Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед

Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед

«Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед» (МАТ. 7:12).

1. Оё дар хизмат бо одамон чӣ тавр муносибат карданамон ягон аҳамият дорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ЯКЧАНД сол пеш ҷуфти ҳамсарон аз мамлакати Фидҷи дар маъракаи тақсимкунии даъватнома ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ иштирок мекарданд. Вақте ки онҳо бо зане дар беруни хонаи ӯ гап мезаданд, борон бориданро сар кард. Ҳамсарон барои тар нашудани зан як чатрашонро ба ӯ доданд ва худашон бошанд зери як чатр истоданд. Рӯзи Шоми ёдбуд вақте ҳамсарон диданд, ки он зан ба вохӯрӣ омад, хеле хурсанд шуданд. Ӯ изҳор кард, ки чизҳое, ки Шоҳидон ҳангоми ба хонааш омадан гуфта буданд, он қадар дар ёдаш нест. Лекин тарзи ба вай муомила кардани онҳо ба ӯ чунон таъсир кард, ки ӯ хост ба Шоми ёдбуд ташриф орад. Ба омадани зан чӣ сабаб шуд? Ҳамсарон бо ӯ аз рӯи қоидае, ки он чун Қоидаи тиллоӣ маълум аст, рафтор карда буданд.

2. Қонуни тиллоӣ чист ва чӣ тавр мо онро ба кор бурда метавонем?

2 Қоидаи тиллоӣ чист? Ин ҳамон насиҳатест, ки Исо ҳангоми гуфтани суханони зерин дода буд: “Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед” (Мат. 7:12). Чӣ тавр мо онро ба кор бурда метавонем? — Асосан бо гузоштани ду қадам. Якум, мо бояд аз худ бипурсем: «Агар ман ба ҷои шахси дигар мебудам, чӣ тавр мехостам, ки ӯ бо ман муносибат кунад?» Сипас, мо бояд аз таҳти дил кӯшиш кунем, ки бо одамон мувофиқи рафтори ба худамон писанд амал кунем (1 Қӯр. 10:24).

3, 4. а) Фаҳмонед, ки чаро Қоидаи тиллоиро мо бояд нафақат нисбати ҳамимононамон ба кор барем. б) Дар ин мақола мо чиро муҳокима хоҳем кард?

3 Бисёр вақт Қоидаи тиллоиро мо дар муносибат бо ҳамимонон ба кор мебарем. Вале Исо нагуфт, ки мо бояд онро танҳо нисбати бародарону хоҳарони рӯҳониамон риоя кунем. Дар асл, ӯ Қоидаи тиллоиро ҳангоме хотиррасон кард, ки бо ҳамаи одамон ва ҳатто бо душманонамон чӣ тавр рафтор карданро таълим медод. (Луқо 6:27, 28, 31, 35-ро бихонед.) Агар Худо аз мо интизор аст, ки бо душманони худ аз рӯи Қоидаи тиллоӣ амал кунем, пас то чӣ андоза бештар онро нисбати касони мавъиза мекардаамон ба кор бурдан лозим аст (Аъм. 13:48).

4 Мо ҳоло чор саволро дида мебароем, ки ҳангоми хизмат онҳоро дар ёд доштан муҳим аст: 1) Бо кӣ мо гап мезанем? 2) Дар куҷо мо бо шахс гап мезанем? 3) Кадом вақт барои бо одамон гап задан беҳтар аст? 4) Чӣ тавр мо бояд бо одамон гап занем? Чуноне ки дар поён дида мебароем, ин саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳиссиёти шахсонеро, ки ба онҳо мавъиза мекунем, ба назар гирем ва тарзи муносибатамонро ба онҳо мувофиқ гардонем (1 Қӯр. 9:19–23).

БО КӢ МО ГАП МЕЗАНЕМ?

5. Мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?

