Дар зоҳир кардани муҳаббати бародарӣ рушд намоед
Дар зоҳир кардани муҳаббати бародарӣ рушд намоед
«Дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт» (ЭФС. 5:2).
1. Исо ба кадом хусусияти муҳими фарқкунандаи пайравонаш ишора намуд?
ШОҲИДОНИ ЯҲУВА бо он ки хушхабари Салтанати Худоро хона ба хона мавъиза мекунанд, маълуму машҳуранд. Лекин Исо ба хусусияти дигари фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ ишора кард. Ӯ гуфт: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35).
2, 3. Муҳаббати бародаронаи мо ба онҳое, ки ба вохӯриҳои масеҳӣ меоянд, чӣ гуна таъсир мекунад?
2 Муҳаббате, ки байни бародарияти ҳақиқии масеҳӣ вуҷуд дорад, дар ҷамъияти инсонӣ ноёб аст. Ҳамон тавре ки оҳанрабо оҳанро ба худ ҷазб мекунад, муҳаббат ходимони Яҳуваро дар ягонагӣ бо ҳам мепайвандад ва шахсони самимиро ба ибодати ҳақиқӣ ҷазб мекунад. Мисоле меорем. Марселино, марде аз Камерун, дар ҷои кор, дар натиҷаи садамае нобино гашт. Баъд аз ин воқеа, мардум овоза паҳн карданд, ки гӯё ӯ ҷодугар буду барои ҳамин кӯр шуд. Ба ҷои он ки ӯро тасаллӣ диҳанд, сарвар ва дигар аъзоёни калисояш вайро аз ҷамоати худ пеш карданд. Вақте ки яке аз Шоҳидони Яҳува Марселиноро ба вохӯрии ҷамъомад даъват намуд, ӯ ҷуръат накард, зеро намехост, ки боз вайро пеш кунанд.
3 Марселино аз он ки чӣ тавр ӯро дар Толори Салтанат қабул намуданд, ба ҳайрат омад. Аъзоёни ҷамъомад ӯро гарм пазироӣ карданд ва он чӣ ки ӯ аз Китоби Муқаддас шунид, ба вай тасаллӣ бахшид. Баъд аз ин ӯ ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меовард, дар омӯзиши Китоби Муқаддас рушд кард ва соли 2006 таъмид гирифт. Ҳоло ӯ ҳақиқатро ба аъзоёни оила ва ҳамсоягонаш мавъиза мекунад ва бо якчанд нафар омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронад. Марселино мехоҳад, ки ин омӯзандагон ҳам мисли ӯ муҳаббатеро, ки байни халқи Худо ҳукмфармост, эҳсос намоянд.
4. Чаро мо бояд маслиҳати Павлусро қабул намоем ва «дар муҳаббат рафтор» кунем?
4 Вале муҳаббати бародаронаи мо худ аз худ вуҷуд дошта наметавонад. Масалан, гулхане, ки шомгоҳон дар ҳавои хунук фурӯзон аст, бо гармиву рӯшноии худ одамонро ҷалб мекунад. Лекин агар одамоне, ки гирдаш нишастаанд, ба гулхан ҳезум напартоянд, он хомӯш мешавад. Мисли ин, пайвандҳои муҳаббат дар ҷамъомад суст хоҳанд шуд, агар ҳар аъзои он дар алоҳидагӣ онро мустаҳкам накунад. Ин корро мо чӣ тавр карда метавонем? Суханони Павлуси расул ба ин савол ҷавоб медиҳанд: «Дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд» (Эфс. 5:2). Чӣ тавр мо дар муҳаббат рафтор карда метавонем? Биёед инро дида бароем.
«Шумо низ бояд фарохдил бошед»
5, 6. Чаро Павлус масеҳиёни қӯринтиро ташвиқ кард, ки дар муҳаббат «фарохдил» бошанд?
5 Павлус ба масеҳиёни Қӯринти қадим навиштааст: «Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст. Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст. Дар ивази ин,— чун ба фарзандони худ мегӯям,— шумо низ бояд фарохдил бошед» (2 Қӯр. 6:11–13). Чаро Павлус қӯринтиёнро ташвиқ намуд, ки дар муҳаббат фарохдил бошанд?
