Издивоҷи худро мустаҳкаму хушбахт созед
«Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд» (ЗАБ. 126:1а).
1–3. Ҳамсарон бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
«АГАР шумо барои хушбахту муваффақ будани издивоҷатон ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, шумо аз баракатҳои Яҳува баҳравар шуда метавонед»,— мегӯяд бародаре ки тӯли 38 сол оиладор асту дар издивоҷ хушбахт мебошад. Зану шавҳар дар ҳақиқат метавонанд бо якдигар ҳаёти хушбахтона ба сар баранд ва ҳангоми душвориҳо дастгири якдигар бошанд (Мас. 18:22).
2 Лекин дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки зану шавҳар «дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт» ва ин чизи ғайриоддие нест (1 Қӯр. 7:28). Барои чӣ? Душвориҳои ҳаёти ҳаррӯза пайвандҳои издивоҷро суст карда метавонанд. Азбаски ҳам зан ва ҳам шавҳар нокомиланд, онҳо метавонанд бо суханони дурушт якдигарро хафа кунанд ва ё фикрашонро кушоду равшан баён карда натавонанд (Яъқ. 3:2, 5, 8). Бисёри ҳамсарон фарзанд калон мекунанд ва дар ҷое кор мекунанд, ки вақт ва қуввати зиёдро мегирад. Баъзеи дигар аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва фикрронӣ чунон хаста мешаванд, ки барои пайвандҳои оилавиашонро мустаҳкам кардан вақташон намемонад. Аз сабаби душвориҳои моддӣ, бемории яке аз ҳамсарон ва дигар проблемаҳо муҳаббат ва эҳтироми ҳамсарон нисбат ба якдигар кам шуда метавонад. Ҳатто оилаҳое ки таҳкурсиашон мустаҳкам метобад, дар зери таъсири «корҳои ҷисм», мисли бадахлоқии ҷинсӣ, беҳаёгӣ, душманӣ, ҷанҷол, рашк, қаҳру ғазаб, баҳсу мунозираҳо вайрон шуда метавонанд (Ғал. 5:19–21).
3 Илова бар ин, дар ин рӯзҳои охир аксари одамон аз паи хоҳишҳои худанд ва нисбат ба Худо эҳтиром надоранд. Рӯҳияи заҳролуди чунин одамон барои оилаҳо хеле хатарнок аст (2 Тим. 3:1–4). Ҳамчунин душмани бераҳме вуҷуд дорад, ки мақсадаш вайрон кардани оилаҳо мебошад. Павлуси ҳавворӣ моро огоҳ мекунад: «Душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8; Ваҳй 12:12).
4. Чӣ тавр метавон оилаи худро мустаҳкам ва хушбахт кард?
4 Бародари оиладоре аз Ҷопон иқрор мешавад: «Аз сабаби душвориҳои моддӣ ман зери фишор қарор доштам. Ва азбаски ман бо занам ҳалол муошират намекардам, ӯ ҳам зери фишор қарор дошт. Ба болои ин ӯ ба қарибӣ касалии сахтеро аз сар гузаронда буд. Ҳамаи ин боиси сар задани нофаҳмиҳо мешуд». Дар оила душвориҳо хоҳу нохоҳ пайдо мешаванд, лекин онҳо ҳалнашаванда нестанд. Бо кӯмаки Яҳува ҳамсарон оилаи худро мустаҳкам ва хушбахт карда метавонанд. (Забур 126:1-ро бихонед.) Барои мустаҳкам кардани хонаи издивоҷатон ба шумо риоя кардани панҷ принсип лозим аст. Биёед дида бароем, ки он принсипҳои муҳим кадоманд ва чаро доштани муҳаббат барои мустаҳкам кардани издивоҷ зарур аст.
БИГЗОР ЯҲУВА ҚИСМИ ИЗДИВОҶАТОН БОШАД
5, 6. Чӣ тавр зану шавҳар Яҳуваро қисми издивоҷи худ карда метавонанд?
5 Принсипи асосие, ки ҳамсарон бояд онро пеш аз ҳама иҷро кунанд, ин вафодор ва итоаткор будан ба Асосгузори издивоҷ мебошад. (Воиз 4:12-ро бихонед.) Агар зану шавҳар мувофиқи роҳнамоии муҳаббатомези Яҳува зиндагӣ кунанд, он гоҳ Ӯ қисми издивоҷи онҳо шуда метавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: “Роҳ ин аст, бо он биравед”, вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед» (Иш. 30:20, 21). Ҳамсарон барои шунидани сухани Яҳува бояд Каломи Ӯро хонанд (Заб. 1:1–3). Ҳамчунин онҳо метавонанд бо гузаронидани омӯзиши оилавии хурсандиовар ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ тароватбахш пайвандҳои оилавиашонро мустаҳкамтар созанд. Вақте ҳамсарон ҳар рӯз якҷоя дуо мегӯянд, ин издивоҷи онҳоро обод мекунад ва онҳо метавонанд ба муқобили ҳамлаҳои ҷаҳони Шайтон истодагарӣ кунанд.
