«Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред»
«[Исо нонро] баракат дода, пора кард ва гуфт: “...Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”» (1 ҚӮР. 11:24).
1, 2. Пеш аз охирон бор ба Ерусалим рафтани Исо, ҳаввориён эҳтимол дар сари худ чӣ фикрҳо доштанд?
«БО ПАРОКАНДА шудани абрҳо дар осмон моҳи нав намудор шуд. Дидбони Ерусалим шаби якуми баромадани ин моҳи ҳилолро албатта дидааст ва ҳамин ки шӯрои коҳинону китобдонон аз ин хабардор карда шуданд, онҳо сар шудани моҳи нав, моҳи нисонро эълон карданд. Ба воситаи гулханҳои хабардиҳанда ва ё қосидон ин эълон тез паҳн шуда, ҳатто то ин ҷо расид. Исо мехоҳад ба Ерусалим равад, то ки пеш аз Фисҳ ба он ҷо расад».
2 Эҳтимол чунин фикрҳо ба сари баъзе ҳаввориён меомаданд, ки пеш аз охирин бор ба Ерусалим сафар кардани Исо ҳамроҳаш дар Перея (дар тарафи дигари Ӯрдун) буданд (Мат. 19:1; 20:17, 29; Марқ. 10:1, 32, 46). Вақте ки рӯзи якуми моҳи нисон муайян карда мешуд, пас аз сенздаҳ рӯз, дар 14-уми нисон баъди ғуруби офтоб иди Фисҳ фаро мерасид.
3. Чаро масеҳиён санаи ҷашн гирифта шудани Фисҳро донистан мехоҳанд?
3 Санаи Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки бо санаи иди Фисҳ мувофиқат мекунад, соли 2014 ба 14-уми апрел рост меояд ва ин маросим пас аз нишастани офтоб баргузор мегардад. Он барои масеҳиёни ҳақиқӣ ва ҳамчунин барои шахсони шавқманд рӯзи махсус хоҳад буд. Чаро? Чунки дар 1 Қӯринтиён 11:23–25 чунин навишта шудааст: «Исо... дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт ва баракат дода, пора кард ва гуфт: “Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”. Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: “Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”».
4. a) Оиди Ёдбуд кадом саволҳо ба миён омада метавонанд? б) Санаи Шоми ёдбуд ҳар сол чӣ тавр муайян карда мешавад? (Ба чорчӯбаи « Шоми ёдбуд дар соли 2014» нигаред.)
4 Бешубҳа шумо дар маросиме, ки Исо ҳар сол ҷашн гирифтанашро ба шогирдонаш фармуда буд, ҳузур хоҳед дошт. Пеш аз фаро расидани он бошад, шумо аз худ пурсида метавонед: «Чӣ тавр ман бояд ба Шоми ёдбуд тайёр шавам? Кадом рамзҳои махсус истифода бурда мешаванд? Он маросим чӣ тавр сурат мегирад? Маросиму размҳо барои ман чӣ маъно доранд?»
РАМЗҲО
5. Исо барои бо ҳаввориён охирин бор ҷашн гирифтани Фисҳ чӣ гуна тайёрӣ дид?
5 Вақте Исо ба ҳаввориёнаш гуфт, ки барои таоми Фисҳ хонаеро тайёр кунанд, ӯ зебу оро додани онро дар назар надошт, баръакс ӯ аз афташ мехост, ки хона оддӣ, тоза ва ба қадри лозима калон бошад, то ҳамаи шогирдонашро ҷойгир карда тавонад. (Марқӯс 14:12–16-ро бихонед.) Онҳо бояд чизҳои муайянеро барои таом омода месохтанд, аз он ҷумла нони бехамиртуруш ва шароби сурхро. Пас аз хӯрдани таоми Фисҳ Исо диққати шогирдонашро ба ду рамз равона кард.
6. a) Баъд аз таоми Фисҳ Исо нонро гирифта чӣ кор кард? б) Дар Шоми ёдбуд чӣ гуна нон истифода бурда мешавад?
6 Маттои ҳавворӣ, ки дар он шом ҳузур дошт, баъдтар навишт: «Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: “Бигиред ва бихӯред”» (Мат. 26:26). Нони ба шогирдон додаи Исо, монанди фатире, ки дар Фисҳ истифода мешуд, хамиртуруш надошт (Хур. 12:8; Такр. Ш. 16:3). Хамири нонро аз орди гандумӣ ва об, бе ягон хел хамиртуруш ва хуштаъмкунандаҳо, ба мисли намак, тайёр карда буданд, аз ин сабаб он хамир расида баланд намешуд. Он нон ҳамвору хушк буд ва ба осонӣ шикаста мешуд. Имрӯзҳо, пеш аз Шоми ёдбуд, пирони ҷамъомад метавонанд аз ягон воиз хоҳиш кунанд, ки аз орди гандумӣ ва об хамир карда, болои тобаи каме равғандошта чунин нонҳо пазад. (Дар ҷойҳое, ки орди гандумӣ дастрас нест, орди аз биринҷ, ҷав, ҷуворимакка ва дигар намуди ғалладона тайёркардашударо истифода бурдан мумкин аст.)