5 Дар хизмат одатан мо бо одамони алоҳида гап мезанем. Ҳар як шахс ҳаёти гуногунро аз сар гузаронидааст ва проблемаҳои худро дорад (2 Вақ. 6:29, 30). Вақте ки хушхабарро ба касе нақл карданӣ мешавед, аз худ бипурсед: «Агар ба ҷои ман, ӯ ба ман мавъиза мекард, ман чӣ гуна муносибатро аз тарафи ӯ дидан мехостам? Оё ман мехостам, ки ӯ даррав дар бораи ман хулосаи нодуруст барорад ва дар бораам чизе надониста, маро танқид кунад? Ё ба ман писанд мебуд, ки ӯ бо ман иззату ҳурмати одамиро ба ҷо оварда, муносибат мекард?» Мулоҳиза оиди чунин саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки бо ҳар як шахс эҳтиромона муносибат кунем.

6, 7. Агар мо дар хизмат касеро вохӯрем, ки ба назарамон дағалу бадқаҳр метобад, бояд чӣ гуна муносибат кунем?

6 Ҳеҷ кас намехоҳад, ки ӯро дигарон шахси бадқаҳру дағал шуморанд. Мо чун масеҳиён хеле кӯшиш мекунем, ки аз рӯи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас — «бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз... бошад» амал кунем (Қӯл. 4:6). Лекин аз сабаби нокомилӣ, мо баъзан чизе мегӯем, ки баъд пушаймон мешавем (Яъқ. 3:2). Чунин шуда метавонад, ки мо аз сабаби вазнину серташвиш гузаштани рӯзамон бо касе нохост номеҳрубонона гап зада мемонем, лекин мо намехостем, ки дигарон даррав моро одами дағал ё бетарбия гумон кунанд. Мо умедвор мешавем, ки дигарон ба мо бо фаҳмиш муносибат мекунанд. Пас, оё мо низ набояд ба дигарон чунин муносибат кунем?

7 Агар дар хизмат мо касеро вохӯрем, ки ӯ ба назари мо шахси дағал тобад, оё хуб намебуд, ки мо бо фаҳмиш ва мулоимӣ муносибат кунем? Шояд ӯ дар ҷои кор ё мактаб зери фишор қарор дорад. Ё мумкин ӯ бо бемории ҷиддие мубориза мебарад. Дар бисёр мавридҳо шахсоне, ки дар аввал бо чеҳраи на он қадар хуш гап мезананд, муомилаи нарму эҳтиромонаи халқи Яҳуваро дида, мавъизаи онҳоро бо омодагӣ гӯш мекунанд (Мас. 15:1; 1 Пет. 3:15).

8. Чаро мо бояд хабари Салтанатро ба ҳар гуна одамон мавъиза кунем?

8 Дар хизмат мо бо одамони аслу насабашон гуногун вомехӯрем. Масалан, танҳо дар чанд соли охир дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» зери рубрикаи «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад», тарҷумаи ҳоли зиёда аз 60 нафар бародарону хоҳарони мо нашр гардидааст, ки пештар дузду қалоб, майзада, нашъаманд ё аъзои дастаи авбошон буданд. Бархе аз онҳо сиёсатмадор, роҳбарони динӣ ё шахсоне буданд, ки танҳо барои ба даст овардани мансабу мартаба мекӯшиданд. Баъзеашон бошанд, ҳаёти бадахлоқона ба сар мебурданд. Вале ҳамаи онҳо хушхабарро гӯш карда ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуданд ва ба ҳақиқат омаданд. Барои ҳамин мо набояд ҳеҷ гоҳ чунин фикр кунем, ки ба ин ё он шахс мавъиза кардан ҳоҷат нест. (1 Қӯринтиён 6:9–11-ро бихонед.) Баръакс мо бояд дарк кунем, ки ҳар гуна одамон метавонанд хушхабарро қабул кунанд (1 Қӯр. 9:22).

ДАР КУҶО МО ГАП МЕЗАНЕМ?

9. Чаро мо бояд ба хонаву ҷои дигарон эҳтиромона муносибат кунем?

9 Ҳангоми хизмат мо бо одамон дар куҷо гап мезанем? — Асосан дар хонаҳояшон (Мат. 10:11–13). Масалан, вақте ки дигарон ба хона ва чизу чораи мо эҳтиромона муносибат мекунанд, мо инро қадр мекунем. Мо мехоҳем, ки дар хонаи худ оромӣ ва бехатарӣ ҳис кунем. Дар бораи дигар одамон низ ҳамин тавр гуфтан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳангоми хизмати хона ба хона, хуб мебуд, ки ба хонаву ҷои онҳо эҳтиромона муносибат кунем (Аъм. 5:42).