6 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр дар Қӯринти қадим ҷамъомади масеҳӣ пайдо шуд? Павлус дар охири соли 50–уми д. мо ба Қӯринт омад. Вақте ки расул ба мавъизакунӣ шурӯъ кард, вай бо мухолифатҳо дучор гашт, аммо ӯ таслим нашуд. Дар муддати кӯтоҳ бисёриҳо дар он шаҳр ба хушхабар имон оварданд. Ва Павлус дар давоми «як солу шаш моҳ» худро ба таълиму тақвият додани ҷамъомади нав бахшид. Бешубҳа, ӯ масеҳиёни қӯринтиро бисёр дӯст медошт (Аъм. 18:5, 6, 9–11). Онҳо низ сабабҳои зиёд доштанд, то ӯро дар навбати худ дӯст доранд ва эҳтиром намоянд. Лекин баъзе аъзоёни ҷамъомад худро аз ӯ дур мекашиданд. Эҳтимол ба баъзеҳо маслиҳатҳои рӯирости вай маъқул набуданд (1 Қӯр. 5:1–5; 6:1–10). Дигарон шояд ба тӯҳматҳои «ҳаввориёни олӣ» гӯш медоданд (2 Қӯр. 11:5, 6). Аз хоҳарону бародарон Павлус муҳаббати самимӣ интизор буд. Аз ин рӯ, вай онҳоро даъват намуд, ки дар муҳаббат «фарохдил» бошанд ва ба ӯ ва ба ҳамдигар наздик шаванд.
7. Чӣ тавр мо дар зоҳир намудани муҳаббати бародарӣ «фарохдил» буда метавонем?
7 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ тавр мо дар зоҳир намудани муҳаббати бародарӣ «фарохдил» буда метавонем? Шояд ба одамони ҳамсинну сол ё ҳаммиллат зоҳир намудани муҳаббати бародарӣ осонтар бошад. Ҳамчунин онҳое, ки дар бобати дамгириву истироҳат табъу хоҳишҳои монанд доранд, одатан бо ҳам вақти бисёр мегузаронанд. Вале агар хоҳишу рағбатҳои монанде, ки мову баъзе ҳамимонон дорем, моро аз ҳамимонони дигар ҷудо созанд, он гоҳ мо бояд чизеро тағйир диҳем. Аз худ бипурсед: «Оё ман бо бародарону хоҳароне, ки дӯсти наздики ман нестанд, хеле кам муошират мекунам ва дар хидмат бо онҳо дер–дер ҳамкорӣ менамоям? Дар Толори Салтанат оё ман бо онҳое, ки нав ҳақиқатро қабул кардаанд, кам сӯҳбат мекунам, зеро фикр мекунам, ки барои он ки онҳо сазовори дӯстии ман шаванд, вақт лозим аст? Оё ман дар ҷамъомад ҳам бо пиронсолон ва ҳам бо ҷавонон саломуалек мекунам?»
8, 9. Маслиҳати дар Румиён 15:7 навиштаи Павлус чӣ тавр кӯмак мекунад, ки мо дар муҳаббати бародарӣ рушд намоем?
8 Дар бобати саломуалек бо дигарон суханони ба румиён навиштаи Павлус кӯмак мекунанд, ки мо ба ҳамимонон муносибати дуруст инкишоф диҳем. (Румиён 15:7–ро бихонед.) Калимаи юноние, ки ин ҷо «қабул кунед» тарҷума шудааст, чунин маъно дорад: «бо меҳрубониву меҳмоннавозӣ қабул кунед, ба ҳалқаи дӯстиву муоширати худ дигаронро роҳ диҳед». Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас, вақте ки соҳибхонаи меҳмоннавоз дӯстонро дар хонааш қабул мекард, ӯ нишон медод, ки чӣ қадар аз дидани онҳо шод аст. Масеҳ ба маъное ҳамин тавр моро ба ҷамъомадаш қабул намудааст ва мо ташвиқ карда мешавем, ки ба ӯ пайравӣ намоем.
