Касонеро, ки дар миёни шумо сахт меҳнат мекунанд, эҳтиром кунед
Касонеро, ки дар миёни шумо сахт меҳнат мекунанд, эҳтиром кунед
«Касонеро, ки дар миёни шумо сахт меҳнат мекунанд, дар Сарвар буда ба шумо назорат мекунанд ва шуморо насиҳат медиҳанд, эҳтиром кунед» (1 ТАС. 5:12, ТДН).
1, 2. а) Вақте ки Павлус ба таслӯникиён номаи якуми худро навишт, он ҷамъомад дар кадом вазъият буд? б) Павлус таслӯникиёнро ба чӣ ташвиқ кард?
ҶАМЪОМАДИ шаҳри Таслӯникӣ яке аз аввалин ҷамъомадҳои Аврупо ҳисоб меёфт. Тасаввур кунед, ки шумо дар асри як зиндагӣ мекунеду аъзои он ҷамъомад ҳастед. Павлуси ҳавворӣ барои қавӣ кардани аъзоёни он вақти бисёре сарф карда буд. Чун дар дигар ҷамъомадҳо, дар ҷамъомади Таслӯникӣ низ ӯ шояд пиронро таъин намуд, ки ба рама назорат кунанд (Аъм. 14:23). Лекин баъди барпо шудани ҷамъомад яҳудиён издиҳоми мардумро ташкил карданд, то Павлус ва Силоро аз шаҳр пеш кунанд. Масеҳиёне, ки дар он ҷо монданд, шояд худро партофташуда ва ҳатто ба тарсу ҳарос афтода ҳис мекарданд.
2 Фаҳмост, ки баъди Таслӯникиро тарк кардан, Павлус дар бораи он ҷамъомади навбунёд хавотирӣ мекашид. Ӯ кӯшиш кард, ки баргардад, лекин Шайтон ба ин «монеъ шуд». Аз ин рӯ, вай Тимотиюсро барои рӯҳбаланд кардани он ҷамъомад фиристод (1 Тас. 2:18; 3:2). Тимотиюс аз он ҷо бо хабарҳои нек баргашт ва ин Павлусро барангехт, ки ба таслӯникиён нома нависад. Павлус дар номааш оиди бисёр чизҳо навишт ва аз он ҷумла таслӯникиёнро ташвиқ кард, ки касонеро, ки дар байни онҳо роҳбариро ба ӯҳда доранд, эҳтиром намоянд. (1 Таслӯникиён 5:12, 13–ро бихонед.)
3. Аз кадом сабабҳо масеҳиёни таслӯникӣ бояд пиронро «бо камоли муҳаббат» иззат мекарданд?
3 Бародароне, ки дар байни масеҳиёни таслӯникӣ роҳбариро ба ӯҳда доштанд, чун Павлус Эфс. 4:8).
ва ҳамсафарони ӯ таҷрибаи бой надоштанд ва монанди пирони Ерусалим солҳои зиёд дар ҳақиқат набуданд. Охир, ба ташкил ёфтани ин ҷамъомад ҳоло як сол ҳам нашуда буд! Ба ҳар ҳол, аъзоёни он метавонистанд ба пирон миннатдор бошанд, зеро онҳо «сахт» меҳнат мекарданд, ба ҷамъомад «назорат» менамуданд ва бародаронро «насиҳат» медоданд. Дар ҳақиқат, онҳо муноcиб медонистанд, ки пиронро «бо камоли муҳаббат» иззат кунанд. Баъд аз он ки эҳтиром кардани пиронро илтимос кард, Павлус ба бародарон насиҳат дод, ки «бо якдигар дар сулҳ» зиндагӣ кунанд. Агар шумо дар Таслӯникия мебудед, магар ба кори пирон миннатдории чуқур зоҳир намекардед? Худо ба ҷамъомади шумо низ тавассути Масеҳ шахсони муайянро чун «бахшоишҳо» ато кардааст. Шумо ба онҳо чӣ тавр муносибат мекунед? («Сахт меҳнат мекунанд»
4, 5. Чаро дар рӯзҳои Павлус пирон барои таълим додани ҷамъомад бояд сахт меҳнат мекарданд ва чаро имрӯз низ ҳамин тавр аст?
