Дарк намоед, ки чӣ муҳимтар аст
«Дарк намоед, ки чӣ беҳтар [«муҳимтар», ТДН] аст» (ФИЛ. 1:10).
1, 2. Кадом пешгӯӣ оиди рӯзҳои охир эҳтимол диққати шогирдони Исоро ба худ бештар ҷалб кард ва чаро?
ЧАНДЕ ПЕШ, Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки маъбад несту нобуд мешавад. Ин суханони ӯ Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёсро ором намегузоштанд (Марқ. 13:1–4). Барои ҳамин, ҳангоми бо Исо танҳо монданашон онҳо аз ӯ пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Мат. 24:1–3). Дар ҷавоб Исо ба онҳо оиди воқеаҳое нақл кард, ки на танҳо пеш аз харобшавии Ерусалим бояд рӯй медоданд, балки ҳамчунин аломати рӯзҳои охири тартиботи Шайтонро ташкил медоданд. Яке аз чизҳое, ки Исо номбар кард, эҳтимол диққати шогирдонро ба худ бештар ҷалб намуд. Исо чунин воқеаҳои ғамангезро ба мисли ҷангҳо, қаҳтиву гуруснагӣ ва афзудани беқонунӣ пешгӯӣ карда ҳамчунин оиди як чизи хубе сухан ронд, ки он ҳам бояд аломати рӯзҳои охир мебуд. Ӯ гуфт: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:7–14).
2 Шогирдони Исо аллакай хурсандона ҳамроҳи ӯ хушхабари Салтанатро мавъиза мекарданд (Луқ. 8:1; 9:1, 2). Ва эҳтимол онҳо суханони зерини ӯро дар хотир доштанд: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам; пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Луқ. 10:2). Лекин шояд онҳо фикр мекарданд: «Чӣ тавр мо “дар тамоми олам мавъиза” мекунем ва ба “ҳамаи халқҳо шаҳодат” медиҳем? Коргарон аз куҷо ёфт мешаванд?» Шогирдон ҳатто тасаввур карда наметавонистанд, ки бо кадом роҳ суханони Матто 24:14 дар оянда иҷро мегарданд!
3. Суханони Луқо 21:34 дар рӯзҳои мо чӣ тавр иҷро мешаванд ва мо бояд ба худ чӣ гуна саволҳо диҳем?
3 Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки он пешгӯии Исо иҷро шуда истодааст. Миллионҳо одамон хушхабари Салтанатро дар тамоми рӯи замин мавъиза мекунанд (Иш. 60:22). Лекин Исо қайд карда буд, ки дар рӯзҳои охир ба баъзеҳо диққаташонро ба кори мавъиза равона кардан душвор мегардад. Ӯ гуфт, ки корҳои дигар ҳуши онҳоро парешон мекунад ва дили онҳо сахт мегардад. (Луқо 21:34-ро бихонед.) Иҷрошавии ин суханони Исоро низ имрӯз дидан мумкин аст. Баъзе аз хизматгорони Худо диққаташонро ба дигар чизҳо равона карданд. Масалан, баъзеҳо ба кор, гирифтани маълумоти олӣ ва ба даст овардани чизҳои моддӣ дода шуданд. Дигарон ба варзишу вақтхушӣ вақти аз ҳад зиёд сарф мекунанд. Ва баъзеи дигар аз боиси фишор ва ташвишҳои ҳаёти ҳаррӯза хаставу бемадор мебошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Дар бораи ман чӣ гуфтан мумкин аст? Оё иҷро кардани иродаи Худо дар ҳаёти ман дар ҷои аввал меистад?»
4. а) Павлус дар ҳаққи масеҳиёни шаҳри Филиппӣ чӣ гуна дуо гуфт ва чаро? б) Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем ва бо кадом мақсад?
