Умеди ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — оё инро Исои Масеҳ таълим медод?
Умеди ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — оё инро Исои Масеҳ таълим медод?
«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд» (ВАҲЙ 21:4).
1, 2. Аз куҷо мо медонем, ки аксарияти яҳудиён дар асри як умеди ҷовидона дар рӯи замин зистан доштанд?
ҶАВОНИ сарватманду машҳуре пеши Исо омад ва назди ӯ зону зада, пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» (Марқ. 10:17). Ин ҷавонмард дар бораи ба даст овардани ҳаёти ҷовидона пурсид,— вале ҳаёти ҷовидона дар куҷо: дар осмон ё дар замин? Чӣ тавре ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, ҳанӯз садсолаҳо пеш Худо ба яҳудиён умеди эҳёшавӣ ва умеди дар рӯи замин абадӣ зистанро дода буд. Ин умедро бисёри яҳудиёни асри як низ доштанд.
2 Вақте ки дӯсти Исо — Марто гуфт, ки бародари фавтидааш «дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳё хоҳад шуд», вай эҳтимол эҳёшавии мурдагонро дар назар дошт (Юҳ. 11:24). Рост аст, саддуқиён ба эҳёшавӣ бовар намекарданд (Марқ. 12:18). Лекин Ҷорҷ Фут Моор дар китоби худ «Дини яҳудӣ дар асрҳои нахустини масеҳият» мегӯяд: «Мувофиқи асарҳои дар садсолаҳои дуюм ё якуми қабл аз д. мо навишташуда одамон он вақт бовар мекарданд, ки рӯзе фаро мерасад, ки он ҳаёти инсониятро комилан тағйир медиҳад ва баъди он мурдагон аз нав ба ҳаёт дар рӯи замин бармегарданд» («Judaism in the First Centuries of the Christian Era»). Ҷавони сарватманде, ки ба Исо муроҷиат кард, ҷовидона дар рӯи замин зистан мехост.
3. Кадом саволҳоро мо дар ин мақола муҳокима хоҳем кард?
3 Имрӯз бисёри динҳо ва библияшиносон умеди абадӣ дар рӯи замин зистанро чун таълимоти масеҳӣ эътироф намекунанд. Аксарияти одамон бовар мекунанд, ки баъди марг зиндагиашонро дар олами арвоҳ давом медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳангоми хондани Навиштаҳои Юнонӣ бисёриҳо фикр мекунанд, ки ибораи «ҳаёти ҷовидонӣ» ҳамеша ба зиндагӣ дар осмон ишора менамояд. Оё ин дуруст аст? Вақте ки Исо дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ сухан мегуфт, ӯ чиро дар назар дошт? Шогирдони ӯ ба чӣ бовар мекарданд? Оё Навиштаҳои Юнонӣ умеди ҷовидона дар рӯи замин зистанро дастгирӣ мекунанд?
Ҳаёти ҷовидонӣ дар «олами ҷадид»
4. Дар «дунёи ҷадид» чӣ мешавад?
4 Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки масеҳиёни тадҳиншуда эҳё мешаванд, то аз осмон бар замин ҳукмронӣ кунанд (Луқ. 12:32; Ваҳй 5:9, 10; 14:1–3). Аммо вақте ки Исо дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ сухан мегуфт, ӯ на ҳамеша фақат ин гурӯҳро дар назар дошт. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Барои ҷавоб ба ин савол биёед бубинем, ки сӯҳбати Исо бо он ҷавони сарватманд чӣ гуна анҷом ёфт. Исо ба он ҷавон пешкаш кард, ки тамоми сарвати худро гузошта, ӯро пайравӣ кунад, вале ҷавон даъвати ӯро қабул накард ва ғамгин шуда, аз пеши ӯ рафт. Сипас Исо ба шогирдонаш гуфт: «Шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора [дар «дунёи ҷадид», Тарҷумаи Тафсирии Форсӣ], вақте ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард; ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад шуд» (Мат. 19:28, 29). Аз рӯи суханони Исо расулонаш дар қатори касоне хоҳанд буд, ки «бар дувоздаҳ сибти Исроил» — яъне бар одамоне, ки ба ҳокимияти осмонӣ дохил намешаванд — подшоҳӣ ва доварӣ мекунанд (1 Қӯр. 6:2). Ҳамчунин, мувофиқи суханони Исо «ҳар кӣ» ӯро пайравӣ кунад, мукофот мегирад. Ин шахсон низ «ҳаёти ҷовидонӣ» ба даст хоҳанд овард. Ҳамаи ин дар «дунёи ҷадид», яъне дар дунёи нав ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
5. Ибораи «дунёи ҷадид»-ро, ки Исо дар Матто 19:28 (ТТФ) истифода кардааст, шумо чӣ гуна шарҳ медодед?
