Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Интернет — Истифодабарии оқилонаи он

Интернет — Истифодабарии оқилонаи он

Интернет Истифодабарии оқилонаи он

АСРҲО пеш, вақте ки одамон чопкуниро ихтироъ карданд, муоширати байни одамон тағйир ёфт. Ихтироъ кардани Интернетро низ имрӯз ба он монанд кардан мумкин аст. Ин воситаи амалӣ — воситаи ҷаҳонии муошират номида шудааст, ки ин дар ҳақиқат чунин аст. Вақте ки шумо дар шабакаи баландсуръати ахборотӣ «саёҳат» мекунед, шумо аз он далелҳо, маълумоти статистикӣ ва фикру ақидаҳои бисёрро оиди мавзӯъҳои гуногун фаҳмида метавонед.

Қобилияти муошираткунӣ атои олиҷанобест, ки Офаридгорамон ба мо додааст. Он ба мо кӯмак мекунад, ки фикру ақидаи якдигарро фаҳмем ва маълумотро ба дигарон расонем. Яҳува аввалин шуда бо оилаи инсонӣ муошират кард ва ба онҳо аниқу равшан маълумот дод, ки чӣ тавр онҳо ҳаёти пурмаъно бурда метавонанд (Ҳас. 1:28–30). Лекин чизе ки дар оғози таърихи инсоният рӯй дод, нишон медиҳад, ки атои муошират нодуруст истифода шуданаш мумкин аст. Шайтон ба Ҳавво маълумоти тамоман дурӯғро дод. Ҳавво ба суханони вай бовар кард ва онҳоро ба Одам расонд. Ӯ дар навбати худ инсониятро ба бадбахтиву мусибат гирифтор кард (Ҳас. 3:1–6; Рум. 5:12).

Азбаски Интернет як воситаи муошират аст, мо дар бораи истифодабарии он чӣ гуфта метавонем? Аз як тараф, Интернет метавонад ба мо маълумоти пурарзишро пешкаш кунад, вақти моро эҳтиёт кунад ва чун воситаи фоиданок хизмат намояд. Аз тарафи дигар бошад, он метавонад маълумоти нодуруст диҳад, вақти зиёди моро дуздад ва моро аз ҷиҳати ахлоқӣ вайрон созад. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо ин воситаи ҷаҳониро ба манфиати худ истифода бурда метавонем.

Маълумот — боваринок ё дурӯғ?

Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки тамоми маълумоте, ки дар Интернет ёфт мешавад, хубу фоиданок аст. Воситаҳои ҷустуҷӯии интернетиро ба шахсоне монанд кардан мумкин аст, ки хаста нашуда ҳар гуна занбӯруғ (қорч) — хоҳ хӯрданбоб бошад, хоҳ заҳролуд — ҷамъ мекунанд ва ба як сабад андохта барои хӯрдан ба мо пешкаш мекунанд. Оё шумо ҳар яки он занбӯруғҳоро бодиққат аз назар нагузаронда хӯрдан мегирифтед? Албатта не! Воситаҳои ҷустуҷӯии интернетӣ шумораи хеле зиёди компютерҳоро истифода бурда аз миллиардҳо веб–саҳифаҳо маълумот ҷамъ мекунанд, ки он хеле бад ва хеле нағз буда метавонад. Мо бояд бофаҳм бошем ва биринҷро аз курмак фарқ кунем, то ки майнаи худро бо маълумоти зараровар заҳролуд насозем.

Соли 1993 дар як маҷаллаи машҳур расми ҳаҷвие тасвир шуда буд, ки дар он ду саг назди компютер меистоданд. Як саг ба дигараш мегӯяд: «Дар Интернет ҳеҷ кас намедонад, ки ту саг ҳастӣ». Дар замони қадим, Шайтон дар асл кӣ буданашро пинҳон карда ба воситаи мор бо Ҳавво гап зада гуфт, ки ӯ мисли Худо буда метавонад. Имрӯз бошад, ҳар шахсе ки ба Интернет пайваст аст, метавонад худро профессори ягон соҳа муаррифӣ кунад, зеро дар асл кӣ будани ӯро ҳеҷ кас намефаҳмад. Ва фарқ надорад, ки кадом шахс дар Интернет фикру ақида, маълумот, сурат ва пешниҳодҳоро даровардааст.