4 Масеҳиёни асри як бояд сахт мекӯшиданд, то чизҳои рӯҳонӣ ҳамеша дар ҷои аввали ҳаёташон бошанд. Барои ҳамин, Павлуси ҳавворӣ дар ҳаққи масеҳиёни шаҳри Филиппӣ дуо гуфт, то онҳо дарк намоянд, ки «чӣ беҳтар [«муҳимтар», ТДН] аст». (Филиппиён 1:9–11-ро бихонед.) Дар натиҷа аксари масеҳиён мисли Павлуси ҳавворӣ «ба андозаи бештар» ҷасорат пайдо карда «каломи Худоро нотарс мавъиза» менамуданд (Фил. 1:12–14). Ба ин монанд, имрӯз аксарияти мо Каломи Худоро далерона мавъиза мекунем. Бо вуҷуди ин, мулоҳиза оиди он ки имрӯз Яҳува тавассути ташкилоташ кадом корҳоро иҷро карда истодааст, моро бармеангезад, ки диққатамонро ба кори муҳимтарин — кори мавъиза равона созем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки Яҳува барои иҷрошавии пешгӯии Матто 24:14 чӣ кор карда истодааст. Диққати ташкилоти Яҳува ба чӣ равона шудааст ва донистани ин мо ва аъзоёни оилаамонро ба чӣ бармеангезад? Аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ ба мо кӯмак мекунад, то дар хизмати Худо устувор бошем ва бо ташкилоти Ӯ ҳамқадам бимонем.
ҚИСМИ ОСМОНИИ ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ДОИМО ДАР ҲАРАКАТ АСТ
5, 6. а) Чаро Яҳува оиди қисми осмонии ташкилоташ ба мо маълумот дод? б) Ҳизқиёл дар рӯъё чиро дид?
5 Чизҳои зиёде ҳастанд, ки онҳоро Яҳува дар Китоби Муқаддас ҷой надод. Масалан, Ӯ оиди фаъолияти мағзи сари инсон ё дар бораи коинот маълумоти муфассал надод, ҳарчанд донистани ин чизҳо бароямон хеле шавқовар мебуд. Ба ҷои ин, Яҳува ба мо маълумотеро фароҳам сохт, ки ба мо барои фаҳмидани иродаи Ӯ ва зиндагӣ кардан мувофиқи он лозим аст (2 Тим. 3:16, 17). Пас, то чӣ андоза ҷолиби диққат аст, ки Яҳува ба мо оиди қисми осмонии ташкилоти худ маълумот додааст. Вақте ки мо аз китобҳои Ишаъё, Ҳизқиёл, Дониёл ва Ваҳй оиди қисми осмонии ташкилоти Яҳува мехонем, ин моро ба ваҷд меорад (Иш. 6:1–4; Ҳиз. 1:4–14, 22–24; Дон. 7:9–14; Ваҳй 4:1–11). Инро ба он монанд кардан мумкин аст, ки гӯё Яҳува пардаро бардошта ба мо имконият дод, ки ба осмон як назар дӯзем. Чаро Ӯ ба мо ин маълумотро дод?
6 Яҳува мехоҳад, то мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки қисми ташкилоти оламгири Ӯ ҳастем. Қисми осмонии ташкилоти Яҳува барои иҷрои иродаи Ӯ фаъолона амал карда истодааст. Масалан, дар рӯъёе, ки Ҳизқиёл дид, қисми ноаёни ташкилоти Яҳува чун аробаи бузурги осмонӣ тасвир ёфта буд. Ин ароба метавонист бо суръати бениҳоят тез ҳаракат кунад ва самти худро дар як лаҳза тағйир диҳад (Ҳиз. 1:15–21). Ҳар боре, ки чархҳояш тоб мехӯрданд, ароба метавонист масофаи хеле калонро тай кунад. Дар рӯъё ӯ ҳамчунин Нишинандаи аробаро дид, ки онро идора мекард. Ҳизқиёл гуфт: «Чизе мисли барқ дурахшон дидам, ки доирае мисли намуди оташ гирдогирди он буд... ин — намуди сурати ҷалоли [Яҳува] буд» (Ҳиз. 1:25–28). То чӣ андоза ҳаяҷонбахш буд дидани ин рӯъё барои Ҳизқиёл! Ӯ дид, ки Яҳува ташкилоташро пурра идора карда, онро ба воситаи рӯҳулқудсаш ба самти лозима равона мекунад. То чӣ андоза ба таври олиҷаноб ин рӯъё нишон медиҳад, ки қисми осмонии ташкилоти Яҳува доимо дар ҳаракат аст!
