Волидон— фарзандони худро чӯпонӣ кунед
«Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош» (МАС. 27:23).
1, 2. а) Баъзе вазифаҳои чӯпонони исроилӣ кадом буданд? б) Аз кадом ҷиҳат волидонро ба чӯпонон монанд кардан мумкин аст?
ДАР замонҳои қадим чӯпонон ҳаёти вазнин доштанд. Онҳо бояд на танҳо ба гармиву сардии ҳавои саҳро тоб меоварданд, балки ҳамчунин рамаи худро аз ғоратгарон ва ҳайвоноти ваҳшӣ муҳофизат мекарданд. Чӯпонон гӯсфандони худро мунтазам аз назар гузаронда, кадомеро ки касал ё маъюб буд, муолиҷа ва доруву дармон мекарданд. Онҳо хусусан ба барраҳо диққат медоданд, чунки онҳо нисбати гӯсфандони калон заифу нозуктар буданд (Ҳас. 33:13).
2 Аз баъзе ҷиҳатҳо волидони масеҳӣ низ ба чӯпонон монанданд, чунки онҳо бояд хислатҳои ба чӯпонон хосро дошта бошанд. Онҳо вазифадоранд, ки фарзандонашонро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кунанд (Эфс. 6:4). Оё иҷрои ин вазифа ҳамеша осон аст? Не. Зеро аз як тараф ба фарзандон тарғиботу рекламаи ҷаҳони Шайтон ва аз тарафи дигар нокомилии инсонӣ фишор меорад (2 Тим. 2:22; 1 Юҳ. 2:16). Агар шумо фарзанддор бошед, чӣ тавр онҳоро ба таври хуб чӯпонӣ карда метавонед? Дар ин кор ба шумо се чиз ёрдам медиҳад: аз аҳволи фарзандонатон хабардор бошед, онҳоро ғизо диҳед ва ба онҳо роҳ нишон диҳед.
АЗ АҲВОЛИ ФАРЗАНДОНАТОН ХАБАРДОР БОШЕД
3. Ба хубӣ «аз аҳволи» фарзандон хабардор будани волидон чӣ маъно дорад?
3 Чӯпони хуб ҳар як гӯсфандашро бодиққат аз назар мегузаронад, то ба солиму бардам будани он боварӣ ҳосил кунад. Волидон, ба маънои рамзӣ шумо низ бо фарзандонатон чунин карда метавонед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош» (Мас. 27:23). Шумо чун волид, албатта мехоҳед «аз аҳволи» фарзандони худ бохабар бошед. Барои ин, шумо бояд ба кору рафтори онҳо аҳамият диҳед ва фикрҳову ҳиссиёташонро бифаҳмед. Чӣ тавр инро кардан мумкин аст? Яке аз роҳҳои беҳтарин — доштани муоширати кушоду равшан бо фарзандонатон аст.
4, 5. a) Барои он ки фарзандон фикру ҳиссиёташонро ба осонӣ ба волидон баён кунанд, волидон аз кадом маслиҳатҳо истифода бурда метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Шумо барои бо фарзандони худ озодона муошират кардан одатан чӣ кор мекунед?
4 Баъзе волидон аҳамият доданд, ки вақте фарзандонашон ба синни наврасӣ мерасанд, бо онҳо муошират кардан душвор мешавад. Онҳо шояд фикру ҳиссиёти худро бо дигарон муҳокима кардан намехоҳанд ё аз гуфтани онҳо шарм медоранд. Агар шумо дар фарзанди худ низ чунин майлро пай баред, чӣ кор карда метавонед? Ба ҷои бо писар ё духтаратон дурудароз ва ҷиддӣ сӯҳбат кардан, кӯшиш кунед, ки дар вазъиятҳои орому осуда муошират намоед (Такр. Ш. 6:6, 7). Ҳаракат кунед, ки якҷоя бо онҳо вақт гузаронед. Бо мошин ва ё пиёда ҳамроҳ ба сайругашт равед, бо ҳам ягон хел бозӣ кунед ё корҳои хонаро якҷоя ба ҷо оред. Дар чунин вазъиятҳо фарзандон худро бо волидон нисбатан озод ҳис мекунанд ва метавонанд дилашонро ба онҳо кушоянд.
