Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Анҷоми ин дунёро якҷоя пешвоз мегирем

Анҷоми ин дунёро якҷоя пешвоз мегирем

«Мо андоми якдигарем» (ЭФС. 4:25).

1, 2. Мо бояд Худоро чӣ тавр ибодат кунем?

ОЁ ШУМО ҷавонед? Агар ҳа, боварӣ дошта бошед, ки шумо қисми муҳими ташкилоти Яҳува ҳастед. Дар бисёр мамлакатҳо шумораи зиёди таъмидгирандагон ҷавонон мебошанд. Дидани он ки ҷавонони бисёр ҳаёташонро ба Яҳува мебахшанд, касро рӯҳбаланд месозад.

2 Чун шахси ҷавон шумо шояд ҳамроҳи ҳамсолони худ вақт гузаронданро дӯст доред. Албатта ин ба кас хурсандӣ меорад. Вале новобаста аз он ки мо ҷавонем ё солхӯрда, дар кадом муҳит тарбия ёфтаем, Худо мехоҳад, ки мо дар ягонагӣ Ӯро ибодат кунем. Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «[Худо] мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4). Дар Ваҳй 7:9 гуфта шудааст, ки одамон аз «ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» Худоро барои ибодат кардан меоянд.

3, 4. а) Имрӯз аксари ҷавонон чӣ гуна рӯҳия доранд? б) Дар ояти Эфсӯсиён 4:25 Павлус дар бораи ҷамъомад чӣ гуфт?

3 Байни одамони ин ҷаҳон ва хизматгорони Худо фарқияти калон аст. Бисёре аз онҳое ки хизматгори Яҳува нестанд, танҳо дар бораи худашон ва хоҳишҳои шахсиашон фикр мекунанд. Баъзе тадқиқотчиён онҳоро «Насли ман худам» меноманд. Тарзи гапзанӣ ва либоспӯшиашон нишон медиҳад, ки онҳо нисбати одамони аз худ калон як зарра эҳтиром надоранд. Онҳо калонсолонро аз зиндагӣ қафомонда меҳисобанд.

4 Чунин рӯҳияро дар одамони гирду атроф дидан мумкин аст. Барои ҳамин ба хизматгорони ҷавони Яҳува гурехтан аз чунин рӯҳия ва кардани коре ки ба Яҳува маъқул аст, душвор буда метавонад. Ҳатто дар асри як низ Павлуси ҳавворӣ ҳамимононашро огоҳ кард, то аз «рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад», даргурез бошанд. (Эфсӯсиён 2:1–3-ро бихонед.) Ҷавононе ки аз чунин рӯҳия дур мешаванд ва бо ҳамимонони худ якҷоя ҳамкорӣ мекунанд, сазовори таърифу таҳсинанд. Чунин амали онҳо бо гуфтаҳои Павлус ҳамоҳанг мебошад, зеро ӯ гуфта буд, ки «мо андоми якдигарем» (Эфс. 4:25). Ҳоло ки анҷоми ин тартиботи Шайтон боз ҳам наздиктар шуда истодааст, тифоқ будан бароямон беш аз ҳарвақта муҳим аст. Биёед аз Китоби Муқаддас якчанд мисолро дида мебароем ва мефаҳмем, ки чаро бароямон муттаҳид будан зарур аст.

ОНҲО АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОВАРДАНД

5, 6. Аз мисоли Лут ва духтаронаш мо чӣ меомӯзем?

5 Дар замонҳои гузашта халқи Яҳува баъзан бо мусибату бадбахтӣ рӯ ба рӯ мешуд. Азбаски онҳо тифоқу муттаҳид буданд ва ба якдигар кӯмак мекарданд, Яҳува онҳоро муҳофизат мекард. Ходимони имрӯзаи Худо, чӣ пиру чӣ ҷавон, аз чунин мисолҳои Китоби Муқаддас барои худ дарс гирифта метавонанд. Биёед мисоли Лутро дида бароем.

