Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мисли Исо бо муҳаббат таълим диҳед

Мисли Исо бо муҳаббат таълим диҳед

Мисли Исо бо муҳаббат таълим диҳед

«Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст» (ЮҲ. 7:46).

1. Тарзи таълимдиҳии Исо ба одамон чӣ гуна таъсир мекард?

ВАҚТЕ КИ одамон Исоро мешуниданд, чӣ гуна ба ваҷд меомаданд онҳо аз тарзи таълимдиҳии ӯ! Дар ин бора Китоби Муқаддас ба мо тасаввуроте медиҳад. Масалан, нависандаи Инҷил — Луқо нақл мекунад, ки дар зодгоҳи Исо одамон «аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб» мешуданд. Мувофиқи Инҷили Матто, мардуме, ки Мавъизаи Болоикӯҳиро гӯш карданд, «аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд». Ҳамчунин Юҳанно қайд мекунад, ки сарбозоне, ки барои дастгир кардани Исо фиристода шуданду ӯро дастгир накарда баргаштанд, гуфтанд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст» (Луқ. 4:22; Мат. 7:28; Юҳ. 7:46).

2. Исо кадом тарзҳои таълимдиҳиро истифода мебурд?

2 Он сарбозон хато накарданд. Бегуфтугӯ Исо бузургтарин Устоди ҳама давру замон буд. Ӯ фаҳмову оддӣ таълим медод; мантиқи суханонаш баҳснопазир буданд. Вай моҳирона аз масалҳо ва саволҳо истифода менамуд. Исо таълимоташро ба шунавандагонаш мутобиқ мекард — хоҳ онҳо баландмартаба бошанд, хоҳ одамони оддӣ. Ҳақиқатҳое, ки ӯ таълим медод, фаҳмо буданд ва ҳамзамон маънои амиқ доштанд. Лекин на танҳо аз ин сабабҳо Исо Устоди бузург буд.

Хусусияти муҳимтарин муҳаббат аст

3. Исо чун устод аз сарварони динии замони худ бо чӣ фарқ мекард?

3 Байни китобдонону фарисиён бешубҳа касони донишманд буданд ва онҳо дигаронро таълим дода метавонистанд. Тарзи таълимдиҳии Исо аз тарзи таълимдиҳии онҳо бо чӣ фарқ мекард? Сарварони динии он замон ба одамони оддӣ муҳаббат надоштанд, баръакс ин сарварон аз онҳо нафрат мекарданд ва онҳоро шахсони «малъун» мешумориданд (Юҳ. 7:49). Исо бошад, ба одамон раҳмаш меомад, «зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Ба ӯ шафқат, ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ хос буд. Сарварони динӣ инчунин нисбати Худо муҳаббати ҳақиқӣ надоштанд (Юҳ. 5:42). Лекин Исо Падарашро дӯст медошт ва дар иҷрои иродаи Ӯ хурсандӣ меёфт. Сарварони динӣ суханони Худоро таҳриф карда, онро ба фоидаи худ маънидод менамуданд, аммо Исо «каломи Худоро» дӯст медошт — ӯ онро таълим медод, маънидод мекард, муҳофизат менамуд ва мувофиқи он зиндагӣ мекард (Луқ. 11:28). Бале, тамоми вуҷудияти Масеҳро муҳаббат фаро гирифта буд ва маҳз ин муайян мекард, ки чиро таълим диҳад, чӣ гуна бо одамон муносибат намояд ва чӣ тавр онҳоро насиҳат кунад.

4, 5. а) Чаро бо муҳаббат таълим додан муҳим аст? б) Дар таълимдиҳӣ чаро донишу маҳорат низ муҳиманд?

4 Дар бораи мо чӣ метавон гуфт? Мо чун шогирдони Масеҳ ҳам дар хидмат ва ҳам дар ҳаёт ба ӯ пайравӣ кардан мехоҳем (1 Пет. 2:21). Аз ин рӯ, мақсади мо на фақат таълим додани одамон аст, балки ҳамзамон инъикос кардани сифатҳои Яҳува, хусусан муҳаббати Ӯ мебошад. Хоҳ мо дониши бисёр дошта бошем, хоҳ кам, дар таълимдиҳӣ хоҳ пурмаҳорат бошем, хоҳ каммаҳорат, муҳаббат нисбати одамон ба мо кӯмак мекунад, ки ба дили онҳо роҳ ёбем. Агар дар кори шогирдсозӣ ҳақиқатан ҳам муваффақият ба даст овардан хоҳем, мо бояд дигаронро мисли Исо бо муҳаббат таълим диҳем.