9 Вақте ки дар Толори Салтанат ё ҷои дигар бо ҳамимонон саломуалек мекунем, мо метавонем бештар ба касоне таваҷҷӯҳ намоем, ки рӯзҳои охир надида будем ё бо онҳо фурсати сӯҳбат надоштем. Чаро барои аҳволпурсии онҳо чанд дақиқа вақтамонро сарф накунем? Дар вохӯрии навбатӣ мо метавонем бо дигарон ҳамин хел муошират намоем. Ҳамин тариқ, мо дар муддати кӯтоҳ қариб бо ҳамаи бародарону хоҳарон муошират хоҳем кард. Ҳеҷ боке нест, агар дар як рӯз мо бо ҳама аъзоёни ҷамъомад сӯҳбат карда натавонем. Ва касе набояд ранҷад, агар дар ҳар вохӯрӣ фурсати бо ӯ саломуалек кардан нашуда бошад.
10. Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад чӣ имконияти хубе доранд ва чӣ тавр аз он ба таври пурра истифода бурда метавонанд?
10 Саломуалек — ин қадами нахустин барои қабул кардани дигарон аст. Ин қадамест, ки сӯи сӯҳбати дилпазир ва дӯстии бардавом роҳ кушода метавонад. Масалан, вақте ки бародарону хоҳарон дар анҷуманҳо бо дигарон шинос шуда, бо ҳам муошират мекунанд, онҳо бесаброна вохӯрии навро интизор мешаванд. Ихтиёриёне, ки якҷоя дар сохтмони Толорҳои Салтанат иштирок мекунанд ва ба ҳамимонони аз офатҳои табиӣ осебдида кӯмак менамоянд, одатан дӯстони хуб мегарданд, зеро дар давоми ҳамкориашон хислатҳои хуби якдигарро мебинанд. Дар созмони Яҳува барои барпо кардани дӯстии бардавом имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Агар мо «фарохдил» бошем, он гоҳ доираи дӯстонамон васеъ мегардад ва муҳаббате, ки моро дар ибодати ҳақиқӣ муттаҳид месозад, меафзояд.
Барои дигарон вақт ҷудо кунед
11. Мувофиқи Марқӯс 10:13–16 Исо дар чӣ намуна гузоштааст?
11 Ҳамаи масеҳиён саъю кӯшиш карда метавонанд, то мисли Исо шахсони дастрас бошанд. Вақте ки шогирдони вай монеа шуданд, то волидон кӯдакони худро наздаш оранд, ӯ чӣ кор кард? «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд,— гуфт Исо,— ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад». Сипас, ӯ «онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард» (Марқ. 10:13–16). Тасаввур кунед, чӣ қадар он кӯдакон аз чунин таваҷҷӯҳи пурмуҳаббати Устоди Бузург ба ҳаяҷон омада буданд!
12. Барои муошират бо дигарон чӣ халал расонда метавонад?
12 Ҳар масеҳӣ бояд аз худ бипурсад: «Оё ман барои дигарон вақт ҷудо мекунам ё аксаран аз ҳад банд метобам?» Одатҳое, ки дар асл бад нестанд, баъзан барои муошират монеа шуда метавонанд. Масалан, агар мо аксар вақт дар ҳузури дигарон телефони мобилиро истифода барем ё бо гӯшмонак (наушник) сабте гӯш кунем, шояд дигарон гумон кунанд, ки мо бо онҳо муошират кардан намехоҳем. Ё агар мо бисёр вақт бо компютери кисагиамон овора бошем, атрофиён шояд ба хулоса оянд, ки мо хоҳиши бо онҳо сӯҳбат кардан надорем. Албатта, «вақте барои хомӯш мондан» ҳам вуҷуд дорад. Аммо агар дар гирду атрофи мо одамон бошанд, ин одатан «вақте барои сухан рондан» аст (Воиз 3:7). Баъзеҳо шояд гӯянд: «Ман танҳо мондан мехоҳам» ё «Ман саҳариҳо хоҳиши сӯҳбаткунӣ надорам». Бо вуҷуди ин, сӯҳбати дӯстона ҳатто ҳангоми ба он хоҳиш надоштан аз муҳаббате, ки «нафъи худро толиб нест», шаҳодат медиҳад (1 Қӯр. 13:5).
13. Мувофиқи суханони Павлуси расул Тимотиюс ба бародарону хоҳарони масеҳӣ бояд чӣ гуна муносибат мекард?