6 Лут ва оилааш дар ҳолати хатарнок қарор доштанд. Яҳува Садӯм, шаҳреро, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, несту нобуд карданӣ буд. Ӯ фариштаҳои худро ба назди Лут фиристода ӯро огоҳ намуд, ки аз шаҳр гурехта ба кӯҳ равад. Фариштагон ба Лут гуфтанд: «Ҷони худро раҳо кун» (Ҳас. 19:12–22). Лут ва духтарони ӯ ба огоҳии фариштагон итоат намуданд, вале дигар хешовандони онҳо ба ин огоҳӣ аҳамият надоданд. Ҷавонмардоне ки духтарони Лутро гирифтанӣ буданд, гумон карданд, ки Лути пиронсол бо онҳо «ҳазлбозӣ мекунад». Аз боиси чунин беаҳамиятиашон онҳо ҳаёташонро аз даст доданд (Ҳас. 19:14). Танҳо Лут ва духтаронаш, ки ҳамроҳи ӯ буданд, наҷот ёфтанд.

7. Яҳува ба онҳое ки ҳангоми аз Миср баромадан рӯҳияи ягонагӣ нишон доданд, чӣ гуна кӯмак кард?

7 Биёед мисоли дигареро дида мебароем. Вақте исроилиён аз Миср берун мебаромаданд, онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим нашуданд ва ҳар кас бо роҳи мехостагиаш нарафт. Ва вақте ки Яҳува обҳои баҳри Қулзумро ду тақсим кард, аз он Мусо танҳо нагузашт ё ҳамроҳаш фақат як гурӯҳи хурдро нагирифт. Баръакс, таҳти роҳбарии Яҳува тамоми ҷамъомад аз он гузашт (Хур. 14:21, 22, 29, 30). Онҳо рӯҳияи ягонагӣ зоҳир карданд ва ҳамроҳашон «издиҳоми гуногунқабилаи зиёде» аз баҳр гузашт (Хур. 12:38). Агар як гурӯҳи хурд, фарз кардем, ҷавонон худсарӣ карда ба роҳи худашон интихобкарда мерафтанд, кори беақлонае мекарданд. Зеро ҳар касе ки худаш роҳро интихоб мекард, аз муҳофизати Яҳува маҳрум мешуд (1 Қӯр. 10:1).

8. Чӣ тавр дар рӯзҳои Еҳӯшофот халқи Худо якдилона амал намуд?

8 Дар замони подшоҳ Еҳӯшофот ба халқи Худо яке аз давлатҳои ҳамсоя, ки лашкари сершумор ва пурқуввате дошт, ҳамла овард (2 Вақ. 20:1, 2). Вале хизматгорони Худо намекӯшиданд, ки бо душман бо қуввати худ ҷанг кунанд. Ба ҷои ин онҳо ба Яҳува муроҷиат намуданд. (2 Вақоеънома 20:3, 4-ро бихонед.) Онҳо ҳар кадоме ба таври худ ба Худо муроҷиат накарданд, балки ҳамаашон дар як ҷо ҷамъ омаданд. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Тамоми аҳли Яҳудо ба ҳузури Худованд истода буданд, низ кӯдаконашон, занонашон ва писаронашон» (2 Вақ. 20:13). Тамоми халқ аз ҷавон то пир ба Яҳува такя карданд ва ҳама чизеро ки ба онҳо гуфта шуд, иҷро намуданд. Онҳо якдилона амал намуданд ва Яҳува онҳоро аз душманонашон муҳофизат намуд (2 Вақ. 20:20–27). Ин мисол хуб нишон медиҳад, ки чӣ тавр халқи Худо якдилона ба душворӣ муқобилат мекунад.

9. Аз масеҳиёни асри як мо чӣ омӯхта метавонем?

9 Дар асри як масеҳиён Яҳуваро дар сулҳу ягонагӣ ибодат мекарданд. Масалан, баъди он ки бисёр яҳудиён ва ғайрияҳудиён масеҳӣ шуданд, онҳо ба ҳамон як таълимот пайравӣ кардан гирифтанд. Онҳо якҷоя вақт мегузаронданд, якҷоя хӯрок мехӯрданд ва якҷоя дуо мегуфтанд (Аъм. 2:42). Ягонагии онҳо хусусан вақти таъқибот аён мегашт. Дар чунин лаҳзаҳо онҳо беш аз ҳарвақта ба дастгирии ҳамдигар ниёз доштанд (Аъм. 4:23, 24). Вақте ки мо ба таъқибот дучор мешавем, оё набояд ба монанди масеҳиёни асри як бо ҳам якдилу тифоқ гашта якдигарро дастгирӣ кунем?