6 Гэрҳард ном бародар аз Олмон мегӯяд: «Ҳар боре ки душворӣ ё нофаҳмиҳо моро ғамгин месозанд, маслиҳати Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки пурсабрӣ инкишоф диҳем ва дигаронро бо омодагӣ бахшем. Бе ин хислатҳо издивоҷ хушбахт буда наметавонад». Вақте ҳамсарон якҷоя бо корҳои рӯҳонӣ машғул шуда сахт мекӯшанд, ки Яҳува қисми издивоҷашон бошад, онҳо ба Худо ва ба якдигар боз ҳам наздиктар мешаванд.
ШАВҲАРОН БО МЕҲРУБОНӢ САРВАРӢ МЕКУНАНД
7. Шавҳарон чӣ тавр бояд сарварӣ кунанд?
7 Агар шавҳарон оилаашонро ба хубӣ сарварӣ кунанд, издивоҷи онҳо хушбахт ва мустаҳкам мешавад. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст» (1 Қӯр. 11:3). Ин чӣ маъно дорад? Шавҳарон бояд бар оилаи худ тавре сарварӣ кунанд, ки Масеҳ бар шогирдонаш мекард. Исо ҳеҷ гоҳ золим ё дағал набуд. Баръакс, ӯро чун шахси меҳрубон, нек, бомулоҳиза, ҳалим ва фурӯтан мешинохтанд (Мат. 11:28–30).
8. Шавҳарон чӣ кор карда метавонанд, то муҳаббату эҳтироми ҳамсарашонро ба даст оранд?
1 Пет. 3:7). Ба шавҳарон лозим аст, ки ҳам дар назди дигарон ва ҳам дар танҳоӣ ба ҳамсарони худ эҳтиром зоҳир кунанд. Бо рафтору гуфтори меҳрубононаи худ онҳо нишон медиҳанд, ки ҳамсарашон барояшон азиз аст (Мас. 31:28). Чунин сарварии меҳрубонона ба шавҳар имконият медиҳад, ки муҳаббату эҳтироми завҷаашро ба даст орад. Яҳува ин гуна издивоҷро баракат медиҳад.
8 Шавҳаре ки Исоро пайравӣ мекунад, аз зани худ доимо талаб намекунад, ки эҳтироми ӯро ба ҷо орад. Баръакс, ӯ мувофиқи принсипи Китоби Муқаддас амал карда «бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор» мекунад (ЗАНОН БО ФУРӮТАНӢ ИТОАТ МЕКУНАНД
9. Чӣ тавр занон метавонанд итоаткорӣ зоҳир кунанд?
9 Муҳаббати самимӣ ба Яҳува, ки бар принсипҳои Ӯ асос меёбад, ба мо кӯмак мекунад, ки худро «зери дасти пурзӯри Худо» фурӯтан созем (1 Пет. 5:6). Як тарзи муҳиме ки занони итоаткор эҳтиромашонро ба мавқеи Яҳува нишон медиҳанд, ин дастгирӣ кардани қарори шавҳарашон аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст» (Қӯл. 3:18). Албатта, аз имкон берун аст, ки ба зан ҳама қарорҳои шавҳараш маъқул бошад. Лекин агар қарорҳои шавҳар бар қонунҳои Худо зид набошанд, зани итоаткор бо омодагӣ шавҳарашро дастгирӣ мекунад (1 Пет. 3:1).
10. Чаро зоҳир кардани итоаткорие ки аз рӯи муҳаббат аст, муҳим мебошад?
10 Яҳува дар оила ба зан нақши арзандае додааст. Ӯ «дӯст»-и шавҳараш мебошад (Мал. 2:14). Ҳангоми қабули қарорҳои оилавӣ зан метавонад эҳтиромона фикрашро баён кунад ва ҳамзамон нисбати шавҳараш итоаткор бимонад. Шавҳари бохирад ба суханони завҷаи худ бодиққат гӯш меандозад (Мас. 31:10–31). Ба туфайли итоаткорие ки аз рӯи муҳаббат аст, дар оила хурсандӣ, сулҳу осоиштагӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Дар натиҷа ҳамсарон дарк мекунанд, ки Худо аз онҳо розӣ аст ва аз ин қаноатмандӣ ҳис мекунанд (Эфс. 5:22).
ЯКДИГАРРО БО ОМОДАГӢ БАХШЕД
11. Чаро бахшидани якдигар муҳим аст?