7. Рӯъёе, ки Дониёл дид, моро ба чӣ эътимод мебахшад?
7 Рӯъёе, ки Дониёл дид, ҳамчунин ба мо боварӣ мебахшад. Дар рӯъё ӯ дид, ки Яҳува — «Атиқулайём» дар тахте, ки аз шарораҳои оташ медурахшид, нишаста буд. Он тахт дорои чарх буд (Дон. 7:9). Яҳува мехост, то Дониёл бубинад, ки ташкилоти Ӯ доимо дар ҳаракат аст, яъне иродаашро ба ҷо оварда истодааст. Сипас Дониёл касеро дид, ки «мисли Писари одам» буд. Ин шахс Исо буд ва ба ӯ қудрат дода шуд, то қисми заминии ташкилоти Яҳуваро назорат кунад. Ҳукмронии Масеҳ бар одамизод танҳо якчанд сол давом намекунад. Баръакс, салтанати ӯ «салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт» ва малакути ӯ нест нахоҳад шуд (Дон. 7:13, 14). Ин рӯъё моро бармеангезад, ки аз Яҳува ва корҳое, ки Ӯ карда истодааст, дилпур бошем. Яҳува ба Писари боваринок ва содиқи худ, Исо, «салтанат ва ҷалол ва малакут»-ро дод. Яҳува аз Писараш дилпур аст ва ин моро низ бармеангезад, ки ба ӯ чун ба Пешвои худ эътимод дошта бошем.
8. Рӯъёҳое, ки Ҳизқиёл ва Ишаъё диданд, ба онҳо чӣ гуна таъсир карданд ва чӣ тавр бояд ба мо таъсир намоянд?
8 Ин рӯъёҳо оиди қисми осмонии ташкилоти Яҳува ба мо бояд чӣ тавр таъсир кунанд? Монанди Ҳизқиёл, мо бешубҳа аз корҳое, ки Яҳува карда истодааст, ба ваҷду ҳаяҷон меоем (Ҳиз. 1:28). Мулоҳиза оиди ташкилоти Яҳува, чун дар мавриди Ишаъё, метавонад моро низ ба амал барангезад. Вақте ба Ишаъё имконият дода шуд, ки дар бораи корҳои Яҳува ба дигарон нақл кунад, ӯ бе дудилагӣ ин корро кард. (Ишаъё 6:5, 8-ро бихонед.) Ишаъё дилпур буд, ки бо дастгирии Яҳува ӯ метавонад ҳар гуна душвориро бомуваффақият паси сар кунад. Чун Ишаъё мо барангехта мешавем, ки дар хизмати Худо бештар иштирок карда ҳамин тавр ташкилоти Ӯро дастгирӣ намоем. То чӣ андоза рӯҳбаландкунанда аст донистани он ки мо қисми ташкилоте ҳастем, ки доим бо иҷрои иродаи Яҳува банд аст!
ҚИСМИ ЗАМИНИИ ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА
9, 10. Барои чӣ қисми заминии ташкилоти Яҳува лозим буд?
9 Тавассути Писараш, Яҳува дар замин ташкилоте барпо кард, ки он бо қисми осмонии ташкилоти Ӯ ҳамкорӣ мекунад. Бо кадом роҳҳо ин сохтор ба иҷрошавии пешгӯии Матто 24:14 мусоидат мекунад? Биёед инро дида мебароем.