ПЕШ АЗ ОН КИ РӮЗИ ЯҲУВА БИЁЯД, МУТТАҲИД ШАВЕД

10. Кай ба мо лозим мешавад, ки беш аз ҳарвақта муттаҳид бошем?

10 Ба наздикӣ мо бо давраи душвортарин дар таърихи инсоният рӯ ба рӯ мешавем. Пайғамбар Юил онро чун «рӯзи торикӣ ва зулмот» тасвир кард (Юил 2:1, 2; Саф. 1:14). Он вақт ба халқи Худо лозим мешавад, ки беш аз ҳарвақта муттаҳид бошад. Суханони Исоро ба ёд оред: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад» (Мат. 12:25).

11. Халқи Худо аз Забур 121:3, 4 барои худ оиди ягонагӣ чӣ омӯхта метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Ҳангоми наздикшавии анҷоми ин тартибот, мо бояд дар ҳақиқат аҳлу тифоқ бошем. То чӣ андоза? Мо инро аз тарзи сохта шудани хонаҳои Ерусалими қадим омӯхта метавонем. Хонаҳои он ба якдигар чунон ҷафс сохта шуда буданд, ки забурнавис Ерусалимро чун «шаҳре ки комилан ба ҳам пайвастааст», тасвир намуд. Ба туфайли ин, сокинони Ерусалим дар вақти лозима ба якдигар дасти ёрӣ дароз карда метавонистанд. Ҳамчунин наздик ҷойгир шудани хонаҳо ягонагии рӯҳониро тасвир мекард, чунки «сибтҳои Худованд» барои Ӯро ибодат кардан чун як халқ ҷамъ мешуданд. (Забур 121:3, 4-ро бихонед.) Ба мо низ лозим аст, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ҳангоми душвориҳои сахт ба монанди хонаҳои Ерусалим ба ҳамдигар бипайвандем.

12. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки дар вақти ҳамлаи Ҷуҷ зинда бимонем?

12 Чаро ба мо дар оянда ягонагиро нигоҳ доштан муҳим хоҳад буд? Дар Ҳизқиёл боби 38 пешгӯӣ шудааст, ки Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ба халқи Худо ҳамла хоҳад кард. Он вақт мо набояд гузорем, ки чизе ягонагии моро вайрон созад. Мо он вақт албатта ба ҷаҳон барои дастгирӣ рӯ намеоварем. Он вақт мо бояд бо дилу ҷон кӯшиш кунем, то ба бародарону хоҳаронамон ҳар чӣ наздиктар шавем. Лекин барои дар он рӯз наҷот ёфтан, дар байни халқи Худо будан кам аст. Барои он ки моро Яҳува ва Исо наҷот диҳанд, ҳар яки мо бояд номи Яҳуваро бихонем (Юил 2:32; Мат. 28:20). Лекин ҳамзамон мо бояд ба халқи Худо бипайвандем. Ба фикри шумо, оё Яҳува шахсонеро ки бо роҳи худ рафтан мехоҳанд, наҷот медиҳад? (Мик. 2:12).

13. Аз намунаҳое ки мо дида баромадем, ҷавонон чӣ омӯхта метавонанд?

13 Агар шумо шахси ҷавон бошед, оё шумо ба хубӣ дарк мекунед, ки худро аз аъзоёни ҷамъомад дур кардан бехирадона аст? Замоне наздик шуда истодааст, ки мо ба якдигар аз пештара дида зиёдтар ниёз хоҳем дошт. Ва ин ба ҳамаи мо дахл дорад: ҳам ба пир ва ҳам ҷавон. Бале, ҳоло вақти он аст, ки пайвандҳои ягонагиро байни ҳам ҳарчи бештар инкишоф диҳем, чунки дар ояндаи наздик ин ҳаётамонро наҷот дода метавонад.

«АНДОМИ ЯКДИГАР»

14, 15. а) Чаро Яҳува имрӯз моро таълим медиҳад, ки муттаҳид бошем? б) Барои муттаҳид будан Яҳува ба мо чӣ гуна маслиҳат медиҳад?