Ҳангоми истифодаи Интернет мисли Ҳавво зудбовар набошед. Пеш аз он ки ба чизи дар Интернет буда бовар кунед, аввал онро хеле бодиққат бисанҷед. Пеш аз бовар кардан аз худ бипурсед: 1) Ин маълумотро кӣ даровардааст? Оё худи муаллиф дар ин соҳа мутахассис аст? 2) Чаро ӯ инро чоп кардааст? Нияти вай чист? Оё ӯ ягон нияти бад надорад? 3) Муаллиф ин маълумотро аз куҷо гирифтааст? Оё ӯ сарчашмаҳоеро, ки аз рӯи онҳо мо маълумотро тафтиш карда метавонем, нишон додааст? 4) Оё ин маълумот кӯҳна нашудааст? Дар асри як Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс маслиҳате дод, ки он дар рӯзҳои мо низ аҳамиятнок аст. Павлус навишт: «Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон» (1 Тим. 6:20).

Вақтро эҳтиёт мекунад ё мегирад

Агар Интернетро хирадмандона истифода барем, он бешубҳа метавонад вақт, қувват ва пули моро эҳтиёт кунад. Мо метавонем аз хонаамон набаромада ба осонӣ ягон чизро харем. Муқоиса кардани нархҳо ба мо кӯмак мекунад, ки пулро сарфакорона истифода барем. Хизматрасонии бонкӣ тавассути Интернет ҳаёти бисёр одамонро осонтар кардааст. Масъалаҳои пулиро дар хонаи бароҳат нишаста дар вақти дилхоҳ ҳал кардан мумкин аст. Агар ба ҷое сафар кардан хоҳем, мо аз Интернет фаҳмида метавонем, ки кадом роҳҳои қулай ва чиптаҳои арзон дастрасанд. Ва ҳамчунин мо чиптаҳои лозимаро дархост карда метавонем. Барои ба ҷои даркориамон расидан мо ба осонӣ рақами телефонҳо, суроғаҳо ва роҳҳои гуногунро ёфта метавонем. Филиалҳои Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон бисёри ин намуди хизматрасониҳоро истифода мебаранд, то ки вақт, пул ва қувваи кориро эҳтиёт намоянд.

Лекин, мо бояд дар бораи ҷиҳати манфии он низ фикр кунем. Ин бо миқдори вақте ки истифодабарии Интернет аз мо дуздида метавонад, алоқаманд аст. Барои баъзеҳо Интернет ба ҷои воситаи фоидаовар шудан, бозичаи ҷалбкунандае гаштааст. Онҳо вақти бениҳоят зиёдро барои бозӣ кардан, харидкунӣ, гуфтугӯ, навиштани мактуб, ҷустуҷӯи маълумот ва сайругашт дар сайтҳои интернетӣ сарф мекунанд. Ва онҳо оҳиста–оҳиста ба чизҳои муҳимтар, аз он ҷумла оила, дӯстон ва ҷамъомад беэътиноӣ мекунанд. Шахс ҳатто метавонад ба истифодабарии Интернет сахт дода шавад. Масалан, дар ҳисоботе, ки соли 2010 чоп шуда буд, қайд карда мешавад, ки 18,4 фоизи наврасони Корея ба истифодабарии Интернет сахт дода шудаанд. Тадқиқотчиёни Олмон қайд мекунанд, ки «шумораи заноне, ки дар бораи чунин одати ҳамсарашон шикоят мекунанд, торафт зиёд шуда истодааст». Зане шикоят кард, ки майли сахт ба Интернет шавҳари ӯро ба дараҷае одами дигар кард, ки ин издивоҷи онҳоро барҳам дод.

Ба яке аз филиалҳои Шоҳидони Яҳува аз номи шахсе нома омад, ки вай ба истифодаи Интернет одати сахт пайдо карда буд. Баъзан ӯ дар як рӯз то даҳ соат вақти худро назди Интернет мегузаронд. Ӯ қайд кард, ки ин «дар аввал тамоман безарар метофт», лекин илова намуд: «Бо гузашти вақт ман ба вохӯриҳо кам ташриф меовардам ва дуо гуфтанро бас кардам». Вай ба вохӯриҳо бетайёрӣ мерафт ва дар майнааш фақат чунин фикр буд, ки тезтар ба хона рафта аз нав ба Интернет дарояд. Хушбахтона, ӯ ҷиддӣ будани ин проблемаро дарк кард ва барои ислоҳ шудан чораҳо андешид. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки истифодабарии Интернет дар мо сахт одат шавад.

