Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Рӯҳи Худоро қабул кунед, на рӯҳи ин ҷаҳонро

Рӯҳи Худоро қабул кунед, на рӯҳи ин ҷаҳонро

Рӯҳи Худоро қабул кунед, на рӯҳи ин ҷаҳонро

«Мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем» (1 ҚӮР. 2:12).

1, 2. а) Масеҳиёни ҳақиқӣ ба кадом маъно ҷанг мебаранд? б) Кадом саволҳоро мо муҳокима мекунем?

МАСЕҲИЁНИ ҳақиқӣ ҷанг мебаранд! Душмани мо пурзӯр, маккор ва бераҳму сангдил аст. Вай дар ихтиёраш чунон яроқи пурзӯр дорад, ки бо ёрии он қисми зиёди инсониятро зери итоати худ даровардааст. Вале мо набояд худро сусту заиф ва мағлубгашта ҳис кунем (Иш. 41:10). Барои муҳофизати мо Худо чизе медиҳад, ки ягон яроқ бар он ғолиб омада наметавонад.

2 Ҷанги мо ҷанги аслӣ не, балки ҷанги рӯҳонӣ аст. Душмани мо Шайтон Иблис мебошад ва яке аз яроқи асосие, ки вай истифода мебарад, «рӯҳи ин ҷаҳон» аст (1 Қӯр. 2:12). Чизи асосие, ки моро аз ҳамлаҳои Шайтон муҳофизат мекунад, рӯҳи Худо аст. Барои дар ин ҷанг нобуд нашудан ва муносибатҳои наздикро бо Худо нигоҳ доштан, мо бояд аввал дар дуо рӯҳулқудс пурсем ва сипас самари онро дар ҳаётамон зоҳир кунем (Ғал. 5:22, 23). Биёед бубинем, ки рӯҳи ин ҷаҳон чист ва чӣ тавр таъсири он ин қадар пурзӯр гаштааст? Чӣ тавр фаҳмем, ки рӯҳи ин ҷаҳон ба мо таъсир карда истодааст ё не? Ва дар бобати гирифтани рӯҳи Худо ва муқобилат кардан ба рӯҳи ин ҷаҳон мо аз Исо чӣ омӯхта метавонем?

Чаро рӯҳи ин ҷаҳон ин қадар паҳн шудааст?

3. Рӯҳи ин ҷаҳон чист?

3 Рӯҳи ин ҷаҳон аз Шайтон — «мири ин ҷаҳон» сарчашма мегирад ва он бар хилофи рӯҳи муқаддаси Худо аст (Юҳ. 12:31; 14:30; 1 Юҳ. 5:19). Он тарзи фикрронии дар ҷаҳон ҳукмфармобуда аст, ки одамонро ба амал бармеангезад. Ин қувваи водоркунанда ҷамъияти одамиро сӯи он ҳидоят мекунад, ки ба ирода ва нияти Худо муқобилият намоянд.

4, 5. Чӣ тавр рӯҳе, ки Шайтон мекорад, ин қадар паҳн шудааст?

4 Чӣ тавр рӯҳияе, ки Шайтон мекорад, ин қадар паҳн шуд? Аввал, Шайтон дар боғи Адан Ҳавворо фиреб дод. Иблис занро бовар кунонид, ки новобастагӣ аз Худо ҳаёти ӯро беҳтар мегардонад (Ҳас. 3:13). Чӣ дурӯғгӯе баромад Шайтон! (Юҳ. 8:44). Баъд вай занро истифода бурда Одамро ба беитоатӣ тела дод. Азбаски Одам чунин рафтор кард, инсоният ғуломи гуноҳ гардид ва майли беитоатиро мерос гирифт. Барои ҳамин, одамон ба осонӣ метавонанд зери рӯҳияи Шайтон қарор гиранд. (Эфсӯсиён 2:1–3-ро бихонед.)

5 Шайтон ҳамчунин ба шумораи зиёди фариштаҳо таъсир кард, ки онҳо баъд дев гаштанд (Ваҳй 12:3, 4). Чунин хиёнаткорӣ нисбати Худо чанд вақт пеш аз Тӯфони рӯзҳои Нӯҳ рӯй дода буд. Он фариштагон фикр карданд, ки барояшон беҳтар мебуд, агар онҳо мавқеи дар осмон таъиншудаи худро тарк карда, дар замин аз паи иҷрои хоҳишҳои ғайритабиии худ гарданд (Яҳд. 6). Бо ёрии он девҳо, ки ба бадани рӯҳонии худ баргаштаанд, Шайтон ҳоло «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» (Ваҳй 12:9). Афсӯс, ки бештари инсоният намефаҳманд, ки девҳо ба онҳо таъсир мерасонанд (2 Қӯр. 4:4).