13 Павлуси расул Тимотиюси ҷавонро ташвиқ кард, ки ҳама аъзоёни ҷамъомадро эҳтиром намояд. (1 Тимотиюс 5:1, 2–ро бихонед.) Мо ҳам бояд ба аъзоёни аз мо калонсоли ҷамъомад чун ба падарону модарон муносибат кунем, ба аъзоёни ҷавонтар бошад, чун ба бародарону хоҳарон, яъне чун ба фарзандони волидони худ. Агар мо ҳамин тавр рафтор кунем, касе аз ҳамимонони азизамон худро дар ҳузури мо бегона эҳсос нахоҳад кард.
14. Баъзе ҷонибҳои мусбии сӯҳбатҳои рӯҳбаландкунанда кадоманд?
14 Вақте ки мо дигаронро бо сӯҳбатҳои худ рӯҳбаланд менамоем, ин ба беҳбудии рӯҳонӣ ва равонии онҳо мусоидат мекунад. Бародаре, ки дар Байт–Ил хидмат мекунад, бо некӣ ба хотир меорад, ки дар оғози хидматаш баъзе байтилиёни ботаҷриба барои бо ӯ сӯҳбат кардан мунтазам вақт меёфтанд. Аз суханони рӯҳбаландкунандаи онҳо он бародар худро дар ҳақиқат аъзои оилаи Байт–Ил эҳсос мекард. Ҳоло бошад, худи ӯ кӯшиш менамояд, ки мисли онҳо байтилиёни дигарро рӯҳбаланд кунад.
Фурӯтанӣ барои нигоҳ доштани сулҳ кӯмак мекунад
15. Чӣ нишон медиҳад, ки байни ходимони Худо ҳам якдигарнофаҳмиҳо ба миён меоянд?
15 Барои Авдӯҳия ва Сунтихӣ, ду хоҳарони масеҳӣ аз шаҳри Филиппи қадим, эҳтимол ҳал кардани мушкилии байнашон пайдошуда душвор буд (Фил. 4:2, 3). Баҳсу мунозираи гарме, ки байни Павлусу Барнаббо ба вуҷуд омад, ба дигарон маълум гашт ва ба он оварда расонд, ки онҳо муддате аз ҳам ҷудо шуданд (Аъм. 15:37–39). Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки ходимони ҳақиқии Худо аз якдигарнофаҳмиҳо эмин нестанд. Яҳува роҳи бартараф кардани низову ихтилофот ва барқарор намудани муносибатҳои дӯстонаро пешкаш мекунад. Лекин Ӯ аз мо низ чизе талаб менамояд.
16, 17. а) Дар ҳалли ихтилофоти шахсӣ то чӣ андоза фурӯтанӣ муҳим аст? б) Чӣ тавр мисоли Эсову Яъқуб аҳамияти фурӯтаниро нишон медиҳад?
16 Тасаввур кунед, ки шумо ҳамроҳи дӯстатон бо мошин ба ҷое сафар карданиед. Пеш аз ба роҳ баромадан шумо калиди мошинро тоб дода, онро ба ҳаракат медароред. Ҳалли ихтилофоти шахсӣ низ калид дорад. Ин калид фурӯтанӣ аст. (Яъқуб 4:10–ро бихонед.) Фурӯтанӣ имконият медиҳад, ки шахсоне ки байнашон ихтилофот ба вуҷуд омада аст, принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор баранд. Инро мисоли зерини Навиштаҳо нишон медиҳад.
17 Аз даме ки Эсов ҳуқуқи нахустзодагии худро аз даст дода, ба бародари экизакаш Яъқуб хашмгин гашт ва ӯро куштанӣ шуд, бист сол гузашт. Баъд аз ин қадар солҳо бародарон бояд аз нав бо ҳам вомехӯрданд ва аз ин «Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд», зеро ӯ хавотир буд, ки Эсов ба вай ҳамла мекунад. Ҳангоми он вохӯрӣ Яъқуб тавре рафтор кард, ки Эсов инро интизор набуд. Ӯ ҳангоми ба бародараш наздик шудан чанд бор «то замин саҷда кард». Баъд аз ин чӣ шуд? «Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд». Ҳамин тавр хатари ҷанг бартараф карда шуд. Фурӯтании Яъқуб барои дур кардани кинае, ки шояд Эсов дар дил дошт, кӯмак намуд (Ҳас. 27:41; 32:3–8; 33:3, 4).
