Бигзор рафтори шумо аз садоқатмандӣ шаҳодат диҳад
Бигзор рафтори шумо аз садоқатмандӣ шаҳодат диҳад
«Агар ҳамаи ин чунин нобуд мешуда бошад, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва садоқатмандӣ ба Худо бояд чӣ гуна бошед!» (2 ПЕТ. 3:11, ТДН).
1. Чаро номаи дуюми Петрус барои масеҳиёни асри як бамаврид буд?
ВАҚТЕ КИ Петруси расул зери илҳоми илоҳӣ номаи дуюмашро навишт, ҷамъомади масеҳӣ аллакай таъқиботҳои зиёдро аз сар гузаронида буд. Аммо ин озмоишҳо ҷидду ҷаҳди бародару хоҳаронро кам накарданд ва рушди рӯҳонии онҳоро суст нагардонданд. Аз ин рӯ Иблис роҳи дигарро истифода кард, ки онро ӯ борҳои зиёд бомуваффақият ба кор бурда буд. Мувофиқи суханони Петрус Шайтон мекӯшид, ки халқи Худоро ба воситаи устодони бардурӯғе, ки «чашмони онҳо пур аз зино» асту «дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст», фосид кунад (2 Пет. 2:1–3, 14; Яҳд. 4). Аз ин сабаб Петрус номаи дуюми худро навишт ва масеҳиёнро самимона даъват намуд, ки ба Худо содиқ бимонанд.
2. Дар боби 3–юми номаи дуюми Петрус оиди чӣ сухан меравад ва дар бораи кадом саволҳо мо бояд мулоҳиза кунем?
2 Петрус навишт: «Ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам, чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам ... Ва саъю кӯшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз реҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред» (2 Пет. 1:13–15). Бале, Петрус медонист, ки марги ӯ наздик аст ва мехост, ки ёдраскуниҳои бамавридашро фаромӯш накунанд. Ҳақиқатан ҳам, онҳо қисми Китоби Муқаддас гаштанд ва ҳамаи мо имрӯз онҳоро хонда метавонем. Боби 3–юми номаи дуюми Петрус барои мо аҳамияти махсус дорад, зеро дар он оиди «рӯзҳои охир»–и тартиботи имрӯза ва нобудшавии осмону замини рамзӣ сухан меравад (2 Пет. 3:3, 7, 10). Петрус ба мо чӣ маслиҳат медиҳад? Ва чӣ тавр бакорбарии маслиҳатҳои ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки илтифоти Яҳуваро ба даст орем?
3, 4. а) Петрус ба чӣ даъват кард ва аз чӣ огоҳ намуд? б) Кадом се нуктаро мо дида мебароем?
3 Баъди он ки Петрус дар бораи нобудшавии ҷаҳони Шайтон қайд намуд, ӯ гуфт: «Агар ҳамаи ин чунин нобуд мешуда бошад, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва садоқатмандӣ ба Худо бояд чӣ гуна бошед!» (2 Пет. 3:11, 12, ТДН). Ин савол не, балки даъват ва ҳатто таъкид буд. Петрус медонист, ки танҳо онҳое, ки иродаи Яҳуваро ба ҷо меоранду хусусиятҳои ба Ӯ мақбулро зоҳир мекунанд, «рӯзи интиқоми» омадаистодаро аз сар мегузаронанд (Иш. 61:2). Аз ин рӯ, расул илова намуд: «Пас шумо, эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон [устодони бардурӯғ] нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед» (2 Пет. 3:17).
4 Азбаски Петрус низ «пешакӣ огоҳонида» шуда буд, ӯ медонист, ки дар охирзамон масеҳиён барои беайб мондан бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Баъдтар сабаби инро Юҳаннои расул аниқтар фаҳмонд. Ӯ пешгӯӣ намуд, ки Шайтон аз осмон ронда хоҳад шуд ва «хашми зӯр»–и худро бар касоне, ки «аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд», хоҳад рехт (Ваҳй 12:9, 12, 17). Масеҳиёни тадҳиншудаи содиқ ва ҳамроҳони вафодори онҳо, аз ҷумлаи «гӯсфандони дигар», дар ин ҷанг ғолиб хоҳанд омад (Юҳ. 10:16). Лекин дар бораи ҳар яки мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо беайбиамонро нигоҳ хоҳем дошт? Яҳува дар ин кор ба мо кӯмак мекунад, агар мо кӯшиш намоем, ки: 1) хусусиятҳои ба Худо писандро дар худ инкишоф диҳем; 2) аз ҷиҳати ахлоқӣ ва рӯҳонӣ пок ва беайб бимонем ва 3) ба озмоишҳо муносибати дуруст дошта бошем. Биёед ин се нуктаро дида бароем.
