Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам

Ғизо додани одамони бисёр ба воситаи одамони кам

«Нонро пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд» (МАТ. 14:19).

1–3. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Исо мардуми бисёрро дар мавзеи Байт-Сайдо сер кард. (Ба расми аввали мақола нигаред.)

 ҲОЛАТИ зеринро тасаввур кунед. (Матто 14:14–21-ро бихонед.) Соли 32-юми эраи мо. Исо ва шогирдонаш дар қишлоқи дурдасти Байт-Сайдо, ки дар соҳили шимолии баҳри Ҷалил ҷойгир аст, мебошанд. Ва қариб 5 000 мардон ва инчунин занону кӯдакони бисёре аз паи Исо ва шогирдонаш мераванд.

2 Исо ба мардум нигоҳ карда, раҳмаш меояд ва беморонро шифо медиҳад ва дар бораи Салтанати Худо ба онҳо бисёр чизҳоро таълим медиҳад. Вақте ки рӯз бевақт мешавад, шогирдон ба Исо мегӯянд, ки мардумро ҷавоб диҳад, то ки онҳо ба қишлоқҳои наздик рафта барои худ каме хӯрок бихаранд. Вале Исо ба шогирдонаш мегӯяд: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Аз ин суханон сари шогирдон гаранг мешавад, чунки хӯрокае, ки онҳо бо худ доранд, аз панҷ нону ду моҳӣ иборат асту халос.

3 Аз дилсӯзӣ Исо мӯъҷизае ба амал меорад. Он ягона мӯъҷизаест, ки дар ҳар чор Инҷил дар борааш навишта шудааст (Марқ. 6:35–44; Луқ. 9:10–17; Юҳ. 6:1–13). Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки мардумро даста-даста 50-нафарӣ ва 100-нафарӣ ба рӯи сабза шинонанд. Баъди дуо гуфтан, ӯ ба шикастани нон ва тақсим кардани моҳӣ сар мекунад. Сипас, ба ҷои он ки ғизоро худаш ба мардум диҳад, Исо онро «ба шогирдон дод, ва шогирдон ба мардум доданд». Ба туфайли ин мӯъҷиза, ҳама хӯрда сер мешаванд ва ҳатто ғизо боқӣ мемонад. Танҳо тасаввур кунед! Исо ҳазорон одамонро ба воситаи одамони кам, яъне шогирдонаш сер мекунад *.

4. а) Исо бештар оиди бо чӣ гуна ғизо таъмин кардани пайравонаш ғам мехӯрд ва чаро? б) Дар мақолаи омӯзишии мазкур ва навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

4 Исо боз ҳам бештар оиди бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани пайравонаш ғам мехӯрд. Ӯ медонист, ки қабул кардани ғизои рӯҳонӣ, яъне ҳақиқатҳои Каломи Худо касро ба ҳаёти ҷовидонӣ мебарад (Юҳ. 6:26, 27; 17:3). Чӣ тавре ки Исо аз дилсӯзӣ анбӯҳи мардумро бо нону моҳӣ сер кард, ҳамон тавр бо дилсӯзӣ ӯ соатҳои дароз пайравонашро шахсан таълим медод (Марқ. 6:34). Аммо вай медонист, ки вақти дар замин буданаш кӯтоҳ аст ва ӯ бояд ба осмон баргардад (Мат. 16:21; Юҳ. 14:12). Чӣ тавр Исо аз осмон низ истода, пайравонашро бо ғизои фаровони рӯҳонӣ таъмин мекунад? Ӯ мисли пештара амал намуд, яъне одамони бисёрро ба воситаи одамони кам ғизо медод. Лекин он одамони кам киҳо буданд? Биёед, ҳоло бубинем, ки чӣ тавр Исо одамони камро истифода бурда, бисёр пайравони тадҳиншудаашро дар асри як ғизо медод. Ва дар мақолаи навбатӣ бошад, ин саволи муҳимро муҳокима хоҳем кард: Чӣ тавр мо фаҳмида метавонем, ки имрӯз ба воситаи кадом одамони кам Исо моро ғизо медиҳад?