4 Баъди ба Бирия фиристодани Павлус ва Сило пирони таслӯникӣ чӣ тавр «сахт» меҳнат карданд? Онҳо ба Павлус пайравӣ намуда, бешубҳа ҷамъомадро дар асоси Навиштаҳо таълим медоданд. Шояд шумо фикр кунед: «Оё масеҳиёни таслӯникӣ Каломи Худоро қадр мекарданд?» Охир дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки сокинони Бирия «назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд... ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд» (Аъм. 17:11). Лекин дар ин ҷо умуман дар бораи яҳудиёни шаҳри Таслӯникӣ гуфта шудааст, на дар бораи масеҳиёни он ҷо. Онҳое, ки имондор гашта буданд, каломи Худоро «на ҳамчун каломи одамизод... балки ҳамчун каломи Худо» қабул карданд (1 Тас. 2:13). Барои чунин шахсонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғизо додан, пирон аз афташ сахт меҳнат мекарданд.
5 Имрӯз синфи ғуломи мӯътамад ва доно ба рамаи Худо «сари вақт хӯрок» медиҳад (Мат. 24:45). Аъзоёни ҷамъомад адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро шояд ба таври фаровон дошта бошанд ва шояд чунин воситаҳои ёрирасон, ба мисли «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» ва «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ», ки ба баъзе забонҳо баромадаанд, ба онҳо дастрас бошанд. Беш аз ин, зери ҳидояти ғулом, пирони маҳаллӣ сахт меҳнат мекунанд, то ки бародарони худро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кунанд. Барои қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳонии ҷамъомад пирон вақти зиёди худро сарф карда, ба қисмҳои вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ мебинанд, то ки бо ин роҳ маълумоти таъиншударо ба таври пурмазмун пешкаш кунанд. Оё шумо фикр кардаед, ки пирон барои тайёрӣ дидан ба қисмҳои вохӯрии ҷамъомад ва анҷуманҳои гуногун чӣ қадар вақти зиёд сарф мекунанд?
6, 7. а) Павлус ба пирони таслӯникӣ чӣ намунаи ибрат гузошта буд? б) Чаро имрӯз ба Павлус пайравӣ кардани пирон душвор буда метавонад?
6 Пирони ҷамъомади Таслӯникия намунаи хуби Павлусро, ки дар чӯпонӣ кардани рама гузошта буд, дар хотир доштанд. Ӯ ба ҷамъомад на ба таври рӯякӣ, балки аз муҳаббат ва дилбастагӣ ғамхорӣ мекард. Чӣ тавре ки дар мақолаи гузашта гуфтем, Павлус «монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад» мулоим буд. (1 Таслӯникиён 2:7, 8–ро бихонед.) Ӯ ҳатто тайёр буд, ки ҷони худро аз онҳо дареғ надорад! Ҳангоми чӯпонӣ кардан пирон бояд мисли ӯ мебуданд.
7 Чӯпонони масеҳӣ имрӯз дар навозиш кардани рама ба Павлус тақлид мекунанд. Баъзе аъзоёни рама табиатан на он қадар меҳрубон ва дилкушоданд. Ба ҳар ҳол, пирон мекӯшанд, ки ба онҳо «эътимод» дошта бошанд ва дар онҳо чизи некро ҷӯянд (2 Тас. 3:4). Бояд гуфт, ки шояд аз сабаби нокомилӣ ба ягон пири ҷамъомад барои ба ҳама назари мусбӣ доштан душвор бошад. Лекин модоме ки ӯ барои бо тамоми аъзоёни ҷамъомад мулоим будан кӯшиш мекунад ва зери роҳбарии Масеҳ хуб чӯпонӣ кардан мехоҳад, оё барои ин ӯ сазовори таҳсин нест?
8, 9. Баъзе роҳҳое, ки пирони имрӯза «ғами ҷонҳои [моро] мехӯранд», кадоманд?
8 Ҳамаи мо барои ба пирон итоат кардан сабаб дорем. Чӣ хеле ки Павлус навишт, «онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои [моро] мехӯранд» (Ибр. 13:17). Ин ибора ба мо чӯпони аслиро хотиррасон мекунад, ки барои ҳимояи рама ҳатто аз баҳри хоб мебарояд. Ба ин монанд, имрӯз шояд пирон барои ғамхорӣ кардан нисбати онҳое, ки саломатии заиф доранд ё аз ҷиҳати эмотсионалӣ ва рӯҳонӣ душворӣ доранд, баъзан аз хоб даст кашанд. Масалан, бародароне, ки аъзои Кумитаи кор бо беморхонаҳо мебошанд, дар нисфи шаб мехестанд, то ки дар мавриди душвориҳои ногаҳонии тиббӣ кӯмак расонанд. Вақте ки мо бо чунин вазъият дучор мешавем, чӣ қадар хизмати онҳоро қадр мекунем!