5 Зери ибораи «дунёи ҷадид» Исо чиро дар назар дошт? Азбаски Исо ибораи «дунёи ҷадид»-ро шарҳ надод, ӯ эҳтимол дар бораи чизе мегуфт, ки яҳудиён омадани онро аллакай дар тӯли асрҳо интизор буданд. Онҳо умед доштанд, ки дунёи нав меояд, яъне шароит дар рӯи замин нав мешавад ва шароите, ки дар боғи Адан вуҷуд дошту аз он Одаму Ҳавво то гуноҳ кардан баҳра мебурданд, аз нав барқарор мегардад. Ва ҳамин тавр, дар дунёи нав ваъдаи Худо дар бораи офаридани «осмони нав ва замини нав» иҷро мешавад (Иш. 65:17).
6. Аз масал дар бораи гӯсфандону бузҳо оиди умеди ҳаёти ҷовидонӣ мо чӣ мефаҳмем?
6 Исо бори дигар дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ҳангоми дар бораи охирзамон сухан гуфтанаш қайд намуд (Мат. 24:1–3). «Вақте ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштагони муқаддас меояд,— гуфт ӯ,— он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ хоҳад нишаст, ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад». Онҳое, ки маҳкум мешаванд, «ба азоби ҷовидонӣ [«нестии абадӣ», ТДН] хоҳанд рафт, вале одилон — ба ҳаёти ҷовидонӣ». «Одилон», ки ҳаёти ҷовидонӣ ба даст меоранд, ҳамон касонанд, ки «бародарони» бо рӯҳ тадҳиншудаи Масеҳро содиқона дастгирӣ мекунанд (Мат. 25:31–34, 40, 41, 45, 46). Азбаски тадҳиншудагон барои ҳукмронӣ дар Салтанати осмонӣ интихоб шудаанд, «одилон» бояд тобеони заминии он Салтанат бошанд. Китоби Муқаддас пешгӯӣ мекунад, ки тобеони Салтанати Яҳува аз баҳр то баҳр ва аз дарё то ақсои замин хоҳанд буд (Заб. 71:8). Ин тобеон аз ҳаёти абадӣ дар рӯи замин баҳравар хоҳанд гашт.
Инҷили Юҳанно чӣ нишон медиҳад?
7, 8. Исо ба Ниқӯдимус дар бораи кадом ду умед нақл кард?
7 Мувофиқи Инҷили Матто, Марқӯс ва Луқо, Исо дар ҳолатҳои дар боло овардашуда ибораи «ҳаёти ҷовидонӣ»-ро истифода кардааст. Дар Инҷили Юҳанно суханони Исо дар бораи ҷовидона зистан тақрибан 17 маротиба вомехӯранд. Биёед баъзе аз ин мавридҳоро дида бароем ва фаҳмем, ки Исо дар бораи умеди ҷовидона дар рӯи замин зистан чӣ гуфтааст.
8 Аз рӯи Инҷили Юҳанно, Исо бори аввал дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ба фарисие бо номи Ниқӯдимус нақл кард. Ӯ ба Ниқӯдимус гуфт: «Кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад». Барои даромадан ба ин Малакут ё Салтанати осмонӣ кас бояд «аз олами боло таваллуд» шавад (Юҳ. 3:3–5). Исо бо ин суханонашро тамом накард. Ӯ сипас дар бораи умеде гуфт, ки тамоми одамони боқимондаи ҷаҳон дошта метавонанд. (Юҳанно 3:16–ро бихонед.) Хуллас, Исо дар бораи умеди ҳаёти ҷовидонӣ мегуфт, ки он барои пайравони тадҳиншудааш ҳаёти осмонӣ ва барои дигарон ҳаёт дар рӯи заминро дар бар мегирифт.
9. Ба зани сомарӣ Исо дар барои кадом умед сухан гуфт?
9 Баъд аз он ки Исо дар Ерусалим бо Ниқӯдимус сӯҳбат кард, ӯ ба шимол, сӯи Ҷалил раҳсипор шуд. Дар роҳ, дар Сомария, дар наздикии шаҳри Суҳар, назди чоҳи Яъқуб вай занеро вохӯрд. Ӯ ба зан гуфт: «Ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти Юҳ. 4:5, 6, 14). Ин об рамзи ҳамаи чизҳоест, ки тавассути онҳо Яҳува ба тамоми инсоният, аз он ҷумла ба касоне, ки дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард, ҳаёти ҷовидониро бармегардонад. Дар Китоби Ваҳй худи Худо мегӯяд: «[Ман] ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод» (Ваҳй 21:5, 6, 22:17). Инак, Исо ба зани сомарӣ дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ мегуфт, ки он на танҳо ба ворисони тадҳиншудаи Салтанат дахл дошт, балки ҳамчунин ба имондороне, ки ба зиндагӣ дар рӯи замин умед доранд.