5 Лекин чӣ бояд кард, агар дар чунин ҳолатҳо низ фарзандатон дилашро ба шумо кушодан нахоҳад? Он гоҳ боз як роҳи дигарро ба кор бурда метавонед. Масалан, ба ҷои он ки бегоҳ аз духтаратон чӣ тавр гузаштани рӯзи ӯро пурсед, худатон метавонед ба ӯ нақл кунед, ки рӯзатон чӣ хел гузашт. Баъд ӯ низ шояд бо омодагӣ дар бораи кору бори худ нақл кунад. Ё вақте шумо оиди ягон мавзӯъ ба монанди дуздӣ ё сигоркашӣ фикру ақидаи фарзандатонро фаҳмиданӣ мешавед, саволҳоеро, ки диққатро шахсан ба ӯ равона мекунанд, надиҳед. Ба ҷои ин пурсидан мумкин аст, ки дӯстонаш оиди ин мавзӯъ чӣ ақида доранд. Баъд метавонед пурсед, ки ӯ ба дӯстонаш чӣ маслиҳате додан мехост.
6. Чӣ тавр шумо барои фарзандони худ дастрас буда метавонед?
6 Барои он ки фарзандонатон бо шумо ба осонӣ муошират кунанд, шумо бояд ба онҳо дастрас бошед. Агар ба назари фарзандонатон чунин намояд, ки шумо доим банд ҳастед, шояд фарзандон гумон кунанд, ки ба гӯш кардани онҳо вақт надоред ва шояд проблемаҳояшонро дар худ пинҳон доранд. Чӣ кор карда метавонед, то фарзандатон ба шумо озодона муроҷиат кунад? Фақат гуфтани суханони «ту ҳар гоҳ ки хоҳӣ бо ман гап зада метавонӣ» кам аст. Наврас бояд боварӣ дошта бошад, ки шумо ба проблемаи ӯ бепарво нестед ва ба чизе ки мегӯяд, сахтгирона ҷавоб намедиҳед. Бисёр волидон аз ин ҷиҳат намунаи хубанд. Каила ном духтари нуздаҳсола мегӯяд: «Ман бо дадаам оиди чизи дилхоҳ сӯҳбат карда метавонам. Ӯ гапи маро намебурад ва маро танқид намекунад; вай танҳо гӯш мекунад. Баъд ӯ ҳамеша ба ман маслиҳати беҳтарин медиҳад».
7. а) Чӣ тавр волидон ҳангоми муҳокимаи мавзӯи нозук, ба монанди мулоқоти ҷавону духтар оқил буда метавонанд? б) Чӣ тавр волидон худашон нафаҳмида фарзандонашонро ба хашм оварда метавонанд?
7 Волидон, баъзан ба шумо лозим меояд, ки бо фарзандатон оиди мавзӯъҳои нозук, масалан мулоқоти писару духтар гап занед. Албатта шумо мехоҳед, ки дар бобати ин чизҳо низ ба фарзандатон рафтори дурустро таълим диҳед. Лекин эҳтиёт бошед, ки маслиҳату насиҳати шумо фақат аз огоҳӣ иборат набошад. Масалан, фарз кунед, ки шумо ба ошхонае меравед ва аз пешхизмат рӯйхати таомҳоро мепурсед. Лекин мебинед, ки рӯйхати таомҳо танҳо аз огоҳӣ иборат асту халос: «Ин таомро нахӯред, ки шикамдард мешавед... он таомро нахӯред, ки зарар мекунад». Он гоҳ шумо эҳтимол он ҷоро тарк карда ба ошхонаи дигаре мерафтед. Ба ин монанд, агар фарзандатон ба пеши шумо Қӯлассиён 3:21-ро бихонед.) Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, то назари оқилонаро нигоҳ доред. Хоҳари ҷавоне бо номи Эмили нақл мекунад: «Вақте ки волидонам бо ман дар мавзӯи мулоқоти ҷавону духтар гап мезананд, онҳо ба ин мавзӯъ бо назари манфӣ наменигаранд. Онҳо диққатро ба ҷонибҳои хурсандиовари ёфтани ҳамсар ва издивоҷ равона мекунанд. Ин ба ман ёрӣ медиҳад, ки оиди ин мавзӯъ бо онҳо озодона гап занам. Дар асл, ман намехоҳам, ки ягон муносибати бо ҷавоне доштаамро аз волидонам пинҳон кунам».
барои маслиҳат ояду суханони шумо фақат огоҳиҳои сахтгиронаро дар бар гиранд, аз ин ӯ шояд ба хашм ояд ва дигар аз шумо маслиҳате напурсад. (8, 9. а) Агар гапи фарзандатонро набурида, ӯро босаброна гӯш кунед, чӣ натиҷаҳои хуб ба даст меоянд? б) Дар мавриди гӯш кардани фарзандонатон шумо чӣ муваффақият ба даст оварда будед?
