Китоби Муқаддас барои хурдтаракон
БАРОИ КӮДАКОНИ ТО 3-СОЛА
Берун меборад борон.
«Ман нишастаам ҳайрон.
Чаро борон меборад?»
мегӯяд Таманноҷон.
Лекин дар ҳайрати вай
Офтобак медурахшад!
Борон ҳам бас мекунад,
Ва ӯ хушҳол мешавад!
Баромада ба берун,
Таманноҷонаки мо
Дида фазои зебо,
шуд шодмону дилоро.
«Охир, надонистам, ки
аз борони худодод
шаванд гулҳо шукуфон!»
мегӯяд Таманноҷон.
БАРОИ ВОЛИДОН
Ба фарзандатон гӯед, ки ин чизҳоро нишон диҳад:
-
Тиреза
-
Tаманно
-
Гулҳо
-
Парранда
-
Дарахт
Боз ин чизҳоро ёбед:
-
Барг
-
Офтоб
Аъмол 14:17-ро бихонед. Барои чӣ Яҳува боронро офарид?