9 Пироне, ки аъзои Кумитаҳои минтақавӣ оид ба сохтмонанд ё аъзои Кумитаҳо оид ба расонидани ёрӣ мебошанд, барои ба бародарон кӯмак расонидан сахт меҳнат мекунанд. Онҳо сазоворанд, ки мо онҳоро аз таҳти дил дастгирӣ кунем! Биёед дида бароем, ки барои кӯмак ба ҷабрдидагони тӯфони шадид бо номи «Наргис», ки соли 2008 дар Мянма рӯй дод, чӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд. Барои расидан то ҷамъомади Ботингон, ки дар минтақаи дурдаст воқеъ аст, гурӯҳи ёридиҳандагон аз байни ҷои харобгашта мегузаштанд, ки дар ҳама ҷо ҷасади вайроншудаистодаи мурдагон мехобиданд. Вақте ки бародарони маҳаллӣ аввалин гурӯҳи ба Ботингон расидаи ёридиҳандагон, аз он ҷумла нозири ноҳиявии пештараашонро диданд, онҳо фарёд заданд: «Нигоҳ кунед! Ин нозири ноҳиявии мо аст! Яҳува моро наҷот дод!» Оё шумо меҳнати сахти пиронро, ки шабу рӯз ба ҷо меоранд, қадр мекунед? Баъзе пирон таъин шудаанд, ки дар кумитаҳои махсус барои ҳалли масъалаҳои душвори ҳуқуқӣ хизмат кунанд. Ин пирон аз корҳои ба анҷом расонидаи худ намеболанд: лекин ба ҳар ҳол касоне, ки аз хизмати онҳо манфиат мегиранд, дар ҳақиқат аз онҳо миннатдоранд (Мат. 6:2–4).
10. Кадом корҳои ба назар нонамоёнро пирон ба ҷо меоранд?
10 Имрӯз бисёри пирон ҳамчунин корҳои ба назар нонамоёнро иҷро мекунанд. Масалан, координатори шӯрои пирон барои вохӯриҳои ҳарҳафтаина ҷадвал месозад. Котиби ҷамъомад дар бораи хизмати мавъиза ҳисоботи ҳармоҳа ва солона тартиб медиҳад. Нозири мактаб оиди супоришҳои барномаи Мактаби таълими мавъиза чуқур фикр мекунад. Дар ҳар се моҳ ҳисоботи пулии ҷамъомад тафтиш карда мешавад. Пирон мактубҳои аз филиал омадаро мехонанд ва дастуроти дар онҳо додашударо, ки барои нигоҳ доштани «ягонагии имон» кӯмак мекунад, ба кор мебаранд (Эфс. 4:3, 13). Тавассути кӯшишҳои чунин пирон, ки сахт меҳнат мекунанд, ҳама кор «бо тартибу интизом» ба амал меояд (1 Қӯр. 14:40).
«Ба шумо назорат мекунанд»
11, 12. Кӣ ба ҷамъомад назорат мекунад ва ин чиро дар бар мегирад?
11 Павлус пирони боғайрати таслӯникиро чун касоне, ки ба ҷамъомад «назорат мекунанд», тасвир кард. Ин ибора дар забони аслӣ маънои «дар пеши касе истодан»–ро дорад ва чун «дастур додан; дар миёни касе роҳбариро ба ӯҳда гирифтан» ифода шуданаш мумкин аст (1 Тас. 5:12). Павлус ба он пирон чун ба шахсоне ишора кард, ки «сахт меҳнат мекунанд». Вай дар бораи ҳамаи пирони ҷамъомад сухан меронд. Имрӯз аксарияти пирон дар пеши ҷамъомад истода, вохӯриҳоро мегузаронанд. Ба наздикӣ ибораи «садри масъул» бо ибораи «координатори шӯрои пирон» иваз карда шуд ва ин ба мо ёрдам мекунад, ки ба ҳамаи пирон чун ба аъзои як бадан нигарем.
12 Ба ҷамъомад «назорат кардан» аз таълимдиҳӣ дида чизи бештарро дар бар мегирад. Ибораи ба ин ҳаммаъно дар 1 Тимотиюс 3:4 истифода шудааст. Павлус гуфт, ки нозир бояд «хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад». Дар ин ҷо ибораи «идора кунад» аз афташ на танҳо таълимдиҳии фарзандонро, балки ҳамчунин дар оила ба ӯҳда гирифтани роҳбарӣ ва «дар итоат» нигоҳ доштани фарзандонро дар бар мегирад. Бале, пирон дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда мегиранд ва ба ҳама ёрӣ медиҳанд, ки ба Яҳува итоат кунанд (1 Тим. 3:5).