Хусусиятҳои ба Худо писандро дар худ инкишоф диҳед
5, 6. Барои инкишоф додани кадом хусусиятҳо бояд кӯшиш намоем ва чаро ин «ҷидду ҷаҳд»–ро талаб мекунад?
5 Дар аввали номаи дуюмаш Петруси расул навишт: «Шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ хирадмандиро, ба хирадмандӣ — порсоиро, ба порсоӣ — тоқатро, ба тоқат парҳезгориро, ба парҳезгорӣ — бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ — муҳаббатро. Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани... Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд» (2 Пет. 1:5–8).
6 Дар ҳақиқат иштирок дар корҳое, ки барои инкишоф додани хусусиятҳои ба Худо писанд кӯмак менамоянд, «ҷидду ҷаҳд»–ро талаб мекунанд. Масалан, барои ташрифорӣ ба ҳамаи вохӯриҳои масеҳӣ, ҳаррӯза хондани Китоби Муқаддас ва доштани барномаи хуби омӯзиши шахсӣ ҷидду ҷаҳд лозим аст. Ҳамчунин барои он ки ибодати оилавӣ мунтазам бошад ва ба ҳама аъзоёни оила хурсандӣ ва фоида орад, саъю кӯшиши зиёд ва банақшагирии хуб дар талаб аст. Аммо вақте ки ҳамаи ин ба одат медарояд, ба машғулиятҳои рӯҳонӣ вақт ҷудо кардан осонтар мегардад, хусусан агар мо фоидаи онҳоро эҳсос кунем.
7, 8. а) Баъзеҳо дар бораи шоми ибодати оилавӣ чӣ мегӯянд? б) Ибодати оилавӣ ба шумо чӣ фоидае меорад?
7 Дар бораи ибодати оилавӣ хоҳаре менависад: «Ба туфайли он мо бисёр чизҳоро меомӯзем». Хоҳари дигаре мегӯяд: «Росташро гӯям, ман намехостам, ки вохӯрии китобомӯзиш қатъ гардад. Ин вохӯрии дӯстдоштаи ман буд. Вале ҳоло, вақте ки мо
барои ибодати оилавӣ шоме дорем, ман фаҳмидам, ки Яҳува медонад, ки мо кай ба чӣ ниёз дорем». Як сарвари оила мегӯяд: «Ибодати оилавӣ ба мо хеле кӯмак мекунад. Ману ҳамсарам бениҳоят хурсандем, ки акнун вохӯрии ба ниёзҳоямон ҷавобгӯ дорем. Мо ҳар ду эҳсос мекунем, ки дар зоҳир намудани самари рӯҳулқудс беҳтар шудем ва аз хидмат хурсандии зиёдтар мегирем». Боз як бародари оиладор мегӯяд: «Фарзандон худашон таҳқиқ мегузаронанд ва бисёр чизҳоро меомӯзанд, ки ин ба худи онҳо хеле писанд аст. Мо эътимоди бештар ҳосил намудем, ки Яҳува дар бораи ғаму ташвишҳои мо медонад ва ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад». Оё гуфтаҳои дар боло зикршуда муносибати шуморо ба ин имконияти олиҷаноби ҳамроҳи оила ибодат намудани Худо инъикос мекунанд?8 Нагузоред, ки чизҳои камаҳамият ба гузаронидани ибодати оилавӣ монеа шаванд. Як ҷуфти оилавӣ мегӯяд: «Чор ҳафтаи охир ҳар рӯзи панҷшанбе дар оилаамон чизе рӯй медод, аммо мо намегузоштем, ки ин ба гузаронидани омӯзиш халал расонад». Албатта, баъзан вақту соати омӯзишро тағйир додан лозим меояд. Бо вуҷуди ин, нагузоред, ки ҳатто як ҳафта ҳам аъзоёни оилаатон бе ибодати оилавӣ монанд!