5 Албатта устоди хуб чизеро, ки таълим медиҳад, хуб медонад ва онро ба дигарон таълим дода метавонад. Исо ба шогирдонаш кӯмак мекард, ки онҳо ҳам дониш ва ҳам маҳорати таълимдиҳӣ дошта бошанд. Имрӯз дар ин кор Яҳува ба мо тавассути созмонаш кӯмак мекунад. (Ишаъё 54:13; Луқо 12:42–ро бихонед.) Лекин мо на фақат ақлу фаҳми худро бояд ба кор барем, балки ҳамзамон бо дилу ҷон одамонро таълим диҳем. Агар мо дониш, маҳорат ва муҳаббат дошта бошем, натиҷаҳои хеле хуб ба даст хоҳем овард. Пас, ҳангоми таълимдиҳӣ мо чӣ тавр муҳаббат зоҳир карда метавонем? Исо ва шогирдонаш дар ин кор ба мо чӣ намунае гузоштанд? Биёед дида мебароем.

Муҳаббат ба Яҳува

6. Дар бораи касе, ки дӯсташ медорем, мо чӣ гуна сухан меронем?

6 Мо оиди чизҳои бароямон маъқул нақл карданро дӯст медорем. Дар ин мавридҳо мо бо хушҳолӣ ва бо шавқу завқ сухан меронем. Хусусан дар бораи касе, ки дӯсташ медорем, мо бо дилу ҷон нақл мекунем. Одатан мо ба дигарон ӯро таъриф мекунем, дар борааш бо эҳтиром сухан мегӯем ва агар лозим бошад, тарафашро мегирем. Мо мехоҳем, ки дигарон ҳам мисли мо ин шахс ва хусусиятҳои ӯро қадр кунанд.

7. Муҳаббат ба Худо Исоро ба чӣ корҳо бармеангехт?

7 Агар худамон Яҳуваро нашиносему ба Ӯ муҳаббат надошта бошем, мо ба дигарон барои Яҳуваро дӯст доштан кӯмак карда наметавонем. Зеро муҳаббат ба Худо асоси ибодати ҳақиқӣ мебошад (Мат. 22:36–38). Исо намунаи комил гузоштааст. Ӯ Яҳуваро бо тамоми дил, ҷон, ҳуш ва қувваташ дӯст медошт. Чаро вай ба Падари осмониаш ин қадар муҳаббат дошт? Исо ҳамроҳи Падараш дар осмон эҳтимол миллиардҳо сол буду Ӯро хеле хуб медонист. Ана барои чӣ ӯ гуфта метавонист: «Ман Падарро дӯст медорам» (Юҳ. 14:31). Муҳаббат ба Худо дар ҳама суханон ва корҳои ӯ зоҳир мешуд. Масалан дар чӣ? Исо ҳамеша корҳои ба Худо писандро мекард (Юҳ. 8:29). Ӯ сарварони диниро, ки риёкорона худро намояндагони Худо меномиданд, маҳкум мекард. Исо ба дигарон дар бораи Яҳува нақл мекард ва ба онҳо кӯмак менамуд, ки бо Худо шинос шаванд ва Ӯро дӯст доранд.

8. Муҳаббат ба Худо шогирдони Исоро ба чӣ кор бармеангехт?

8 Масеҳиёни асри як мисли Исо Яҳуваро дӯст медоштанд. Муҳаббат ба Худо онҳоро ташвиқ мекард, ки хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд ва далерона мавъиза кунанд. Ҳарчанд сарварони бонуфузи динӣ ба онҳо мухолифат менамуданд, онҳо Ерусалимро бо таълимоти худ пур карданд. Шогирдон дар бораи чизҳои дидаву шунидаашон ҳеҷ хомӯш монда наметавонистанд (Аъм. 4:20; 5:28). Онҳо мефаҳмиданд, ки Яҳува ҳамроҳашон аст ва онҳоро баракат медиҳад. Ӯ дар ҳақиқат онҳоро баракат дод! Аз марги Исо 30 сол ҳам нагузашта буд, ки Павлуси расул навишт: «Башорат ... ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст» (Қӯл. 1:23).

9. Чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба Худо пурзӯр карда метавонем?

9 Агар мо хоҳем, ки дар ҳақиқат устодони бомаҳорат бошем, мо низ бояд пайваста муҳаббатамонро ба Худо пурзӯр гардонем. Бо кадом роҳ? Агар мо пайваста ба Худо дар дуо муроҷиат кунем ва ҳамчунин Каломи Ӯро омӯзем, адабиёти дар Китоби Муқаддас асосёфтаро хонем ва ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф орем, мо муҳаббатамонро ба Худо қавӣ мегардонем. Аз афзудани дониши мо дар бораи Худо дилҳоямон аз муҳаббат ба Ӯ лабрез мегарданд. Пас, вақте ки муҳаббати мо ба Худо дар гуфтору рафтори мо зоҳир мегардад, дигарон инро дида, шояд ба Яҳува наздик шудан хоҳанд. (Забур 103:33, 34–ро бихонед.)

Муҳаббат ба ҳақиқатҳое, ки таълим медиҳем

10. Устоди хуб бо чӣ фарқ мекунад?

10 Устоди хуб фанни худро дӯст медорад. Ӯ итминон дорад, ки чизи таълим медодааш ҳақ, муҳим ва пурарзиш аст. Муҳаббати устод ба фаннаш дар шавқу завқи ӯ зоҳир мегардад ва ин дар навбати худ ба шогирдон сахт таъсир мекунад. Аз тарафи дигар, агар устод чизи таълиммедодаашро дар ҳақиқат қадр накунад, пас ӯ чӣ тавр инро аз шогирдон интизор шуда метавонад? Ҳеҷ гоҳ таъсиротеро, ки шумо чун устодони Каломи Худо ба шогирдон доред, камаҳамият наҳисобед. Исо гуфт: «Пас аз такмил ёфтан ... ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд» (Луқ. 6:40).

11. Чаро Исо чизҳоеро ки таълим медод, дӯст медошт?

11 Исо чизҳоеро, ки таълим медод, дӯст медошт. Вай медонист: донише, ки ӯ ба дигарон мерасонад — масалан, ҳақиқат дар бораи Падари осмонӣ, «каломи Худо» ва «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» — пурарзишанд (Юҳ. 3:34; 6:68). Ҳамон тавре ки дар рӯшноӣ ҳама чиз аён мегардад, рӯшноии ҳақиқатҳое, ки Исо таълим медод, чӣ будани некиву бадиро аён менамуданд. Ин ҳақиқатҳо одамони фурӯтанро умед мебахшиданд ва тасаллӣ медоданд, зеро онҳоро сарварони дурӯғини динӣ гумроҳ мекарданд ва ё онҳоро Иблис азоб медод (Аъм. 10:38). Муҳаббати Исо ба ҳақиқат на танҳо дар таълимоташ, балки дар ҳамаи корҳои ӯ зоҳир мегашт.

12. Муносибати Павлуси расул ба хушхабар чӣ гуна буд?

12 Шогирдони Исо низ ҳақиқатҳоро дар бораи Яҳува ва Масеҳ чунон дӯст медоштанд ва қадр мекарданд, ки ҳатто мухолифон онҳоро аз мавъиза кардани ин ҳақиқатҳо боздошта наметавонистанд. Павлус ба масеҳиёни шаҳри Рум навишт: «Роғиби онам, ки ба шумо ... башорат диҳам. Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор» (Рум. 1:15, 16). Павлус мавъиза кардани ҳақиқатро имтиёз мешуморид. Ӯ навиштааст: «Ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам» (Эфс. 3:8). Тасаввур кардан душвор нест, ки Павлус бо чӣ гуна шавқу завқ дар бораи Яҳува ва мақсадҳои Ӯ мавъиза мекард.

13. Барои дӯст доштани хушхабар мо чӣ сабабҳо дорем?