11 Барои он ки издивоҷ пойдор бошад, зану шавҳар бояд бахшидани якдигарро ёд гиранд. Вақте ҳамсарон «ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро» бо омодагӣ мебахшанд, ин муносибати байни онҳоро мустаҳкам месозад (Қӯл. 3:13). Лекин вақте ҳамсарон хатоҳои якдигарро дар хотир нигоҳ медоранд ва онҳоро бар зидди якдигар истифода мебаранд, ин пайвандҳои издивоҷи онҳоро суст мекунад. Чи тавре ки рахнаву шикофиҳо оҳиста-оҳиста биноро хароб мекунанд, ҳамин тавр вақте ғазабу кина дар дили ҳамсарон зиёд мешавад, ба онҳо бахшидани якдигар душвор мегардад. Ҳангоме ки зану шавҳар ба Яҳува пайравӣ карда якдигарро бо омодагӣ мебахшанд, издивоҷи онҳо боз ҳам қавитар мешавад (Мик. 7:18, 19).
12. Чӣ тавр муҳаббат «гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад»?
12 Муҳаббати ҳақиқӣ «ба дил кина намегирад». Чунин муҳаббат «гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад» (1 Қӯр. 13:4, 5; 1 Петрус 4:8-ро бихонед.) Яъне агар мо дигаронро дӯст дорем, мо шумурда намешинем, ки чанд бор онҳоро бахшидем. Вақте ки Петруси ҳавворӣ аз Исо пурсид, ки то чанд бор метавонад дигаронро бахшад, Исо ба ӯ чунин ҷавоб дод: «То ҳафтоду ҳафт бор» (Мат. 18:21, 22, ТДН). Ӯ дар назар дошт, ки пайрави ҳақиқии Масеҳ бояд дигаронро беҳисоб бахшад (Мас. 10:12) *.
13. Ҳамсарон бояд чӣ кор кунанд, то ба бахшидани якдигар тайёр бошанд?
13 Аннет ном хоҳаре аз Олмон мегӯяд: «Агар ҳамсарон якдигарро бахшидан нахоҳанд, нобовариву хафагӣ зиёд мешавад ва ин издивоҷи онҳоро заҳролуд мекунад. Бо омодагӣ бахшидан пайвандҳои издивоҷро мустаҳкам ва ҳамсаронро ба якдигар наздиктар месозад». Барои он ки шумо барои бахшидан ҳамеша тайёр бошед, дар худ рӯҳияи миннатдориро инкишоф диҳед. Ҳамсари худро доимо таъриф кунед (Қӯл. 3:15). Дар натиҷа шумо оромии ботинӣ, ягонагӣ дар издивоҷ ва розигии Худоро ба даст меоред (Рум. 14:19).
«ҚОИДАИ ТИЛЛОӢ»-РО БА КОР БАРЕД
14, 15. «Қоидаи тиллоӣ» чист ва чӣ тавр онро дар издивоҷ ба кор бурдан мумкин аст?
14 Ҳар яки мо мехоҳем, ки моро ҳурмату эҳтиром кунанд. Вақте дигарон фикру ҳиссиётамонро ба назар мегиранд, ин ба мо маъқул аст. Бо вуҷуди ин баъзан одамон чунин мегӯянд: «Чӣ хеле ки ӯ бо ман рафтор кард, ман ҳам ҳамин тавр мекунам». Лекин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Нагӯй: “Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард, ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам”» (Мас. 24:29). Дар чунин маврид Исо роҳи беҳтарини ҳалли мушкилиҳоро нишон дод. Он чун «қоидаи тиллоӣ» ба бисёриҳо шинос аст: «Чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед» (Луқ. 6:31). Мо набояд бо одамон тавре рафтор кунем, ки онҳо бо мо мекунанд, балки тавре рафтор кунем, ки мехостем онҳо бо мо кунанд. Агар мо дар оила чизеро аз муносибат бо ҳамсарамон интизор бошем, мо бояд якум шуда худамон ҳамон гуна муносибат кунем.
15 Вақте ҳамсарон ба ҳиссиёти якдигар бодиққат мебошанд, муносибаташон қавитар мегардад. Сарвари оилае аз Африқои Ҷанубӣ мегӯяд: «Мо кӯшиш
мекардем, ки “қоидаи тиллоӣ”-ро ба кор барем. Албатта, баъзан мо зиқу рӯҳафтода мешудем, лекин мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекардем, то бо якдигар эҳтиромона муносибат намоем, зеро мехостем, ки бо худамон низ ҳамин тавр рафтор кунанд».16. Ҳамсарон бояд аз чӣ канорагирӣ кунанд?