Оё рӯҳи ин ҷаҳон ба шумо таъсир карда истодааст?

6. Танҳо дар кадом сурат рӯҳи ин ҷаҳон ба мо таъсир карда метавонад?

6 Бисёриҳо намедонанд, ки Шайтон ба одамон таъсир мекунад, лекин Китоби Муқаддас масеҳиёни ҳақиқиро аз фиребу найрангҳои вай огоҳ мекунад (2 Қӯр. 2:11). Дар асл, то мо худамон нагузорем, рӯҳи ин ҷаҳон ба мо таъсир карда наметавонад. Барои аниқ кардани он ки ба мо рӯҳи Худо таъсир мекунад ё рӯҳи ин ҷаҳон, ҳоло чор саволро дида мебароем.

7. Яке аз роҳҳое, ки Шайтон бо он мекӯшад моро аз Яҳува дур кунад, кадом аст?

Вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, дар бораи ман чӣ мегӯяд? (Яъқуб 3:14–18-ро бихонед.) Шайтон мехоҳад моро аз Худо дур кунад. Барои ин вай мекӯшад, ки мо дар дили худ нисбати зӯроварӣ муҳаббат парварем. Иблис медонад, ки Яҳува аз ҳар касе, ки зӯровариро дӯст медорад, нафрат дорад (Заб. 10:5). Барои ҳамин, Шайтон бо истифодаи адабиётҳо, филмҳо, мусиқӣ ва бозиҳои компютерӣ, мекӯшад, ки моро ба иҷрои хоҳишҳои ҷисм водор кунад. Баъзе бозиҳои компютерӣ чунин сохта шудаанд, ки дар онҳо худи бозингар ба бадахлоқиву зӯроварии гӯшношунид даст мезанад. Шайтон талаб намекунад, ки мо бо дили пурра бадиро дӯст дорем. Ӯ ҳатто аз он хурсанд мешавад, агар мо ақаллан бо қисми диламон чизҳои бадро, яъне чизҳои вай пешниҳод мекардаро дӯст дорему бо қисми дигараш чизҳои некро (Заб. 96:10).

8, 9. Дар мавриди вақтхушӣ кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

8 Аз тарафи дигар, рӯҳи Худо касонеро, ки ин рӯҳро мегиранд ба он бармеангезад, ки онҳо ахлоқан пок, сулҳҷӯву ором ва пур аз марҳамат бошанд. Мо бояд аз худ пурсем: «Вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, оё маро ба хислатҳои нек бармеангезад?». Ҳикмате, ки аз болост, «бериё» аст, яъне дурӯя нест. Онҳое, ки зери таъсири рӯҳи Худоянд, ба дигарон покиву осоиштагиро мавъиза карда ҳамзамон дар хона ҳангоми танҳо будан чизҳои бадахлоқонаву зӯроварии ваҳшиёнаро тамошо намекунанд.

9 Яҳува аз мо садоқатмандии пурра интизор аст. Ба Шайтон бошад, кифоя аст, ки мо ақаллан як бор ӯро саҷда кунем. Инро мисоли Исо нишон медиҳад (Луқ. 4:7, 8). Мо метавонем аз худ бипурсем: «Оё вақтхушие, ки ман интихоб мекунам, ба ман халал намерасонад, ки ба Худо садоқатмандии пурраро нигоҳ дорам? Оё аз ин вақтхушӣ ба ман ба рӯҳи ин ҷаҳон муқобилат кардан осон мегардад ё душвор? Оё лозим аст, ки минбаъд дар интихоби вақтхушиҳоям ман дигаргунӣ дарорам?».

10, 11. Дар алоқамандӣ бо пулу чиз а) рӯҳи ин ҷаҳон ба чӣ бармеангезад? б) Каломи зери таъсири рӯҳулқудс навишташудаи Худо ба чӣ ташвиқ мекунад?