Ҳазорон кас ба воситаи одамони кам ғизо гирифтанд (Ба сархати 4 нигаред)

ИСО ОДАМОНИ КАМРО ИНТИХОБ МЕКУНАД

5, 6. а) Барои он ки баъди марги Исо пайравонаш бо ғизои фаровони рӯҳонӣ таъмин бошанд, ӯ кадом қарори муҳимро қабул кард? б) Чӣ тавр Исо ҳаввориёнашро тайёр кард, то онҳо баъди марги ӯ вазифаи муҳимеро иҷро кунанд?

5 Одатан сарвари бомасъулияти оила чораҳои лозима меандешад, то баъди марги ӯ аҳли оилааш таъмин бошанд. Ба ин монанд, Исо, ки сарвари ҷамъомади масеҳӣ гашт, чораҳо андешид, то дилпур бошад, ки пайравонаш баъди марги ӯ бо ғизои рӯҳонӣ таъмин бошанд (Эфс. 1:22). Масалан, тахминан ду сол пеш аз маргаш, Исо қарори муҳиме қабул кард. Ӯ аввалин аъзоёни одамони камро, ки баъдтар тавассуташон одамони бисёрро ғизо медод, интихоб кард. Биёед бубинем, ки чӣ тавр?

6 Баъди он ки Исо тамоми шаб дуо гуфт, ӯ шогирдонашро ҷамъ кард ва аз байни онҳо 12 ҳаввориёнро интихоб намуд (Луқ. 6:12–16). Дар давоми ду соли навбатӣ, ӯ ба он 12 нафар бахусус наздик буд ва онҳоро ҳам бо суханонаш ва ҳам бо намунааш таълим медод. Ӯ медонист, ки онҳо бояд бисёр чизро ёд гиранд, барои ҳамин дар Навиштаҳо онҳо минбаъд низ «шогирд» номида шудаанд (Мат. 11:1; 20:17). Ӯ ба онҳо маслиҳатҳои шахсии пурарзиш медод ва дар хизмат онҳоро таълим медод (Мат. 10:1–42; 20:20–23; Луқ. 8:1; 9:52–55). Исо аз афташ онҳоро тайёр мекард, то ки баъди марг ва ба осмон рафтани ӯ, онҳо вазифаи муҳимеро иҷро кунанд.

7. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки масъулияти аввалиндараҷаи ҳаввориён кадом аст?

7 Вазифаи ҳаввориён аз чӣ иборат буд? Вақте ки Пантикости соли 33-юми эраи мо наздик мешуд, равшан гашт, ки ҳаввориён «масъулияти нозирӣ»-ро ба ӯҳда мегиранд (Аъм. 1:20, ТДН). Лекин онҳо чун нозир пеш аз ҳама бояд дар бораи чӣ ғамхорӣ мекарданд? Исо баъди эҳё шуданаш бо Петрус сӯҳбат карда инро ошкор кард (Юҳ. 21:1, 2, 15–17). Дар ҳузури баъзеи дигар ҳаввориён, Исо ба Петрус гуфт: «Барраҳои Маро бичарон [«хӯрок бидеҳ», ТФ]». Бо ин Исо нишон дод, ки ҳаввориёни ӯ аз қабили он одамони каме хоҳанд буд, ки ӯ барои бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани одамони бисёр истифода хоҳад бурд. Аз ин мо мебинем, ки то чӣ андоза Исо нисбати «барраҳо»-яш муҳаббат дорад *.

ҒИЗО ДОДАНИ ОДАМОНИ БИСЁР АЗ АЙЁМИ ПАНТИКОСТ ВА БАЪДИ ОН

8. Чӣ тавр дар иди Пантикости 33-и эраи мо шахсони нав имоноварда нишон доданд, ки онҳо воситаеро, ки Исо истифода мебарад, эътироф мекунанд?

8 Аз Пантикости соли 33 эраи мо сар карда, Исои эҳёшуда ҳаввориёнашро чун восита истифода бурда, бақияи шогирдони тадҳиншудаашро ғизо медод. (Аъмол 2:41, 42-ро бихонед.) Яҳудиён ва ғайрияҳудиёне, ки дар он рӯз масеҳиёни тадҳиншуда гаштанд, хуб дарк менамуданд, ки Исо айнан аз ин восита истифода мебарад. Бедудилагӣ онҳо «бо шунидани таълими ҳаввориён... машғул буданд». Аз рӯи суханони як олим феъли юноние, ки дар ин ҷо «машғул буданд» тарҷума шудааст, маънои содиқона ва устуворона бо роҳи муайян рафтанро дорад. Ин навимоновардагон ба хӯроки рӯҳонӣ мӯҳтоҷ буданд ва аниқ медонистанд, ки онро аз куҷо гиранд. Онҳо бедудилагӣ ба ҳаввориён муроҷиат мекарданд, то онҳо маънои суханон ва корҳои Исоро фаҳмонанд ва ба мазмуни оятҳое, ки дар бораи ӯ гуфта шудааст, равшанӣ андозанд * (Аъм. 2:22–36).