10. Чӣ кор кунем, ки боиси хавотирии одамони минтақаамон нагардем?

10 Дар ин ҷаҳони пур аз ҷиноят, бисёри одамон ба шахсони бегонае, ки ба хонаашон меоянд, бо шубҳа менигаранд (2 Тим. 3:1–5). Бинобар ин, мо бояд эҳтиёт бошем, ки чунин шубҳаи онҳоро зиёд нагардонем. Масалан, фарз мекунем, ки мо ба назди дари хонае омада онро тақ-тақ мекунем. Агар касе ҷавоб надиҳад, шояд дар мо хоҳиш пайдо шавад, ки аз тиреза ба даруни хона нигоҳ кунем ё барои ёфтани соҳибхона дар гирди хона гашту гузор намоем. Дар маҳалли шумо оё ин сабаби ба хавотирӣ афтодани соҳибхона намегардад? Одамон чунин рафтори шуморо дида чӣ фикр карданашон мумкин аст? Рост аст, ки мо бояд дар хизмати мавъиза бо ҷидду ҷаҳд бошем (Аъм. 10:42). Мо мехоҳем ба одамон хабари некро расонем ва дили мо соф аст (Рум. 1:14, 15). Ба ҳар ҳол, хуб мебуд, то дар маҳалле, ки мавъиза мекунем одамонро бемаврид хавотир накунем. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад» (2 Қӯр. 6:3). Вақте ки мо дар минтақаамон ба хонаву ҷои одамон эҳтиромона муносибат мекунем, рафтори мо метавонад баъзе шахсонро ба ҳақиқат ҷалб кунад. (1 Петрус 2:12-ро бихонед.)

Биёед ҳамеша ба хонаву ҷои одамон эҳтиром зоҳир кунем ва боиси хавотирии онҳо нагардем (Ба сархати 10 нигаред)

КАДОМ ВАҚТ БАРОИ БО ОДАМОН ГАП ЗАДАН БЕҲТАР АСТ?

11. Чаро мо мехостем, ки дигарон вақти моро эҳтиром кунанд?

11 Чун масеҳиён аксарияти мо хеле серкор ҳастем. Барои аз ӯҳдаи масъулиятҳоямон баромадан мо одатан корҳои заруриро дар ҷои аввал мегузорем ва реҷаи худро бодиққат тартиб медиҳем (Эфс. 5:16; Фил. 1:10). Агар чизе баногоҳ ба реҷаамон халал расонад, мо шояд рӯҳафтода шавем. Барои ҳамин мо мехостем, ки дигарон вақти моро қадр кунанд ва фаҳмиш зоҳир кунанд, ки вақти мо маҳдуд аст. Пас, чӣ тавр Қоидаи тиллоӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба вақти одамоне ки мавъиза мекунем, эҳтиром зоҳир намоем?

12. Чӣ тавр мо муайян карда метавонем, ки кадом вақт барои бо одамон гап задан беҳтар аст?

12 Мо бояд муайян созем, ки кадом вақт барои бо одамон гап задан беҳтар аст. Дар минтақаи мо одамон кай одатан дар хонаҳояшон мешаванд? Кадом вақт онҳо ба гӯш кардани мо бештар моиланд? Хуб мебуд, ки вобаста аз ин чизҳо реҷаи хизматамонро тағйир диҳем. Дар аксари ҷойҳо вақти беҳтарин барои хизмати хона ба хона ин вақти баъди нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ ҳисоб меёбад. Оё дар маҳалли шумо низ ҳамин тавр аст? Пас, оё шумо метавонистед ба нақша гиред, ки маҳз дар чунин вақт ба хизмати хона ба хона равед? (1 Қӯринтиён 10:24-ро бихонед.) Шояд дар чунин вақти рӯз ба минтақа рафта, бо одамон гап задан ин ё он қурбониҳоро аз мо талаб кунад, лекин дилпур бошед, ки Яҳува албатта чунин қурбониҳоро баракат медиҳад.