10 Якум, Исо қайд карда буд, ки хушхабари Салтанатро шогирдонаш «то ақсои дунё» мавъиза мекунанд (Аъм. 1:8). Дуюм, сохторе лозим буд, ки шахсони дар ин кор иштирок мекардаро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кунад ва нисбаташон ғамхорӣ намояд (Юҳ. 21:15–17). Сеюм, чорабиниҳоеро ташкил кардан лозим буд, то онҳое, ки хушхабарро мавъиза мекунанд, якҷоя ҷамъ омада Яҳуваро ибодат кунанд ва мавъиза карданро таълим гиранд (Ибр. 10:24, 25). Ин корҳо худ ба худ иҷро намешуданд. Барои бомуваффақият пеш бурдани кори мавъиза пайравони Масеҳ бояд чун як ташкилот аз рӯи тартибу низоми муайян амал мекарданд.
11. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ мекунем?
11 Чӣ тавр мо ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем? Як роҳи муҳим ин аст, ки мо ҳамеша ба бародароне, ки кори мавъизаро роҳбарӣ мекунанд, боварӣ дошта бошем. Яҳува ва Исо ба онҳо боварӣ доранд, пас мо ҳам бояд чунин кунем. Ин бародарон метавонистанд вақту қуввати худро барои ҳал кардани проблемаҳои ин ҷаҳон сарф кунанд. Лекин онҳо бо ин машғул нестанд. Биёед дида бароем, ки диққати қисми заминии ташкилоти Яҳува пеш аз ҳама ба кадом кор равона аст.
ДИҚҚАТИ ОНҲО БА ЧИЗҲОИ МУҲИМТАР РАВОНА АСТ
12, 13. Чӣ тавр бародароне, ки кори мавъизаро роҳбарӣ мекунанд, масъулиятҳои худро ба ҷо меоранд ва чаро ин шуморо рӯҳбаланд месозад?
12 Дар саросари ҷаҳон ба пирони ботаҷриба масъулият дода шудааст, ки дар мамлакате, ки хизмат мекунанд, кори мавъизаро назорат кунанд ва ба пеш баранд. Ҳангоми қабул кардани қарорҳо ин бародарон ба Каломи Худо, ки барои пояшон чароғ ва барои роҳашон нур аст, такя мекунанд ва дар дуои самимӣ аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсанд (Заб. 118:105; Мат. 7:7, 8).
13 Мисли бародароне, ки дар асри як роҳбариро ба ӯҳда доштанд, имрӯз пироне, ки кори мавъизаро назорат мекунанд, «бо таълими каломи Худо» машғуланд (Аъм. 6:4). Пешравии кори мавъиза — чи дар мамлакати онҳо ва чи дар тамоми ҷаҳон — ба онҳо хурсандии зиёд меорад (Аъм. 21:19, 20). Онҳо барои халқи Худо қоидаву қонунҳои бешумор муқаррар намекунанд. Ба ҷои ин, ҳангоми андешидани чораҳое, ки барои пешравии кори мавъиза лозиманд, онҳо аз рӯи Навиштаҳо ва ҳидояти рӯҳулқудси Худо амал менамоянд. (Аъмол 15:28-ро бихонед.) Ҳамин тавр, ин бародарони масъул ба тамоми аъзоёни ҷамъомадҳои маҳаллӣ намунаи хуб нишон медиҳанд (Эфс. 4:11, 12).
14, 15. а) Барои дар саросари замин дастгирӣ кардани кори мавъиза кадом чораҳо андешида мешаванд? б) Шумо оиди дастгирӣ кардани кори мавъизаи Салтанат чӣ ҳис мекунед?