9. Ҳаввориён чӣ тавр нишон доданд, ки бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани гӯсфандони Исо барояшон кори асосӣ буд?

9 Кори асосӣ барои ҳаввориён ин бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани гӯсфандони Исо буд. Масалан аҳамият диҳед, ки чӣ тавр онҳо масъалаи нозукеро ҳал карданд. Ин масъала оиди ғизои ҷисмонӣ буд ва дар ҷамъомади навташкилёфта ягонагиро вайрон карда метавонист. Дар вақти тақсими ғизои ҳаррӯза ба бевазанони яҳудӣ хӯрок дода мешуд, вале бевазанони юнонӣ бебаҳра мемонданд. Чӣ тавр ҳаввориён ин масъалаи нозукро ҳал карданд? «Дувоздаҳ» ҳаввориён аз байни бародарон ҳафт шахси қобилиятнокро ба «ин намуди хизмат», яъне тақсим кардани хӯрок таъин намуданд. Вақте ки Исо ба таври мӯъҷиза мардуми бисёрро сер кард, аксарияти ҳаввориён дар тақсим кардани хӯрок иштирок карда буданд. Лекин акнун онҳо мефаҳмиданд, ки кори муҳимтар барояшон ин бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани гӯсфандони Исо мебошад. Барои ҳамин, онҳо пурра «бо таълими каломи Худо машғул» мешуданд (Аъм. 6:1–6).

10. Исо ҳаввориён ва пирони Ерусалимро барои кадом кор истифода мебурд?

10 То соли 49-уми эраи мо ба ҳаввориёне, ки дар он вақт зинда буданд, дигар пирони ботаҷриба низ ҳамроҳ шуданд ва онҳо якҷоя чун як гурӯҳ амал мекарданд. (Аъмол 15:1, 2-ро бихонед.) Ҳаввориён ва пирони Ерусалим чун ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекарданд. Исо чун Сарвари ҷамъомад ин гурӯҳи хурди мардони ботаҷрибаро истифода мебурд. Онҳо саволҳои бо таълимоти Китоби Муқаддас алоқамандро ҳал мекарданд ва бар мавъиза кардану таълим додани хушхабари Салтанат роҳбарӣ мекарданд (Аъм. 15:6–29; 21:17–19; Қӯл. 1:18).

11, 12. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува воситаеро, ки Писараш барои ғизо додани ҷамъомади асри як истифода мебурд, баракат медод? б) Аз рӯи чӣ одамон аниқ фаҳмида метавонистанд, ки Масеҳ киро барои ғизо додани гӯсфандонаш истифода мебарад?

11 Оё Яҳува воситаеро, ки Писараш барои ғизо додани ҷамъомади асри як истифода мебурд, баракат медод? Албатта! Мо инро аз куҷо медонем? Китоби Аъмол инро мефаҳмонад: «Онҳо [Павлуси ҳавворӣ ва ҳамроҳонаш] дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд. [Ҷамъомадҳо] дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд» (Аъм. 16:4, 5). Аҳамият диҳед, ки он ҷамъомадҳо дар натиҷаи бо ҳайати роҳбарикунанда содиқона ҳамкорӣ карданашон пешравӣ мекарданд ва меафзуданд. Ин бешубҳа далели он аст, ки Яҳува воситаеро, ки Писараш барои ғизо додани ҷамъомадҳо истифода мебурд, баракат медод. Биёед дар ёд дорем, ки пешрафти рӯҳонӣ танҳо ба туфайли баракати фаровони Яҳува имконпазир аст (Мас. 10:22; 1 Қӯр. 3:6, 7).

12 Ҳамин тавр мо мебинем, ки Исо ҳангоми ғизо додани шогирдонаш мисли пештара рафтор мекард: ӯ одамони бисёрро ба воситаи одамони кам ғизо медод. Он воситае, ки ӯ барои додани ғизои рӯҳонӣ истифода мебурд, аниқ маълум буд. Охир, ҳаввориён, ки аввалин намояндагони ҳайати роҳбарикунанда буданд, метавонистанд ба таври ба чашм аён нишон диҳанд, ки Худо онҳоро дастгирӣ мекунад. Масалан, дар Аъмол 5:12 гуфта мешавад: «Ҳаввориён аломоту мӯъҷизоти зиёде дар миёни қавм ба амал меоварданд» *. Аз ин рӯ, барои шахсони масеҳигашта чунин савол пайдо намешуд: «Масеҳ ба воситаи кӣ гӯсфандонашро ғизо медиҳад?» Аммо дар охири асри як вазъият тағйир ёфт.

Дар асри як аниқ буд, ки Исо киҳоро барои ғизо додани ҷамъомад истифода мебарад (Ба сархати 12 нигаред)

ЗАМОНИ БИСЁР БУДАНИ МАСТАКҲО ВА КАМ БУДАНИ ГАНДУМ

13, 14. а) Исо дар бораи кадом ҳамла огоҳ карда буд ва кай суханони ӯ ба иҷрошавӣ сар карданд? б) Он ҳамла аз кадом ду ҷониб сар зад? (Ба эзоҳ нигаред.)

13 Исо пешгӯӣ карда буд, ки ҷамъомади масеҳӣ зери ҳамла қарор мегирад. Ба ёд оред, ки дар масал оиди гандум ва мастакҳо, Исо огоҳ карда буд, ки дар киштзоре, ки гандум (масеҳиёни тадҳиншуда) кошта шудааст, тухми мастак (масеҳиёни бардурӯғ) кошта мешавад. Ӯ гуфт, ки ин ҳар ду якҷоя нумӯ хоҳанд кард. Ин давраи «нумӯ» бояд то мавсими дарав, ки дар «охирзамон» меомад, давом мекард (Мат. 13:24–30, 36–43). Дере нагузашта пешгӯии Исо оиди ҳамла, ба иҷрошавӣ сар кард *.

14 Дар асри як баъзе масеҳиён осӣ шуданд, вале ҳаввориёни содиқи Исо ба нопок шудани ҷамъомад ва таъсироти таълимотҳои дурӯғ «монеъ» мешуданд (2 Тас. 2:3, 6, 7). Вале бо баробари вафот кардани ҳаввории охирин, осият реша давонд ва дар тӯли тамоми давраи «нумӯ», ки асрҳои зиёд давом кард, васеъ паҳн шуд. Илова бар ин, дар давоми он давра, мастакҳо зиёд шуданд, вале гандум бошад, кам буд. Барои мунтазам бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардан ягон воситаи аниқе вуҷуд надошт. Вале ин ҳолат бояд тағйир меёфт. Кай?

МАВСИМИ ДАРАВ — КӢ БО ҒИЗО ТАЪМИН ХОҲАД КАРД?

15, 16. Боғайратона Навиштаҳоро омӯхтани Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ натиҷаҳо овард ва кадом савол ба миён меояд?

15 Вақте ки давраи «нумӯ» ба охир мерасид, шумораи ҳарчи бештари одамон ба ҳақиқати Китоби Муқаддас рағбат зоҳир мекарданд. Ба хотир оред, ки аз соли 1870 сар карда, гурӯҳи хурди шахсони самимӣ, ки ҳақиқатро меҷустанд, алоҳида аз масеҳиёни бардурӯғи калисоҳо ва сектаҳои ҷаҳони масеҳият, ҷамъ шуда Китоби Муқаддасро меомӯхтанд. Номи онҳо Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас буд. Онҳо фурӯтанона ва беғаразона оятҳои Китоби Муқаддасро бодиққат ва бо дуо тадқиқ мекарданд (Мат. 11:25).

16 Чунин омӯзиши боғайратонаи Китоби Муқаддас аз ҷониби Тадқиқотчиён натиҷаҳои хеле хуб овард. Ин мардону занони содиқ таълимотҳои дурӯғро фош мекарданд ва адабиётҳои дар асоси Китоби Муқаддас чопшударо дар ҳама ҷо ба одамон тақсим карда, ҳақиқатро дар бораи Худо паҳн менамуданд. Мавъизаи онҳо ба ақлу дили касоне, ки ташна ва гуруснаи ҳақиқат буданд, таъсир мерасонд. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд: «Оё то соли 1914 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ҳамон воситаи аниқ ҳисоб меёфтанд, ки Исо барои додани ғизои рӯҳонӣ ба гӯсфандонаш истифода мебурд?» Не. Чунки давраи нумӯ ҳоло тамом нашуда буд ва он воситае, ки бояд бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекард, ҳоло тайёр набуд. Ҳанӯз вақти он нарасида буд, ки масеҳиёни бардурӯғи мастакмонанд аз синфи гандум ҷудо карда шаванд.