13. Ба соҳибхона мо чӣ тавр эҳтиром зоҳир карда метавонем?

13 Ба сокинони минтақаамон мо боз бо кадом роҳ эҳтиром зоҳир карда метавонем? Вақте ки касе моро гӯш мекунад, мо бояд ба ӯ шаҳодати хуб диҳем, вале набояд аз ҳад дурудароз гап занем. Шояд соҳибхона ин вақтро барои ягон коре, ки ӯ муҳим мешуморад, ҷудо карда буд. Агар вай гӯяд, ки банд аст, мо гуфта метавонем, ки вақти бисёрашро намегирем — ва мо бояд ба ин гапи худ истем (Мат. 5:37). Вақте ки сӯҳбати мо бо соҳибхона ба охир мерасад, хуб мебуд аз ӯ пурсем, ки барои боз вохӯрдан кадом вақт ба вай қулай аст. Баъзе воизон чунин мегӯянд: «Ман хеле хурсанд мешудам, агар бори дигар бо шумо вохӯрем. Шояд пеш аз омаданам ба шумо занг занам ё СМС фиристонам?» Вақте мо фаҳмиш зоҳир мекунем, ки он одамон низ бо корҳои худ банданд ва нақшаҳои худро доранд, мо мисли Павлус рафтор мекунем. Ӯ «толиби нафъи худ не, балки нафъи» дигарон буд, то ки онҳо наҷот ёбанд (1 Қӯр. 10:33).

ЧӢ ТАВР МО БОЯД БО ОДАМОН ГАП ЗАНЕМ?

1416. а) Чаро мо бояд мақсади омадани худро ба соҳибхона аниқу равшан фаҳмонем? Мисол оред. б) Як нозири ноҳиявӣ бо кадом тарз мавъиза мекунад?

14 Тасаввур кунед, ки рӯзе касе ба мо занг мезанад, лекин мо овози ӯро намешиносем. Ӯ барои мо бегона аст, вале аз мо мепурсад, ки кадом навъҳои хӯрокро мо дӯст медорем. Мо ҳайрон мешавем, ки ӯ кист ва дар асл чӣ мехоҳад. Аз рӯи эҳтиром шояд мо бо вай кӯтоҳ гап занем, вале сипас қатъ кардани сӯҳбатро беҳтар медонистем. Аз тарафи дигар, тасаввур кунед, ки он шахсе, ки занг мезанад, дар аввал кӣ будани худро муаррифӣ мекунад ва сипас мефаҳмонад, ки кори ӯ аз он иборат аст, ки дар истеъмоли ғизои солим ба аҳолӣ кӯмак расонад. Дар чунин сурат мо ӯро шояд бо майли бештар гӯш мекунем. Чунки вақте ки кас кӣ будани худро пинҳон намекунаду боадабона муроҷиат мекунад, ба мо ин бештар маъқул аст. Чӣ тавр мо ба одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, аз рӯи ин одоби муошират амал карда метавонем?

15 Дар бисёр маҳаллҳо ба мо лозим аст, ки мақсади омаданамонро ба соҳибхона аниқу равшан фаҳмонем. Рост аст, ки мо маълумоти муфидеро, ки соҳибхона намедонад, ба ӯ расондан мехоҳем, вале ӯ чӣ фикр мекард агар мо худро шинос накарда, якбора пешниҳодотамонро бо чунин суханон сар кунем: «Агар шумо ҳар гуна проблемаҳои ҷаҳониро ҳал карда метавонистед, кадомашро ҳал мекардед?» Мо чунин саволро бо он мақсад медиҳем, ки ақидаи шахсро фаҳмем ва сипас дар асоси Китоби Муқаддас бо ӯ сӯҳбат кунем. Лекин соҳибхона чунин фикр карданаш мумкин аст: «Ин одами бегона кӣ бошад ва барои чӣ ба ман ин хел савол дода истодааст? Умуман ӯ аз ман чӣ мехоҳад?» Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, ки соҳибхона ҳангоми бо мо гап задан худро озод ҳис кунад (Фил. 2:3, 4). Чӣ тавр мо инро карда метавонем?

