунад, ӯ аз Худо рӯ мегардонад. Барои ҷавоб додан ба ин даъво Яҳува гузошт, то Шайтон ба ин марди содиқ ҳамла намояд. Дар давоми як рӯз ба Айюб хабар расид, ки қисми чорвои ӯро дуздиданд, қисми он нобуд шудааст, хидматгоронашро куштанд ва даҳ фарзандаш ҳалок гаштанд (Айюб 1:13–19). Магар ин ҳамлаҳои Шайтон беайбии Айюбро шикаста тавонистанд? Навиштаҳои Илоҳӣ мегӯянд, ки Айюб ба бадбахтиҳояш чӣ гуна муносибат кард. Айюб гуфт: «Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод!» (Айюб 1:21).
6. а) Ҳангоми ҷамъомади дигари осмонӣ чӣ рӯй дод? б) Ҳангоми зери шубҳа гузоштани беайбии Айюб, Шайтон киро дар назар дошт?
6 Баъдтар дар осмон ҷамъомади дигаре барпо шуд. Боз Шайтон Айюбро гунаҳкор намуда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод; аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан,— Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод». Аҳамият диҳед, ки акнун Шайтон на фақат Айюро айбдор мекунад. Бо суханони «ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод», Иблис на танҳо беайбии Айюбро, балки беайбии ҳар як инсонеро, ки ба Яҳува ибодат мекунад, зери шубҳа гузошт. Баъд аз ин Худо ба Шайтон иҷозат дод, ки Айюбро ба бемории ҷонсӯзе гирифтор намояд (Айюб 2:1–8). Вале бо ин озмоишҳои Айюб тамом нашуданд.
Айюб чӣ гуна муносибат кард
7. Зани Айюб ва се дӯсташ ба ӯ чӣ тавр фишор оварданд?
7 Дар аввали озмоишҳои Айюб ҳамсараш низ мисли ӯ азоб мекашид. Эҳтимол аз даст додани фарзандон ва тамоми молу мулки оила зани Айюбро сахт андӯҳгин карда буданд. Дидани он ки шавҳараш аз бемории ҷонсӯз азоб мекашад, бешубҳа барояш дардовар буд. Ӯ ба Айюб фарёд зада, гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир». Баъд, назди Айюб се мард — Алифоз, Билдод ва Сӯфор омаданд. Онҳо Айюбро гӯё тасаллӣ додан мехостанд, лекин бо фикру мулоҳизаҳои нодурусту бардурӯғашон «тасаллидиҳандагони ғамовар» гаштанд. Масалан, Билдод ба он ишора намуд, ки гӯё фарзандони Айюб барои гуноҳҳояшон сазовори марг шудаанд. Алифоз бо киноя гуфт, ки азобу шиканҷаи Айюб ҷазои гуноҳҳои пештараи вай мебошад. Ӯ ҳатто қайд намуд, ки нигоҳ доштани беайбӣ барои Худо ягон аҳамияте надорад (Айюб 2:9, 11; 4:8; 8:4; 16:2; 22:2, 3). Аммо зери чунин фишори сахт Айюб беайбии худро нигоҳ дошт. Ҳарчанд Айюб дар он ки «худро бештар аз Худо одил» ҳисобид, ҳақ набуд, ӯ дар ҳама озмоишҳо ба Ӯ содиқ монд (Айюб 32:2).
8. Ба онҳое, ки имрӯз ба дигарон маслиҳат медиҳанд, Элиҳу чӣ намунаи хубе гузошт?
