Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 АЗ ХАЗИНАИ МО

Драмаи эврика» ба бисёриҳо барои ёфтани ҳақиқати Китоби Муқаддас кӯмак кард

Драмаи эврика» ба бисёриҳо барои ёфтани ҳақиқати Китоби Муқаддас кӯмак кард

«ЭВРИКА!» Маънои ин калима «ёфтам!» мебошад. Дар давоми асри XIX, вақте ки дар иёлоти Калифорния (ИМА) кони тилло ёфт шуд, одамон аз ҷойҳои дур хонаҳои худро тарк карда ба ҷустуҷӯи тилло мерафтанд. Дар он замон, вақте ки касе макони тиллоро меёфт, ӯ «Эврика!» гуфта нидо мекард. Ҳамзамон, Чарлз Рассел бо дигар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, чизи аз он ҳам қимматтаре ёфтанд. Ин чизи пурқиммат ҳақиқати Китоби Муқаддас буд. Ва онҳо хоҳиши сахт доштанд, ки ин ҳақиқати ёфтаашонро ба дигарон низ расонанд.

Тобистони соли 1914, дар шаҳрҳои калони ҷаҳон миллионҳо одамон тӯда-тӯда ба тамошои филми ҳаштсоатаи «Фотодрамаи офариниш» мешитофтанд, ки он аз тарафи Иттиҳодияи Байналхалқии Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бароварда шуда буд. Тасвирҳои ба ҳаракат даровардашуда, слайдҳои зебои ранга, хониши таъсирбахши нотиқ ва мусиқии форами классикӣ диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекард. Мазмуни ин драмаи бар Китоби Муқаддас асосёфта аз офариниши инсоният то охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исои Масеҳро дар бар мегирифт (Ваҳй 20:4) *.

Вале дар бораи сокинони шаҳраку деҳаҳои дурдаст чӣ гуфтан мумкин буд? Барои он ки дар он ҷойҳо низ ба ташнагони ҳақиқат шаҳодат дода шавад, августи соли 1914 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас шакли кӯтоҳи ин драмаро омода сохтанд. Он намоиш «Драмаи эврика» ном дошт, ки аз фотодрама фақат бо надоштани наворҳо фарқ мекард. «Драмаи эврика» ба се намуд тайёр шуда буд, ки ҳар яки он ба якчанд забон дастрас буд. Якум намудаш мусиқӣ ва ҳамаи нутқҳоро дар бар мегирифт. Дуюмаш тамоми нутқҳо ва инчунин слайдҳои зеборо дошт. Сеюмаш бошад, барои истифода дар хона пешбинӣ шуда буд. Он аз нутқҳои интихобшуда ва сурудҳо иборат буд. Барои намоиш додани ин драмаҳо граммофону таҷҳизоти арзон харидан мумкин буд.

Проекторҳо барои нишон додани слайдҳои ранга истифода мешуданд

Ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои намоиши ин драма таҷҳизоти қиммат ба монанди нурафкан (проектор) ва экранҳои калон даркор набуд. Онҳо ин драмаро дар қишлоқу деҳаҳо бепул нишон дода, хабари Салтанатро ба ҷойҳои нав ба нав бурда мерасонданд. Он драмаеро, ки фақат сабтҳои овозӣ дошт, ҳам рӯзона ҳам шабона гӯш кардан мумкин буд. Драмаи слайддор бошад, дар ҳолати набудани қувваи барқ, бо истифодаи чароғҳои карбидӣ нишон дода мешуд. Мувофиқи маълумоти маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба забони финӣ ин тасвирҳоро қариб дар ҳама ҷо нишон додан мумкин буд.

 Ба ҷои иҷора гирифтани театрҳои калон, Тадқиқотчиёни зираку доно бисёр вақт биноҳои бепулро истифода мебурданд. Масалан, онҳо драмаро дар синфхонаҳо, толорҳои судӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳатто хонаҳои истироҳатӣ ва ҳавлиҳои калон намоиш медоданд. Бисёр намоишҳо дар ҳавои кушод мегузаштанд. Бародарон дар девори хона матои сафедеро меовехтанд, ки он ҳамчун экран хизмат мекард. Бародар Энтони Ҳамбук навишт: «Деҳқонон як қитъаи боғи худро барои намоиши драма пешниҳод менамуданд. Тамошобинон дар болои чӯбҳои партофташуда нишаста, аз тамошои барнома ҳаловат мебурданд». Бародароне, ки драмаро намоиш медоданд, барои кашондани чизу чора, таҷҳизоти техникӣ ва хаймаву лавозимоти хӯрокпазии худ аробаи махсусро кор мефармуданд.

Шумораи тамошобинони ин драма аз се-чор кас то ба садҳо нафар мерасид. Боре дар як шаҳрчаи Иёлоти Муттаҳида, ки аҳолиаш ҳамагӣ 150 нафар буд, 400 кас дар мактаби маҳаллие барои тамошо ҷамъ шуданд. Дар ҷойҳои дигар бошад, баъзеҳо барои тамошои «Драмаи эврика» 8 километр роҳро тай карда меомаданд. Дар Шветсия дар ҳавличаи зане, ки Шарлотт Алберг ном дошт, ҳамсоягонаш ҷамъ шуда, пас аз гӯш кардани сабтҳо ба ваҷд омаданд. Ба як шаҳрчаи дурдасти саноатии Австралия тахминан 1500 нафар барои тамошои ин намоиш ҷамъ омаданд. Мувофиқи ҳисоботе, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» чоп шуда буд, аз тамошои тасвирҳо ва сабтҳои олиҷаноби драма хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯён ва профессорҳо ба ҳайрат меомаданд. «Драмаи эврика» ҳатто дар ҷойҳое, ки кинотеатр дошт, шӯҳрати калон пайдо карда буд.

ПАРВАРИШИ ТУХМИ ҲАҚИҚАТ

Ҷамъомади Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас нотиқонро ба ҳар ҷо роӣ мекард, то ки бо гуфтани нутқҳо ва намоиш додани «Драмаи эврика» синфҳои омӯзишии навро ташкил кунанд. Аниқ гуфтан душвор аст, ки «Драмаи эврика»-ро чанд нафар тамошо карда буданд. Бисёри намудҳои драма пайваста ба кор бурда мешуданд. Лекин соли 1915 аз 86 гурӯҳе, ки драмаро намоиш медод, танҳо 14-тоашон оиди шумораи тамошобинон мунтазам ҳисобот медод. Ба ин норасогии маълумот нигоҳ накарда, дар ҳисоботи ҷамъбастии ҳамон сол қайд шуда буд, ки драмаро зиёда аз як миллион нафар тамошо карданд. Баъди тамошои ин драма қариб 30 000 кас адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро дархост намуданд.

Шояд «Драмаи эврика» дар таърихи инсоният таъсири намоёне нагузошта бошад, лекин аз Австралия то Аргентина, аз Африқои Ҷанубӣ то Ҷазираҳои Бритонӣ, аз Ҳиндустон то Ҷазираҳои Кариб, миллионҳо одамон ин намоиши нотакрору беҳамторо тамошо карда буданд. Бисёре аз онҳо ҳақиқати Китоби Муқаддасро, ки аз тилло ҳам қимматтар аст, ёфтанд. Онҳо низ аз хурсандӣ «Эврика!» гуфта нидо карда метавонистанд.

^ сарх. 4 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 феврали с. 2014, рубрикаи «Аз хазинаи мо», мақолаи «Филме, ки таърихи 100-сола дорад», саҳ. 30–32.