10 Муносибати ман ба пулу чиз чӣ гуна аст? (Луқо 18:24–30-ро бихонед.) Рӯҳи ин ҷаҳон «ҳаваси чашмон»–ро истифода бурда, одамонро ба чашмгуруснагӣ ва чизпарастӣ бармеангезад (1 Юҳ. 2:16). Он дар бисёриҳо майлу хоҳиши бойшавиро пайдо мекунад (1 Тим. 6:9, 10). Ин рӯҳ моро ба чунин фикр водор менамояд, ки гӯё ғун кардани пулу мол ба мо бехатарии доимӣ меорад (Мас. 18:11). Лекин агар мо гузорем, ки муҳаббати пул ҷои муҳаббати Худоро гирад, пас Шайтон ғалабае ба даст меорад. Мо бояд аз худ пурсем: «Оё чунин нашудааст, ки ҳаёти ман ба ҷустани беҳбудии моддӣ ва ба даст овардани ҳузуру ҳаловат равона мебошад?».

11 Баръакси ин, Каломи зери таъсири рӯҳулқудс навишташудаи Худо моро ташвиқ мекунад, ки ба пул муносибати оқилона дошта бошем ва барои бо чизҳои зарурӣ таъмин кардани худамон ва оилаамон ҳалолкорона меҳнат кунем (1 Тим. 5:8). Рӯҳи Худо ба онҳое, ки онро мегиранд, кӯмак мекунад, ки ба саховатмандии Яҳува пайравӣ кунанд. Ин шахсонро чун «диҳандагон» мешиносанд, на чун «гирандагон». Онҳо назар ба чизҳои моддӣ одамонро бештар қадр мекунанд ва дар вақти барояшон имконпазир чизҳои доштаашонро хурсандона баҳри дигарон сарф мекунанд (Мас. 3:27, 28). Ва онҳо ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки майли пулу чиз аз хоҳиши ба Худо хизмат кардан зӯр барояд.

12, 13. Баръакси рӯҳи ин ҷаҳон, рӯҳи Худо ба мо чӣ таъсири нағз мерасонад?

12 Тарзи фикрронӣ ва рафтори ман таъсироти кадом рӯҳро нишон медиҳад? (Қӯлассиён 3:8–10, 13-ро бихонед.) Рӯҳи ин ҷаҳон одамонро ба корҳои ҷисм бармеангезад (Ғал. 5:19–21). Зери таъсири кадом рӯҳ қарор доштани мо на дар ҳамон вақт маълум мегардад, ки ҳамаи корҳои мо хуб аст, балки ҳамон вақт, ки мо бо мушкилие дучор мешавем, масалан вақте ки ягон бародар ё хоҳари масеҳиамон моро писанд намекунад, меранҷонад ё ҳатто ба муқобили мо гуноҳ мекунад. Ҳамчунин ҳангоми дар хона танҳо монданамон низ метавонад маълум шавад, ки кадом рӯҳ ба мо бештар таъсир мерасонад. Шояд ин худтафтишкуниро талаб кунад. Аз худ бипурсед: «Оё дар давоми шаш моҳи охир шахсияти ман ба шахсияти Масеҳ бештар монанд шудааст ё ин ки ман аз нав дар гуфтору рафторам одатҳои бадро зоҳир мекунам?».

13 Рӯҳи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки «одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур» карда «одами навро дар бар кунем». Ин ба мо кӯмак мекунад, ки бештар муҳаббат ва меҳрубонӣ зоҳир намоем. Мо ба он майл мекунем, ки дигаронро бо омодагӣ бахшем, ҳатто агар чунин тобад, ки барои ранҷидан сабабе ҳаст. Ба корҳое, ки ба назарамон беадолатона метобанд, мо дигар бо алангаи «қаҳр ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ» муносибат намекунем. Баръакс, мо мекӯшем, ки ба дигарон «дилсӯз» шавем (Эфс. 4:31, 32).

14. Дар ҷаҳон бисёриҳо ба Каломи Худо чӣ гуна муносибат доранд?