13 Ба туфайли хушхабари Каломи Худо мо метавонем бо Офаридгор шинос шавем ва бо Ӯ муносибатҳои наздик пайдо кунем. Ин хушхабар ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавобҳои қонеъкунанда медиҳад ва зиндагии моро дигаргун сохта метавонад; ҳамчунин ин хушхабар ба мо умед мебахшад ва дар рӯзҳои сахти зиндагӣ дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, он сӯи ҳаёти пурмазмун, ки ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад, роҳ нишон медиҳад. Чизи дигаре нест, ки мисли хушхабар чунон муҳим ва пурарзиш бошад. Ин атои бебаҳо манбаи хурсандии бузург аст. Ва вақте ки онро мо ба дигарон мерасонем, хурсандиамон дучанд мегардад (Аъм. 20:35).

14. Чӣ тавр муҳаббати худро ба чизе, ки таълим медиҳем, афзун гардонда метавонем?

14 Чӣ тавр шумо муҳаббати худро ба хушхабар афзун карда метавонед? Ҳангоми хондани Каломи Худо вақт ҷудо кунед, то дар бораи чизи хонда истодаатон мулоҳиза намоед. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо дар давоми хизмати заминиаш Исоро ҳамроҳӣ мекунед ё ҳамроҳи Павлуси расул сафар мекунед. Ё худро дар дунёи нав тасаввур кунед ва фикр кунед, ки ҳаёт он ҷо чӣ гуна фарқ хоҳад кард. Мулоҳиза кунед, ки қабул кардани хушхабар ба шумо чӣ баракатҳо овардааст. Агар муҳаббати шумо ба хушхабар пурзӯр бошад, ин аз назари касоне, ки таълим медиҳед, пӯшида нахоҳад монд. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи чизе, ки меомӯзем, хуб мулоҳиза кунем ва ба чизе, ки таълим медиҳем, бодиққат бошем. (1 Тимотиюс 4:15, 16–ро бихонед *.)

Муҳаббат ба одамон

15. Чаро устод бояд ба шогирдонаш муҳаббат дошта бошад?

15 Устоди хуб тарзе таълим медиҳад, ки шогирдон худро озод ҳис мекунанд. Ба туфайли ин, онҳо дар дарс фаъолона иштирок мекунанд ва нотарсона фикри худро баён менамоянд. Устоди пурмуҳаббат аз ғамхории самимона ба талабагон онҳоро таълим медиҳад. Ҳангоми таълимдиҳӣ ӯ ниёзҳо, савияи ақлу идрок, лаёқат ва вазъияти талабагонро ба инобат мегирад. Агар устод ба шогирдон чунин муҳаббат дошта бошад, онҳо инро эҳсос мекунанд ва таълимдиҳиву таълимгирӣ хурсандибахш хоҳад буд.

16. Бо кадом роҳҳо Исо муҳаббаташро ба одамон зоҳир мекард?

16 Исо ҳамин гуна муҳаббат дошт. Ӯ баҳри наҷоти дигарон ҳаёти комилашро қурбон кард, ки ин зуҳуроти бузургтарини муҳаббати вай буд (Юҳ. 15:13). Ғайр аз ин, Исо дар тӯли хидмати заминиаш нисбати ниёзҳои ҷисмонӣ ва хусусан рӯҳонии одамон бо омодагӣ ғамхорӣ мекард. Ӯ омадани одамонро интизор нашуда, худаш садҳо километр роҳро пиёда тай менамуд, то ки ба онҳо хушхабарро расонад (Мат. 4:23–25; Луқ. 8:1). Исо пурсабр буд ва эҳсосоти одамонро мефаҳмид. Вақте ки шогирдонашро ислоҳ намудан лозим буд, вай инро бо муҳаббат мекард (Марқ. 9:33–37). Ӯ ба шогирдонаш нишон медод, ки онҳо воизони хуби хушхабар шуда метавонанд ва бо ин онҳоро рӯҳбаланд менамуд. То ба ҳол ягон устод дар зоҳир намудани муҳаббат ба Исо баробар шуда наметавонад. Муҳаббате, ки Исо ба шогирдонаш зоҳир мекард, онҳоро бармеангехт, ки ӯро дӯст доранд ва аҳкомашро риоя кунанд. (Юҳанно 14:15–ро бихонед.)