Маълумот — фоиданок ё не?

Дар 1 Таслӯникиён 5:21, 22 мо мехонем: «Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред. Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед». Мо бояд муайян кунем, ки маълумоти аз Интернет ёфтаамон оё ба Худо писанд аст ва ба меъёрҳои баланди Ӯ мувофиқат мекунад ё не. Он бояд аз ҷиҳати ахлоқӣ шоиста ва ба масеҳиён раво бошад. Расмҳои порнографӣ дар Интернет бахусус паҳн шудаанд ва агар мо эҳтиёткор набошем, онҳо метавонанд моро ба осонӣ ба доми худ кашанд.

Аз рӯи хирад мебуд, ки мо аз худ бипурсем: «Агар ман дар Интернет чизеро дида истода бошаму ба хона ҳамсарам, волидонам ё касе аз ҳамимонон дарояд оё ман онро зуд аз онҳо пинҳон мекунам?» Агар ҳа, пас хуб мебуд, ки мо Интернетро танҳо дар ҳузури дигарон истифода барем. Интернет дар ҳақиқат тарзи муошират ва харидкунии моро дигар кардааст. Илова бар ин, он барои «дар дили худ» зино кардан имконияти тамоман навро фароҳам овардааст (Мат. 5:27, 28).

Фиристонем ё нафиристонем?

Истифодабарии Интернет ғайр аз гирифтани маълумот, ҳамчунин паҳн кардани онро дар бар мегирад. Ҳарчанд мо дар гирифтану фиристодани маълумот озодем, мо ҳамчунин ба ростии он ва ахлоқан пок будани он ҷавобгарем. Оё мо ба аниқ будани маълумоте, ки менависем ё ба дигарон мефиристонем кафолат медиҳем? Оё ба фиристодани ин маълумот мо ҳақ дорем? * Оё ин маълумот фоиданок ва рӯҳбаландкунанда аст? Мо аз кадом ният онро ба дигарон мефиристонем? Оё танҳо барои он ки дигаронро ба ваҷд орем?

Агар дуруст истифода барем, мактубнависӣ бо воситаи Интернет метавонад баракат бошад. Аз тарафи дигар, он метавонад моро ғарқи маълумот кунад. Оё мо одат дорем, ки ба шумораи бисёри шиносҳоямон чун радио беист хабарҳои охиринро расонем ва бо навиштани ҳар гуна суханони на он қадар муҳим вақти қимматбаҳои онҳоро гирем? Оё набояд пеш аз зер кардани тугмачаи «фиристодан» ниятҳои худро тафтиш кунем? Дар асл мақсади мо чист? Одамон дар вақтҳои пеш бо он мақсад мактуб менавистанд, ки аъзоёни оила ва дӯстонашонро аз ҳолу аҳволи худ огоҳ кунанд ва навигариҳои дар ҳаёташон рӯй додаро хабар диҳанд. Оё муносибати мо ба мактубҳои электронӣ низ набояд ҳамин тавр бошад? Чӣ даркор аст, ба дигарон фиристодани он чизе, ки мо тафтиш карда наметавонем?

Пас, дар алоқамандӣ бо Интернет мо бояд чӣ кор кунем? Оё аз он тамоман дурӣ ҷустан лозим аст? Дар баъзе мавридҳо маҳз чунин кардан лозим меояд. Шахси дар боло гуфташуда, ки ба истифодаи Интернет сахт одат карда буд, маҳз ҳамин тавр кард, то одати солҳои дароз доштаашро тарк кунад. Аз тарафи дигар, истифодаи Интернет метавонад бароямон фоиданок бошад, агар мо гузорем, ки фаросат моро нигаҳбонӣ намояд ва хирад моро муҳофизат кунад (Мас. 2:10, 11).

[Эзоҳ]

^ сарх. 17 Ин дар мавриди суратҳо низ ҳақ аст. Ҳарчанд мо метавонем барои худамон касе ё чизеро сурат гирем, мо шояд ҳақ надорем, ки онро паҳн кунем ва беш аз ин ном ё суроғаи одамонро ба дигарон маълум созем.

[Tасвир дар саҳифаи 4]

Чӣ кор кунем, ки ба доми маълумоти нодуруст наафтем?

[Tасвир дар саҳифаи 5]

Пеш аз зер кардани тугмачаи «фиристодан» дар бораи чӣ бояд фикр кард?