8 Босабр бошед ва фарзандатонро бо меҳрубонӣ гӯш кунед. Ин нишон медиҳад, ки шумо ба гӯш кардани онҳо тайёред ва ба шумо бемалол муроҷиат кардан мумкин аст. (Яъқуб 1:19-ро бихонед.) Катя ном модари танҳо иқрор мешавад: «Пеш ман ҳангоми сӯҳбат бо духтарам хеле бетоқат будам. Ман ба вай имконият намедодам, ки гапашро то охир гӯяд. Ман аз хастагӣ ӯро гӯш кардан намехостам ё гапҳои ӯро муҳим намешуморидам. Ҳоло бошад, ман рафторамро дигар кардам ва ин ба духтарам низ таъсир расонд. Акнун ӯ барои бо ман муошират кардан худро озодтар ҳис мекунад».
9 Падаре бо номи Роналд низ бо духтари наврасаш пеш чунин муносибат мекард. «Вақте ки духтарам ба ман гуфт, ки дар мактаб ба ҷавоне ошиқ шудааст, дар аввал ман ба қаҳр омадам,— мегӯяд ӯ,— вале вақте ман мулоҳиза рондам, ки то чӣ андоза Яҳува бо ходимонаш пурсабру бомулоҳиза аст, ман ба хулоса омадам, ки пеш аз чизе гуфта духтарамро ислоҳ кардан, беҳтараш ба ӯ имконият диҳам, ки ҳиссиёташро баён кунад. Ман аз ин корам хеле хурсанд будам! Аввалин бор дар ҳаётам ман ҳиссиёти духтарамро фаҳмидам. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, бо ӯ мулоим гап задан бароям осонтар шуд. Ҳайратовар буд, ки ӯ маслиҳатамро бо омодагӣ қабул кард. Вай гуфт, ки самимона мехоҳад рафторашро дигар кунад». Бо фарзандонатон ошкоро сӯҳбат карда, шумо аз фикру ҳиссиёти онҳо ба хубӣ огоҳ мешавед. Он гоҳ шумо метавонед ба онҳо ёрӣ диҳед, ки дар ҳаёт қарорҳои оқилона қабул кунанд *.
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҒИЗО ДИҲЕД
10, 11. Чӣ тавр шумо ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед, ки аз роҳи ҳақиқат нараванд?
10 Чӯпони хуб медонад, ки гӯсфандон аз рама дур шуда метавонанд. Мумкин гӯсфанд Мас. 13:20). Чӣ тавр шумо чунин ҳолатро пешгирӣ карда метавонед?
барои хӯрдани алафи тару тозае, ки аз рама каме дуртар аст, равад. Бо хӯрдани алаф овора шуда худаш нафаҳмида мемонад, ки чӣ хел ӯ аз рама ҷудо шудааст. Ба ин монанд, фарзанд низ ба васвасаи муошират бо ёрони бад ё вақтхушии зараровар дода шуда, оҳиста-оҳиста ба роҳи хатарнок рафта метавонад (11 Агар шумо фарзанд тарбия кунеду дар ӯ ягон майл ё хислати нодурустро пай баред, фавран барои бартараф кардани он ба ӯ кӯмак кунед. Ҳамчунин ба вай ёрдам диҳед, ки хислатҳои хубашро боз ҳам бештар инкишоф диҳад (2 Пет. 1:5–8). Роҳи хуби ба ин мақсад расидан гузаронидани ибодати оилавӣ мебошад. Оиди он дар «Хизмат ба Салтанати Худо» аз октябри с. 2008 чунин қайд шуда буд: «Сарварони оила дар назди Яҳува ӯҳдадоранд, ки бо оилаашон мунтазам омӯзиши пурмазмуни Китоби Муқаддас гузаронанд». Оё шумо барои чӯпонӣ кардани фарзандонатон вақти ибодати оилавиро бохирадона истифода мебаред? Боварӣ дошта бошед, ки фарзандонатон ёрдами рӯҳонии шуморо хеле қадр мекунанд (Мат. 5:3; Фил. 1:10).
12. а) Мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ ба фарзандон чӣ манфиат меорад? (Инчунин ба чорчӯбаи « Онҳо инро қадр мекунанд» нигаред.) б) Шахсан шумо аз ибодати оилавӣ чӣ манфиат мегиред?