17. Шогирдони Исо чӣ гуна ба дигарон муҳаббат зоҳир мекарданд?

17 Мисли Исо шогирдонаш низ ба касоне, ки мавъиза мекарданд, муҳаббат ва дилбастагӣ доштанд. Онҳо қатъи назар аз таъқиботҳо ва хатари марг ба дигарон хидмат мекарданд ва хушхабарро мавъиза менамуданд. Ва чӣ дилбастагие доштанд онҳо ба касоне, ки хушхабарро қабул мекарданд! Ин рӯҳияи онҳоро суханони Павлуси расул инъикос мекунад. Ӯ гуфт: «Дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад. Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед» (1 Тас. 2:7, 8).

18, 19. а) Чаро мо бо омодагӣ ва фидокорона дар кори мавъиза иштирок мекунем? б) Мисоле оред, ки чӣ тавр муҳаббати мо аз назари дигарон пӯшида намемонад.

18 Имрӯз ҳам Шоҳидони Яҳува дар сар то сари замин мавъиза мекунанд ва касонеро меҷӯянд, ки самимона бо Худо шинос шудану ба Ӯ хидмат кардан мехоҳанд. Воқеан 17 сол боз мо ба кори мавъиза ва шогирдсозӣ ҳар сол зиёда аз миллиард соат вақт сарф мекунем ва ҳоло ин корро давом дода истодаем. Ҳарчанд кори мавъиза сарф кардани вақт, қувват ва дороии моддиро талаб менамояд, мо ин корро бо омодагӣ мекунем. Мо низ мисли Исо мефаҳмем, ки иродаи Падари пурмуҳаббати осмониамон аз чӣ иборат аст: Худо мехоҳад, ки одамон дониш гиранд ва сӯи ҳаёти ҷовидонӣ равона шаванд (Юҳ. 17:3; 1 Тим. 2:3, 4). Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба шахсони самимӣ кӯмак кунем, то онҳо бо Яҳува шинос шаванд ва мисли мо Ӯро дӯст доранд.

19 Муҳаббати мо аз назари дигарон пӯшида намемонад. Масалан, хоҳари пешрав аз Иёлоти Муттаҳида ба касоне, ки наздиконашонро гум кардаанд, барои тасаллӣ бахшидани онҳо мактуб менависад. Марде ба мактуби ӯ чунин ҷавоб дод: «Аввал ман хеле ҳайрон шудам, ки касе ба шахси тамоман ношинос мактуб навишта, ӯро дар рӯзи сахт самимона дастгирӣ кардан мехоҳад. Сипас ман ба чунин хулоса омадам, ки шумо ба одамон ва ба Худо, ки одамонро дар ҳаёт ҳидоят мекунад, муҳаббат доред».

20. Бо муҳаббат таълим додан то чӣ то чӣ андоза муҳим аст?

20 Мегӯянд, ки агар муҳаббат ва маҳорат бо ҳам бипайванданд, шоҳасаре тавлид хоҳад шуд. Ҳангоми таълимдиҳӣ мақсади мо ин аст: мо мехоҳем, ки одамон Яҳуваро бо ақлу ҳушашон шиносанд ва бо дил дӯст доранд. Бале, устоди бомаҳорат бояд ба Худо, ба ҳақиқат ва ба одамон муҳаббат дошта бошад. Агар мо ин гуна муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем ва онро дар хидмат зоҳир намоем, мо хурсандиеро, ки аз додан бармеояд, эҳсос мекунем. Ҳамчунин донистани он ки ба Исо пайравӣ мекунему писанди Яҳува ҳастем, ба мо қаноатмандӣ мебахшад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 14 «Ба ин ғамхорӣ намо [«дар ин бора мулоҳиза намо», ТДН] ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад. Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:15, 16).

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Ҳангоми ба дигарон таълим додани хушхабар, чаро...

ба Худо муҳаббат доштан муҳим аст?

ба чизҳои таълиммедодаамон муҳаббат доштан муҳим аст?

одамонро дӯст доштан муҳим аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]