18, 19. а) Ҳангоми пайдо шудани низову ихтилофотҳои шахсӣ чаро муҳим аст, ки дар бакорбарии маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ташаббускор бошем? б) Чаро мо набояд ноумед шавем, агар кӯшишҳоямон дар барқарор кардани сулҳ дарҳол натиҷаи хуб наоранд?
18 Китоби Муқаддас барои бартараф кардани низову ихтилофот маслиҳатҳои олиҷаноб дорад. (Мат. 5:23, 24; 18:15–17; Эфс. 4:26, 27) *. Лекин агар мо фурӯтанӣ зоҳир накунему ин маслиҳатҳоро ба кор набарем, барқарор кардани сулҳ душвор хоҳад буд. Интизор шудани он ки аввал шахси дигар фурӯтанӣ зоҳир кунад, роҳи ҳалли мушкилӣ нест, зеро калиди ҳалли он дар дасти мо ҳам ҳаст.
19 Агар кӯшишҳои аввалини мо барои барқарор кардани сулҳ аз сабабе бенатиҷа тобанд, мо набояд ноумед шавем. Эҳтимол ба шахси дигар барои ба тартиб даровардани фикру эҳсосоти худ вақт лозим аст. Бародарони Юсуф ба ӯ хиёнат карданд. Ва пеш аз он ки онҳо бори дигар бо Юсуф, ки акнун дар Миср мансабу мартабаи баланд дошт, вохӯрданд, солҳои зиёд сипарӣ шуд. Оқибат бародарони Юсуф дигар шуданд ва аз ӯ бахшиш пурсиданд. Юсуф онҳоро бахшид ва писарони Яъқуб халқе гаштанд, ки имтиёзи бар худ доштани номи Яҳуваро соҳиб шуданд (Ҳас. 50:15–21). Бо бародарону хоҳарон сулҳро нигоҳ дошта, мо ба ягонагӣ ва беҳбудии ҷамъомад мусоидат мекунем. (Қӯлассиён 3:12–14-ро бихонед.)
Биёед якдигарро дар «амал ва ростӣ дӯст бидорем»
20, 21. Аз он ки Исо пойҳои расулонашро шуст, мо чӣ омӯхта метавонем?
20 Чанде пеш аз маргаш Исо ба расулонаш гуфт: «Ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед» (Юҳ. 13:15). Ӯ навакак пойҳои 12 расулонашро шуст. Он чӣ ки Исо кард, на фақат анъана ва амали нек буд. Пеш аз он ки дар бораи ин амали Исо нақл кунад, Юҳанно навишт, ки Исо «мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт» ва ӯ «онҳоро то ба охир дӯст дошт» (Юҳ. 13:1). Маҳз муҳаббат ба пайравонаш Исоро ба коре барангехт, ки онро одатан ғуломон мекарданд. Акнун шогирдонаш бояд дар амал фурӯтанона ба якдигар муҳаббат зоҳир менамуданд. Бале, муҳаббати самимии бародарона бояд моро барангезад, ки нисбати ҳамаи бародарону хоҳарони масеҳиямон таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир намоем.
21 Петруси расул, ки пойҳои ӯро Писари Худо шуста буд, маънои ин амали Исоро фаҳмид. Ӯ навишт: «Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред» (1 Пет. 1:22). Юҳаннои расул, ки пойҳои ӯро низ Исо шуста буд, навишт: «Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем» (1 Юҳ. 3:18). Бигзор дилҳоямон моро барангезанд, ки дар амал муҳаббати бародарона зоҳир кунем!
[Эзоҳ]
^ сарх. 18 Нигаред ба китоби «Барои иҷрои иродаи Яҳува созмоншудагон» (рус.), саҳ. 144–150.
Оё дар хотир доред?
• Чӣ тавр дар зоҳир намудани муҳаббат мо «фарохдил» буда метавонем?
• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки барои дигарон вақт ҷудо кунем?
• Дар нигоҳ доштани сулҳ фурӯтанӣ чӣ нақше мебозад?
• Чӣ бояд моро барангезад, ки нисбати ҳамимонон ғамхорӣ зоҳир намоем?
[Саволҳо барои омӯзиш]