14 Яҳува кӯмак мекунад, ки мо ҳамроҳи бародару хоҳаронамон «Ӯро якдилона ибодат» намоем (Саф. 3:8, 9). Ӯ моро барои оянда таълим медиҳад, зеро дар оянда Ӯ «ҳама чизро... зери сардории Масеҳ... ҷамъ хоҳад кард». (Эфсӯсиён 1:9, 10-ро бихонед.) Яҳува мехоҳад парастандагони худро дар осмон ва дар замин ба ҳамдигар муттаҳид созад, то ки онҳо як оила шаванд ва Ӯ ин корро ҳатман хоҳад кард. Ҷавонон, шумо низ метавонед аъзоёни ин оила бошед. Оё шумо дарк мекунед, ки бо ташкилоти Яҳува ҳамкорӣ кардан то чӣ андоза муҳим аст?

15 Яҳува ба мо аз ҳозир ёд дода истодааст, ки дар якҷоягӣ ба Ӯ хизмат кунем, то ки дар оянда низ бо ҳамдигар дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ карда тавонем. Дар Китоби Муқаддас такрор ба такрор ба мо гуфта мешавад, ки «ба якдигар... ғамхорӣ» кунем, «якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст» дорем, «ҳамдигарро... тасаллӣ» диҳем ва «якдигарро обод» кунем (1 Қӯр. 12:25; Рум. 12:10; 1 Тас. 4:18; 5:11). Яҳува медонад, ки мо нокомилем ва аз ин сабаб нигоҳ доштани ягонагӣ бароямон душвор буда метавонад. Барои ҳамин Ӯ ба мо мегӯяд, ки доимо «якдигарро афв» намоем (Эфс. 4:32).

16, 17. а) Яке аз сабабҳои вохӯриҳои мо дар чист? б) Ҷавонон аз намунаи Исо чӣ омӯхта метавонанд?

16 Яҳува ба мо боз ба воситаи ҷамъомадҳо ягонагиро таълим медиҳад. Дар Ибриён 10:24, 25 Ӯ мегӯяд, ки яке аз сабабҳои он, ки чаро мо ҷамъ мешавем, ин «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангехтан аст. Биёед ҳангоми чунин вохӯриҳо якдигарро рӯҳбаланд кунем, «бештар ба қадри он ки... наздик шудани он рӯзро» мебинем.

17 Исо бо халқи Худо ҷамъ шуданро дӯст медошт ва ба мо дар қадр кардани ҷамъомадҳо намунаи хуб гузошт. Боре Исо дар дувоздаҳсолагиаш, ба вохӯрии калоне, ки дар маъбад мегузашт, ташриф овард. Дар он вақт чунин шуд, ки падару модараш ӯро гум карданд. Оё ӯ барои бо дигар ҷавонон вақт гузарондан рафта буд? Не. Юсуф ва Марям ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар он ҷо дар байни муаллимон нишаста дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат мекард (Луқ. 2:45–47).

18. Чӣ тавр дуоҳои мо ба ягонагӣ дар ҷамъомад мусоидат мекунанд?

18 Боз як роҳи инкишоф додани ягонагӣ — ин дар ҳаққи якдигар дуо гуфтан аст. Агар мо дар ҳаққи бародару хоҳаронамон дуо гӯем, мо нишон медиҳем, ки онҳоро дар ҳақиқат дӯст медорем. Лекин ин корро на танҳо масеҳиёни калонсол карда метавонанд. Ҷавонон, оё шумо низ мекӯшед, ки бо ин роҳ бо ҷамъомади худ наздик шавед? Ба ҷои ба ҷаҳони Шайтон дӯстӣ кардан, беҳтараш биёед ба бародару хоҳаронамон бипайвандем.

Ҳамаи мо барои беҳбудии бародаронамон дуо гуфта метавонем (Ба сархати 18 нигаред.)

БИЁЕД НИШОН ДИҲЕМ, КИ МО «АНДОМИ ЯКДИГАРЕМ»

19–21. а) Донистани он ки мо «андоми якдигарем» моро ба чӣ бармеангезад? Якчанд мисол оред. б) Аз рафтори баъзе бародаронамон дар вақти офатҳои табии мо чӣ омӯхта метавонем?

