Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба ҳақиқат ҷалб намудани хешовандони ҳамимоннабуда

Ба ҳақиқат ҷалб намудани хешовандони ҳамимоннабуда

«БА ХОНА назди хешу табори худ бирав ва хабар деҳ аз он чи, ки Худованд бо ту кардааст ва чӣ гуна ба ту раҳм намудааст»,— гуфт Исои Масеҳ ба марде, ки мехост пайрави ӯ гардад. Он вақт ӯ эҳтимол дар сарзамини ҷарҷасиён, дар тарафи ҷанубу шарқии баҳри Ҷалил буд. Суханони Исо нишон медиҳанд, ки ӯ мефаҳмид, ки одамон табиатан майл доранд, ки хабарҳои барояшон шавқовар ва муҳимро ба хешовандони худ нақл кунанд (Марқ. 5:19).

Имрӯз низ чунин хислат дар одамон зуд-зуд ба чашм мерасад: дар маданияти баъзе ҷойҳо он бештар аён аст, дар ҷойҳои дигар бошад камтар. Барои ҳамин, вақте ки ягон шахс хизматгори Худои ҳақиқӣ, Яҳува мегардад, вай одатан дар бораи эътиқоди наваш ба наздиконаш нақл кардан мехоҳад. Вале дар чунин ҳолат ӯ чиро бояд ба назар гирад? Чӣ тавр вай ба дили наздиконаш, ки дар дини дигар мебошанд ё умуман ба Худо боварӣ надоранд, таъсир карда метавонад? Китоби Муқаддас дар ин бобат маслиҳатҳои хуб ва амалӣ пешкаш мекунад.

«МО МАСЕҲРО... ЁФТЕМ»

Дар асри як, Андриёс яке аз аввалин шахсоне буд, ки Исоро чун Масеҳ шинохт. Ва оиди ин чизи нав ӯ пеш аз ҳама ба кӣ нақл кард? «Вай [Андриёс] аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: “Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем”». Андриёс Петрусро ба назди Исо овард ва ҳамин тавр ба вай имконият дод, ки яке аз шогирдони Исо шавад (Юҳ. 1:35–42).

Тахминан баъди шаш сол, вақте ки Петрус дар Ёфо меистод, ӯ даъват шуд, ки ба тарафи шимолии Қайсария рафта, ба хонаи Корнилюс, ки сардори сарбозон буд, ташриф орад. Вақте ки Петрус ба хонаи Корнилюс омад, он ҷо киҳо ҷамъ шуда буданд? «Корнилюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо [Петрус ва ҳамроҳони ӯ] интизорӣ дошт». Ин тавр амал намуда, Корнилюс ба хешу наздиконаш имконият дод, ки Петрусро шунаванд ва дар асоси чизи шунидаашон қарор бароранд (Аъм. 10:22–33).

Аз тарзи муносибати Андриёс ва Корнилюс бо хешовандонашон мо чӣ омӯхта метавонем?

Мо мебинем, ки ҳам Андриёс ва ҳам Корнилюс бепарвоӣ накарда, фаъолона амал намуданд. Андриёс шахсан худаш Петрусро бо Исо шинос кард ва Корнилюс чора андешид, ки хешу наздиконаш он чиро ки Петрус бояд мегуфт, шунаванд. Вале Андриёс ва Корнилюс ба наздикони худ фишор наоварданд ё кӯшиш накарданд, ки бо ҳила онҳоро пайрави Масеҳ созанд. Оё шумо аз ин барои худ дарс гирифта метавонед? Хуб мебуд, агар мо ҳам мисли онҳо амал кунем. Мо метавонем ба наздикони худ баъзе чизҳоро нақл кунем ва имкониятҳо фароҳам созем, то ки онҳо бо ҳақиқати Китоби Муқаддас ва ҳамимонони мо шинос шаванд. Ба ҳар ҳол, мо озодии интихоб доштани онҳоро ҳурмат мекунем ва зӯран ба онҳо мавъиза карда, дилбазан намешавем. Барои нишон додани он ки чӣ тавр мо ба наздиконамон кӯмак карда метавонем, намунаи ҷуфти ҳамсарони олмонӣ Юрген ва Петраро дида мебароем.