14 Оё ман меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддасро ҳурмат мекунам ва дӯст медорам? (Масалҳо 3:5, 6–ро бихонед.) Рӯҳи ин ҷаҳон одамонро ба он бармеангезад, ки муқобили Каломи Худо амал кунанд. Масалан, баъзеҳо он ҷойҳои Китоби Муқаддасро, ки ба онҳо маъқул нест, рад мекунанд ва аз рӯи урфу одатҳо ва фалсафаи инсонӣ амал карданро беҳтар меҳисобанд (2 Тим. 4:3, 4). Баъзеҳо Каломи Худоро тамоман ҳурмат намекунанд. Чунин одамон худашонро хирадманд ҳисобида мегӯянд, ки Китоби Муқаддас ба ҳаёти ҳозиразамон мувофиқ намеояд ва боваринок нест. Онҳо меъёрҳои поки онро оиди хиёнати ҳамсарӣ, ҳомосексуализм ва вайрон кардани ақди никоҳ камаҳамият меҳисобанд. Онҳо «бадиро некӣ, ва некиро бадӣ меноманд» (Иш. 5:20). Оё ин рӯҳия ба мо таъсир расондааст? Оё ҳангоми бо проблемаҳо дучор шудан мо ба хиради инсонӣ ва ақидаҳои шахсии худ такя мекунем? Ё мекӯшем, ки аз рӯи маслиҳати Китоби Муқаддас амал намоем?

15. Ба ҷои ба хиради худ такя кардан мо бояд чӣ кор кунем?

15 Рӯҳи Худо дар мо нисбати Китоби Муқаддас эҳтиром инкишоф медиҳад. Мо мисли забурнавис Каломи Худоро чароғ барои поямон ва нур барои роҳамон меҳисобем (Заб. 118:105). Ба ҷои ба хиради худ такя кардан, мо бо боварӣ ба Каломи Худо такя мекунем ва барои фарқ кардани неку бад аз он кӯмак меҷӯем. Мо на танҳо ҳурмат кардани Китоби Муқаддасро, балки ҳамчунин дӯст доштани онро ёд мегирем (Заб. 118:97).

Аз намунаи Исо таълим гиред

16. Инкишоф додани «фикри Масеҳ» чиро дар бар мегирад?

16 Барои гирифтани рӯҳи Худо, мо бояд дар худ «фикр» ё тарзи фикрронии Масеҳро инкишоф диҳем (1 Қӯр. 2:16). Барои тарзи фикрронии Масеҳро доштан, ба мо лозим аст, ки аввал тарзи фикррониву рафтори вайро омӯхта, сипас ба ӯ пайравӣ кунем (Рум. 15:5; 1 Пет. 2:21). Биёед баъзе роҳҳоро дида бароем, ки чӣ тавр мо инро карда метавонем.

17, 18. а) Аз Исо мо дар бораи дуо чӣ меомӯзем? б) Чаро мо бояд гаштаву баргашта дуо гӯем?

17 Дар дуо аз Худо рӯҳи Ӯро пурсед. Пеш аз бо озмоишҳо дучор шудан, Исо ба Худо дуо гуфт, ки бо рӯҳаш ба вай кӯмак кунад (Луқ. 22:40, 41). Ба мо низ лозим аст, ки аз Худо рӯҳулқудс пурсем. Ба ҳамаи онҳое, ки бо имон инро металабанд, Ӯ бо омодагӣ ва саховатмандӣ ато хоҳад кард (Луқ. 11:13). Исо гуфт: «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд; зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад» (Мат. 7:7, 8).

18 Вақте ки рӯҳулқудси Яҳува ва кӯмаки Ӯро меҷӯед, пурсидани онро зуд бас накунед. Шояд ба мо лозим аст, ки гаштаву баргашта ва дурударозтар дуо гӯем. Баъзан, пеш аз ба дуоямон ҷавоб додан Яҳува роҳ медиҳад, то мо нишон диҳем, ки чизе ки мо мепурсем то чӣ андоза бароямон муҳим аст ва имонамон то чӣ андоза ҳақиқӣ аст *.

19. Исо ҳамеша чӣ кор мекард ва чаро мо бояд ба ӯ пайравӣ кунем?

19 Ба Яҳува пурра итоат кунед. Исо ҳамеша аъмоли писандидаи Падарашро ба ҷо меовард. Ба мо маълум, ки ақаллан як бор хоҳиши Исо дар бобати ҳалли вазъият аз хоҳиши Падараш фарқ мекард. Вале ӯ бо боварӣ ба Падараш гуфт: «На иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд» (Луқ. 22:42). Аз худ бипурсед: «Оё ҳатто дар мавриди бароям душвор ман ба Худо итоат мекунам?». Итоаткорӣ ба Худо ҳаётан муҳим аст. Азбаски Яҳува моро офаридааст ва Сарчашмаву Нигоҳдорандаи ҳаёти мо мебошад, мо бояд пурра ба Ӯ итоат кунем (Заб. 94:6, 7). Ҳеҷ чиз ҷои итоаткориро гирифта наметавонад. Бе он мо ба Худо писанд омада наметавонем.

