Нагузоред, ки чизе шуморо аз Яҳува дур созад
«Имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд» (ЕҲ. 24:15).
1–3. а) Чаро Еҳушаъ барои мо намунаи хуб аст? б) Ҳангоми қабули қарорҳо мо бояд чиро дар хотир дорем?
ИНТИХОБЕ, КИ мо дар ҳаёти худ мекунем, аҳамияти калон дорад. Он ба мо имконият медиҳад, ки чӣ тавр зиндагӣ карданамонро худамон муайян созем. Масалан, шахсеро тасаввур кунед, ки бо роҳе рафта истодаасту ногаҳон мебинад, ки он ба ду шоха ҷудо мешавад. Аз ин ду роҳ ӯ кадомашро интихоб мекунад? Агар шахс ҷои рафтанашро аниқ донад, ӯ эҳтимол роҳеро интихоб менамояд, ки барои ба он ҷо расидан ба вай кӯмак мекунад.
2 Китоби Муқаддас оиди шахсони зиёде нақл мекунад, ки дар назди интихоб меистоданд. Масалан, Қобил бояд қарор қабул мекард, ки ба ғазаби худ дода шавад ё онро идора кунад (Ҳас. 4:6, 7). Еҳушаъ бояд интихоб менамуд, ки ба Худои ҳақиқӣ хизмат кунад ё ба худоёни бардурӯғ (Еҳ. 24:15). Мақсади Еҳушаъ ин нигоҳ доштани муносибати наздик бо Яҳува буд, барои ҳамин ӯ роҳеро интихоб кард, ки ӯро сӯи мақсадаш мебурд. Қобил бошад, чунин мақсад надошт ва бо роҳе рафт, ки ӯро аз Яҳува дур сохт.
3 Баъзан дар ҳаёт чунин шуда метавонад, ки гӯё мо назди ду роҳ истодаему бояд якеашро интихоб кунем. Агар шумо дар чунин ҳолат қарор гиред, аз хотир набароред, ки ҷои рафтан, яъне мақсади шумо — ин дар ҳама кор ҷалол додани Яҳува ва канорагирӣ кардан аз ҳар чизест, ки шуморо аз Ӯ дур карда метавонад. (Ибриён 3:12-ро бихонед.) Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо ҳафт ҷониби ҳаётро дида мебароем, ки дар онҳо мо бояд ба чизе нагузорем, то моро аз Яҳува дур созад.
ҶОИ КОР ВА МАНСАБУ МАРТАБА
4. Чаро таъмин кардани худ ва оила муҳим аст?
4 Масеҳиён ӯҳдадоранд, ки худашон ва оилаашонро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунанд. Китоби Муқаддас қайд мекунад, ки агар шахс аҳли оилаашро таъмин кардан нахоҳад, ӯ аз беимон бадтар аст (2 Тас. 3:10; 1 Тим. 5:8). Албатта, доштани ҷои кор муҳим аст, лекин агар шумо эҳтиёт нашавед, кор ва мансабу мартаба шуморо аз Яҳува дур карда метавонад. Чӣ тавр?
5. Пеш аз он ки ба ягон кор розӣ шавед, шумо бояд дар бораи чӣ фикр кунед?
5 Фарз кунед, ки шумо дар ҷустуҷӯи кор ҳастед. Агар шумо дар ҷое зиндагӣ кунед, ки ёфтани ҷои кор душвор аст, дар шумо васваса пайдо шуда метавонад, ки ба ҳар коре, ки ба шумо пешниҳод мекунанд, розӣ шавед. Лекин чӣ бояд кард, агар коре, ки шумо қабул карданиед ва ӯҳдадориҳои бо он алоқаманд ба принсипҳои Китоби Муқаддас мувофиқ набошанд? Агар реҷаи корӣ ё вақте, ки барои роҳ сарф мекунед, ба иштироки шумо дар корҳои ҷамъомад халал расонад ё вақти барои оилаатон сарфмешударо бидуздад, он гоҳ-чӣ? Оё дуруст аст, ки кори номувофиқ аз бекорӣ беҳтар аст гуфта ба кадом коре, ки ба шумо пешкаш мекунанд, розӣ шавед? Дар хотир доред, ки интихоби роҳи нодуруст шуморо аз Яҳува дур карда метавонад (Ибр. 2:1). Новобаста аз он ки шумо ҷои кор кофта истодаед ё дар фикри иваз кардани он ҳастед, чӣ ба шумо ёрӣ мерасонад, ки қарори дуруст қабул кунед?