7. Исо дар маросими муқарраркардааш чӣ гуна шаробро истифода бурд ва имрӯз кадом навъи шаробро барои Шоми ёдбуд омода намудан ҷоиз аст?
7 Матто давом медиҳад: «[Исо] косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед» (Мат. 26:27, 28). Косае, ки дар дасти Исо буд, шароби сурх дошт. (Он шароб афшураи ангур набуд, чунки ҳосили ангурро кайҳо ғундошта буданд.) Ҳарчанд шароб қисми таоми Фисҳи аввалин набуд, Исо нӯшидани онро манъ накард. Ӯ ҳатто як қадари онро дар маросими муқаррарнамудааш истифода бурд. Барои ҳамин имрӯз низ дар маросими Шоми ёдбуд шароб истифода бурда мешавад. Азбаски барои пурарзиштар кардани хуни Исо дар чизе ҳоҷат нест, ба шароби дар Ёдбуд истифодашаванда ҳам чизеро илова намекунанд. Шароби сурхи тозаи хонагӣ ё ин ки фурӯширо, аз қабили бургунди, божоле ё каберне, истифода бурдан лозим аст.
МАЪНОИ РАМЗҲО
8. Чаро масеҳиён ба маънои рамзҳо диққати махсус зоҳир менамоянд?
8 Павлуси ҳавворӣ фаҳмонд, ки на танҳо ҳаввориён, балки дигар масеҳиён низ бояд Шоми ёдбудро қайд намоянд. Ӯ ба аъзоёни ҷамъомади шаҳри Қӯринт чунин навишт: «Ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исо... нонро гирифт ва баракат дода, пора кард ва гуфт: “Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред”» (1 Қӯр. 11:23, 24). Ба монанди ин, то ба имрӯз масеҳиён он маросими махсусро ҳар сол мегузаронанд ва диққатро ба чӣ маъно доштани нону шароб равона месозанд.
9. Баъзеҳо оиди ноне, ки Исо истифода бурд, чӣ гуна ақида доранд ва чаро он нодуруст аст?
9 Баъзе аъзоёни калисо ба он ишора мекунанд, ки Исо ба маънои аслӣ нон «бадани Ман аст» гуфт ва барои ҳамин боварӣ доранд, ки нон ба таври мӯъҷизавӣ ба бадани аслии ӯ мубаддал мегардад. Вале ин ба далелҳо мувофиқат намекунад *. Ҳаввориёни вафодори Исо ҳангоми маросим ҳам бадани вай ва ҳам нонро, ки аз он бояд мечашиданд, дида метавонистанд. Фаҳмост, ки Исо рамзан гап зада буд, чӣ тавре ки борҳо дар мавридҳои дигар мекард (Юҳ. 2:19–21; 4:13, 14; 10:7; 15:1).
10. Ноне, ки ҳангоми Шоми ёдбуд истифода мешавад, рамзи чист?
10 Ноне, ки ҳаввориён дида буданд ва баъд чашиданд, маънои бадани Исоро дошт. Лекин бадани Исо гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст? Азбаски Исо нонро шикаст, вале ягон устухони ӯ шикаста нашуда буд, пеш ходимони Худо фикр мекарданд, ки нон ин ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда мебошад, ки дар Китоби Муқаддас «бадани Масеҳ» номида шудааст (Эфс. 4:12; Рум. 12:4, 5; 1 Қӯр. 10:16, 17; 12:27). Аммо баъд аз тадқиқоти чуқуртар аён шуд, ки нон ба ҷисми Исо, ба бадани инсоние, ки Яҳува барояш муҳайё намуда буд, ишора мекунад. Исо «ба ҳасби ҷисм» уқубат кашид ва ҳатто мехкӯб карда шуд. Ҳамин тавр, нони таоми Шом рамзи бадани Исо буд, ки дар он «гуноҳҳои моро... бардошт» (1 Пет. 2:21–24; 4:1; Юҳ. 19:33–36; Ибр. 10:5–7).
11, 12. a) Исо оиди шароб чӣ гфт? б) Шаробе, ки ҳангоми таоми Шом истифода шуд, маънои чиро дошт?