12 Бубинед, ки Карисса ном духтари наврас дар бораи манфиате, ки ибодати оилавӣ ба оилаи онҳо меорад, чӣ мегӯяд: «Вақте ҳамаи мо якҷоя ҷамъ шуда чақ-чақ мекунем, ман аз ин ҳаловат мегирам. Он лаҳзаҳое, ки мо бо ҳам мегузаронем, дер боз аз ёдамон намераванд. Падарам ибодати оилавиро мунтазам мегузаронад. Дидани он ки ӯ ба ибодати оилавӣ ҷиддӣ муносибат мекунад, маро рӯҳбаланд менамояд ва бармеангезад, ки ман ҳам ба он ҷиддӣ муносибат кунам. Аз ин ҳамчунин эҳтироми ман нисбати падарам чун ба сарвари рӯҳонӣ зиёд мегардад». Хоҳари ҷавон бо номи Бритэни мегӯяд: «Ибодати оилавӣ маро ба волидонам наздиктар месозад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо дар бораи ман ҳақиқатан ҳам ғамхорӣ мекунанд ва мехоҳанд, ки аз проблемаҳоям бохабар бошанд. Ин кӯмак мекунад, ки оилаи мо мустаҳкам ва аҳлу тифоқ бошад». Волидон, дар хотир дошта бошед, ки роҳи беҳтарини чӯпони хуб будан ин ба воситаи ибодати оилавӣ ғизо додани фарзандонатон мебошад. Ҳамин тавр шумо дар дили онҳо муҳаббати Яҳуваро инкишоф медиҳед *.
ФАРЗАНДОНАТОНРО РОҲНАМОӢ КУНЕД
13. Чӣ тавр шумо фарзандатонро барои ба Яҳува хизмат кардан барангехта метавонед?
13 Чӯпони хуб барои роҳнамоӣ ва муҳофизат кардани рамааш чӯбдастро истифода мебарад. Мақсади асосии чӯпон ин ба «чарогоҳи хуб» бурдани гӯсфандонаш аст (Ҳиз. 34:13, 14). Волидон, мақсади шумо низ бешубҳа ин аст, ки фарзандонатонро барои ба Яҳува хизмат кардан роҳнамоӣ кунед. Ва шумо, албатта, мехостед, ки онҳо низ мисли забурнавис чунин хоҳиш дошта бошанд: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Ҷавононе, ки ба Яҳува маҳз чунин ҳиссиёт инкишоф медиҳанд, ҳаёташонро ба Ӯ бахшида таъмид мегиранд. Барои чунин қарори муҳим баровардан онҳо бояд аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол бошанд ва хоҳиши самимии ба Яҳува хизмат карданро дошта бошанд.
14, 15. а) Волидони масеҳӣ бояд чӣ гуна мақсад дошта бошанд? б) Аз кадом сабабҳо наврасон нисбати ҳақиқат шубҳа дошта метавонанд?
14 Лекин чӣ бояд кард, агар ба назаратон чунин намояд, ки фарзанди шумо рӯҳан пеш намеравад ва ҳатто шубҳа дорад, ки роҳи Шоҳидони Яҳува ҳақиқат аст? Кӯшиш кунед, то бо фарзандонатон дар бораи Яҳува мулоҳиза ронед ва дар дили онҳо нисбати Ӯ муҳаббат бедор кунед. Ба онҳо қадр кардани ҳамаи он корҳоеро, ки Яҳува бароямон кардааст, ёд диҳед (Ваҳй 4:11). Сипас, вақте ки онҳо Яҳуваро дӯст доштанд, худашон қарор медиҳанд, ки ба Ӯ хизмат кунанд ё не.
15 Агар фарзандонатон ба ҳақиқат шубҳа дошта бошанд-чӣ? Чӣ тавр шумо онҳоро чӯпонӣ карда метавонед? Ба онҳо фаҳмонед, ки хизмат кардан ба Яҳува дар ҳақиқат роҳи беҳтарини ҳаёт аст ва ба онҳо хушбахтии
бардавом меорад. Кӯшиш кунед, то муайян созед, ки маҳз аз кадом сабаб онҳо шубҳа доранд. Масалан, оё писаратон дар ҳақиқат бо таълимоти Китоби Муқаддас розӣ нест ё гап танҳо дар сари он аст, ки ӯ аз мавъиза кардан дар мактаб метарсад? Оё духтари шумо дар ҳақиқат ба оқилона будани меъёрҳои Худо шубҳа дорад ё душворӣ танҳо дар он аст, ки дигар духтарон ӯро паст мезананд ва ӯ худро танҳову партофташуда ҳис мекунад?16, 17. Бо кадом роҳҳо волидон ба фарзандони худ барои ҳақиқатро дӯст доштан ёрӣ дода метавонанд?