17. Аз соли 1914 сар карда кадом воқеаҳои муҳим рӯй доданд?

17 Чӣ хеле ки дар мақолаи гузашта фаҳмидем, мавсими дарав соли 1914 сар шуд. Аз ҳамин сол сар карда, як қатор воқеаҳои муҳим рӯй доданд. Исо чун Подшоҳ таъин шуд ва рӯзҳои охир сар шуданд (Ваҳй 11:15). Аз соли 1914 то аввали соли 1919 Исо ҳамроҳи Падараш кори тафтишкунӣ ва тозакунии маъбади рӯҳониро анҷом дод * (Мал. 3:1–4). Ва аз соли 1919 сар карда, вақти ҷамъоварии гандум оғоз ёфт. Оё вақти он расида буд, ки Масеҳ барои додани ғизои рӯҳонӣ воситаи аниқеро таъин намояд? Бале, он вақт расида буд!

18. Исо оиди таъин кардани кадом восита пешгӯӣ карда буд ва дар оғози охирзамон кадом саволи муҳим ба миён омад?

18 Дар пешгӯии худ оиди охирзамон, Исо пешгӯӣ кард, ки ӯ воситаеро таъин мекунад, то он ба пайравони ӯ «дар сари вақт» хӯроки рӯҳонӣ бидиҳад (Мат. 24:45–47). Исо кадом воситаро дар назар дошт? Мувофиқи намунаи дар асри як гузоштааш, Исо боз одамони бисёрро ба воситаи одамони кам ғизо доданӣ буд. Вале дар айёми оғозёбии рӯзҳои охир саволи муҳиме ба миён омад: «Он одамони кам киҳо хоҳанд буд?» Ба ин савол ва саволҳои дигари бо пешгӯии Исо алоқаманд, мо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб хоҳем ёфт.

 

^ сарх. 3 Сархати 3: Баъдтар, вақте ки Исо ба таври мӯъҷиза 4 000 мард ва ҳамчунин занону кӯдаконро сер кард, ӯ боз хӯрокро «ба шогирдонаш дод ва шогирдон ба мардум доданд» (Мат. 15:32–38).

^ сарх. 7 Сархати 7: Дар вақти зинда будани Петрус, ҳамаи «барраҳо»-е, ки бояд ғизо дода мешуданд, умеди осмонӣ доштанд.

^ сарх. 8 Сархати 8: Он ки шахсони навимоноварда «бо шунидани таълими ҳаввориён... машғул буданд», мефаҳмонад, ки ҳаввориён мунтазам таълим медоданд. Баъзе таълимоти ҳаввориён ба таври ҳамешагӣ дар китобҳои зери илҳоми илоҳӣ навишташуда акс ёфтаанд ва ҳоло қисми Навиштаҳои Юнонӣ мебошанд.

^ сарх. 12 Сархати 12: Ғайр аз ҳаввориён шахсони дигар низ ба таври мӯъҷиза атои рӯҳулқудсро мегирифтанд. Вале аз афташ аксар вақт атоҳои мӯъҷизакунӣ ба дигарон ба воситаи ҳаввориён ё дар ҳузури онҳо дода мешуд (Аъм. 8:14–18; 10:44, 45).

^ сарх. 13 Сархати 13: Суханони дар Аъмол 20:29,30 гуфтаи Павлус нишон медиҳанд, ки ҷамъомад аз ду ҷониб зери ҳамла қарор гирифт. Якум, масеҳиёни бардурӯғ («мастакҳо») «ба миёни» масеҳиёни ҳақиқӣ даромаданд. Дуюм, «аз миёни» масеҳиёни ҳақиқӣ баъзе осӣ гаштанд ва суханони каҷ мегуфтанд.

^ сарх. 17 Сархати 17: Ба мақолаи «Инак, ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам», ки дар ин маҷалла, саҳ. 11, сарх. 6 ҷой дорад, нигаред.