Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ гуна дар ин ҷаҳони ноинсофӣ боинсоф монем

Чӣ гуна дар ин ҷаҳони ноинсофӣ боинсоф монем

Чӣ гуна дар ин ҷаҳони ноинсофӣ боинсоф монем

НОИНСОФӢ имрӯз дар ҳама ҷо мисли ҳавое, ки онро нафас мекашем, паҳн шудааст. Масалан, одамон дурӯғ мегӯянд, нарху наворо баланд мекунанд, дуздӣ мекунанд, қарзҳоро барнамегардонанд ва аз бизнесҳои шубҳаноки худ фахр менамоянд. Дар чунин муҳит зиндагӣ карда, мо бо ҳолатҳое дучор мешавем, ки хоҳиши боинсоф буданамон озмуда мешавад. Чӣ тавр мо ба рӯҳияи ноинсофӣ минбаъд низ муқобилат кунем? Биёед се тарзеро ки ба мо кӯмак мерасонанд, дида бароем: тарс дар назди Яҳува, виҷдони хуб таълимёфта ва ҳисси қаноатмандӣ.

Тарси солим нисбати Яҳува

Пайғамбар Ишаъё мегӯяд: «Худованд довари мост, Худованд қонунгузори мост, Худованд подшоҳи мост» (Иш. 33:22). Эътироф кардани мавқеи баланди Яҳува дар мо тарси солимро пайдо мекунонад ва ин дар навбати худ қувваест, ки ба рӯҳияи ноинсофӣ муқобилат мекунад. Дар Масалҳо 16:6 гуфта шудааст: «Бо худотарсӣ кас аз бадӣ дур мешавад». Чунин тарс, на тарси воҳиманоки аз Худо ҷазо гирифтан аст, балки ташвиши солими наранҷонидани Падари осмониамон мебошад, ки Ӯ беҳбудии моро хоҳон аст (1 Пет. 3:12).

Мисоли ҳаётии зерин нишон медиҳад, ки чунин ташвиш ё тарси солим таъсири хуб дорад. Рекардо ва зани ӯ Фернанда аз суратҳисоби бонкии худ маблағи ба 700 доллар баробарро гирифтанд *. Фернанда пулро ҳисоб накарда ба сумкачааш андохт. Вақте ки онҳо пули баъзе хизматрасониҳоро супорида ба хона омаданд, онҳо дар ҳайрат шуданд, ки тақрибан ҳамон миқдори пуле, ки аз бонк гирифта буданд, дар дасташон мондааст. Рекардо ва Фернанда хулоса карданд, ки кассири бонк пулро зиёд додааст. Аввал онҳо ба васваса дода шуда пулро насупориданӣ буданд, чунки пули дигар хизматрасониҳои коммуналиро низ бояд месупориданд. Лекин Рекардо мегӯяд: «Мо ба Яҳува дуо гуфтем, ки барои баргардондани пул ба мо қувват диҳад. Хоҳиши амал кардан аз рӯи муроҷиати Яҳува, ки дар Масалҳо 27:11 омадааст, моро барангехт, ки пулро баргардонем».

Виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфта

Агар мо Китоби Муқаддасро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки дониши гирифтаамонро дар амал иҷро намоем, мо метавонем виҷдони худро таълим диҳем. Ҳамин тавр, «каломи Худо ки зинда ва таъсирбахш» аст, на танҳо ба ақли мо, ҳамчунин ба диламон таъсир мерасонад. Ва ин дар навбати худ моро бармеангезад, ки дар ҳар бобат «ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибр. 4:12; 13:18).

Биёед воқеаи бо Ҷамшед рӯйдодаро дида бароем. Ҷамшед қарздор мешавад ва қарзи ҷамъшудааш ба маблағи 5 000 доллар баробар буд. Вай қарзашро надода ба шаҳри дигар мекӯчад. Баъди ҳашт сол, Ҷамшед ҳақиқатро мефаҳмад ва виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфтааш ӯро бармеангезад, ки қарздиҳандаро ёфта, қарзашро баргардонад! Азбаски Ҷамшед бо даромади кам зан ва чор фарзандашро таъмин мекард, қарздиҳанда розӣ шуд, ки ӯ қарзашро ҳар моҳ қисман супорад.

