Оё супориши Масеҳро бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекунед?
Оё супориши Масеҳро бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекунед?
«Чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред» (1 ТАС. 4:1).
1, 2. а) Дар рӯзҳои Исо одамони бисёр шоҳиди кадом корҳои бузург буданд? б) Чаро замони моро низ таърихӣ номидан мумкин аст?
ОЁ ШУМО ягон бор орзу кардаед, ки дар замонҳои Исо зиндагӣ намоед? Эҳтимол шумо мехоҳед, ки Исо шуморо шифо бахшад ва аз дарду ғами бо бемориҳо алоқаманд халос кунад. Ё эҳтимол шумо мехоҳед, ки Исоро бинеду суханони ӯро шунавед, то аз ӯ таълим гиред ва шоҳиди баъзе аз мӯъҷизаҳои вай бошед (Марқ. 4:1, 2; Луқ. 5:3–9; 9:11). Бале, ҳамаи инро бо чашмони худ дидан имтиёзи бузурге мебуд! (Луқ. 19:37). Ягон насли дигар корҳои ба ин монанде надида буд ва он чизе, ки Исо дар замин ба туфайли «қурбонии Худ» анҷом дод, дигар такрор нахоҳад шуд (Ибр. 9:26; Юҳ. 14:19).
2 Аммо замони моро низ таърихӣ номидан мумкин аст. Чаро? Рӯзҳое, ки мо ҳоло дар он зиндагӣ мекунем, дар Навиштаҳо охирзамон номида шудаанд (Дон. 12:1–4, 9; 2 Тим. 3:1). Дар давоми он Шайтон аз осмон ронда шуд. Ба наздикӣ ӯ бандубаст карда, ба «варта» андохта хоҳад шуд (Ваҳй 12:7–9, 12; 20:1–3). Ҳамчунин дар давоми ин давраи таърихӣ мо имтиёз дорем, ки дар саросари ҷаҳон хушхабари Салтанатро мавъиза кунем ва ба одамон дар бораи умеди зиндагӣ дар биҳишти рӯи замин нақл кунем. Ин кор дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд (Мат. 24:14).
3. Пеш аз ба осмон сууд карданаш Исо ба пайравонаш чӣ гуфт ва ин чиро дар бар мегирифт?
3 Пеш аз ба осмон сууд карданаш Исо ба пайравонаш гуфт: «Шумо... дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Ин фаъолият кори таълимдиҳиро, ки дар тамоми ҷаҳон бояд гузаронида мешуд, дар бар мегирифт. Мақсади он чист? — То омадани интиҳо тайёр кардани шогирдон — пайравони нави Масеҳ аст (Мат. 28:19, 20). Агар мо супориши Масеҳро бомуваффақият ба ҷо овардан хоҳем, бояд чӣ кор кунем?
4. а) Суханони Петруси расул аз 2 Петрус 3:11, 12 чиро таъкид мекунанд? б) Мо бояд ба чӣ бодиққат бошем?
4 Ба ин суханони Петруси расул аҳамият диҳед: «Шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед, дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред?» (2 Пет. 3:11, 12). Ин суханон таъкид мекунанд, ки дар ин рӯзҳои охир мо бояд ба рафтори худ аҳамият диҳем, то ки он муқаддасона ва парҳезгорона бошад. Масалан, мавъиза кардани хушхабар аз чунин рафтор шаҳодат медиҳад. Чӣ хурсандиовар аст, ки имрӯз дар саросари дунё бародарону хоҳарон бо ҷидду ҷаҳд супориши Масеҳро иҷро мекунанд! Ҳамзамон, мо мефаҳмем, ки фишори ҳаррӯзаи ҷаҳони Шайтон ва майли нафсонии баирсбурдаамон ҷидду ҷаҳди моро дар хизмат суст карда метавонанд. Аз ин рӯ, мо бояд бодиққат бошем. Чӣ тавр мо эътимод ҳосил карда метавонем, ки то ба ҳол ба Масеҳ пайравӣ мекунем? Биёед инро дида бароем.
Масъулиятҳои худро бо омодагӣ иҷро кунед
5, 6. а) Павлус масеҳиёни Ерусалимро барои чӣ таҳсин гуфт ва аз чӣ огоҳ кард? б) Чаро мо набояд ба масъулиятҳои масеҳиамон хунукназарӣ кунем?
5 Дар номааш ба масеҳиёни Ерусалим Павлуси расул ҳамимононро барои садоқатмандиву истодагарие, ки онҳо ҳатто ҳангоми таъқиботҳо зоҳир карда буданд, таҳсин гуфт. Ӯ қайд намуд: «Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед». Беш аз ин, расул эътимод бахшид, ки садоқатмандии онҳоро Яҳува дар хотир дорад (Ибр. 6:10; 10:32–34). Таҳсини самимонаи Павлус, эҳтимол, он масеҳиёни ибриро бисёр рӯҳбаланд кард. Аммо дар он номааш Павлус ҳамчунин огоҳ кард, ки агар онҳо майлҳои нафсониашонро идора накунанд, ҷидду ҷаҳди онҳо дар хизмат суст шуда метавонад. Ӯ гуфт, ки масеҳиён бояд бодиққат бошанд, то аз итоат ба аҳкоми Худо рӯ нагардонанд, яъне барои иҷро накардани онҳо баҳона наҷӯянд (Ибр. 12:25).
6 Ин огоҳӣ дар бораи майли баҳонаҷӯӣ аз иҷрои масъулиятҳои масеҳӣ ба ходимони имрӯзаи Худо низ дахл дорад. Мо мефаҳмем, ки набояд ҳеҷ гоҳ ба масъулиятҳои худ хунукназарӣ кунем ё гузорем, ки ҷидду ҷаҳдамон дар хизмат суст гардад (Ибр. 10:39). Охир, хизмати муқаддаси мо кори ҳаётан муҳим мебошад (1 Тим. 4:16).
7, 8. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар хизмат ҷидду ҷаҳди худро нигоҳ дорем? б) Агар ҷидду ҷаҳди мо суст шуда бошад, дар бораи Яҳува ва Исо чиро бояд дар хотир дорем?
7 Чӣ ба мо кӯмак менамояд, ки баҳонаҷӯӣ накунем ва масъулиятҳоеро, ки Худо ба зиммаамон гузоштааст, иҷро кунем? Яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо чунин майл ин аст: мо бояд дар бораи маънои ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будем, мунтазам мулоҳиза кунем. Дар асл, мо ба Яҳува ваъда дода будем, ки иҷрои иродаи Ӯро дар ҳаётамон ба ҷои аввал мегузорем. Ва мо мехоҳем ба ин ваъдаи худ вафо кунем (Мат. 16:24). Аз ин рӯ, гоҳ−гоҳ мо бояд аз худ бипурсем: «Ҳангоми таъмид гирифтанам, ман бо азми қавӣ мувофиқи ваъдаи ба Худо додаам зиндагӣ кардан мехостам, оё то ба ҳол азми ман қавӣ аст ё бо гузашти солҳо ҷидду ҷаҳди ман суст шудааст?».
8 Агар дар натиҷаи худтафтишкунии ростқавлона муайян гардад, ки ҷидду ҷаҳди шумо дар хидмат суст гаштааст, суханони рӯҳбаландкунандаи Сафанё−пайғамбарро ба ёд оред. Ӯ гуфта буд: «Бигзор дастҳоят суст нашавад! Худованд Худои ту андаруни туст, Ӯ ҷаббор аст, ва наҷот хоҳад дод; дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд» (Саф. 3:16, 17). Ин суханони эътимодбахш ба исроилиёне, ки аз асорати Бобил ба Ерусалим баргашта буданд, гуфта шудаанд. Лекин ин суханон ба ходимони имрӯзаи Худо низ дахл доранд. Азбаски коре, ки мо мекунем, кори Яҳува аст, мо бояд дар хотир дорем, ки ҳам Яҳува ва ҳам Писари Ӯ моро барои иҷрои масъулиятҳои масеҳӣ дастгирӣ хоҳанд кард ва қувват хоҳанд бахшид (Заб. 120:2; Мат. 28:20). Агар мо минбаъд низ бо ҷидду ҷаҳд кори Худоро иҷро кунем, Ӯ моро баракат хоҳад дод ва барои рӯҳан рушд карданамон кӯмак хоҳад намуд.
Бо ҷидду ҷаҳд аввал Салтанати Худоро биҷӯед
9, 10. Бо овардани масал дар бораи зиёфати калон Исо чӣ гуфтан мехост ва мо аз он чӣ дарсе омӯхта метавонем?