Петра бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯзиш кард ва баъди чанде таъмид гирифт. Шавҳари ӯ, Юрген офитсери ҳарбӣ буд. Дар аввал Юрген аз қарори занаш хурсанд набуд. Вале бо гузашти вақт ӯ дарк кард, ки Шоҳидон ҳақиқати дар Китоби Муқаддас навишташударо мавъиза мекунанд. Ӯ низ ҳаёташро ба Яҳува бахшид ва ҳозир пири ҷамъомади маҳаллашон мебошад. Ҳоло ӯ дар бобати ба даст овардани дили хешовандоне, ки эътиқодашон дигар аст, чӣ маслиҳат медиҳад?

Юрген мегӯяд: «Мо набояд аз ҳад зиёд оиди мавзӯъҳои рӯҳонӣ гап зада, ба наздиконамон дилбазан шавем. Ин хоҳиши бе он ҳам набудаи онҳоро камтар мекунад. Беҳтараш ин аст, ки агар мо боадабона ҳар вақт кам-кам мавзӯъҳои шавқоварро бо онҳо муҳокима кунем. Инчунин хешу наздикони худро бо бародарону хоҳарони бо онҳо ҳамсинну сол ва шавқу ҳаваси монанддошта шинос кардан манфиатовар буда метавонад. Чунин рафтор карда, мо гӯё байни худамон ва онҳо кӯпруке месозем».

«Мо набояд аз ҳад зиёд оиди мавзӯъҳои рӯҳонӣ гап зада, ба наздиконамон дилбазан шавем»(Юрген).

Петруси ҳавворӣ ва хешовандони Корнилюс хабари Китоби Муқаддасро ба зудӣ қабул карданд. Вале ба дигар шахсоне, ки дар он замон зиндагӣ мекарданд ва ҳақиқатро шунида буданд, барои қабул кардани қарор вақти зиёдтар лозим буд.

ДАР МАВРИДИ БАРОДАРОНИ ИСО ЧӢ ГУФТАН МУМКИН АСТ?

Якчанд хешовандони Исо ҳангоми хизмати заминиаш имон зоҳир карданд. Масалан, аз афташ ҳаввориён Яъқуб ва Юҳанно хешу табори Исо буданд ва модари онҳо Салӯмит холаи ӯ буд. Салӯмит эҳтимол дар байни дигар занҳое буд, ки «бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд» (Луқ. 8:1–3).

Лекин дигар аъзоёни оилаи Исо зуд имон зоҳир накарданд. Масалан, боре, вақте ки аз таъмиди Исо зиёда аз як сол гузашта буд, дар як хона одамони зиёд ҷамъ шуданд, то ки ӯро гӯш кунанд. «Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст». Якчанд вақт пас аз ин, вақте ки бародарони Исо оиди сафараш пурсон шуданд, ӯ ба онҳо ҷавоби аниқ надод. Барои чӣ? Чунки «бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд» (Марқ. 3:21; Юҳ. 7:5).

Аз тарзи муносибати Исо ба хешовандонаш мо чӣ меомӯзем? Вақте баъзеҳо мегуфтанд, ки ӯ бехуд ё девона шудааст, ӯ аз ин гуфтаҳои онҳо намеранҷид. Баръакс, ҳатто баъди кушта шудан ва баъдан эҳё шуданаш, ӯ ба бародари худ Яъқуб зоҳир шуд, ки ин хешовандонашро рӯҳбаланд сохт. Ин зоҳиршавии Исо на танҳо ба Яъқуб, балки ҳамчунин ба дигар бародарони Исо боварӣ бахшид, ки ӯ ҳақиқатан ҳам Масеҳ буд. Баъдтар, вақте ки онҳо дар болохонаи Ерусалим бо ҳаввориён ва дигарон қарор доштанд, эҳтимол дар он ҷо ба онҳо рӯҳи муқаддас ато шуд. Дар натиҷа Яъқуб ва Яҳудо, ки ҳамчунин бародари Исо буд, соҳиби имкониятҳои пуршараф гардиданд (Аъм. 1:12–14; 2:1–4; 1 Қӯр. 15:7).

БАЪЗАН ВАҚТИ ЗИЁД ДАР ТАЛАБ АСТ

«Агар шахс ба зоҳир кардани пуртоқатӣ ҳамеша омода бошад, натиҷаҳои хубро ба даст оварда метавонад»(Росвита).

Чун дар асри як, имрӯз низ барои он ки баъзе хешовандони мо ҳақиқатро қабул кунанд, вақти зиёд дар талаб аст. Масалан, намунаи Росвитаро дида мебароем, ки пайрави фаъоли мазҳаби католикӣ буд. Шавҳари ӯ соли 1978 чун яке аз Шоҳидони Яҳува таъмид гирифт. Дар аввал Росвита ба шавҳараш муқобилат менамуд, чунки дар эътиқодаш самимӣ буд. Вале бо гузашти солҳо ӯ дигар зиддият наменамуд ва фаҳмид, ки Шоҳидон ҳақиқатро таълим медиҳанд. Соли 2003 худи ӯ таъмид гирифт. Чӣ ба ӯ кӯмак расонд, ки муносибаташро дигар кунад? Шавҳари Росвита ба ҷои он ки аз муқобилатҳои занаш хафа шавад, ба ӯ имконият медод, то ки бо гузашти вақт ақидаашро дигар кунад. Ҳоло Росвита чӣ гуна маслиҳат медиҳад? «Агар шахс ба зоҳир кардани пуртоқатӣ ҳамеша омода бошад, натиҷаҳои хубро ба даст оварда метавонад».

Моника соли 1974 таъмид гирифт ва ду писари вай қариб даҳ сол пас шоҳиди Яҳува гаштанд. Гарчанд шавҳари ӯ Ҳанс ҳеҷ гоҳ ба вай муқобилат намекард, ӯ танҳо соли 2006 таъмид гирифт. Ба гузашта назар карда, ҳоло ин оила чӣ маслиҳат дода метавонад? «Ба Яҳува содиқ бимонед ва дар масъалаҳои бо имонатон алоқаманд устувор бошед». Албатта, аъзоёни оила Ҳансро ҳамеша ба он бовар мекунонданд, ки ӯро дӯст медоранд ва ҳеҷ гоҳ ноумед намешуданд, ки рӯзе ӯ ҳамимони онҳо мегардад.

БО ОБҲОИ ҲАҚИҚАТ ОНҲОРО ТАРОВАТ БАХШЕД

Боре Исо хабари ҳақиқатро бо обе, ки ҳаёти ҷовидонӣ бахшида метавонад, монанд карда буд (Юҳ. 4:13, 14). Мо мехоҳем, ки хешовандони мо аз ин оби тозаи ҳақиқат нӯшида тароват ёбанд. Албатта мо намехоҳем, ки онҳо аз сабаби якбора рехтани оби аз ҳад зиёд нафасгир шаванд. Тароват ёфтан ё нафасгир шудани онҳо аз он вобаста буда метавонад, ки чӣ тавр мо ба онҳо ҳақиқатро мефаҳмонем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад» ва «дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд». Чӣ тавр мо ин маслиҳатро ба кор бурда метавонем? (Мас. 15:28; 16:23).

Зан шояд мехоҳад оиди имонаш ба шавҳари худ гап занад. Агар зан пеш аз гапро кушодан «фикру хаёл» кунад, ӯ дар вақти сӯҳбат ҳар як суханашро бодиққат интихоб мекунад ва ҳиссиёти шавҳарашро ба назар мегирад, то ки ӯро наранҷонад. Бо тарзи гапзании худ ӯ набояд худро аз ҳад одил ва доно нишон диҳад. Суханони хуб фикркардаи ӯ метавонанд тароват бахшанд ва ба осоиштагӣ мусоидат кунанд. Дар кадом вақт шавҳар орому осуда ва ба сӯҳбат омода буда метавонад? Оиди кадом мавзӯъ сӯҳбат кардан ва хондан ба ӯ маъқул аст? Оё ӯ ба илм, сиёсат ё варзиш шавқманд аст? Чӣ тавр зан метавонад шавқи ӯро нисбат ба Китоби Муқаддас зиёд гардонад ва ҳамзамон ҳиссиёт ва ақидаи ӯро эҳтиром кунад? Оиди ин гуна саволҳо мулоҳиза рондан ба ӯ ёрӣ мерасонад, ки бофаросатона гап занад ва амал намояд.

Лекин барои ба даст овардани дили аъзоёни оилаамон, ки ҳоло Шоҳиди Яҳува нестанд, ҳар вақт кам-кам аз имони худ гап задан кифоя нест. Мо бояд чизи гуфтаамонро бо рафтори хубамон тасдиқ кунем.

РАФТОРИ НАМУНАВИЕ, КИ АЗ ИМОНАМОН ШАҲОДАТ МЕДИҲАД

«Дар ҳаёти ҳаррӯза мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунед. Ин роҳи аз ҳама беҳтаринест, ки диққати аъзои оилаамонро ҷалб карда метавонад, ҳарчанд ӯ ба ин шояд иқрор нашавад»,— гуфт Юрген, ки дар борааш дар боло қайд шуда буд. Ҳанс, ки қариб 30 сол пас аз занаш таъмид гирифтааст, бо ин розӣ аст: «Рафтори намунавии масеҳӣ хеле муҳим аст, то ки хешамон таъсири мусбии ҳақиқатро дар ҳаётамон бубинад». Ба хешовандонамон бояд аён гардад, ки эътиқодамон моро шахсони хубтар мегардонад, на баръакс.

«Рафтори намунавии масеҳӣ хеле муҳим аст, то ки хешамон таъсири мусбии ҳақиқатро дар ҳаётамон бубинад» (Ҳанс).

Петруси ҳавворӣ ба занҳое, ки шавҳарашон ҳамимонашон нест, маслиҳати хуб дод: «Ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост» (1 Пет. 3:1–4).

Петрус навишта буд, ки шавҳар рафтори намунавии занашро мушоҳида карда, ҳақиқатро қабул карда метавонад. Ин насиҳати Китоби Муқаддасро дар хотир дошта, як хоҳар бо номи Криста аз вақти таъмидаш, яъне аз соли 1972 сар карда мекӯшад, ки бо рафтори худ дили шавҳарашро ба ҳақиқат моил созад. Гарчанд шавҳараш як вақтҳо ҳақиқатро бо Шоҳидон омӯхта буд, лекин то ҳол онро қабул накардааст. Баъзан ӯ ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф меорад ва бо баъзе аъзоёни ҷамъомад муносибати хуб дорад. Онҳо бошанд ҳуқуқи интихоб кардани ӯро эҳтиром мекунанд. Чӣ тавр Криста кӯшиш мекунад, ки дили ӯро ба даст орад?

«Ман бо азми қавӣ мехоҳам ба роҳе, ки Яҳува маро роҳнамоӣ карда истодааст, минбаъд низ равона шавам. Ҳамзамон, ман мекӯшам, ки дили шавҳарамро “бе калом” ба воситаи рафтори хуб ба ҳақиқат моил гардонам. Агар хоҳишҳои ӯ зидди принсипҳои Китоби Муқаддас набошанд, ман ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, то ки онҳоро иҷро кунам. Ман ҳамчунин иродаи озоди ӯро эҳтиром мекунам ва ба Яҳува таваккал менамоям».

Мисоли Криста нишон медиҳад, ки рафтори оқилона манфиат меорад. Вай мунтазам ба корҳои рӯҳонӣ, аз ҷумла ташриф ба вохӯриҳо ва хизмати мавъиза фаъолона иштирок мекунад. Аммо ӯ мефаҳмад, ки ҳамсараш ҳуқуқи талаб кардани вақт ва диққати ӯро дорад. Зоҳир кардани оқилӣ ва фаҳмиш ба ҳар яки мо, ки хешовандони ҳамимоннабуда дорем, аз рӯи хирад аст. Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки «барои ҳар чиз замоне ҳаст». Ба «замоне» ҳамчунин вақте дохил мешавад, ки мо бо аъзоёни оила, махсусан, бо ҳамсаре, ки ҳамимони мо нест, мегузаронем. Бо ҳам гузарондани вақт ба муошират мусоидат мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки муоширати хуб хатари пайдо шудани ҳисси танҳоӣ, партофта шудан ё пайдо шудани ҳисси рашкро пешгирӣ мекунад (Воиз 3:1).

ҲЕҶ ГОҲ НОУМЕД НАШАВЕД

«Нишон додани муҳаббат ба аъзои оилаамон ва дар ҳаққаш дуо гуфтан хеле муҳим аст»,— мегӯяд Ҳолгер, ки падараш 20 сол пас аз таъмид гирифтани дигар аъзоёни оила таъмид гирифт. Криста илова мекунад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед намешавад, ки шавҳараш тарафдори Яҳува мегардад ва рӯзе ҳақиқатро қабул мекунад. Нигоҳи мо нисбати хешовандонамон, ки ҳамимони мо нестанд, бояд ҳамеша мусбӣ бошад ва мо набояд умедамонро канем.

Мақсади мо аз он иборат мебошад, ки бо хешовандонамон муносибатҳои хубро нигоҳ дошта, ба онҳо имконият диҳем, то ки ҳақиқатро дарк намоянд ва бо хабари Китоби Муқаддас ба дили онҳо таъсир кунем. Ва дар ҳама чизҳо мо бояд «бо фурӯтанӣ ва эҳтиром» амал намоем (1 Пет. 3:15).