ҷовидонӣ меҷӯшад» (10. Баъди он ки Исо мардеро назди ҳавзи Байт–Ҳасдо шифо бахшид, ӯ дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ба мухолифони динӣ чӣ гуфт?
10 Як сол пас Исо боз ба Ерусалим омад. Он ҷо ӯ назди ҳавзи Байт–Ҳасдо марди беморро шифо бахшид. Ба яҳудиёне, ки ин кори вайро танқид карданд, ӯ шарҳ дод: «Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад». Баъди гуфтани он ки Падар «тамоми довариро ба Писар супурдааст», Исо илова намуд: «Ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад». Ҳамчунин ӯ гуфт: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро [Писари одамро] хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ» (Юҳ. 5:1–9, 19, 22, 24–29). Ҳамин тавр, Исо ба таъқибгарони яҳудияш гуфт, ки ӯро Худо таъин кардааст, то ӯ умеди яҳудиёнро — умеди ҷовидона дар рӯи замин зистанро — амалӣ гардонад. Исо ҳамчунин фаҳмонд, ки вай ин корро тавассути эҳё кардани мурдагон мекунад.
11. Мо аз куҷо медонем, ки суханони Исо аз Юҳанно 6:48–51 ҳамчунин ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин тааллуқ дорад?
11 Дар Ҷалил, ҳазорҳо одамон барои хӯрдани ноне, ки Исо ба таври мӯъҷиза пайдо мекард, аз пасаш мерафтанд. Исо ба онҳо дар бораи нони дигар — «нони ҳаёт» гуфт. (Юҳанно 6:40, 48–51-ро бихонед.) «Ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст»,— гуфт ӯ. Исо ҳаёташро на фақат барои касоне, ки ҳамроҳи ӯ дар Салтанати осмонӣ ҳукмронӣ мекунанд, дод, балки ҳамчунин «барои ҳаёти ҷаҳон», яъне барои инсонияти ба кафорат мӯҳтоҷ қурбон кард. «Касе ки аз ин нон бихӯрад», яъне ба қувваи кафоратбахши қурбонии Исо имон оварад, ба ҳаёти ҷовидонӣ умед хоҳад дошт. Суханони «то абад» зистан ҳамчунин ба умеди деринаи яҳудиён, яъне умеди ҷовидона дар рӯи замин зери ҳукмронии Масеҳ зиндагӣ кардан тааллуқ дошт.
12. Вақте ки Исо ба мухолифонаш гуфт, ки ба гӯсфандонаш «ҳаёти ҷовидонӣ» мебахшад, ӯ кадом умедро дар назар дошт?
12 Баъдтар дар ҷашни иди таҷдид дар Ерусалим Исо ба мухолифонаш гуфт: «Шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам; гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд, ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам» (Юҳ. 10:26–28). Оё Исо ин ҷо танҳо ҳаёти осмониро дар назар дошт, ё ҳамчунин зиндагии ҷовидонӣ дар биҳишти рӯи заминро? Чанде пеш аз ин Исо пайравонашро бо суханони зерин тасаллӣ бахшид: «Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад» (Луқ. 12:32). Ҳоло бошад, дар вақти ин ид Исо гуфт: «Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд ва онҳоро низ бояд оварам» (Юҳ. 10:16). Аз ин рӯ, суханоне, ки Исо ба мухолифонаш гуфт, ҳам умеди ҳаёти осмонӣ барои «рамаи хурд» ва ҳам умеди ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин барои миллионҳо «гӯсфандони дигар»-ро дар бар мегирифтанд.
Умеде, ки шарҳ додан лозим набуд
13. Суханони Исо «бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд», чӣ маъно доштанд?
13 Ҳангоми дар сутуни шиканҷа азоб кашиданаш, Исо тасдиқ намуд, ки барои инсоният чӣ умед вуҷуд дорад. Ҷинояткоре, ки дар паҳлӯи Исо буд, аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳангоми ба Салтанати худ омаданаш вайро ба хотир орад (Луқо 23:42). Исо ба ӯ ваъда дод: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43, ТДН). Азбаски ин мард аз афташ яҳудӣ буд, ба вай чӣ будани Биҳиштро шарҳ додан лозим набуд. Ӯ медонист, ки дар оянда одамон дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ мекунанд.