20. Чизи муҳимтарин барои Исо кадом буд ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

20 Китоби Муқаддасро нағз донед. Вақте ки Шайтон ба имони Исо рӯирост ҳамла кард, Исо ба вай муқобилият карда аз Навиштаҳо иқтибос овард (Луқ. 4:1–13). Ҳангоми бо мухолифони динӣ рӯ ба рӯ шуданаш Исо Каломи Худоро чун манбаи боваринок истифода мебурд (Мат. 15:3–6). Тамоми ҳаёти Исо нишон медод, ки чизи барои ӯ муҳимтарин — ин донистан ва иҷро кардани қонуни Худо буд (Мат. 5:17). Мо низ мехоҳем, ки ҳамеша ақламонро бо Каломи Худо ғизо диҳем, зеро он имони моро мустаҳкам мекунад (Фил. 4:8, 9). Ба омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ вақт ёфтан барои баъзеи мо душвор буда метавонад. Лекин «кай вақт шавад, баъд мегузаронам» нагуфта, мо барои омӯзиш вақтро бояд ҷудо кунем (Эфс. 5:15–17).

21. Барои хубтар донистани Каломи Худо ва ба кор бурдани он чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

21 «Ғуломи мӯътамад ва доно» муқаррар намудааст, ки ҳар ҳафта шоме барои ибодати оилавӣ ҷудо карда шавад (Мат. 24:45). Ин чиз ба мо кӯмак мекунад, ки ба омӯзиши шахсӣ ва оилавӣ вақт дошта бошем. Оё шумо ин вақтро самаранок истифода мебаред? Барои дар худ инкишоф додани тарзи фикрронии Масеҳ оё шумо метавонистед, ки мавзӯи омӯзишатонро боз аз нуқтаи назари он ки Исо дар бораи ин чиро таълим медод, дида бароед? Шумо метавонед барои ёфтани чунин маълумот аз «Индекси адабиётҳои Бурҷи дидбонӣ» (рус.) истифода баред. Масалан, аз соли 2008 то 2010 дар шумораи оммавии маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) силсилаи 12 мақолаҳо дар мавзӯи «Мо аз Исо чӣ меомӯзем» ба чоп расида буданд. Дар омӯзиши оилавӣ истифода бурдани ин мақолаҳо барои шумо фоиданок буда метавонад. Аз соли 2006 сар карда дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.) рубрикаи «Викторинаи оилавӣ» чоп мешавад. Саволҳои дар ин рубрика овардашуда барои васеъ ва чуқур кардани дониши Каломи Худо кӯмак мекунанд. Оё шумо намехоҳед вақт аз вақт дар ибодати оилавиатон аз чунин рубрикаҳо истифода баред?

Мо метавонем бар ҷаҳон ғолиб оем

22, 23. Барои бар ҷаҳон ғолиб омадан мо бояд чӣ кор кунем?

22 Барои он ки рӯҳи Худо моро роҳнамоӣ кунад, мо бояд ба рӯҳи ин ҷаҳон муқобилат кунем. Ин кори осон нест ва метавонад муборизаи шадиде гардад (Яҳд. 3). Вале мо метавонем ғолиб оем! Исо ба шогирдонаш гуфт: «Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:33).

23 Мо ҳам метавонем бар ҷаҳон ғолиб оем, агар ба рӯҳи он муқобилат намоем ва барои гирифтани рӯҳи Худо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Дар ҳақиқат, «агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?» (Рум. 8:31). Агар мо рӯҳи Худоро гирем ва аз рӯи ҳидояти дар Китоби Муқаддас додашудаи он амал намоем, мо қаноатмандӣ, осоиштагӣ, хурсандӣ меёбем ва барои дар дунёи нави омадаистода ҷовидона зиндагӣ кардан умеди устувор пайдо мекунем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 18 Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳифаҳои 170–173 нигоҳ кунед.

Оё шумо дар хотир доред?

• Чаро рӯҳи ин ҷаҳон ин қадар паҳн шудааст?

• Кадом чор саволро мо бояд ба худамон диҳем?

• Дар бобати гирифтани рӯҳи Худо мо аз Исо кадом се чизро ёд гирифта метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 8]

Чӣ тавр баъзе фариштагон дев гаштанд?

[Tасвир дар саҳифаи 10]

Шайтон бо воситаи рӯҳи ин ҷаҳон одамонро идора мекунад, лекин мо метавонем аз ин таъсирот раҳо ёбем