6, 7. а) Бо кадом ду мақсад шахс метавонад ба кор розӣ шавад? б) Кадом мақсад моро ба Яҳува наздиктар мекунад ва чаро?
6 Мақсадҳои дар ҳаёт доштаатон ба интихоби шумо таъсир хоҳанд кард. Хуб мебуд, ки аз худ бипурсед: «Ман аз кор ё мансабу мартаба чӣ интизорам?» Агар мақсади асосии кор карданатон — таъмин кардани худ ва оила барои хизмати Яҳува бошад, Ӯ кӯшишҳои шуморо баракат медиҳад (Мат. 6:33). Вақте ки ҷои коратонро гум мекунед ё ногаҳон аз пастшавии вазъи иқтисодӣ зарар мебинед, фикр накунед, ки Яҳува барои кӯмак кардан ба шумо дасткӯтоҳ аст (Иш. 59:1). Ӯ «медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад» (2 Пет. 2:9).
7 Аз тарафи дигар, агар мақсади шумо фақат бой шудан бошад, он гоҳ-чӣ? Шояд шумо муваффақ мегардед, лекин ба ҳар ҳол дар хотир доред, ки чунин «муваффақият» бароятон гарон, бениҳоят гарон, хоҳад афтод. (1 Тимотиюс 6:9, 10-ро бихонед.) Тамоми диққати худро ба пулу мансаб равона кардан шуморо аз Яҳува дур мекунаду халос.
8, 9. Оиди кор ва мансаб волидон кадом саволҳоро ба худ дода метавонанд ва чаро?
8 Агар шумо падар ё модар бошед, дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр намунаи шумо ба фарзандонатон таъсир мекунад. Дар ёд доред, ки намунаи шуморо мушоҳида карда онҳо мефаҳманд, ки дар ҳаёти шумо чӣ аз ҳама муҳим аст — мансабу мартаба ё дӯстӣ бо Яҳува. Агар онҳо бинанд, ки мавқеъ, пайдо кардани шӯҳрат дар чашми одамон ва боигарӣ дар ҳаёти шумо ҷои аввалро ишғол мекунанд, магар онҳо мисли шумо ин роҳи хатарнокро интихоб намекунанд? Оё эҳтироми онҳо ба шумо, чун ба волидонашон, кам намешавад? Як хоҳари ҷавон қайд мекунад: «То он ҷое ки дар хотирам ҳаст, падарам ҳамеша бо кори худ банд буд. Дар аввал чунин менамуд, ки ӯ аз он сабаб ин қадар бисёр меҳнат мекунад, то оилаамон чизҳои беҳтаринро дошта бошад. Ӯ мехост, ки нисбати мо хуб ғамхорӣ кунад. Лекин солҳои охир чизе тағйир ёфт. Падарам доимо кор мекунад ва чизҳои қимматбаҳоро мехарад, ки дар асл барои оила лозим нестанд. Дар натиҷа моро чун оилаи серпул мешиносанд, на чун оилае, ки дигаронро ба мақсадҳои рӯҳонӣ бармеангезад. Ман хоҳони онам, ки падарам барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кардани мо вақти бештарро сарф кунад, на барои кор кардани пули зиёд».
9 Волидон, нагузоред, ки мансабу мартаба шуморо аз Яҳува дур созанд. Барои фарзандонатон намунаи хуб бошед. Бигзор онҳо бинанд, ки муносибати наздик бо Яҳува бароятон аз пулу мол муҳимтар аст (Мат. 6:19, 20).
10. Пеш аз интихоби касбу кор масеҳии ҷавон бояд оиди чӣ фикр кунад?