14 Барои тайёр кардани ғизои рӯҳоние, ки мо тавассути адабиётҳо, вохӯриҳо ва анҷуманҳо мегирем, пайваста корҳое ба ҷо оварда мешаванд, ки аз чашми бисёриҳо пӯшидаанд. Масалан, ҳазорон ихтиёриён боғайратона меҳнат карда ин ғизои рӯҳониро ба зиёда аз 600 забон тарҷума мекунанд, то шумораи ҳар чи бештари одамон оиди корҳои бузурги Худо ба забони модарии худ дониш гиранд (Аъм. 2:7–11). Барои чоп кардани адабиётҳои мо бародарону хоҳарони ҷавон бо дастгоҳҳои баландсуръати чопӣ ва муқовабандӣ кор мекунанд. Сипас ин адабиётҳо ба ҷамъомадҳо, ҳатто ба маҳалҳои дурдасти рӯи замин, фиристода мешаванд.
15 Дар ҷамъомадҳои маҳаллӣ низ як қатор чораҳо андешида мешаванд, то ки диққати мо ба кори мавъиза равона бошад. Масалан, ҳазорҳо нафар ихтиёриён дар сохтмони Толорҳои Салтанат ва Толорҳои Анҷуманҳо ёрӣ медиҳанд. Дигарон, ба зарардидагони офатҳои табиӣ кӯмак мекунанд ё ёрии тиббии таъҷилӣ мерасонанд. Баъзеҳо дар ташкил кардани анҷуманҳо иштирок мекунанд ва дигарон дар мактабҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта таълим медиҳанд. Ҳамаи ин корҳо бо кадом мақсад ба анҷом расонида мешаванд? — Баҳри пешравии кори мавъиза, рушди рӯҳонии воизон ва ривоҷу равнақ ёфтани ибодати ҳақиқӣ. Оё гуфтан мумкин аст, ки қисми заминии ташкилоти Яҳува диққаташро ба чизҳои муҳимтар равона мекунад? Албатта!
БА НАМУНАИ ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД
16. Шумо дар ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ кадом мавзӯъро чуқуртар дида баромада метавонед?
16 Оё шумо баъзан вақт ҷудо карда дар бораи фаъолияти ташкилоти Яҳува фикру мулоҳиза меронед? Баъзеҳо дар шоми ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсиашон вақт ҷудо карда ин мавзӯъро тадқиқ мекунанд ва дар бораи чизҳои фаҳмидаашон мулоҳиза меронанд. Дида баромадани рӯъёҳои Ишаъё, Ҳизқиёл, Дониёл ва Юҳанно омӯзишро хеле ҷолибу шавқовар мегардонад. Аз китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» ва дигар адабиётҳо ё DVD-филмҳое, ки ба забони бароятон фаҳмо дастрасанд, шумо оиди ташкилоти Худо чизҳои аҷоибро фаҳмида метавонед.
17, 18. а) Муҳокимаи ин мақола ба шумо чӣ манфиат овард? б) Оиди кадом саволҳо мо бояд андеша кунем?
17 Мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр Яҳува барои дастгирӣ кардани кори мавъиза ташкилоташро истифода бурда истодааст, барои мо манфиатбахш аст. Биёед ҳамроҳи ин ташкилоти беҳамто минбаъд низ чизҳои аз ҳама муҳимро дар ҷои аввали ҳаётамон гузорем. Ба туфайли ин мо мисли Павлуси ҳавворӣ бо иродаи қавӣ чунин гуфта метавонем: «Мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем» (2 Қӯр. 4:1). Павлус ҳамчунин ҳамимононашро ташвиқ карда мегуфт: «Некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем» (Ғал. 6:9).
18 Шояд ба мо лозим аст, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи худ ё оилаамон дигаргунӣ дарорем, то чизҳои аз ҳама муҳимро дар ҷои аввал гузорем. Оё мо ба ин тайёрем? Оё мо метавонем ҳаётамонро оддитар гардонем ё чизҳоеро, ки ҳушамонро парешон месозанд, камтар кунем, то диққати бештарро ба кори аз ҳама муҳим — кори мавъиза равона созем? Дар мақолаи навбатӣ мо панҷ чизеро дида мебароем, ки ба мо барои ҳамқадами ташкилоти Яҳува мондан кӯмак мекунанд.