Оё ту ягон бор худатро бегонаву нодаркор ҳис карда будӣ?
Фарзандони Худро таълим диҳед
Оё ту ягон бор худатро бегонаву нодаркор ҳис карда будӣ?
ДАР кадом вақт шахс худро бегонаву нодаркор ҳис мекунад? Вақте ки дигарон ӯро чун дӯст қабул намекунанд. Шояд фарқ кардани ранги пӯст, гапзаниву рафтор ё дигар будани миллат ба ин сабаб шаванд. Оё ту ягон бор худро одами бегонаву нодаркор ҳис кардаӣ?— *
Биё ҳозир мисоли мардеро дида мебароем, ки худро бегонаву нодаркор ҳис мекард. Номи вай Мефибӯшет буд. Вале ӯ кӣ буд ва барои чӣ худро ин тавр ҳис мекард? Агар ту гоҳ–гоҳ худро бегонаву нодаркор ҳис кунӣ, аз Мефибӯшет бисёр чизро ёд гирифта метавонӣ.
Мефибӯшет писари Йӯнотон, дӯсти азизи Довуд, буд. Пеш аз дар ҷанг кушта шуданаш, Йӯнотон аз Довуд хоҳиш кард, ки дар бораи бачагонаш ғамхорӣ кунад. Довуд подшоҳ шуд. Баъд аз чанд сол ӯ хоҳиши Йӯнотонро ба ёд овард ва он вақт Мефибӯшет зинда буд. Дар вақти майдагиаш, бо вай як нохушӣ рӯй дода буд, ки баъди он тамоми умраш ӯ ланг буд. Акнун ту мефаҳмӣ, ки чаро вай шояд худро шахси бегонаву нодаркор ҳис мекард?—
Довуд хост, ки ба писари Йӯнотон некӣ кунад. Барои ҳамин вай ғамхорӣ кард, ки Мефибӯшет дар назди ӯ дар Ерусалим зиндагӣ кунад ва аз дастархони подшоҳ хӯрок хӯрад. Довуд мардеро, ки Сибо ном дошт, гуфт, ки ҳамроҳи писарону хизматгоронаш ба Мефибӯшет хизмат кунанд. Ӯ дар ҳақиқат ба писари Йӯнотон эҳтиром зоҳир кард! Оё ту медонӣ, ки баъд чӣ рӯй дод?—
Дар хонаи Довуд мушкилиҳо рӯй доданд. Абшолӯм, яке аз писарони Довуд, зидди ӯ баромад ва хост, ки подшоҳ шавад. Довуд барои
наҷот додани ҳаёташ бояд мегурехт. Вақте ки бисёр одамони дигар бо Довуд ҳамроҳ шуданд, Мефибӯшет низ хост бо Довуд равад. Ин дӯстони Довуд медонистанд, ки ӯ подшоҳи ҳаққонӣ аст. Лекин азбаски ба Мефибӯшет роҳ гаштан хеле душвор буд, ӯ ҳамроҳи онҳо рафта натавонист.Он гоҳ Сибо ба Довуд гуфт, ки Мефибӯшет барои он бо онҳо нарафт, ки дар асл худаш подшоҳ шудан мехоҳад. Довуд ба ин гапи дурӯғ бовар кард! Ва гуфт, ки ҳамаи чизу чораи Мефибӯшет аз они Сибо аст. Чанде пас Довуд ба Абшолӯм ғолиб омад ва ба Ерусалим баргашт. Ҳоло бошад, Мефибӯшет ба Довуд нақл мекунад, ки чаро бо ӯ нарафт. Довуд фармуд, ки чизу чора байни Мефибӯшет ва Сибо тақсим карда шавад. Ба фикри ту Мефибӯшет чӣ кор кард?—
Мефибӯшет барои ин аз Довуд хафа нашуд. Вай медонист, ки ба Довуд барои нағз подшоҳӣ карданаш сулҳу тинҷӣ лозим аст. Барои ҳамин гуфт, ки Сибо метавонад ҳамаи чизу чораро ба худаш гирад. Ба Мефибӯшет муҳимаш ин буд, ки Довуд ба Ерусалим чун подшоҳ баргашт.
Мефибӯшет бисёр азоб кашида буд. Бисёр вақт вай худро одами бегонаву нодаркор ҳис мекард. Вале Яҳува ӯро нағз медид ва дар борааш ғамхорӣ мекард. Мо аз ин чӣ меомӯзем? — Ҳатто вақте ки мо кори дуруст мекунем, баъзеҳо метавонанд дар ҳаққи мо дурӯғ гӯянд. Исо гуфт: «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст». Одамон ҳатто Исоро куштанд! Мо боварӣ дошта метавонем: агар мо дуруст рафтор кунем, ҳам Худои ҳақиқӣ, Яҳува, ва ҳам Писари Ӯ, Исо, моро дӯст медоранд.
Ин оятҳоро хон:
2 Подшоҳон 4:4; 9:1–10; 19:24–30
[Эзоҳ]
^ сарх. 3 Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тире хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.