10 Агар шумо ҷавонеду оиди касбу кори ояндаатон фикр карда истодаед, чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки роҳи дурустро интихоб кунед? Чӣ тавре ки аллакай фаҳмидем, мақсадҳои дар ҳаёт доштаатон ба интихоби шумо таъсир хоҳанд кард. Аз худ бипурсед: оё омӯхтани касб ё коре, ки ман бо он машғул шуданиам, имконият медиҳад, ки хизмати Яҳуваро дар ҷои аввали ҳаётам гузорам ва ё он маро аз Ӯ дур месозад? (2 Тим. 4:10). Магар шумо ба одамони ин ҷаҳон, ки хушбахтиашон аз миқдори пули доштаашон вобаста аст, монанд будан мехоҳед? Ё мисли Довуд ба Яҳува боварии комил доштан мехоҳед? Ӯ гуфта буд: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Заб. 36:25). Дар хотир доред, ки як роҳ шуморо аз Яҳува дур мекунад, ҳол он ки роҳи дигар шуморо сӯи ҳаёти беҳтарин мебарад. (Масалҳо 10:22; Малокӣ 3:10-ро бихонед.) Шумо кадом роҳро интихоб мекунед? *
ИСТИРОҲАТУ ВАҚТХУШӢ
11. Китоби Муқаддас оиди дамгириву вақтхушӣ чӣ мегӯяд ва мо бояд чиро дар хотир дорем?
11 Китоби Муқаддас ба вақтхушиҳо муқобил нест, ҳамчунин он истироҳату дамгириро сарфи беҳудаи вақт намеҳисобад. Павлус ба Тимотиюс гуфта буд, ки машқи ҷисмонӣ фоидаовар буда метавонад (1 Тим. 4:8). Дар Китоби Муқаддас ҳатто гуфта шудааст, ки «вақте барои хандидан» ва «вақте барои рақсидан» ҳаст ва он шуморо бармеангезад, ки барои дам гирифтан вақти кофӣ ҷудо кунед (Воиз 3:4; 4:6). Лекин агар шумо эҳтиёткор набошед, дамгириву вақтхушӣ шуморо аз Яҳува дур карда метавонанд. Чӣ тавр? Асосан хатар он вақт пайдо мешавад, агар мо ба интихоби намуди дамгириву вақтхушиҳо аҳамият надиҳем ва вақти ба онҳо сарф кардаамонро назорат накунем.
12. Дар мавриди интихоби дамгириву вақтхушӣ ба шумо оиди чӣ мулоҳиза рондан лозим аст?
12 Биёед аввал оиди намуди вақтхушиҳо мулоҳиза ронем. Боварии комил дошта бошед, ки шумо намудҳои хуби дамгириву вақтхушиҳоро ёфта метавонед. Лекин, бояд гуфт, ки бисёр вақтхушиҳое, ки дар ин ҷаҳон дастрасанд чизҳоеро, ки Худо аз онҳо нафрат дорад, чун як чизи хуб нишон медиҳанд. Зӯроварӣ, сеҳру ҷоду ва алоқаи ҷинсии нораво аз қабили чунин чизҳо мебошанд. Аз ин рӯ, ба шумо лозим аст, ки намуди дамгирӣ ва вақтхушиҳоятонро бодиққат дида бароед. Аз худ бипурсед: «Онҳо ба ман чӣ гуна таъсир мерасонанд? Оё ин вақтхушиҳо маро ба зӯроварӣ, рақобати бераҳмона ё ба миллатпарастӣ бармеангезанд? (Мас. 3:31). Оё ба онҳо пули зиёд сарф мешавад? Оё онҳо барои дигарон монеа намегарданд? (Рум. 14:21). Ҳангоми дамгириву вақтхушӣ кардан ман бо чӣ гуна одамон аз наздик муошират мекунам? (Мас. 13:20). Оё ин намуди дамгириву вақтхушӣ дар ман хоҳиши кардани ягон кори бадро бедор намекунад?» (Яъқ. 1:14, 15).
13, 14. Чаро шумо бояд фикр кунед, ки барои вақтхушиҳо чӣ қадар вақт сарф мекунед?
13 Ҳамчунин оиди он фикр кунед, ки шумо барои дамгириву вақтхушӣ чӣ қадар вақт сарф мекунед. Аз худ бипурсед: «Оё вақтхушиву дамгирӣ вақтеро, ки бояд ба корҳои рӯҳонӣ сарф шавад, намедузданд?» Агар шумо ба дамгириву вақтхушӣ вақти аз ҳад зиёд сарф кунед, онҳо ба шумо он андозаи хурсандиеро, ки бахшида метавонанд, намеоранд. Дар асл, касоне, ки бамеъёр дам мегиранд, аз он хурсандии бештар мегиранд. Чаро? Зеро онҳо медонанд, ки аввал чизҳои муҳимтарро иҷро карданд, бинобар ин онҳо бо виҷдони пок дам мегиранд. (Эфсӯсиён 5:10-ро бихонед.)