13. Чаро дар вохӯрии пирон қабул кардани қарор шояд вақт талаб кунад?
13 Барои ба рама хуб назорат кардан, пирон байни худ ниёзҳои ҷамъомадро муҳокима мекунанд ва дида мебароянд, ки чӣ тавр ба онҳо ба таври беҳтарин кӯмак кардан мумкин аст. Шояд аз тарафи як пир қабул кардани ҳамаи қарорҳо бештар самаранок тобад. Вале дар пайравӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи асри як, имрӯз ҳайати пирон масъалаҳоро озодона муҳокима мекунанд ва ҳидоятро аз Навиштаҳо меҷӯянд. Мақсади онҳо ин аст, ки принсипҳои Навиштаҳоро нисбати ниёзҳои ҷамъомади маҳаллӣ ба кор баранд. Вақте ки ҳар як пири Аъм. 15:2, 6, 7, 12–14, 28).
ҷамъомад ба вохӯрии пирон тайёрӣ мебинад, Навиштаҳо ва дастуроти синфи ғуломи мӯътамад ва доноро дида мебарояд, натиҷаҳои беҳтарин ба даст меоянд. Албатта, ин аз онҳо вақт металабад. Вақте ки пирон бо гуногунфикрӣ дучор мешаванд,— чӣ тавре ки ҳайати роҳбарикунандаи асри як ҳангоми ҳал кардани масъалаи хатнакунӣ дучор шуда буд,— вақти иловагӣ ва таҳқиқот ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар асоси Навиштаҳо қарори якдилона қабул кунанд (14. Оё шумо дар ягонагӣ амал кардани пиронро қадр мекунед ва чаро?
14 Чӣ шуда метавонад агар яке аз пирон якравона фикрашро ба дигарон талқин кунад ё ақидаи шахсиашро ба пеш гузоштанӣ шавад? Ё чӣ мешавад, агар касе монанди Диютрифас, масеҳии асри як, дар байни дигарон тухми ҷудоӣ корад? (3 Юҳ. 9, 10). Аз ин тамоми ҷамъомад зарар хоҳад дид. Шайтон мекӯшид, ки сулҳу оромии ҷамъомади асри якро вайрон кунад, пас бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки вай имрӯз низ ҳамин тавр кардан мехоҳад. Вай метавонад майлҳои худхоҳонаи инсонӣ, ба монанди хоҳиши машҳур шуданро истифода барад. Барои ҳамин, ба пирон лозим аст, ки фурӯтанӣ инкишоф диҳанд ва чун аъзои як бадан дар якҷоягӣ амал кунанд. То чӣ андоза қадр мекунем мо фурӯтании пиронеро, ки чун як бадан бо ҳам кор мекунанд!
«Шуморо насиҳат медиҳанд»
15. Пирон аз кадом ният ба бародаре ё хоҳаре насиҳат медиҳанд?
15 Сипас Павлус вазифаи душвор, вале муҳими пиронро қайд кард. Ин насиҳат додани рама аст. Дар Навиштаҳои Юнонӣ танҳо Павлус калимаеро, ки «насиҳат» тарҷума мешавад, истифода бурдааст. Ин мафҳум метавонад ба маслиҳати қатъие, ки бе дағалӣ дода мешавад, ишора кунад (Аъм. 20:31; 2 Тас. 3:15). Масалан, Павлус ба қӯринтиён навишт: «Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони маҳбуби худ насиҳат медиҳам» (1 Қӯр. 4:14). Нияти насиҳат додани ӯ — ғамхории муҳаббатомез нисбати дигарон буд.
16. Ҳангоми дигаронро насиҳат додан пирон чиро дар хотир доштанашон лозим аст?
16 Пирон муҳиммияти тарзи додани насиҳатро дар ёд нигоҳ медоранд. Онҳо мекӯшанд, ки мисли Павлус меҳрубон бошанд, аз муҳаббат рафтор кунанд ва ба дигарон манфиат оранд. (1 Таслӯникиён 2:11, 12–ро бихонед.) Албатта, пирон аз доираи «каломи ҳақиқӣ», яъне Навиштаҳо намебароянд. Ҳамин тавр онҳо метавонанд дигаронро бо ёрии таълимоти солим насиҳат кунанд (Тит. 1:5–9).
17, 18. Агар ягон пири ҷамъомад ба шумо насиҳат диҳад, чиро дар хотир бояд дошт?