16 Новобаста аз он ки фарзандатон аз кадом сабаб оиди ҳақиқат шубҳа дорад, шумо барои бартараф кардани он ба ӯ ёрӣ дода метавонед. Чӣ тавр? Як роҳе, ки бисёр волидон самарабахш меҳисобанд, ин додани саволҳои зерин аст: «Барои ту масеҳӣ будан осон аст ё душвор? Ба ақидаи худи ту, агар шахс масеҳӣ бошад, ин ба ӯ чӣ фоида меорад? Ва ӯ кадом чизҳоро аз даст медиҳад? Ба фикри ту, оё он манфиате, ки масеҳӣ дар ҳаёти ҳозира ва дар дунёи нав ба даст меорад, аз чизҳое, ки ӯ аз даст медиҳад, зиёд нестанд?» Волидон, албатта ба шумо лозим аст, ки чунин саволҳоро бо гапҳои худатон, ба таври мулоим ва шавқовар бо фарзандонатон муҳокима кунед, на ин ки танқидомез. Дар давоми сӯҳбат шумо метавонед оятҳои Марқӯс 10:29, 30-ро якҷоя дида бароед. Шояд хуб мебуд, ки ҷавонон фикрҳои худро дар як варақ нависанд. Варақро ба ду сутунча ҷудо карда, дар як тарафаш манфиатҳо ва дар дигараш чизҳои аз даст мерафтаро нависанд. Ин метавонад ба муайян кардани душвориҳои доштаи фарзандатон ва ёфтани ҳалли онҳо ёрӣ диҳад. Ҳамчун масеҳиён мо бо шавқмандон аз китобҳои рӯи «Таълимот» ва «Муҳаббати Худо» омӯзиш мегузаронем, лекин то чӣ андоза муҳим аст, ки бо фарзандони худ низ онҳоро омӯзем! Оё шумо ин корро мекунед?
17 Вақте ки фарзандони шумо ба камол мерасанд худашон бояд қарор кунанд, ки ба Яҳува хизмат мекунанд ё не. Фикр накунед, ки онҳо худ аз худ бо ин роҳ равона хоҳанд шуд. Онҳо бояд худашон бо Яҳува муносибатҳои шахсӣ инкишоф диҳанд ва ҳақиқатро дӯст доранд (Мас. 3:1, 2). Агар ба назар чунин тобад, ки фарзандатон барои ба Худо наздик шудан душворӣ мекашад, пас ӯро барангезед кунед, ки худро бо ёрии саволҳои зерин тафтиш кунад: «Аз куҷо ман медонам, ки Худо ҳаст? Чӣ маро боварӣ мебахшад, ки Яҳува Худо дар ҳақиқат дар бораи ман ғамхорӣ мекунад? Чаро ман боварӣ дорам, ки қонуну талаботи Яҳува ҳамааш бар фоидаи ман аст?» Волидон, чун чӯпонони хуб бо пурсабрӣ фарзандони худро роҳнамоӣ кунед. Ба онҳо ёрӣ диҳед, то боварӣ ҳосил кунанд, ки хизмат ба Яҳува аз ҳама роҳи беҳтарин аст * (Рум. 12:2).
18. Чӣ тавр волидон ба Чӯпони Бузург, Яҳува, пайравӣ карда метавонанд?
18 Ҳамаи масеҳиён ба Чӯпони Бузург, Яҳува, пайравӣ кардан мехоҳанд (Эфс. 5:1; 1 Пет. 2:25). Хусусан ба волидон лозим аст, ки аз аҳволи рамаи худ, яъне фарзандони азизашон ба хубӣ хабардор бошанд. Онҳо бояд фарзандони худро роҳнамоӣ кунанд, то онҳо аз баракатҳои ҷовидонае, ки Худо ваъда медиҳад, баҳраманд шуда тавонанд. Барои ҳамин, фарзандони худро чӯпонӣ карда, онҳоро пайваста дар роҳи ҳақиқат тарбия кунед!
^ сарх. 9 Барои ёфтани маслиҳатҳои бештар ба китоби «Сирри хушбахтии оила» саҳ. 64–75 нигаред.
^ сарх. 12 Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Ибодати оилавӣ барои наҷот ёфтан ҳатмӣ аст» («Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 октябри с. 2009, саҳ. 29–31) нигаред.
^ сарх. 17 Ин мавзӯъ дар «Бурҷи дидбонӣ» [bw520] аз 15 марти с. 2012, саҳ. 26–29 васеътар муҳокима шудааст.