14. а) Чӣ нишон медиҳад, ки ба расулон фаҳмидани суханони Исо дар бораи умеди осмонӣ душвор буд? б) Ба пайравони Исо умеди осмонӣ кай ба таври равшан фаҳмо шуд?
14 Аммо чизе, ки шарҳро талаб мекард, ин суханони Исо дар бораи умеди осмонӣ буд. Вақте ки Исо ба пайравонаш гуфт, ки ӯ ба осмон рафта барояшон ҷой тайёр мекунад, онҳо ба маънои суханони вай сарфаҳм нарафтанд (Юҳ. 14:2–5). «Боз бисёр чизҳои дигар дорам,— гуфт ӯ баъдтар ба онҳо,— лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред. Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард» (Юҳ. 16:12, 13). Танҳо баъди «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33–юми д. мо, вақте ки пайравони Исо бо рӯҳулқудси Худо чун подшоҳони оянда тадҳин шуданд, онҳо фаҳмиданд, ки тахти онҳо дар осмон хоҳад буд (1 Қӯр. 15:49; Қӯл. 1:5; 1 Пет. 1:3, 4). Умед ба мероси осмонӣ чизи наве буд; он мавзӯи асосии номаҳои зери илҳоми илоҳӣ навишташудаи Навиштаҳои Юнонӣ гашт. Бо вуҷуди ин, оё он номаҳо низ ба зиндагии абадӣ дар рӯи замин умед доштани инсониятро тасдиқ мекунанд?
Номаҳои зери илҳоми илоҳӣ навишташуда чӣ мегӯянд?
15, 16. Нома ба ибриён ва суханони Петрус чӣ тавр ба умеди дар рӯи замин ҷовидона зистан ишора мекунанд?
15 Дар нома ба ибриён Павлуси расул ба ҳамимонон чун ба «бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик» ҳастанд, муроҷиат мекунад. Лекин ӯ ҳамчунин қайд менамояд, ки Худо «олами ояндаро» ба Исо мутеъ кардааст (Ибр. 2:3, 5; 3:1). Калимаи юноние, ки ин ҷо «олами оянда» тарҷума шудааст, ҳамеша ба замини бо одамон маскун ишора мекунад. Аз ин рӯ, «олами оянда» — ин тартиботи ояндаест, ки дар рӯи замин зери ҳукмронии Исои Масеҳ хоҳад буд. Он гоҳ Исо ваъдаи зерини Худоро иҷро мекунад: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:29).
16 Петруси расул низ зери илҳоми Худо дар бораи ояндаи инсоният навиштааст: «Осмон ва замини ҳозира ... барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд» (2 Пет. 3:7). «Осмон»–ро, ки рамзи ҳокимиятҳои имрӯза аст ва ҷамъияти шарири инсониро, ки ҳоло вуҷуд дорад, чӣ иваз мекунад? (2 Петрус 3:13–ро бихонед.) Онҳоро «осмони нав» — Салтанати Масеҳоии Худо ва «замини нав» — ҷамъияти одамони одил, ки аз парастандагони ҳақиқии Худо иборат аст — иваз мекунанд.
17. Ваҳй 21:1–4 умеди инсониятро чӣ гуна тасвир мекунад?
17 Китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас рӯъёи таъсирбахше дорад. Дар он рӯъё инсоният комилиятро ба даст овардааст. (Ваҳй 21:1–4-ро бихонед.) Ин умедро имондорон аз замоне, ки инсон дар боғи Адан комилиятро аз даст дод, дар дил мепарваранд. Дар оянда одилон дар Биҳишти рӯи замин пир нашуда, абадӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Ин умед ҳам дар Навиштаҳои Ибронӣ ва ҳам дар Навиштаҳои Юнонӣ асоси мустаҳкам дорад ва он то ба имрӯз ходимони содиқи Яҳуваро қавӣ мегардонад (Ваҳй 22:1, 2).
Оё шумо фаҳмонда метавонед?
• Зери ибораи «дунёи ҷадид» Исо чиро дар назар дошт?
• Исо ба Ниқӯдимус дар бораи чӣ нақл кард?
• Исо ба ҷинояткори дар паҳлӯяшбуда чӣ ваъда дод?
• Нома ба ибриён ва суханони Петрус умеди дар рӯи замин ҷовидона зистанро чӣ тавр тасдиқ мекунанд?
[Саволҳо барои омӯзиш]