17 Албатта, пирон нокомиланд ва метавонанд аз ягон сухан ё рафтори кардаашон баъд пушаймон шаванд (3 Подш. 8:46; Яъқ. 3:8). Ҳамчунин пирон медонанд, ки ба бародарону хоҳарони рӯҳонӣ қабул кардани маслиҳат табиатан «на шодӣ, балки андӯҳ менамояд» (Ибр. 12:11). Аз ин рӯ, шояд пеш аз он ки ба касе насиҳат диҳад, пири ҷамъомад бисёр мулоҳиза мекунад ва дар ин бора дуо мегӯяд. Агар пире ба шумо насиҳат дода бошад, оё ғамхории муҳаббатомези ӯро қадр мекунед?
18 Фарз кунед, ки шумо проблемаи бо саломатӣ алоқаманде доштеду сабаби онро намефаҳмидед. Сипас духтур диагнози шуморо муайян кард, вале қабул кардани он бароятон душвор буд. Оё барои ин шумо аз духтур хафа мешудед? Не! Ҳатто агар ӯ ба шумо ҷарроҳиро тавсия дода бошад ҳам, шумо эҳтимол бо умеди сиҳат шудан хурсандона ба ин тарзи муолиҷа розӣ мешудед. Шояд он тарзе, ки духтур сухан меронад, ба шумо сахт расида бошад. Лекин оё шумо ба ин ҳиссиёт мегузоштед, ки ба қарори сиҳат шудани шумо таъсир кунад? Шояд не. Ба ин монанд, нагузоред, ки тарзи додани насиҳат шуморо аз шунидани касоне, ки онҳоро Яҳува ва Исо истифода мебаранд, боздорад. Зеро онҳо ба шумо кӯмак мекунанд, то бидонед, ки чӣ тавр худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат кунед.
Барои «бахшоишҳо»–е, ки Яҳува ато кардааст, миннатдорӣ нишон диҳед
19, 20. Чӣ тавр шумо барои одамони чун «бахшоишҳо» атошуда миннатдорӣ зоҳир карда метавонед?
19 Шумо чӣ кор мекардед, агар касе ба шумо чизеро тӯҳфа кунад, ки махсус барои шумо сохта шудааст? Оё шумо онро истифода бурда, ба тӯҳфадиҳанда миннатдорӣ баён намекардед? Пирон — тӯҳфаҳо ё «бахшоишҳо»–е мебошанд, ки Яҳува тавассути Исои Масеҳ ба шумо ато кардааст. Як роҳе, ки шумо миннатдориатонро барои ин «бахшоишҳо» нишон дода метавонед — ин бодиққат гӯш кардани нутқҳои пирон ва ба кор бурдани фикрҳои онҳо мебошад. Шумо ҳамчунин бо он миннатдориатонро нишон медиҳед, ки агар дар вохӯриҳои ҷамъомад шарҳҳои пурмазмун диҳед. Корҳоеро, ки ба онҳо пирон роҳбарӣ мекунанд, дастгирӣ намоед. Кори мавъиза аз ҷумлаи чунин корҳост. Агар аз маслиҳати ягон пир шумо манфиат гирифта бошед, пас чаро инро ба ӯ нагӯед? Илова бар ин, ба оилаҳои пирон миннатдорӣ баён кардан мумкин аст. Дар хотир доред: вақте, ки пирон дар ҷамъомад сахт меҳнат мекунанд, барои оилаи онҳо ин қурбонӣ аст, зеро ин вақтро онҳо аслан метавонистанд барои оилаашон сарф кунанд.
20 Бале, мо сабабҳои зиёде дорем, ки ба пирон миннатдор бошем, зеро онҳо дар миёни мо сахт меҳнат мекунанд, ба мо назорат мекунанд ва моро насиҳат медиҳанд. Ин одамони чун «бахшоишҳо» атошуда дар ҳақиқат аз ғамхории муҳаббатомези Яҳува шаҳодат медиҳанд!
Оё шумо дар хотир доред?
• Масеҳиёни таслӯникӣ барои қадрдонӣ кардани онҳое, ки дар байнашон роҳбариро ба ӯҳда доштанд, чӣ сабабҳо доштанд?
• Дар ҷамъомади шумо пирон бароятон чӣ тавр сахт меҳнат мекунанд?
• Аз он ки пирон ба шумо назорат мекунанд, шумо чӣ манфиат мегиред?
• Агар аз тарафи пире ба шумо насиҳат дода шавад, чиро дар ёд доштанатон лозим аст?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 31]
Оё шумо роҳҳои зиёдеро, ки пирон ба ҷамъомад чӯпонӣ мекунанд, қадр менамоед?