8 Сипас мо дар бораи Элиҳу мехонем, ки вай ҳам назди Айюб омада буд. Ӯ дар аввал суханони Айюб ва се дӯстонашро гӯш кард. Ҳарчанд Элиҳу аз он чор нафар ҷавонтар буд, вай хеле оқилона рафтор кард. Ӯ ба Айюб эҳтиромона сухан гуфт. Элиҳу ӯро барои росткориаш таҳсин кард, лекин вай ҳамчунин қайд намуд, ки Айюб аз ҳад зиёд ба худсафедкунӣ дода шудааст. Сипас Элиҳу ба Айюб эътимод бахшид, ки хидмати содиқона ба Худо ҳамеша назди Ӯ қадр карда мешавад. (Айюб 36:1, 11-ро бихонед.) Чӣ намунаи хубест барои онҳое, ки ба дигарон бояд маслиҳат диҳанд! Элиҳу сабру тоқат зоҳир намуд, бодиққат гӯш кард, асосе барои таҳсин кардан ёфт ва маслиҳати рӯҳбаландкунанда дод (Айюб 32:6; 33:32).
9. Яҳува ба Айюб чӣ гуна кӯмак кард?
9 Ниҳоят худи Яҳува ба Айюб муроҷиат намуд. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонд». Яҳува бо як қатор саволҳо Айюбро меҳрубонона насиҳат дод, то ӯ тарзи фикррониашро ислоҳ намояд. Айюб бо омодагӣ ноҳақ буданашро ба гардан гирифт ва гуфт: «Ман ҳақир ҳастам ... Дар хок ва хокистар пушаймон мешавам». Баъди бо Айюб сухан гуфтан, Яҳува нисбати се дӯсти ӯ ғазабашро иброз намуд, зеро онҳо «сухани дуруст» нагуфтанд. Айюб дар бораи се дӯсташ ба Худо дуо гуфт. Сипас «Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид, вақте ки ӯ барои дӯстони худ дуо гуфт; ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард» (Айюб 38:1; 40:4; 42:6–10).
То чӣ андоза муҳаббати мо ба Яҳува бузург аст?
10. Чаро Яҳува даъвоҳои Шайтонро рад накард ва ӯро нобуд насохт?
10 Яҳува — Офаридгори олам ва Ҳокими тамоми махлуқот аст. Пас чаро Ӯ даъвоҳои Шайтонро рад накард? Худо медонист, ки рад кардани даъвоҳои Шайтон, ё нобуд кардани вай, саволи баҳсноки бардошташударо ҳал нахоҳад кард. Иблис даъво намуд, ки ходими содиқи Яҳува — Айюб дар сурати аз даст додани молу мулкаш ба Худо содиқ намемонад. Лекин Айюб ба Худо содиқ монд. Он гоҳ Шайтон арз намуд, ки дар сурати ҷисман азоб кашидан ҳар инсон аз Худо рӯ мегардонад. Айюб азобу уқубат кашид, лекин беайбии худро нигоҳ дошт. Ҳамин тавр, дар мисоли ин шахси ба Худо содиқ, вале нокомил, дурӯғгӯ будани Шайтон исбот шуд. Дар бораи дигар хидматгорони Худо чӣ гуфтан мумкин аст?
11. Чӣ тавр Исо ба даъвои Шайтон ҷавоби пурра дод?
11 Ҳар ходими Худо қатъи назар аз озмоишҳои Шайтон, беайбии худро нигоҳ дошта, дар ҳаққи худ дурӯғ будани айбдоркуниҳои ин душмани бераҳмро нишон медиҳад. Вақте ки Исо ба замин омад, вай ба таври равшан дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот намуд. Исо мисли нахустпадари мо — Одам инсони комил буд. Лекин Исо то дами марг ба Худо содиқ монда, ба таври комил дурӯғгӯии Шайтон ва ноҳақ будани айбдоркуниҳои вайро исбот намуд (Ваҳй 12:10).
12. Ҳар як ходими Худо чӣ гуна имконият ва масъулият дорад?
12 Бо вуҷуди ин, Шайтон то ба ҳол ходимони Яҳуваро зери озмоишҳо қарор медиҳад. Ҳар яки мо имконият ва масъулият дорем, ки шахсан садоқатмандӣ зоҳир намуда, исбот намоем, ки ба Яҳува на аз рӯи тамаъ, балки аз рӯи муҳаббат хидмат мекунем. Мо ба ин масъулият чӣ гуна муносибат менамоем? Барои мо ба Яҳува содиқ будан — имтиёзи бузург аст. Ӯ барои истодагарӣ ба мо қувват медиҳад ва чун дар мавриди Айюб намегузорад, ки мо берун аз қуввати худ озмуда шавем (1 Қӯр. 10:13). Донистани ин моро тасаллӣ мебахшад.
Шайтон — осӣ ва душмани бераҳм аст
13. Китоби Айюб дар бораи Шайтон чиро ошкор мекунад?
13 Дар Навиштаҳои Юнонӣ оиди муқобилати Шайтон ба Яҳува маълумоти зиёде оварда шудааст. Аз китоби Ваҳй мо мефаҳмем, ки ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот мегардад ва оқибат Шайтон несту нобуд карда мешавад. Ҳамчунин дар Навиштаҳои Ибронӣ тафсилоте оварда шудаанд, ки чӣ тавр Шайтон Яҳуваро бешармона айбдор менамояд ва одамонро гумроҳ мекунад. Китоби Айюб дар бораи роҳи исёнкоронаи Шайтон дониши моро афзун мекунад. Вақте ки Шайтон ба ҷамъомади осмонӣ ҳозир шуд, мақсади ӯ ҷалол додани Яҳува набуд. Вай кинаву адовати зиёд дошт ва ниятҳояш бад буданд. Иблис баъд аз он ки Айюбро айбдор намуд ва барои озмудани ӯ иҷозат гирифт, «аз пеши Худованд рафт» (Айюб 1:12; 2:7).
14. Шайтон ба Айюб чӣ гуна муносибат мекард?
14 Инак, китоби Айюб нишон медиҳад, ки Шайтон душмани бераҳми инсоният аст. Байни ҷамъомадҳои осмоние, ки дар Айюб 1:6 ва Айюб 2:1 зикр шудаанд, замоне гузашт. Дар давоми ин вақт Айюб ба озмоишҳои хеле вазнин дучор шуд, лекин садоқатмандиашро нигоҳ дошт. Ин ба Яҳува имконият дод, ки ба Шайтон гӯяд: «[Айюб] ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам». Вале Шайтон ноҳақ будани худро эътироф накард. Баръакс, ӯ талаб намуд, ки Айюб зери боз як озмоиши сахт қарор гирад. Ҳамин тариқ, Иблис Айюбро ҳам дар вақти сарватманд буданаш ва ҳам дар вақти бе чизу чора монданаш озмуд. Чӣ тавре ки мебинем, Шайтон на ба мӯҳтоҷон раҳму шафқат дорад ва на ба шахсони мусибатзада. Вай нигаҳдорандагони беайбиро чашми дидан надорад (Айюб 2:3–5). Ба ҳар ҳол, садоқатмандии Айюб исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯ аст.
15. Осиёни имрӯза ва Шайтон чӣ умумияте доранд?
15 Шайтон дар байни офаридаҳо аввалин шуда, аз Худо рӯй гардонд. Имрӯз осиён, яъне касоне, ки аз Яҳува рӯ тофтаанд, хусусиятҳои ба Иблис хосро зоҳир мекунанд. Ақли онҳоро тарзи фикрронии танқидона заҳролуд кардааст ва он дар муносибати танқидона ба аъзоёни алоҳидаи ҷамъомад, пирони масеҳӣ ё Ҳайати Роҳбарикунанда зоҳир мешавад. Баъзе осиён ба истифодаи номи Худо — Яҳува зид мебошанд. Онҳо на дониши худро дар бораи Яҳува афзун кардан мехоҳанд ва на ба Ӯ хидмат кардан мехоҳанд. Мисли падари худ, Шайтон, осиён дидаву дониста ба шахсони содиқ зарар мерасонанд (Юҳ. 8:44). Ана барои чӣ ходимони Яҳува аз ҳар гуна муошират бо онҳо канораҷӯӣ мекунанд! (2 Юҳ. 10, 11).
Айюб нисбати номи Яҳува эҳтиром зоҳир мекард
16. Айюб нисбати Яҳува чӣ гуна муносибат зоҳир намуд?
16 Айюб номи Яҳуваро мехонд ва онро ситоиш мекард. Ҳатто вақте ки ӯ аз хабари марги фарзандонаш сахт андӯҳгин шуд, вай дар бораи Худо ягон сухани носазо нагуфт. Ҳарчанд Айюб марги фарзандонашро нодуруст ба Худо нисбат медод, вай нисбати номи Яҳува эҳтиром зоҳир намуд. Дар яке аз гуфтаҳои ҳикматомезаш Айюб қайд кард: «Инак, тарси Худованд ҳикмат аст, ва аз бадӣ дур шудан хирад аст» (Айюб 28:28).
17. Барои нигоҳ доштани беайбӣ ба Айюб чӣ кӯмак намуд?
17 Барои нигоҳ доштани беайбӣ ба Айюб чӣ кӯмак кард? Ӯ ҳанӯз пеш аз ба сараш омадани мусибатҳо бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дода буд. Оё Айюб медонист, ки Шайтон Яҳуваро айбдор кардааст? Мо инро аниқ намедонем. Вале ба мо маълум аст, ки Айюб бо қатъият беайбиашро нигоҳ доштан мехост. Ӯ гуфт: «То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (Айюб 27:5). Чӣ тавр Айюб бо Худо чунин муносибати наздикро инкишоф дод? Бешубҳа, ӯ дар бораи муносибати Худо бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ки хешовандони дури вай буданд, медонист ва ин донишро қадр мекард. Ҳамчунин офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида намуда, Айюб дар онҳо бисёр хусусиятҳои Ӯро дида метавонист. (Айюб 12:7–9, 13, 16-ро бихонед.)
18. а) Айюб ба Яҳува содиқ буданашро чӣ тавр нишон дод? б) Чӣ тавр мо ба намунаи олиҷаноби Айюб пайравӣ карда метавонем?
18 Он чизе, ки Айюб дар бораи Яҳува мефаҳмид, дар дилаш хоҳиши ба даст овардани илтифоти Ӯро бедор мекард. Айюб аз фикри он ки шояд аъзоёни оилааш ягон рафтори нодуруст карда бошанд ё «Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд», мунтазам қурбонӣ меовард (Айюб 1:5). Ҳатто зери озмоишҳои сахт Айюб нисбати Яҳува суханони нек гуфт (Айюб 10:12). Чӣ намунаи олиҷанобе! Ба мо низ лозим аст, ки дар бораи Яҳува ва мақсадҳои Ӯ мунтазам дониши дақиқ гирем. Мо реҷаи хуби рӯҳониро риоя менамоем, ки он омӯзиш, ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад, дуо ва мавъизаи хушхабарро дар бар мегирад. Беш аз ин, мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то номи Яҳуваро ба дигарон маълум созем. Ва ҳамон тавре ки беайбии Айюб ба Яҳува писанд буд, беайбии ходимони имрӯзаи Худо низ дили Ӯро шод мегардонад. Ин мавзӯи мақолаи навбатӣ мебошад.
Оё шумо дар хотир доред?
• Чаро Айюб диққати Шайтон Иблисро ба худ ҷалб намуд?
• Айюб зери кадом озмоишҳо қарор гирифт ва ӯ ба онҳо чӣ гуна муносибат кард?
• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мисли Айюб беайбиамонро нигоҳ дорем?
• Аз китоби Айюб дар бораи Шайтон мо чӣ мефаҳмем?
[Саволҳо барои омӯзиш]