9. Чӣ тавр Яҳува ба Ирмиё кӯмак кард ва мо аз намунаи ӯ чӣ омӯхта метавонем?
9 Ирмиё–пайғамбар барои мо намунаи хуб аст. Ба ӯ Яҳува кӯмаки лозимаи рӯҳонӣ пешкаш намуд ва барои ин пайғамбар хеле миннатдор буд. Ин ғизои рӯҳонӣ ба вай кӯмак намуд, ки ба халқе, ки хабари ӯро гӯш кардан намехостанд, мавъиза карданро давом диҳад. «Каломи Худованд ... дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст»,— гуфт ӯ (Ирм. 20:8, 9). Каломи Худо ҳамчунин ба вай кӯмак намуд, ки рӯзҳои сахти бо харобшавии Ерусалим алоқамандро аз сар гузаронад. Имрӯз Каломи Худо пурра навишта шудааст ва он дастрас аст. Вақте ки мо онро бодиққат меомӯзем ва тарзи фикрронии Худоро аз худ мекунем, мо ҳам мисли Ирмиё метавонем устуворона ва хурсандона мавъиза кунем, дар озмоишҳо садоқатмандиамонро нигоҳ дорем ва аз ҷиҳати ахлоқиву рӯҳонӣ пок бимонем (Яъқ. 5:10).
«Покиза ва беайб» бимонед
10, 11. Чаро мо бояд саъю кӯшиш кунем, то «покиза ва беайб» бимонем ва барои ин чӣ кор кардан лозим аст?
10 Чун масеҳиён медонем, ки мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ бароямон тааҷҷубовар нест, ки ҷаҳон аз тамаъкорӣ, фисқу фуҷур ва зӯроварӣ, ки аз онҳо Яҳува нафрат дорад, пур шудааст. Тарзи амали Шайтонро бо чунин суханон зикр кардан мумкин аст: «Агар ходимони Худоро тарсондан номумкин бошад, пас барои фосид кардани онҳо кӯшиш бояд кард» (Ваҳй 2:13, 14). Бинобар ин, мо бояд панди зерини муҳаббатомези Петрусро қабул кунем: «Саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ [Худо] покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир шавед» (2 Пет. 3:14).
11 Ибораи «саъю кӯшиш намоед» бо ибораи «тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор баред», ки онро Петрус пештар истифода карда буд, ҳаммаъно аст. Бешубҳа, Яҳува, ки Петрусро барои навиштани ин ибораҳо илҳом бахшид, медонад, ки мо бояд саъю кӯшиш кунем, то «покиза ва беайб» бимонем ва аз нопокии ҷаҳони Шайтон олуда нашавем. Барои ин мо бояд дили худро маҳфуз дорем, то хоҳишҳои нодуруст бар мо ғолиб наоянд. (Масалҳо 4:23; Яъқуб 1:14, 15–ро бихонед.) Ҳамчунин мо набояд гузорем, ки шахсоне, ки онҳоро тарзи ҳаёти мо ҳайрон мекунад ё онҳо дар ҳаққи мо «бадгӯӣ» менамоянд, ба мо таъсир кунанд (1 Пет. 4:4).
12. Луқо 11:13 ба мо чӣ эътимоде мебахшад?
12 Аз сабаби нокомилӣ ба мо дуруст рафтор намудан осон нест (Рум. 7:21–25). Мо ин корро танҳо ҳамон вақт карда метавонем, агар ба Яҳува муроҷиат кунем, зеро Ӯ ба ҳамаи касоне, ки самимона аз Ӯ рӯҳулқудс мепурсанд, онро саховатмандона медиҳад (Луқ. 11:13). Ба туфайли ин рӯҳ мо дар худ хусусиятҳои ба Худо мақбулро инкишоф медиҳем ва онҳо дар навбати худ ба мо кӯмак мекунанд, ки на фақат ба васвасаҳо муқобилат намоем, балки ба озмоишҳо, ки бо наздикшавии рӯзи Яҳува зиёдтар мешаванд, тоб орем.
Бигзор озмоишҳо шуморо қавӣ гардонанд
13. Ҳангоми дучоршавӣ бо озмоишҳо чӣ кӯмак мекунад, ки ба онҳо тоб орем?
13 То даме ки мо дар ин тартиботи кӯҳна зиндагӣ мекунем, мо Яъқ. 1:2–4). Ҳамчунин дар хотир доред: «Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Пет. 2:9).
ҳамеша бо ин ё он озмоиш дучор мешавем. Лекин ба ҷои рӯҳафтода шудан, чаро ба озмоишҳо чун ба имконияте, ки муҳаббати моро ба Худо қавӣ мегардонаду имонамонро ба Ӯ ва Каломи Ӯ мустаҳкам мекунад, нанигарем? Яъқуби шогирд навиштааст: «Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад» (14. Аз кадом ҷиҳат намунаи Юсуф шуморо рӯҳбаланд мекунад?
14 Мисоли Юсуф, писари Яъқубро дида мебароем. Ӯро бародарони худаш ба ғуломӣ фурӯхтанд (Ҳас. 37:23–28; 42:21). Оё аз ин бераҳмӣ имони Юсуф ба Худо коста гашт? Оё вай аз Худо барои он ки Ӯ ба ин бераҳмӣ роҳ дод, хафа шуд? Каломи Худо равшан нишон медиҳад, ки не! Беш аз ин, бо ин озмоишҳои Юсуф тамом нашуданд. Баъдтар ӯро бардурӯғ айбдор карданд, ки вай гӯё зани оғояшро таҷовуз кардан мехост. Лекин дар ин озмоиш ҳам, ӯ ба Худо содиқ монд (Ҳас. 39:9–21). Юсуф гузошт, ки озмоишҳо ӯро қавӣ гардонанд ва барои ин баракатҳои зиёдро соҳиб шуд.
15. Аз намунаи Ноомӣ мо чӣ дарсе меомӯзем?
15 Рост аст, ки озмоишҳо шахсро андӯҳгин ё ҳатто афсурдарӯҳ карда метавонанд. Эҳтимол баъзан чунин эҳсосот Юсуфро фаро мегирифт. Бешубҳа, дар бораи дигар ходимони содиқи Худо низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Масалан, Ноомӣ, ки шавҳар ва ду писарашро аз даст дода буд, гуфт: «Маро Ноомӣ нахонед, балки Марро [маънояш «талхком»] бихонед, зеро ки Қодир талхии зиёде бар сарам овард» (Рут 1:20, 21, поварақ). Эҳсосоти ӯ табиӣ ва фаҳмо буд. Аммо, чун дар мавриди Юсуф, бадбахтиҳо ба Ноомӣ аз ҷиҳати рӯҳонӣ монеа нашуданд ва садоқатмандиашро ба Худо коста нагардонданд. Яҳува дар навбати худ ин зани хубро баракат дод (Рут 4:13–17, 22). Беш аз ин, дар оянда, дар Биҳишти рӯи замин, Ӯ ҳамаи зарареро, ки Шайтон ва ҷаҳони шарираш ба вай расонда буданд, ҷуброн хоҳад кард. «Чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад» (Иш. 65:17).
16. Ба дуо бояд чӣ гуна муносибат кунем ва чаро?
16 Бо кадом озмоише, ки дучор нашавем, донистани он ки Худо моро дӯст медорад, ба мо барои тоб овардан кӯмак мекунад. Павлуси расул навиштааст: «Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер? ... Ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки ... дар Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад» (Рум. 8:35–39). Шайтон минбаъд низ мекӯшад, ки имони моро шиканад, аммо ин ба вай муяссар намешавад, агар мо «бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр» бошем (1 Пет. 4:7). Исо гуфт: «Пас, ҳама вақт бедор бошед ва [«бо зориву илтиҷо», ТДН] дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед» (Луқ. 21:36). Аҳамият диҳед, ки Исо гуфт, ки «бо зориву илтиҷо», яъне гарму ҷӯшон ва аз таҳти дил дуо гӯед. Бо ин суханонаш Исо таъкид намуд, ки ҳоло вақти ишғол кардани мавқеи мустаҳкам назди ӯ ва Падараш аст. Танҳо шахсоне, ки илтифоти онҳоро ба даст овардаанд, имконияти дар рӯзи Яҳува наҷот ёфтанро доранд.