16 Дар пеши дигарон дар бораи камбудиҳо ё он хислатҳои ҳамсаратон, ки ба шумо маъқул нестанд, гап назанед. Ҳатто ба таври шӯхиомез дар ин бора гап задан нодуруст мебуд. Дар хотир дошта бошед, ки издивоҷ ин мусобиқа нест. Мақсади издивоҷ маълум кардани он нест, ки кадоме аз ҳамсарон бақувваттар аст, баландтар дод зада метавонад ё бештар суханони нешдор гуфта метавонад. Албатта, ҳамаи мо камбудӣ дорем ва баъзан дигаронро хафа карда метавонем. Лекин мо набояд бо ин баҳона худро сафед карда суханони нешдору пастзанандаро истифода барем ва, ё бадтар аз ин, якдигарро тела диҳем ё занем. (Масалҳо 17:27; 31:26-ро бихонед.)
17. Чӣ тавр шавҳарон дар ҳаёташон «қоидаи тиллоӣ»-ро ба кор бурда метавонанд?
17 Дар баъзе ҷойҳо касонеро ки ба занони худ зӯроварӣ мекунанд, мардони ҳақиқӣ меноманд. Лекин дар Китоби Муқаддас чунин гуфта мешавад: «Собир беҳ аз баҳодур, ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон» (Мас. 16:32). Исои Масеҳ — бузургтарин марди тамоми давру замон қаҳру ғазабашро идора мекард ва шахси пуртоқат буд. Барои ба ӯ пайравӣ кардан марди ҳақиқӣ будан лозим аст. Марде ки зани худро паст мезанад ё ба ӯ даст мебардорад, дар ӯ як қатраи мардӣ нест. Чунин шахс муносибати худро бо Яҳува гум мекунад. Довуди забурнавис, ки марди далер ва пурқувват буд, гуфт: «Музтариб шуда, хато накунед: бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит [хомӯш] бошед» (Заб. 4:5).
МУҲАББАТРО ДАР БАР КУНЕД
18. Чаро дар издивоҷ хислати муҳаббат муҳим аст?
18 1 Қӯринтиён 13:4–7-ро бихонед. Дар издивоҷ муҳаббат аз ҳама хислати муҳимтарин аст. «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед. Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯл. 3:12, 14). Зану шавҳар бояд ба намунаи Масеҳ пайравӣ карда нисбати якдигар муҳаббати фидокорона зоҳир кунанд. Чунин муҳаббат мисли маҳлулест, ки ҳама хиштҳоро бо ҳам мепайвандад ва дар натиҷа хонаи издивоҷатон мустаҳкам мешавад. Агар оила дар чунин муҳаббат асос ёбад, он нигоҳ накарда ба камбудиҳои якдигар, проблемаҳои бо саломатӣ алоқаманд, душвориҳои пулӣ ва якдигарнофаҳмӣ бо хусуру хушдоман мустаҳкам хоҳад монд.
19, 20. а) Чӣ тавр ҳамсарон оилаи мустаҳкаму хушбахт сохта метавонанд? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
19 Барои хушбахтии оила муҳаббат, садоқатмандӣ ва кӯшишҳои самимӣ дар талаб аст. Вақте душвориҳо ба миён меоянд, ҳамсарон набояд аз издивоҷи худ дилхунук шаванд. Ба ҷои ин онҳо бояд ба якдигар наздиктар шаванд ва муносибаташонро беҳтар кунанд. Ҳамсароне ки Яҳува ва якдигарро дӯст медоранд, мекӯшанд, ки душвориҳои оилавиашонро ҳал кунанд, зеро «муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад» (1 Қӯр. 13:8; Мат. 19:5, 6; Ибр. 13:4).
20 Дар ин рӯзҳои охир сохтани оилаи мустаҳкаму хушбахт аз ҳарвақта душвортар аст (2 Тим. 3:1). Лекин бо кӯмаку дастгирии Яҳува ин имконпазир аст. Азбаски ин дунё рӯз аз рӯз аз ҷиҳати ахлоқӣ вайрон шуда истодааст, ҳамсарон бояд эҳтиёт шаванд, ки ин рӯҳия ба онҳо таъсир накунад. Аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳамсарон издивоҷашонро аз бадахлоқии ҷинсӣ муҳофизат карда метавонанд.
^ сарх. 12 Ҳарчанд зану шавҳар кӯшиш мекунанд, ки якдигарро бахшанд ва душвориҳоро паси сар кунанд, дар мавриди хиёнати ҳамсарӣ Китоби Муқаддас ба ҳамсари ҷабрдида озодӣ медиҳад, ки ҳамсари зинокардаро бахшад ё аз ӯ ҷудо шавад (Мат. 19:9). Ба китоби «Муҳаббати Худо», Замимаи «Нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба талоқ ва зиндагии ҷудогона», саҳ. 219–221 нигаред.