16 Як нозири ноҳиявӣ чунин тарзро бомуваффақият истифода мебарад. Баъди саломуалейк ӯ ба дасти соҳибхона нусхаи рисолаи «Оё шумо мехостед ҳақиқатро бидонед?»-ро медиҳад ва мегӯяд: «Мо имрӯз ба ҳар як сокини ин маҳал нусхаи ин рисоларо дода истодаем. Дар он шаш саволе, ки бисёри одамонро ба ташвиш меорад, муҳокима шудааст. Инаш барои шумо». Бародар мегӯяд, ки вақте одамон мақсади ба хонаи онҳо омадани ӯро мефаҳманд, худро нисбатан озод ҳис мекунанд ва давом додани сӯҳбат бо онҳо осонтар аст. Бародар сипас аз шахс мепурсад: «Оё шумо боре оиди ягон саволи дар ин ҷо овардашуда фикр кардаед?» Агар соҳибхона яке аз саволҳоро интихоб кунад, бародар рисоларо мекушояд ва чизеро, ки оиди он дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, муҳокима мекунад. Агар шахс ягон саволро интихоб накунад, бародар ӯро дар хиҷолат намононда, худаш яке аз саволҳоро интихоб мекунад ва сӯҳбатро давом медиҳад. Албатта барои оғоз кардани сӯҳбат роҳҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Дар баъзе ҷойҳо одамон шояд интизоранд, ки мо пеш аз гуфтани мақсади омаданамон ба таври ба он маҳал хос бо онҳо саломуалейк ва аҳволпурсӣ мекунем. Хеле муҳим аст, ки мо пешниҳодотамонро ба табъу хоҳиши одамони маҳалламон мувофиқ гардонем.

ДАР ХИЗМАТ ҲАМЕША МУВОФИҚИ ҚОИДАИ ТИЛЛОӢ РАФТОР КУНЕД

17. Баъзе роҳҳое, ки мо ҳангоми хизмат мувофиқи Қоидаи тиллоӣ амал карда метавонем, кадоманд?

17 Биёед такрор кунем, ки баъзе роҳҳое, ки мо дар хизмат Қоидаи тиллоиро ба кор бурда метавонем, кадоманд. Ҳангоми бо касе гап задан мо нисбати ӯ иззату эҳтироми одамиро ба ҷо меорем. Мо ба хонаву ҷо ва дигар чизу чораи одамон эҳтиромона муносибат мекунем. Мо мекӯшем он вақт ба хизмат равем, ки одамон дар хонаашон бошанд ва моро бо майли бештар гӯш кунанд. Ва хушхабарро тавре ба одамони маҳалламон мерасонем, ки онҳо моро бо омодагӣ гӯш кардан хоҳанд.

18. Вақте ки мо бо одамони минтақаамон тавре муносибат мекунем, ки мехостем дигарон бо мо ҳамин тавр кунанд, мо чӣ манфиатҳо ба даст меорем?

18 Вақте ки мо бо одамони минтақаамон тавре муносибат мекунем, ки мехостем дигарон бо мо ҳамин тавр кунанд, аз ин манфиати бисёр ба даст меорем. Бо онҳо бо мулоимӣ ва меҳрубонӣ муносибат карда, мо мегузорем, ки нури мо ба мардум бидурахшад. Рафтори мо инчунин нишон медиҳад, ки мо аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас, амал мекунем ва Падари осмониамонро ҷалол медиҳем (Мат. 5:16). Бо ин тарзи муносибатамон мо одамони бештарро ба ҳақиқат ҷалб карда метавонем (1 Тим. 4:16). Новобаста аз он ки одамон хабари Салтанатро қабул мекунанд ё не, моро донистани он қаноатмандӣ мебахшад, ки мо дар хизмат ҳар кори аз дастамон меомадаро карда истодаем. Ҳар яки мо метавонем ба Павлуси ҳавворӣ пайравӣ кунем, ки чунин навиштааст: «Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам» (1 Қӯр. 9:23). Аз ин рӯ, биёед ҳамеша дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунем.