Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Рӯҳ ... дониши чуқури илоҳиро таҳқиқ мекунад»

«Рӯҳ ... дониши чуқури илоҳиро таҳқиқ мекунад»

«Рӯҳ ... дониши чуқури илоҳиро таҳқиқ мекунад»

«Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто дониши чуқури илоҳиро, таҳқиқ мекунад» (1 ҚӮР. 2:10, ТДН).

1. Павлус дар 1 Қӯринтиён 2:10 ба кадом нақши рӯҳулқудс ишора намуд ва дар алоқамандӣ бо ин чӣ гуна саволҳо ба миён меоянд?

ТО ЧӢ АНДОЗА миннатдорем мо аз он ки рӯҳулқудси Яҳува ба мо чун ато дода мешавад! Навиштаҳо мегӯянд, ки рӯҳулқудс ёрдам мерасонад, шаҳодат медиҳад ва шафоат мекунад (Юҳ. 14:16, ТДН; Аъм. 2:38; Рум. 8:16, 26, 27). Павлуси расул ба нақши дигари муҳими рӯҳулқудс ишора кард: «Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто дониши чуқури илоҳиро, таҳқиқ мекунад» (1 Қӯр. 2:10, ТДН). Бешубҳа, Яҳува рӯҳулқудси худро барои ошкор кардани ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ истифода мебарад. Бе чунин кӯмак мо, албатта, ниятҳои Яҳуваро фаҳмида наметавонистем (1 Қӯр. 2:9–12). Лекин саволҳои зерин ба миён меоянд: «дониши чуқури илоҳиро» рӯҳ чӣ тавр таҳқиқ мекунад? Яҳува дар асри яки эраи мо ин донишро ба воситаи кӣ ошкор мекард? Чӣ тавр ва тавассути кӣ рӯҳ ин дониши чуқурро имрӯз таҳқиқ мекунад?

2. Бо кадом ду тарз рӯҳулқудс бояд амал мекард?

2 Ба рӯҳулқудс ишора намуда, Исо ду тарзи амал кардани онро қайд намуд. Чанде пеш аз маргаш ӯ ба расулони худ гуфт: «Пуштибон [«ёрдамчӣ», ТДН], яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард» (Юҳ. 14:26). Ҳамин тавр, рӯҳулқудс бояд масеҳиёнро таълим медод, яъне барои фаҳмидани чизе, ки пештар ба онҳо нофаҳмо буд, кӯмак мекард. Он ҳамчунин бояд ба онҳо маълумоти азхудкардаашонро хотиррасон менамуд ва барои дуруст ба кор бурдани он кӯмак мерасонд.

Дар асри як

3. Кадом суханони Исо нишон медоданд, ки «дониши чуқури илоҳӣ» бояд тадриҷан ошкор шавад?

3 Исо ба шогирдонаш ҳақиқатҳои бисёреро, ки барои онҳо нав буданд, таълим медод. Аммо баъдтар шогирдон бояд чизҳои бештарро мефаҳмиданд. Исо ба расулонаш гуфт: «Боз бисёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред. Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард» (Юҳ. 16:12, 13). Ҳамин тавр Исо нишон дод, ки ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ бояд тавассути рӯҳулқудс тадриҷан ошкор мешуданд.

4. Дар Пантикости соли 33 эраи мо рӯҳулқудс ба Петрус чиро таълим дод ва чиро хотиррасон намуд?

4 Рӯзи Пантикост (ё «Иди рӯзи 50–ум»)–и соли 33 эраи мо «Рӯҳи ростӣ» омад; он вақт тақрибан ба 120 масеҳиён, ки дар Ерусалим ҷамъ омада буданд, рӯҳулқудс нозил шуд. Амали рӯҳулқудс ба чашм аён ва ба гӯш шунаво буд (Аъм. 1:4, 5, 15; 2:1–4). Шогирдон ба забонҳои гуногун «аз кибриёи Худо» шаҳодат медоданд (Аъм. 2:5–11). Вақти он расида буд, ки чизи наве ошкор шавад. Юил–пайғамбар чунин нозилшавии рӯҳулқудсро пешгӯӣ карда буд (Юил 2:28–32). Шоҳидони ин ҳодиса иҷрошавии пешгӯиро ба тарзе, ки онро интизор набуданд, мушоҳида намуданд ва Петруси расул маънои ин ҳодисаро фаҳмонд. (Аъмол 2:14–18-ро бихонед.) Дар ин маврид рӯҳулқудс Петрусро таълим дод, яъне ба ӯ барои фаҳмидани он ки ҳодисаи бо шогирдон рухдода — ин иҷрошавии пешгӯии қадим аст, кӯмак намуд. Ҳамчунин рӯҳулқудс ба Петрус чизи пештар азхудкардаашро хотиррасон намуд: расул на фақат аз суханони Юил, балки ду забури Довудро низ иқтибос овард. (Заб. 15:8–11; 109:1; Аъм. 2:25–28, 34, 35). Чизе, ки ҳозирон диданд ва шуниданд дар ҳақиқат дониши чуқури илоҳӣ буд.

5, 6. а) Баъди Пантикости соли 33 эраи мо дар алоқамандӣ бо аҳди нав кадом саволҳои муҳимро ҳал намудан лозим буд? б) Ин саволҳоро кӣ бардошт ва онҳо чӣ тавр ҳал карда шуданд?

5 Бо вуҷуди ин, ба масеҳиёни асри як бисёр чизҳо норавшан буданд. Масалан, онҳо дар бобати аҳди нав, ки дар он рӯзи Пантикост ба амалкунӣ сар кард, саволҳо доштанд. Оё аҳди нав фақат ба яҳудиён ва касони дини яҳудиро қабулкарда дахл дорад? Оё ғайрияҳудиён низ метавонистанд ба он аҳд дароянд ва бо рӯҳулқудс тадҳин карда шаванд? (Аъм. 10:45). Оё мардони ғайрияҳудӣ пеш аз ин бояд хатна карда шаванд ва ба Қонуни Мусо итоат намоянд? (Аъм. 15:1, 5). Ин саволҳо хеле муҳим буданд. Рӯҳулқудси Яҳува бояд онҳоро таҳқиқ мекард. Аммо он тавассути кӣ амал мекунад?

6 Маҳз тавассути бародарони масъул ҳар яки ин саволҳо бардошта шуданд. Петрус, Павлус ва Барнаббо дар вохӯрии ҳайати роҳбарикунанда, ки дар он масъалаи бо хатна алоқаманд муҳокима мешуд, ҳузур доштанд ва онҳо нақл карданд, ки чӣ тавр Яҳува ба ғайрияҳудиёни номахтун илтифоти худро зоҳир намуд (Аъм. 15:7–12). Ҳайати роҳбарикунанда ин далелҳоро бо маълумоте, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ буд, муқоиса намуданд ва сипас бо кӯмаки рӯҳулқудс қарор қабул карданд. Баъд аз ин, онҳо қарори худро ба ҷамъомадҳо ба таври хаттӣ расонданд. (Аъмол 15:27–30, 16:4, 5-ро бихонед; Эфс. 3:5, 6).

7. Ҳақиқатҳои чуқур чӣ тавр ошкор мешуданд?

7 Бисёр саволҳои дигар дар мактубҳои зери илҳоми Худо навишташудаи Юҳанно, Петрус, Яъқуб ва Павлус фаҳмонда шуданд. Аммо чанде пас аз он ки навиштани Навиштаҳои Юнонӣ ба анҷом расид, атои нубувваткунӣ ва ба таври мӯъҷизавӣ ошкор шудани дониш қатъ гаштанд (1 Қӯр. 13:8). Оё рӯҳулқудс минбаъд низ масеҳиёнро таълим хоҳад дод ва ба онҳо маълумоти азхудкардаашонро хотиррасон хоҳад кард? Оё он ба масеҳиён барои таҳқиқ намудани дониши чуқури илоҳӣ кӯмак хоҳад кард? Пешгӯиҳо нишон медоданд, ки чунин хоҳад шуд.

Дар охирзамон

8, 9. Киҳо дар охирзамон бо хиради рӯҳонӣ «дурахшон хоҳанд шуд»?

8 Дар бораи охирзамон фариштае пешгӯӣ кард: «Хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисёреро ба адолат ҳидоят намудаанд,— мисли ситорагон хоҳанд буд то абад ... ва дониш афзоиш хоҳад ёфт» (Дон. 12:3, 4). Хирадмандоне, ки медурахшанд, кистанд? Масали Исо дар бораи гандум ва мастакҳо ба ин равшанӣ меандозад. Дар бораи «анҷоми ин тартибот» ӯ гуфт: «Одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд» (Мат. 13:39, ТДН, 43). Исо фаҳмонд, ки «одилон» — ин «писарони Малакут», яъне масеҳиёни тадҳиншуда, мебошанд (Мат. 13:38).

9 Оё ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда «дурахшон хоҳанд шуд»? Ба маъное ҳа, зеро ҳамаи онҳо бояд дар кори мавъиза, шогирдсозӣ ва дар вохӯриҳо рӯҳбаланд кардани якдигар иштирок кунанд ва дар ин бояд намуна бошанд (Зак. 8:23). Аммо ғайр аз ин, дар охирзамон бояд ҳақиқатҳои чуқур ошкор мешуданд. Худи пешгӯиҳои Дониёл то ин вақт «сарбамӯҳр» буданд (Дон. 12:9). Чӣ тавр ва тавассути кӣ рӯҳулқудс бояд ин ҳақиқатҳоро таҳқиқ мекард?

10. а) Дар охирзамон рӯҳулқудс ҳақиқатҳои чуқури рӯҳониро тавассути кӣ ошкор мекунад? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр фаҳмиши ҳақиқат оиди маъбади бузурги рӯҳонӣ равшантар шуд.

10 Ҳангоме ки дар замони мо барои равшанӣ андохтан ба ин ё он мавзӯи рӯҳонӣ вақт мерасад, рӯҳулқудс ба Ҳайати роҳбарикунанда — намояндаи «ғуломи мӯътамад ва доно» — кӯмак мекунад, ки ҳақиқатҳои чуқуреро, ки пеш нофаҳмо буданд, фаҳманд (Мат. 24:45; 1 Қӯр. 2:13). Ҳайати Роҳбарикунанда баъзе дигаргуниҳоеро, ки даровардани онҳоро дар фаҳмиши ин ё он мавзӯъ лозим медонанд, якҷоя дида мебароянд (Аъм. 15:6). Сипас, онҳо ба қароре меоянд ва агар лозим бошад, ин дигаргуниҳоро чоп мекунанд, то ки ҳама аз он баҳра баранд (Мат. 10:27). Бо гузашти вақт, агар мавзӯъро равшантар кардан лозим бошад, онҳо ростқавлона ин корро мекунанд. (Нигаред ба замимаи «Чӣ тавр ба воситаи рӯҳ ҳақиқат дар бораи маъбади рӯҳонӣ ошкор шуд».)

Чӣ кор кунем, ки аз кӯмаки рӯҳулқудс баҳравар бошем?

11. Чӣ тавр имрӯз рӯҳулқудс, ки дар ошкор шудани дониши чуқури илоҳӣ нақши муҳим мебозад, ба ҳамаи масеҳиён кӯмак мекунад?

11 Рӯҳулқудс имрӯз низ дар ошкор шудани дониши чуқури илоҳӣ нақши муҳим мебозад, ки ин ба манфиати ҳамаи масеҳиёни содиқ хидмат мекунад. Чун ба масеҳиёни асри як рӯҳулқудс ба мо кӯмак менамояд, ки чизеро омӯзем, яъне маълумотеро аз худ кунем ва сипас онро ба хотир орем ва ба кор барем (Луқ. 12:11, 12). Ба мо барои фаҳмидани ҳақиқатҳои чуқури рӯҳонӣ, ки нашр карда мешаванд, маълумотнокии иловагӣ лозим нест (Аъм. 4:13). Чӣ кор кунем, ки дониши чуқури илоҳиро боз ҳам хубтар бифаҳмем? Баъзе маслиҳатҳоро дида мебароем.

12. Дар кадом маврид мо бояд дар дуо рӯҳулқудс пурсем?

12 Дар дуо рӯҳулқудс пурсед. Пеш аз дида баромадани маълумоти дар Навиштаҳо асосёфта мо бояд дар дуо ҳидояти рӯҳулқудсро пурсем. Ҳатто ҳангоми танҳо будан ва ҳангоми вақти кам доштан низ мо бояд чунин амал намоем. Ин гуна хоҳишҳои фурӯтанона, бешубҳа, дили Падари осмониамонро шод мегардонанд. Чӣ тавре ки Исо нишон дод, Яҳува дар ҷавоби чунин хоҳишҳои самимӣ ба таври фаровон рӯҳулқудс хоҳад дод (Луқ. 11:13).

13, 14. Дар фаҳмиши дониши илоҳӣ тайёрӣ ба вохӯриҳо чӣ нақше мебозад?

13 Ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ бинед. Тавассути синфи ғулом мо «сари вақт хӯрок»–и рӯҳонӣ мегирем. «Ғулом» вазифаи ба ӯҳда доштаашро иҷро менамояд ва ба мо дар асоси Навиштаҳо адабиёт пешкаш мекунад ва барои омӯхтани ин маълумот барномаи вохӯриҳоро тартиб медиҳад. Сабабҳои асосноке вуҷуд доранд, ки чаро ба тамоми бародарият дида баромадани ин ё он маълумот пешкаш карда мешавад (1 Пет. 2:17; Қӯл. 4:16; Яҳд. 3). Вақте ки мо кӯшиш мекунем, ки мувофиқи дастуроти додашуда амал намоем, мо бо рӯҳулқудс ҳамкорӣ мекунем (Ваҳй 2:29).

14 Ҳангоми тайёрӣ дидан ба вохӯриҳои масеҳӣ хуб мешуд, ки мо оятҳои овардашударо кушоем ва мулоҳиза намоем, ки чӣ тавр ҳар яки онҳо бо мавзӯи муҳокимашаванда алоқаманданд. Ба туфайли ин, мо фаҳмиши худро оиди Китоби Муқаддас чуқуртар мегардонем (Аъм. 17:11, 12). Вақте ки мо оятҳоро мехонем, онҳо дар хотирамон нақш мебанданд ва рӯҳулқудс дар мавриди лозима онҳоро хотиррасон карда метавонад. Ғайр аз ин, агар мо дар Китоби Муқаддас ин ё он оятро хонем, дар куҷо навишта шудани онҳо дар ёдамон мемонад ва дар мавриди муайян мо онҳоро тезтар ёфта метавонем.

15. Чаро мо бояд бо нашрияҳои охирин шинос шавем ва чӣ тавр шумо ин корро мекунед?

15 Бо нашрияҳои охирин шинос шавед. Баъзе нашрияҳои ба чопрасида дар вохӯриҳои ҷамъомад муҳокима намешаванд, аммо ин арзиши онҳоро кам намекунад. Ҳатто агар шумораи маҷалла оммавӣ бошад ҳам, он тавре тайёр карда шудааст, ки ба манфиати мо хидмат кунад. Аксар вақт мо хоҳу нохоҳ касе ё чизеро интизор мешавем. Агар мо ҳамроҳамон адабиётеро гирем, ки онро ҳанӯз нахондаем ё қисман хондаем, мо ин гуна имкониятҳоро барои хониш истифода бурда метавонем. Баъзеҳо ҳангоми сайру гашт ё дар нақлиёт сабти нашрияҳои охиринро гӯш мекунанд. Тамоми нашрияҳо, ки дар натиҷаи таҳқиқи бодиққат ва ба таври барои хонандаи миёна фаҳмо навишта шудаанд, миннатдории моро барои чизҳои рӯҳонӣ афзунтар мегардонанд (Ҳаб. 2:2).

16. Чаро саволҳоеро, ки ҳангоми хониш пайдо мешаванд, қайд намудану сипас таҳқиқ кардан муфид аст?

16 Мулоҳиза кунед. Ҳангоми хониши Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта вақт ҷудо кунед, то дар бораи маълумоти хондаатон фикр кунед ва ба пайдарпаии фикрҳо аҳамият диҳед. Ҳангоми хониш шояд саволҳо пайдо шаванд, шумо онҳоро қайд кунед ва баъдтар ба онҳо баргардед. Одатан мо чизеро, ки ба мо сахт таъсир менамояд ё бароямон шавқовар аст, чуқуртар меомӯзем. Ва донише, ки мо дар натиҷаи чунин таҳқиқот аз худ мекунем, қисми ганҷинаи рӯҳонии мо мегарданд ва дар мавридҳои лозима мо онҳоро «мебарорем» (Мат. 13:52).

17. Ҳангоми омӯзиши оилавӣ ё шахсӣ шумо чӣ меомӯзед?

17 Мунтазам ибодати оилавӣ гузаронед. Ҳайати Роҳбарикунанда ҳамаи моро ташвиқ мекунад, ки ҳар ҳафта барои омӯзиши оилавӣ ё шахсӣ шом ё ягон вақти дигарро ҷудо кунем. Дигаргуние, ки дар барномаи вохӯриҳо дароварда шуд, барои ба кор бурдани ин маслиҳат имконият медиҳад. Шумо дар ибодати оилавӣ чиро меомӯзед? Баъзеҳо Китоби Муқаддас мехонанду оятҳои нофаҳморо таҳқиқ мекунанд ва сипас дар нусхаи шахсии Китоби Муқаддасашон қайдҳои кӯтоҳ менависанд. Бисёри оилаҳо якҷоя ягон маълумотро меомӯзанд ва муҳокима мекунанд, ки чӣ тавр маълумоти мазкурро дар оилаашон ба кор бурда метавонанд. Баъзе сарварони оила барои омӯзиш маълумотеро интихоб мекунанд, ки ба фикрашон он барои оилаи онҳо муфид аст ва ё он бо саволу мавзӯъҳое, ки дида баромадани онҳоро аъзоёни оила хоҳиш карда буданд, алоқаманд мебошад. Бо гузашти вақт шумо барои муҳокима, бешубҳа, мавзӯъҳои дигарро хоҳед ёфт *.

18. Чаро мо набояд аз омӯзиши ҳақиқатҳои чуқури Каломи Худо даст кашем?

18 Исо гуфт, ки рӯҳулқудс чун ёрдамчӣ амал хоҳад кард. Аз ин рӯ мо набояд аз омӯзиши ҳақиқатҳои чуқури Каломи Худо даст кашем. Ин ҳақиқатҳои бебаҳо қисми «дониши Худо» мебошанд ва мо даъват карда мешавем, ки онҳоро таҳқиқ кунем. (Масалҳо 2:1–5-ро бихонед.) Ин дониш бисёр чизҳоро оиди чизе ки «Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст», ошкор мекунад. Агар мо кӯшиш намуда, дар бораи Каломи Яҳува бештар дониш гирифтан хоҳем, рӯҳулқудс дар ин кор ба мо кӯмак хоҳад кард, зеро «рӯҳ ҳама чизро, ҳатто дониши чуқури илоҳиро, таҳқиқ мекунад» (1 Қӯр. 2:9, 10, ТДН).

[Эзоҳ]

^ сарх. 17 Ҳамчунин нигаред ба «Хидмат ба Салтанати Худо», аз октябри соли 2008, саҳ. 8.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Бо кадом ду роҳ рӯҳулқудс ба мо барои таҳқиқ намудани «дониши чуқури илоҳӣ» кӯмак мекунад?

• Дар асри як рӯҳулқудс тавассути кӣ ҳақиқатҳои чуқурро ошкор мекард?

• Дар рӯзҳои мо барои равшантар кардани ин ё он мавзӯъ рӯҳулқудс чӣ тавр амал мекунад?

• Чӣ бояд кард, то рӯҳулқудс ба мо барои хубтар фаҳмидани ҳақиқатҳои рӯҳонӣ кӯмак кунад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Чорчӯба дар саҳифаи 28]

Чӣ тавр ба воситаи рӯҳ ҳақиқат дар бораи маъбади рӯҳонӣ ошкор шуд

Дар асри як ҷонибҳои гуногуни «дониши чуқури илоҳӣ» ошкор гаштанд, аз он ҷумла он ки хайма ва маъбадҳои баъдтар сохташуда тимсоли сохтори бузургтари рӯҳонӣ буданд. Дар бораи ин сохтор Павлус гуфт: [Он] хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод» (Ибр. 8:2). Ин сохтор — маъбади бузурги рӯҳонӣ аст, ки тавассути он одамон дар асоси қурбонӣ ва хидмати коҳинонаи Исои Масеҳ ба Худо наздик шуда метавонанд.

«Хаймаи ҳақиқӣ» соли 29 эраи мо пайдо шуд. Он вақт Исо таъмид гирифт ва Яҳува ӯро чун касе, ки қурбонии комил мегардад, қабул кард (Ибр. 10:5–10). Баъди марг ва эҳёшавиаш Исо ба Қудси қудсҳои маъбади рӯҳонӣ даромад ва арзиши қурбонии худро «ба ҳузури Худо» тақдим намуд (Ибр. 9:11, 12, 24).

Дар номаи дигараш Павлуси расул навишт, ки масеҳиёни тадҳиншуда «ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил» меёбанд (Эфс. 2:20–22). Оё ин маъбад ва «хаймаи ҳақиқӣ», ки онро Павлус баъдтар дар Нома ба ибриён қайд намуд, як чиз мебошанд? Таи даҳсолаҳо ходимони Яҳува чунин меҳисобиданд. Ба фикри онҳо, масеҳиёни тадҳиншуда дар замин тайёр карда мешуданд, то дар маъбади осмонии Яҳува «сангҳо» гарданд (1 Пет. 2:5).

Аммо дар аввали солҳои 1970 нуктаи назари аъзоёни масъули синфи ғулом тағйир ёфт. Акнун онҳо фаҳмиданд, ки маъбаде, ки Павлус онро дар Нома ба эфсӯсиён қайд кард, маъбади бузурги рӯҳонии Яҳува буда наметавонад. Агар «хаймаи ҳақиқӣ» аз масеҳиёни тадҳиншудаи эҳёшуда иборат мебуд, он бояд баъди оғоз шудани эҳёшавии онҳо, ки дар давоми «ҳузури Масеҳ» [ТДН] сурат мегирад, пайдо мешуд (1 Тас. 4:15 –17). Аммо ба хаймаи муқаддас ишора намуда, Павлус навишт: «Вай тимсоли замони ҳозира аст» (Ибр. 9:9).

Ҳангоми бодиққат муқоиса кардани ин оятҳо ва оятҳои дигар равшан шуд, ки маъбади рӯҳонӣ дар марҳилаи сохташавӣ нест ва масеҳиёни тадҳишуда «сангҳо»–е нестанд, ки дар замин барои қисми ин маъбад шудан тайёр карда мешаванд. Аниқтараш, масеҳиёни тадҳиншуда дар саҳн ва Қудси маъбади рӯҳонӣ хидмат мекунанд ва ҳар рӯз «қурбонии шукронаро ба Худо тақдим» менамоянд (Ибр. 13:15).