14 Ҳарчанд ба вақтхушиҳо сарф кардани вақти зиёд ҷолибу шавқовар тобад ҳам, он шахсро аз Яҳува дур карда метавонад. Хоҳари 20-солае бо номи Ким инро аз таҷрибаи худ медонад. Ӯ мегӯяд: «Ман ба ҳама вохӯриҳои дӯстона мерафтам. Ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат — ҷумъа, шанбе ва якшанбе — мо ягон ташкилӣ доштем. Лекин ҳоло ман мебинам, ки корҳои зиёди аз ин ҳам муҳимтаре ҳастанд. Масалан, чун пешрав барои ба мавъиза рафтан ман бояд соати 6-и саҳар аз хоб хезам, барои ҳамин ман то соати як ё дуи шаб муошират карда наметавонам. Ман медонам, ки на ҳамаи вохӯриҳои дӯстона зарароваранд, лекин онҳо метавонанд вақти зиёдро гиранд. Мисли чизҳои дигар вақтхушиҳо низ бояд ҷои худро дошта бошанд».
15. Чӣ тавр волидон барои интихоб кардани дамгириву вақтхушии хуб ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд?
15 Волидон ӯҳдадоранд, ки нисбати худ ва фарзандонашон аз ҷиҳати моддӣ, рӯҳонӣ ва эмотсионалӣ ғамхорӣ намоянд. Онҳо ҳамчунин бояд барои дамгирӣ ва вақтхушӣ кардани фарзандонашон шароит муҳайё созанд. Агар шумо падар ё модар бошед, ба тамоми вақтхушиҳо чун ба як чизи бад муносибат накунед. Ҳамзамон, ҳушёриро аз даст надиҳед ва фарзандонатонро аз таъсири зараровари ин ё он вақтхушиҳо муҳофизат кунед (1 Қӯр. 5:6). Бо зоҳир намудани ҳушёриву эҳтиёткорӣ шумо он намуди дамгириву вақтхуширо интихоб мекунед, ки барои оилаатон дар ҳақиқат тароватбахшанд *. Ҳамин тавр, шумо ва фарзандонатон роҳеро интихоб менамоед, ки шуморо ба Яҳува наздик мекунад.
МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ
16, 17. Бисёре аз волидон бо кадом ҳолати дардовар рӯ ба рӯ мешаванд ва мо аз куҷо медонем, ки ин ҳиссиёти онҳо ба Яҳува шинос аст?
16 Пайвандҳои оилавӣ чунон мустаҳкаманд, ки Яҳува онҳоро барои тасвир кардани муҳаббати нисбати халқи худ доштааш истифода бурд (Иш. 49:15). Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки чаро шахс ҳангоми аз Яҳува рӯй гардонидани аъзои оилааш ғамгину андӯҳгин мешавад. «Ман худро хеле дилшикаста ҳис мекардам»,— мегӯяд хоҳаре, ки духтараш аз ҷамъомад хориҷ шуда буд. «Ман гаштаву баргашта аз худ мепурсидам: “Чаро ӯ аз Яҳува рӯй гардонд?” Ин фикр маро ором намегузошт ва ман худро айбдор мекардам».
17 Яҳува дарди шуморо мефаҳмад. Вақте ки аввалин аъзоёни оилаи заминии Яҳува исён бардоштанд дили Ӯ «маҳзун шуд». Ӯро ҳамчунин рафтори аксари одамоне, ки пеш аз Тӯфон зиндагӣ мекарданд, ғамгин месохт (Ҳас. 6:5, 6). Барои шахсоне, ки чунин вазъиятро аз сар нагузаронидаанд, то ба охир фаҳмидани он ки то чӣ андоза ин дардовар буда метавонад, душвор аст. Лекин, ба ин дарди сахт нигоҳ накарда нагузоред, то рафтори нодурусти аъзои оилаатон, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст, шуморо аз Яҳува дур кунад. Чунин рафтор аз рӯи хирад нест. Агар шумо аз сабаби он ки аъзои оилаатон Яҳуваро тарк кардааст, сахт андӯҳгин бошед, барои ба ин тоб овардан чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад?
18. Чаро волидон набояд ҳангоми аз Яҳува рӯй гардонидани фарзандашон худро айбдор кунанд?
18 Худро дар вазъияти рӯйдода айбдор накунед. Ҳар як аъзои таъмидёфтаи оила бояд бори масъулияти худро бардорад ва ба Яҳува хизмат кардан ё накарданро худаш интихоб кунад (Ғал. 6:5). Охир, Яҳува шахси гуноҳкардаро барои интихобаш ҷавобгар меҳисобад, на шуморо (Ҳиз. 18:20). Ҳамчунин дигаронро низ айбдор накунед. Нисбати чораҳои ислоҳкунандаи Яҳува эҳтиром зоҳир намоед. Ба Шайтон муқобилият кунед, на ба пироне, ки ҷамъомадро муҳофизат мекунанд (1 Пет. 5:8, 9).
19, 20. а) Барои бо ғаму андӯҳи сахт мубориза бурдан волидоне, ки фарзандонашон аз ҷамъомад хориҷ шудаанд, чӣ кор карда метавонанд? б) Ин волидон ба чӣ умед баста метавонанд?
19 Аз тарафи дигар, агар шумо нисбати Яҳува қаҳру ғазаб кунед, ин роҳи пешакардаатон шуморо аз Ӯ дур хоҳад кард. Дар асл, чизе ки ба шахси азизатон бояд нишон диҳед — он аст, ки шумо Яҳуваро бо қатъият аз ҳама чиз, ҳатто аз пайвандҳои оилавӣ ҳам, боло мегузоред. Барои ҳамин, ҳангоми мубориза бурдан бо ин вазъият хеле муҳим аст, ки бо Яҳува муносибати наздик нигоҳ доред. Худро аз бародарону хоҳарони содиқатон дур нагиред (Мас. 18:1). Дар дуо дилатонро ба Яҳува холӣ кунед (Заб. 61:8, 9). Барои муошират кардан бо он аъзои оилаатон, ки аз ҷамъомад хориҷ шудааст, масалан, тавассути телефон ё номаҳои электронӣ, баҳона наҷӯед (1 Қӯр. 5:11). Дар корҳои рӯҳонӣ фаъол бошед (1 Қӯр. 15:58). Хоҳари дар боло зикршуда мегӯяд: «Ман медонам, ки бояд дар хизмати Яҳува банд бошам ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувват бимонам, то ҳангоми назди Яҳува баргаштани духтарам ба ӯ кӯмак карда тавонам».
20 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки муҳаббат «ба ҳама чиз умед мебандад» (1 Қӯр. 13:4, 7). Умед бастан ба он ки шахси азизатон назди Яҳува бармегардад, нодуруст нест. Ҳар сол шумораи зиёди шахсони аз ҷамъомад хориҷшуда тавба мекунанд ва ба ташкилоти Яҳува бармегарданд. Баъд аз он ки онҳо пушаймон мешаванд, Яҳува дигар нисбати онҳо қаҳру ғазаб намекунад. Баръакс, Ӯ омурзгор мебошад, яъне ба бахшидан тайёр аст (Заб. 85:5).
ИНТИХОБИ ОҚИЛОНА КУНЕД
21, 22. Шумо озодии иродаатонро чӣ гуна истифода бурданиед?
21 Яҳува ба одамон озодии ирода додааст. (Такрори Шариат 30:19, 20-ро бихонед.) Лекин ин озодӣ ба ӯҳдаи шахс масъулияти ҷиддӣ мегузорад. Ҳар як масеҳӣ бояд аз худ бипурсад: «Ман кадом роҳро интихоб кардам? Оё ман мегузорам, ки кору мансаб, дамгириву вақтхушӣ ё пайвандҳои оилавӣ маро аз Яҳува дур кунанд?»
22 Муҳаббати Яҳува ба халқаш ҳаргиз кам намешавад. Аз ин рӯ, танҳо интихоби нодурустамон моро аз Ӯ дур карда метавонад (Рум. 8:38, 39). Лекин биёед ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки бо мо чунин рӯй диҳад! Бо азми қавӣ ба ҳеҷ чиз нагузоред, ки шуморо аз Яҳува дур созад. Дар мақолаи навбатӣ мо чор ҷониби дигари ҳаётро дида мебароем, ки дар онҳо мо бояд нисбати интихоби худ бодиққат бошем.
^ сарх. 10 Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июни с. 2011 [bw511] саҳ. 3–6 ва боби 38-уми китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2 нигаред.
^ сарх. 15 Маълумоти бештарро оиди он ки чӣ тавр вақтхушиҳои хубро интихоб кардан мумкин аст, аз «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 октябри с. 2011 [bw515], саҳ. 3–7 ва «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳи ноябри с. 2011 [ba816-U], саҳ. 17–19 гирифта метавонед.