9 Ҳангоми дар хонаи яке аз сарварони фарисиён таом хӯрданаш, Исо дар бораи зиёфати калон масале овард. Дар он масал ӯ фаҳмонд, ки одамони гуногун имконияти ба Салтанати осмонӣ дохил шуданро доштанд. Исо ҳамчунин нишон дод, ки чӣ тавр баъзеҳо барои ба ӯҳда нагирифтани масъулиятҳо баҳона меҷӯянд. (Луқо 14:16–21-ро бихонед.) Дар масали Исо меҳмонони таклифшуда узр пурсида, фаҳмонданд, ки чаро ба зиёфат омада наметавонанд. Яке гуфт, ки навакак «ман замин харидаам ва рафта онро диданам лозим аст». Дигаре гуфт, ки «панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям». Як нафари дигаре бошад, гуфт, ки ба қарибӣ зан гирифтаасту аз ин сабаб омада наметавонад. Ин сабабҳо дар асл баҳона шуда наметавонистанд. Одатан шахсе, ки замин ё барзагов хариданӣ аст, онҳоро пешакӣ рафта мебинад ва ҳоҷате нест, ки дарҳол баъди харидан онҳоро рафта бинад. Ва чӣ тавр ба қарибӣ зан гирифтани шахс барои қабул накардани ин таклифи муҳим баҳона шуда метавонист? Тааҷҷубовар нест, ки чаро дар ин масал соҳибхона сахт ба ғазаб омад!
10 Ҳамаи ходимони Худо аз ин масали Исо дарс омӯхта метавонанд. Чӣ гуна дарс? Мо ҳеҷ гоҳ набояд гузорем, ки ташвишҳои шахсӣ, аз он ҷумла он ташвишҳое, ки дар масали Исо оварда шудаанд, бароямон чунон муҳим гарданд, ки хидмат ба Худо аҳамияти аввалиндараҷаи худро гум кунад. Агар шахси масеҳӣ ба ташвишҳои шахсӣ аз ҳад дода шавад, ҷидду ҷаҳди ӯ дар хизмат тадриҷан суст шуда метавонад. (Луқо 8:14−ро бихонед.) Барои чунин нашуданаш мо мувофиқи маслиҳати зерини Исо зиндагӣ мекунем: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед» (Мат. 6:33). Чӣ рӯҳбаландкунанда аст, дидани он ки ходимони Худо — ҳам пиру ҳам ҷавон — ин маслиҳати муҳимро ба кор мебаранд. Дар ҳақиқат, бисёриҳо барои оддӣ кардани ҳаёти худ чораҳо андешиданд, то ба хидмат вақти бештар сарф карда тавонанд. Онҳо шахсан боварӣ ҳосил карданд, ки бо ҷидду ҷаҳд аввал Салтанати Худоро ҷустан хушбахтиву қаноатмандии ҳақиқӣ меорад.
11. Кадом воқеаи Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ба Худо аз таҳти дил ва бо ҷидду ҷаҳд хизмат кардан муҳим аст?
11 Воқеае, ки бо подшоҳи Исроил Юош рӯй дод, нишон медиҳад, ки дар хидмати Худо бо ҷидду ҷаҳд будан то чӣ андоза муҳим аст. Юош метарсид, ки арамиён бар Исроил ғолиб меоянд ва ӯ гирякунон назди Элишоъ омад. Пайғамбар ба вай фармуд, ки тирезаро кушода, сӯи Арам аз камон тир парронад. Ин маънои онро дошт, ки ғалаба бар Арам аз ҷониби Яҳува меояд. Ин бешубҳа подшоҳро тақвият бахшид. Сипас, Элишоъ ба Юош гуфт, ки тирҳоро гирифта, бо онҳо заминро занад. Юош ба замин се маротиба заду халос. Элишоъ аз ин сахт ба ғазаб омад, зеро агар Юош панҷ ё шаш бор ба замин мезад, ӯ арамиёнро «ба таври қатъӣ мағлуб» мекард. Акнун Юош бар арамиён се ғалабаи нопурра ба даст меоварду халос. Азбаски Юош ҷидду ҷаҳди кам зоҳир намуд, ӯ ба муваффақияти пурра ноил нагашт (4 Подш. 13:14–19). Мо аз ин мисол чӣ дарсе омӯхта метавонем? Яҳува танҳо дар он сурат моро ба таври фаровон баракат медиҳад, ки агар мо кори Ӯро аз таҳти дил ва бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо орем.
12. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳангоми бо мушкилиҳои ҳаётӣ рӯ ба рӯ шудан, ҷидду ҷаҳди худро дар хидмат нигоҳ дорем? б) Нақл кунед, ки машғули хидмат будан шахсан ба шумо чӣ таъсири мусбат мерасонад.
12 Мушкилиҳои зиндагӣ метавонанд садоқатмандиву ҷидду ҷаҳдеро, ки мо дар хидмати Худо зоҳир мекунем, зери озмоиш қарор диҳанд. Бисёри бародарону хоҳарон дар вазъияти душвори иқтисодӣ қарор доранд. Дигарон аз сабаби он ки бемории ҷиддӣ имкониятҳояшонро дар хизмати Яҳува маҳдуд месозад, рӯҳафтодаанд. Бо вуҷуди ин, ҳар яки мо метавонем барои нигоҳ доштани ҷидду ҷаҳдамон чораҳо андешем ва минбаъд низ ба таври пурра ба Масеҳ пайравӣ намоем. Лутфан, ба баъзе маслиҳатҳо ва оятҳое, ки дар замимаи «Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба Масеҳ пайравӣ карданро давом диҳед?» оварда шудаанд, аҳамият диҳед. Мулоҳиза намоед, ки чӣ тавр шумо онҳоро ба таври пурра ба кор бурда метавонед. Дар натиҷа шумо баракатҳои фаровон ба даст хоҳед овард. Агар мо бо хизмат банд бошем, ин ба мо таъсири мусбӣ мерасонад, ҳаёти моро бой мегардонад ва сулҳу осоиштагӣ ва хушбахтии бисёр меорад (1 Қӯр. 15:58). Беш аз ин, вақте ки мо аз таҳти дил ба хизмати Худо машғулем, мо «омадани рӯзи Худоро» ҳамеша дар хотир хоҳем дошт (2 Пет. 3:12).
Худро ростқавлона тафтиш кунед
13. Чӣ тавр муайян кунем, ки аз таҳти дил хидмат кардан шахсан ба мо чӣ маъно дорад?
13 Аммо дар хотир бояд дошт, ки аз таҳти дил хидмат кардани моро соатҳои дар хизмат гузаронидаамон муайян намекунанд. Вазъияту шароити ҳар кас гуногун аст. Шахсе, ки ҳар моҳ фақат як ё ду соат мавъиза мекунад, дар назари Худо бисёр писанд буда метавонад, агар ин дар ҳақиқат ҳамаи он чизе бошад, ки ӯ вобаста аз вазъи саломатиаш карда метавонад. (Бо Марқӯс 12:41–44 муқоиса кунед.) Аз ин рӯ, барои муайян кардани он ки аз таҳти дил ба Худо хизмат кардан шахсан ба мо чӣ маъно дорад, мо бояд ростқавлона ба қобилиятҳои худ баҳо диҳем ва шароитҳои худро баркашем. Мо, чун пайравони Масеҳ, ҳамчунин мехоҳем, ки ба ҳама чиз аз нуктаи назари ӯ нигоҳ карданро ёд гирем. (1 Қӯринтиён 2:16−ро бихонед.) Дар ҳаёти Исо чӣ ҷои аввалро ишғол мекард? Ӯ дар Кафарнаҳум ба анбӯҳи мардум гуфт: «Ман бояд... аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:43; Юҳ. 18:37). Ҷидду ҷаҳдеро, ки Исо дар хидмат зоҳир мекард, дар хотир дошта, шароитҳои худро баркашед, то муайян намоед, ки доираи хидмататонро васеътар карда метавонед ё не (1 Қӯр. 11:1).
14. Бо кадом роҳҳо мо доираи хизматамонро васеътар карда метавонем?
14 Бодиққат шароитҳои худро аз назар гузаронда, шояд мо ба хулосае оем, ки барои хизмат вақти бисёртар ҷудо карда метавонем (Мат. 9:37, 38). Масалан, ҳазорҳо ҷавононе, ки ба қарибӣ мактабро хатм намуданд, доираи хидматашонро васеъ карда, акнун бо ҷидду ҷаҳд чун пешравон хизмат мекунанд, ки ин ба онҳо хурсандӣ мебахшад. Оё шумо ҳам чунин хурсандӣ эҳсос кардан мехоҳед? Баъзе бародарону хоҳарон шароитҳояшонро аз назар гузаронда, қарор намуданд, ки ба қисмҳои дигари мамлакат ё ҳатто ба мамлакатҳои дигар, ки он ҷо ба воизони Салтанат эҳтиёҷоти калон вуҷуд дорад, бикӯчанд. Бархе бошанд, забони дигарро аз худ карданд, то ба хориҷиён мавъиза намоянд. Ҳарчанд васеъ кардани доираи хидмат осон нест, он баракатҳои зиёд меорад ва ба туфайли он мо метавонем ба бисёриҳо барои «ба дониши ростӣ» расидан кӯмак кунем (1 Тим. 2:3, 4; 2 Қӯр. 9:6).
Намунаҳои ибрат аз Китоби Муқаддас
15, 16. Мо аз киҳо ибрат гирифта метавонем, то чун пайравони Масеҳ бо ҷидду ҷаҳд хидмат кунем?
15 Исо дигаронро даъват мекард, ки пайрави ӯ шаванд. Касоне, ки баъдтар расулони ӯ шуданд, ба ин даъвати ӯ чӣ гуна муносибат карда буданд? Дар бораи Матто Навиштаҳо мегӯянд: «Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ӯ равона шуд» (Луқ. 5:27, 28). Дар бораи Петрусу Андриёс, ки моҳигир буданд, мо мехонем: «Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд». Сипас, Исо Яъқуб ва Юҳанноро дид, ки ҳамроҳи падарашон тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. Вақте ки ин бародарон даъвати Исоро шуниданд, «онҳо дарҳол қаиқ ва падари худро гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд» (Мат. 4:18–22).
16 Боз як намунаи хуб — ин Шоул мебошад, ки баъдтар Павлуси расул гашт. Ҳарчанд вай пештар пайравони Масеҳро сахт таъқиб мекард, ӯ дигар шуд ва «зарфи баргузидаи» Масеҳ гашт, то номи ӯро ба дигарон мавъиза намояд. Павлус «дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост» (Аъм. 9:3–22). Ва қатъи назар аз он ки Павлус бо мушкиливу таъқиботҳои бисёр дучор мешуд, ӯ ҳамеша бо ҷидду ҷаҳд хидмат мекард (2 Қӯр. 11:23–29; 12:15).
17. а) Шумо чӣ кор кардан мехоҳед, то ки ба таври пурра ба Масеҳ пайравӣ кунед? б) Агар аз таҳти дил ва бо тамоми қувват иродаи Яҳуваро ба ҷо орем, мо аз чӣ гуна баракатҳо баҳравар мегардем?
17 Мо албатта мехоҳем, ки аз намунаи хуби он шогирдон ибрат гирем ва даъвати пайрави Масеҳ шуданро бо омодагӣ ва бечунучаро қабул намоем (Ибр. 6:11, 12). Агар мо ба намунаи Масеҳ бо ҷидду ҷаҳд ва ба таври пурра пайравӣ карданро давом диҳем, мо аз чӣ гуна баракатҳо баҳра мебарем? Иҷрои иродаи Худо ба мо хурсандии ҳақиқӣ мебахшад. Ҳамчунин, аз он ки мо доираи хизматамонро васеъ мегардонем ва дар ҷамъомад масъулиятҳои иловагиро ба ӯҳда мегирем, қаноатмандӣ эҳсос мекунем (Заб. 39:9; 1 Таслӯникиён 4:1−ро бихонед). Бале, агар барои пайравӣ кардан ба намунаи Масеҳ саъю кӯшиш кунем, мо ҳамеша аз баракатҳои зиёд, ба мисли оромиву осоиштагии ботинӣ, хурсандиву қаноатмандӣ, илтифоти Худо ва умеди ҳаёти ҷовидонӣ, баҳравар хоҳем гашт (1 Тим. 4:10).
Оё дар хотир доред?
• Кадом супориши муҳимро мо ба ӯҳда дорем ва ба он бояд чӣ гуна муносибат кунем?
• Бо кадом майли нодурусти инсонӣ мо бояд мубориза барем ва чаро?
• Мо бояд чиро ростқавлона тафтиш кунем?
• Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Масеҳ пайравӣ карданро давом диҳем?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Чорчӯба дар саҳифаи 8]
Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба Масеҳ пайравӣ карданро давом диҳед?
▪ Ҳар рӯз Каломи Худоро хонед ва дар бораи чизҳои хондаатон мулоҳиза кунед (Заб. 1:1–3; 118:97).
▪ Пайваста дар бораи ҳидояту дастгирии рӯҳулқудси Худо дуо гӯед (Зак. 4:6; Луқ. 11:9, 13).
▪ Бо касоне, ки дар хидмат ҷидду ҷаҳди самимӣ зоҳир мекунанд, муошират кунед (Мас. 13:20; Ибр. 10:24, 25).
▪ Дар кадом замон зиндагӣ карда истоданамонро фаромӯш насозед (Эфс. 5:15, 16).
▪ Дар хотир доред, ки баҳонаҷӯӣ чӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта метавонад (Луқ. 9:59–62).
▪ Дар бораи ваъдае, ки шумо ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будед ва дар бораи баракатҳое, ки шумо аз хидмати самимона ба Худо ва пайравӣ ба Масеҳ эҳсос менамоед, мунтазам мулоҳиза кунед (Заб. 115:3–5; 132:3; Мас. 10:22).