11 Рамзи чӣ будани нонро дониста, мо инчунин маънои суханони оиди шароб гуфтаи Исоро фаҳмида метавонем, ки чунин навишта шудаанд: «Ҳамчунин пас аз шом пиёларо ба даст гирифт ва фармуд: “Ин пиёла нишони паймони тозае аст миёни Худо ва шумо, ки бо хуни ман баста шудааст. Ҳар гоҳ аз он менӯшед, ба ёди ман бошед”» (1 Қӯр. 11:25, ТТФ). Дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, аз он ҷумла дар тоҷикӣ суханони Исо ба таври зайл оварда шудаанд: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман» (курсив аз мо). Оё худи коса паймон ё аҳди нав буд? Не. Калимаи «коса» ба он чизе ки дар дохилаш буд, ишора мекард, яъне ба шароб. Мувофиқи гуфтаи Исо шароб маънои чиро дошт? Маънои хуни рехташудаи ӯро.
12 Дар Инҷили Марқӯс суханони зерини Исо навишта шудаанд: «Ин аст [«маънои», ТДН] Хуни ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёриҳо рехта мешавад» (Марқ. 14:24). Бале, хуни Исо «барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад» (Мат. 26:28). Ҳамин тавр, шароби сурх рамзи мувофиқи хуни Исо аст. Ба воситаи хуни ӯ мо метавонем «фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро» пайдо кунем. (Эфсӯсиён 1:7-ро бихонед.)
ҲАР СОЛ ЁДОВАРӢ КАРДАНИ МАРГИ МАСЕҲ
13. Фаҳмонед, ки ҷашни ҳарсолаи Ёдбуди марги Масеҳ чӣ гуна баргузор мегардад?
13 Агар шумо бори аввал бо Шоҳидони Яҳува ба Шоми ёдбуд омаданӣ бошед, чиро мушоҳида карда метавонед? Ин маросим одатан дар бинои хушнамо ва бароҳату тозае, ки ҳамаи ташрифовардагонро ҷойгир карда метавонад, баргузор мегардад. Толор шояд каме бо гулҳо оро дода мешавад, лекин ороишоти барзиёд ва фазои шабнишиниву вақтхушӣ дар он дида нахоҳад шуд. Пири ботаҷрибаи ҷамъомад фаҳмову боэҳтиромона дар асоси Китоби Муқаддас оиди маросим сухан меронад, то ҳама дарк намоянд, ки Масеҳ барои мо чӣ кард — ӯ ҳаёти худро қурбон кард, то бароямон фидияе шавад ва мо зинда бимонем. (Румиён 5:8–10-ро бихонед.) Нотиқ аз рӯи Китоби Муқаддас дар бораи ду умеди аз ҳам фарқкунандае, ки масеҳиён доранд, сухан хоҳад ронд.
14. Дар Шоми ёдбуд нотиқ дар бораи умеди масеҳиён чӣ хоҳад гуфт?
14 Як гурӯҳ пайравони Масеҳ умеди бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ карданро доранд. Шумораи ин масеҳиён, ки ҳаввориёни вафодор аз ҷумлаи онҳоянд, нисбатан кам аст (Луқ. 12:32; 22:19, 20; Ваҳй 14:1). Аксари масеҳиёне, ки дар замони мо содиқона ба Худо хизмат мекунанд, дигар умедро соҳибанд. Онҳо дар биҳишти рӯи замин, ки барқарор хоҳад шуд, ҷовидона зиндагӣ карда метавонанд. Он вақт нияти Худо дар рӯи замин чун дар осмон амалӣ хоҳад гашт, чуноне ки масеҳиён доимо дуо мегӯянд (Мат. 6:10). Ҳамчунин дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки онҳо дар шароити бениҳоят хубу гуворо зиста, аз ҳаёт ҷовидона баҳра хоҳанд бурд (Иш. 11:6–9; 35:5, 6; 65:21–23).
15, 16. Нонеро, ки дар Шоми ёдбуд гузошта мешавад, чӣ тавр истифода мебаранд?
15 Нотиқ пеш аз анҷом додани нутқаш қайд хоҳад кард, ки вақти ба ҷо овардани гуфтаҳои Исо оиди Шоми ёдбуд расидааст. Барои ин, чӣ тавре ки дар сархатҳои боло зикр шуда буд, ду рамз, яъне нон ва шароби арғувониро истифода мебаранд, ки пешакӣ назди нотиқ, дар рӯи миз гузошта мешаванд. Бародари баромадкунанда ба воситаи Китоби Муқаддас диққатро ба он равона мекунад, ки Исо ҳангоми ҷорӣ намудани маросим чӣ гуфт ва чӣ кор кард. Ин метавонад порчае аз китоби Матто бошад, ки дар он чунин навишта шудааст: «Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: “Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст”» (Мат. 26:26). Исо нони бехамиртурушро шикаста, чанд пораи онро ба ҳаввориёни аз ду тарафаш нишаста дароз кард. Аз ин рӯ, дар маросиме, ки 14-уми апрел мегузарад, шумо нони бехамиртуруши аллакай шикасташударо дар рӯи табақчаҳо хоҳед дид.