19 Халқи Яҳува аллакай аз ҳозир аз рӯи принсипи Румиён 12:5 амал мекунад. Дар он ҷо навишта шудааст, ки «ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем». Вақте ки бародарон ва хоҳарони мо аз офатҳои табиӣ азоб мекашанд, мо аз рӯи муҳаббат мехоҳем ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунем. Декабри соли 2011 боди шадиде ба Филиппин, ба ҷазираи Минданао вазида обхезии калонеро ба вуҷуд овард. Дар як шаб зиёда аз 40 000 хона зери об монд, ки дар байни онҳо бисёр хонаҳои бародарону хоҳарони мо низ буданд. Филиалҳо хабар медиҳанд, ки «ҳатто пеш аз он ки кумитаҳо оид ба расондани ёрӣ ба амал шурӯъ кунанд, бародарони масеҳиамон аз дигар ноҳияҳо кӯмакашонро пешниҳод мекарданд».

20 Мисли ин, вақте ки дар Ҷопони шарқӣ заминҷунбии сахт ва сунами рӯй дод, бисёр ҳамимононамон осеби калоне диданд. Бисёриҳо бе хонаву дар монданд. Йошико, ки ӯ низ хонаашро аз даст дода буд, аз Толори Салтанат 40 километр дур зиндагӣ мекард. Ӯ мегӯяд: «Вақте мо фаҳмидем, ки як рӯз пас аз заминҷунбӣ нозири ноҳиявӣ ҳамроҳи як бародар ба кофтукови мо омад, мо ба ҳайрат омадем». Ӯ бо табассум илова мекунад: «Мо аз таҳти дил миннатдорем, ки ҷамъомад ниёзҳои рӯҳонии моро ба таври фаровон қонеъ мегардонад. Ғайр аз ин, мо пӯшоки гарм, пойафзол, ҷузвдонҳо ва либоси хоб гирифтем». Аъзои Кумитаи оид ба расондани ёрӣ чунин мегӯяд: «Бародарон дар тамоми Ҷопон якдилона амал карда, якдигарро дастгирӣ мекарданд. Баъзе бародарон ҳатто аз ИМА барои ба онҳо кӯмак расондан омада буданд». Вақте аз онҳо пурсиданд, ки чаро чунин роҳи дарозро тай карданд, онҳо ҷавоб доданд, ки бародарони ҷопонӣ ба кӯмак мӯҳтоҷанд ва азбаски онҳо аъзои якдигаранд, зуд ба ёрии онҳо омаданд. Оё шумо бо он ки қисми чунин ташкилоти ғамхор ҳастед, фахр намекунед? Бешубҳа, Яҳува аз дидани чунин ягонагӣ шод мешавад.

21 Мо бояд ҳозир ба якдигар такя карданро ёд гирем. Дар оянда ин ба мо ёрдам мекунад, ки ба душвориҳо якҷоя ғолиб оем. Ҳатто агар мо аз бародарону хоҳарони дигар мамлакатҳо алоқаамонро гум кунем ҳам, мо бо ҳамимонони маҳалли худ дар ягонагӣ хоҳем буд. Фумико, хоҳарамон аз Ҷопон, ки тӯфони шадидеро аз сар гузарондааст, чунин мегӯяд: «Анҷом хеле наздик аст. Мо бояд дастгирӣ кардани ҳамимононамонро давом диҳем ва ҳамзамон ба ояндае ки дар он дигар офату нохушиҳо намешавад, назар афканем».

22. Чӣ тавр ягонагӣ ба мо дар оянда кӯмак мекунад?

22 Барои бо бародарони худ якҷоя будан ҳар кори аз дастатон меомадаро карда, шумо ба рӯзе тайёр мешавед, ки Яҳува дар он ҷаҳони Шайтонро нест мекунад. Чун дар замонҳои қадим Худованд халқи худро наҷот медиҳад (Иш. 52:9, 10). Барои он ки наҷот ёбем, ба мо зарур аст, ки бо халқи Худо дар ягонагӣ бошем. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чаро мо бояд ба чизҳое ки ҳозир гирифтаем, миннатдор бошем.