Дар хидмат ба Яҳува фаъол бимонед
17. Агар дар ҷойҳои шумо мавъиза кардан душвор бошад, ба шумо намунаи хуби пайғамбарони давраи пеш чӣ гуна кӯмак карда метавонад?
17 Иштирок дар фаъолияти рӯҳонӣ тароват мебахшад. Петруси расул навиштааст: «Агар ҳамаи ин чунин нобуд мешуда бошад, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва садоқатмандӣ ба Худо бояд чӣ гуна бошед!» (2 Пет. 3:11, ТДН). Яке аз корҳои асосие, ки аз садоқатмандӣ шаҳодат медиҳад,— ин мавъизаи хушхабар аст (Мат. 24:14). Рост аст, ки дар баъзе ҷойҳо шояд аз сабаби бепарвоии одамон, мухолифат ё аз он ки одамон бо ташвиши зиндагии худ аз ҳад банданд, мавъизаи хушхабар душвор бошад. Дар давраҳои пеш низ ходимони Яҳува бо чунин муносибат дучор мешуданд. Лекин онҳо ҳеҷ гоҳ таслим намешуданд ва «гаштаю баргашта» ба чунин одамон хабари Худоро мерасонданд (2 Вақоеънома 36:15, 16–ро бихонед; Ирм. 7:24–26). Чӣ ба онҳо кӯмак мекард, ки ба ҳамаи ин тоб оранд? Онҳо ба вазифаи худ бо чашми Яҳува менигаристанд, на бо чашми ин ҷаҳон. Ҳамчунин онҳо бар худ доштани номи Худоро бузургтарин имтиёз меҳисобиданд (Ирм. 15:16).
18. Чӣ тавр кори мавъизаи Салтанат, ки имрӯз гузаронида шуда истодааст, дар оянда номи Худоро ҷалол хоҳад дод?
18 Мо низ имтиёз дорем, ки дар бораи номи Яҳува ва нияти Ӯ мавъиза намоем. Фикр кунед: агар мо мавъиза карданро давом диҳем, пас, вақте ки рӯзи бузурги Худо меояд, душманонаш нахоҳанд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи Ӯ ва ниятҳояш чизе нашунидаанд. Онҳо мисли фиръавн хоҳанд фаҳмид, ки худи Яҳува бар зидди онҳо баромадааст (Хур. 8:1, 20; 14:25). Ҳамзамон Яҳува ходимони содиқашро сарафроз хоҳад кард ва ба таври равшан нишон хоҳад дод, ки онҳо дар ҳақиқат намояндагони Ӯ буданд. (Ҳизқиёл 2:5; 33:33–ро бихонед.)
19. Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба пурсабрии Яҳува муносибати дуруст дорем?
19 Дар охири номаи дуюмаш Петрус ба ҳамимонон навишт: «Пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед» (2 Пет. 3:15). Пас биёед минбаъд низ ба пурсабрии Яҳува муносибати дуруст дошта бошем. Барои ин чӣ кӯмак мекунад? Хусусиятҳои ба Худо писандро дар худ инкишоф диҳед, покиза ва беайб бимонед, ба озмоишҳо муносибати дуруст дошта бошед ва дар хидмати Салтанат фаъол бимонед. Бо ин роҳ шумо ба баракатҳои бешуморе, ки бо «осмони нав ва замини нав» алоқаманданд, соҳиб шуда метавонед (2 Пет. 3:13).
Оё шумо дар хотир доред?
• Чӣ тавр дар худ хусусиятҳои ба Худо писандро инкишоф дода метавонем?
• Чӣ кор кунем, ки «покиза ва беайб» бимонем?
• Аз намунаи Юсуф ва Ноомӣ мо чӣ меомӯзем?
• Чаро иштирок дар кори мавъиза имтиёзи бузург аст?
[Саволҳо барои омӯзиш]