Ҳисси қаноатмандӣ

Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад... Модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд» (1 Тим. 6:6–8). Аз таҳти дил қабул кардани ин маслиҳати бохирадона ба мо ёрӣ медиҳад, ки аз доми хасисӣ, бизнеси шубҳанок ё аз амалиёти зуд ба даст овардани пули зиёд, канорагирӣ кунем (Мас. 28:20). Инчунин аз рӯи маслиҳати Павлус амал кардан ба мо кӯмак мерасонад, ки кори Салтанатро дар ҷои аввал гузорем ва боварии комил дошта бошем, ки ниёзҳои асосии мо қонеъ карда мешаванд (Мат. 6:25–34).

Лекин азбаски «ҳирси сарват» фиребанда аст, мо набояд фикр кунем, ки ба доми хасисиву бахилӣ намеафтем (Мат. 13:22). Биёед воқеаи бо Охон рӯйдодаро дида бароем. Охон шоҳиди он буд, ки чӣ гуна исроилиён ба таври мӯъҷиза аз дарёи Ӯрдун гузаштанд. Бо вуҷуди ин, ӯ ба чашмгуруснагӣ дода шуд ва дар Ериҳӯ бо хоҳиши бади дуздидани каме нуқраву тилло ва либоси қиматбаҳо мубориза набурд. Ин рафтор сабаби марги ӯ гашт (Еҳ. 7:1, 20–26). Бесабаб нест, ки асрҳо пас Исо чунин огоҳӣ дода буд: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед»! (Луқ. 12:15).

Дар ҷои кор боинсоф бошед

Биёед баъзе вазъиятҳоеро дида бароем, ки хоҳиши дар ҳар маврид ҳалолкору боинсоф буданамон озмуда мешавад. Дар ҷои кор боинсоф будан маънои «дуздӣ» накарданро дорад,— ҳатто агар дуздӣ барои дигарон як чизи муқаррарӣ бошад ҳам (Тит. 2:9, 10). Ҷаҳонгир, ки дар корхонаи давлатӣ кор мекард, дар бораи хароҷоти сафари кориаш ҳисоботи аниқ медод. Ҳамкоронаш бошад, аз хароҷоти кардаашон маблағи зиёдтарро талаб менамуданд. Ин амали онҳоро сардорашон дастгирӣ мекард, лекин Ҷаҳонгирро бошад, барои ҳалолкориаш сарзаниш кард ва дигар ӯро ба сафари корӣ намефиристод. Баъд аз якчанд вақт ҳангоме, ки корхонаро тафтиш карданд, Ҷаҳонгирро барои боинсофиаш таъриф намуданд. Инчунин ӯро ба вазифаи баландтар таъин карданд.

Ба Андрей, ки намояндаи корхонаи тиҷоратӣ аст, соҳибкораш гуфт, ки аз харидорон барои хизматрасонӣ ду баробар зиёдтар пул гирад. Бародари мо барои аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас амал кардан, дар дуо аз Яҳува далерӣ пурсид (Заб. 144:18–20). Андрей инчунин кӯшиш кард, то ба соҳибкораш фаҳмонад, ки барои чӣ аз рӯи гуфтаи ӯ амал карда наметавонад,— вале ин бефоида буд. Ҳамин тавр Андрей қарор кард, ки аз ин кори сердаромад равад. Вале тақрибан баъд аз як сол соҳибкори пешинааш Андрейро боз ба кор даъват кард. Ӯ Андрейро бовар кунонд, ки дигар барои баланд кардани нархҳо ҳеҷ кас маҷбур намешавад. Ва Андрейро ба вазифаи идоракунанда таъин кард.

Қарзҳои худро баргардонед

Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиён маслиҳат дода буд: «Аз касе чизе қарздор нашавед» (Рум. 13:8). Мо шояд барнагардондани қарзро бо он баҳона кунем, ки гӯё қарздиҳанда бой аст ва ба он пулҳо мӯҳтоҷ нест. Вале Китоби Муқаддас чунин огоҳӣ медиҳад: «Шарир қарз мегирад ва адо намекунад» (Заб. 36:21).

Агар аз сабаби «вақти номусоид» қарзамонро баргардонда натавонем–чӣ? (Воиз 9:11). Масалан, Франсишко барои баргардонидани қарзи бонк аз Алфредо маблағеро қарз гирифт, ки он ба 7 000 доллар баробар буд. Лекин азбаски бизнеси вай барор нагирифт ӯ қарзашро дар вақташ дода натавонист. Франсишко худаш якум шуда ба пеши Алфредо барои ҳалли ин масъала рафт ва Алфредо розӣ шуд, ки ӯ пулро қисман баргардонад.

Дар бораи худ тасаввуроти дурӯғ надиҳед

Намунаи бади Ҳанониё ва Сафираро, ки дар ҷамъомади масеҳии асри як буданд, ба ёд оред. Замини худро фурӯхта онҳо қисми пулро ба назди ҳаввориён оварда, гуфтанд, ки ин тамоми пули замини фурӯхтаи онҳост. Онҳо мехостанд, ки дар назари дигарон саховатманд буданашонро нишон диҳанд. Петруси ҳавворӣ зери таъсири рӯҳулқудси Худо фиреби онҳоро фош кард ва Яҳува онҳоро бо марг ҷазо дод (Аъм. 5:1–11).

Баръакси Ҳанониё ва Сафираи беинсоф, нависандагони Китоби Муқаддас боинсофу самимӣ буданд. Мусо дар бораи аз даст додани худдориаш, ки аз сабаби он ба Замини ваъдашуда надаромад, боинсофона навишт (Ад. 20:7–13). Ба ин монанд, Юнус низ камбудиҳои худро, ки пеш ва баъд аз мавъиза карданаш дар Нинве зоҳир шуданд, пинҳон накард. Баръакс, вай ҳамаашро навишт (Юнус 1:1–3; 4:1–3).

Бешубҳа, барои гуфтани гапи рост ҳатто агар он бароятон гарон бошад ҳам, далерӣ даркор аст. Инро воқеае, ки бо Наталияи 14-сола дар мактаб рӯй дода буд, нишон медиҳад. Вақте ки Наталия кори хаттиашро аз назар мегузаронад, вай мебинад, ки муаллим яке аз ҷавобҳояшро, ки хато буд дуруст ҳисобидааст. Гарчанд Наталия медонист, ки ин баҳояшро паст мекунад, ӯ бе дудилагӣ дар ин бора ба муаллимаш хабар дод. Наталия мегӯяд: «Падару модарам ҳамеша маро таълим медоданд, ки дили Яҳуваро наранҷонам, яъне бояд боинсоф бошам. Агар ман дар бораи ин ба муаллимам намегуфтам, виҷдонам маро азоб медод». Муаллим Наталияро барои рафтори боинсофонааш таъриф кард.

Боинсофӣ Яҳуваро ҷалол медиҳад

Ҷамилаи 17-сола ҳамёне бо ҳуҷҷатҳо ва маблағи ба 35 доллар баробарро ёфт. Вай ба воситаи маъмурияти мактаб ҳамаи чизҳои ёфтаашро ба соҳибаш баргардонд. Пас аз як моҳ, ҷонишини мудири мактаб номаи соҳиби ҳамёнро дар назди ҳамаи ҳамсинфонаш хонд. Дар нома ба Ҷамила барои рафтори боинсофонааш миннатдорӣ баён карда буданд ва оилаи ӯро барои таълимидиҳии хуб ва тарбияи диниаш таъриф намуда буданд. Вай бо «аъмоли неки» худ Яҳуваро ҷалол дод (Мат. 5:14–16).

Барои дар байни одамони «худписанд... зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд» ва бевафо зиндагӣ карда, ҳамзамон боинсоф будан, кӯшишу ғайрат лозим аст (2 Тим. 3:2). Ба ин нигоҳ накарда, ба мо тарси солим дар назди Яҳува, виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфта ва ҳисси қаноатмандӣ кӯмак мерасонад, ки дар ин ҷаҳони беинсофӣ боинсоф монем. Ҳамчунин бо Яҳува, ки Ӯ «одил аст [ва] адолатро дӯст медорад» муносибати боз ҳам наздиктар инкишоф хоҳем дод (Заб. 10:7).

[Эзоҳ]

^ сарх. 5 Баъзе номҳо иваз карда шудаанд.

[Суратҳо дар саҳифаи 7]

Тарси солим дар назди Яҳува ба мо қувват мебахшад, ки боинсоф монем

[Сурат дар саҳифаи 8]

Рафтори боинсофонаи мо Яҳуваро ҷалол медиҳад