16 Шумораи табақчаҳои нондор кофӣ хоҳад буд, то онҳо дар муддати кӯтоҳ ба ҳамаи ҳозирон дода шаванд. Ин ягон расму русуми серқоида нест. Пас аз дуои кӯтоҳ табақчаҳоро аз рӯи тартибе, ки қулай метобад, вобаста ба ҷойи баргузоршавӣ, аз даст ба даст дода мегузаронанд. Шояд аз нон якчанд нафар мехӯранд (ё шояд ҳеҷ кас намехӯрад), чӣ тавре ки дар аксари ҷамъомадҳо ҳангоми Шоми ёдбуди соли 2013 шуда буд.
17. Чӣ тавр ҳангоми Шоми ёдбуд ба дастуроти Исо оиди шароб пайравӣ мекунанд?
17 Сипас давоми порчаи китоби Матторо мехонанд: «[Исо] косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: “Ҳама аз ин бинӯшед; зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад”» (Мат. 26:27, 28). Ба ин намуна пайравӣ карда, дуои дигаре гуфта мешавад ва баъд ҷомҳои шароби сурхро паи ҳам ба ҳамаи ҳозирон медиҳанд.
18. Бо вуҷуди он ки аз рамзҳо танҳо якчанд нафар мечашанд (ё ҳатто ҳеҷ кас намечашад), чаро дар Шоми ёдбуд ҳузур доштан муҳим аст?
18 Мувофиқи суханони Исо аз рамзҳо бояд танҳо онҳое бихӯранд ва бинӯшанд, ки бо ӯ дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард. Бинобар ин аксарияти ташрифовардагон ҳангоми гузаронида шудани рамзҳо аз онҳо намечашанд, онҳо боэҳтиромона ин маросимро танҳо мушоҳида мекунанд (Луқо 22:28–30ро бихонед; 2 Тим. 4:18). Бо вуҷуди ин дар Шоми ёдбуд ҳузур доштан муҳим аст, чунки бо ин мушоҳидакунандагон нишон медиҳанд, ки қурбонии Исоро хеле қадр мекунанд. Дар давоми ин ҷашн онҳо метавонанд дар бораи баракатҳое мулоҳиза ронанд, ки дар асоси фидияи Исо барояшон имконпазир мегарданд. Онҳо имконият доранд, ки дар қатори «анбӯҳи бузург» бошанд, ки аз «азоби азим»-и омадаистода наҷот меёбад (Ваҳй 7:9, 14–17).
19. Шумо барои ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дидан ва аз он манфиат гирифтан чӣ кор карда метавонед?
19 Дар саросари ҷаҳон ҳамаи мо, Шоҳидони Яҳува, ба Шоми ёдбуд тайёрӣ мебинем. Якчанд ҳафта пеш мо шумораи ҳарчи бештари одамонро ба ин вохӯрии махсус даъват мекунем. Ҳамчунин дар арафаи Шоми ёдбуд мо ҳаррӯза порчаҳои Китоби Муқаддасро хонда, дар бораи он мефаҳмем, ки соли 33 э. мо, рӯзҳои пеш аз Шом Исо чӣ карда буд ва кадом рӯйдодҳо ба амал омаданд. Мо корҳои худро тавре ҷо ба ҷо мекунем, то ба Шоми ёдбуд ҳатман ташриф орем. Агар мо ба ин вохӯрии махсус пеш аз садо додани суруд ва дуои аввал биёем, он гоҳ метавонем ташрифовардагонро хушомадед гӯем ва барномаро пурра гӯш кунем. Ҳамаи мо, ҳам аъзоёни ҷамъомад ва ҳам меҳмонон, дар рафти нутқ оятҳоро аз Китоби Муқаддаси худ нигоҳ карда, манфиати зиёд хоҳем гирифт. Аз ҳама муҳимаш, дар Шоми ёдбуд ҳузур доштанамон аз он шаҳодат хоҳад дод, ки мо барои қурбонии Исо аз таҳти дил миннатдорем ва ба амри зерини ӯ итоат мекунем: «Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 11:24).
^ сарх. 9 Олими олмонӣ Ҳайнрих Майер қайд менамояд: «Азбаски бадани Исо то он дам пора нагашт (то ҳол зинда буд) ва инчунин хуни Ӯ рехта нашуда буд, ҳеҷ кадоме аз меҳмонон [ҳаввориён] интизор шуда наметавонист, ки... онҳо дар воқеият бадан ва хуни аслии Ҳазратро мехӯранд ва менӯшанд». Ӯ давом дода мегӯяд, ки Исо «суханони оддӣ»-ро истифода бурда гуфт, ки нон ва шароб чӣ маъно доранд, зеро вай намехост, ки ҳаввориён суханонашро нодуруст фаҳманд.