АЗ ХАЗИНАИ МО
«Мавсими пурбаҳо»
Соли 1870 гурӯҳи хурде дар шаҳри Питтсбург (Аллегейни)-и Пенсилвания (ИМА) ба тадқиқи Навиштаҳо сар кард. Бо сардории Чарлз Тейз Рассел онҳо дар бораи фидияи Масеҳ омӯхта дарк карданд, ки он дар иҷроиши нияти Яҳува ҷои асосиро ишғол мекунад. Аз фаҳмидани он ки фидия барои ҳама одамон, ҳатто ба онҳое ки дар бораи Исо нашунидаанд, роҳи наҷотро мекушояд, онҳо хеле шод гаштанд. Ҳисси миннатдорӣ ба фидия онҳоро барангехт, ки ҳар сол ёдбуди марги Масеҳро ҷашн гиранд (1 Қӯр. 11:23–26).
Бародар Рассел ба чоп кардани маҷаллаи «Бурҷи дидбонии Сион» сар кард. Мақсади ин маҷалла нишон додани он буд, ки фидия ин роҳи беҳтаринест, ки Яҳува муҳаббаташро ба инсоният зоҳир кардааст. «Бурҷи дидбонӣ» замони марги Масеҳро «мавсими пурбаҳо» номида ҳамагонро даъват намуд, ки хоҳ дар Питтсбург бошад, хоҳ дар ҷойҳои дигар, кӯшиш кунанд, ки Шоми ёдбудро қайд кунанд: «Ҳатто агар шумо се ё ду нафар ва ё як нафар ҳам бошед, ки ба фидия имон доред, он гоҳ Сарварамон низ бо шумо хоҳад буд».
Сол аз сол ба шаҳри Питтсбург барои дар Шоми ёдбуд иштирок кардан, шумораи ҳар чи бештари одамон меомаданд. Дар даъватнома гуфта шуда буд, ки дар он ҷо меҳмононро хуб пазироӣ хоҳанд кард ва ҳақиқатан ҳам Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бародару хоҳарони худро дар хонаҳояшон қабул карда онҳоро меҳмондорӣ мекарданд. Соли 1886, каме баъд аз Шоми ёдбуд, «Вохӯрии умумӣ» баргузор гардид, ки он якчанд рӯз давом кард. «Бурҷи дидбонӣ» одамонро даъват мекард: «Бо муҳаббати гарми худ дар дил нисбати Сарварамон, бародарият ва ҳақиқат [барои ҷашни ёдбуд] биёед».
Дар муддати солҳо Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар Питтсбург барои ҳамимононашон анҷуманҳо ташкил карда онҳоро қабул мекарданд. Бо зиёд шудани шумораи Шоҳидон ташрифоварандагон ба Шоми ёдбуд ва шумораи чунин маросимҳо дар тамоми ҷаҳон зиёдтар мешуд. Рей Боп аз ҷамъомади Чикаго ба ёд меорад, ки ҳангоми маросими Шоми ёдбуди соли 1910 барои даст ба даст додани ҳама рамзҳо якчанд соат даркор буд, чунки қариб ҳама ҳузурдоштагон аз рамзҳо қабул мекарданд.
Дар ин маросим кадом рамзҳо истифода мешуданд? Гарчанд дар «Бурҷи дидбонӣ» қайд шуда буд, ки Исо шаробро истифода бурд, барои он ки касони дар имон сустро ба васваса наандозанд, ба маросим шарбати аз ангур ё аз мавизи он тайёркарда оварда мешуд. Лекин азбаски баъзеҳо ақида доштанд, ки шарбат нею маҳз шароб бояд бошад, бародарон шароб низ меоварданд. Баъдтар бошад, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дарк карданд, ки фақат шароби холис рамзи хуни Исо шуда метавонад.
Ёдбуди марги Масеҳ имконияти хуби андешаронӣ фароҳам меовард, лекин дар баъзе ҷамъомадҳо дар рафти маросим ҳама мисли мотамзадагон буданд. Баъди тамом шудани он касе чизе намегуфт ва ҳар кас ба хонаи худ мерафт. Дар як китоб бо номи «Яҳува», ки соли 1934 аз чоп баромад, гуфта шуда буд, ки маросими марги Масеҳ набояд бо мотам гузаронида шавад, балки бо хушиву хурсандӣ, чунки Исо аз соли 1914 дар осмон Подшоҳ аст.
Соли 1935 тағйироти аҷибе ба амал омад. Он сол маънои анбӯҳи бузург, ки дар Ваҳй 7:9 дар борааш гуфта шудааст, маълум гардид. То он замон ходимони Яҳува ин гурӯҳро чун гурӯҳи муқаддаси камғайрат медонистанд. Акнун ин гурӯҳи азими сершумор чун ходимони содиқи Худо, ки дар замин зиндагӣ хоҳанд кард, шинохта шудаанд. Бародаре бо номи Рассел Погензи баъди фаҳмидани ин навоварӣ худро тафтиш намуд, ки чӣ гуна умед дорад. Ӯ ба хулосае омад, ки ӯ умеди осмонӣ надорад. Баъзеи дигар низ мисли бародар Погензи аз рамзҳо дигар қабул намекарданд, лекин ба Шоми ёдбуд ташриф оварданро давом доданд.
Ҳангоми ин «мавсими пурбаҳо» барномаҳои махсуси барои мавъиза пешбинишуда имконият медоданд, ки ҳар як нафар барои фидия муҳаббати худро изҳор кунад. «Хизмат ба Салтанати Худо» соли 1932 масеҳиёнро барангехт, ки на танҳо иштирокчиёни маросим бошанд, балки воизони боғайрат низ. Соли 1934 дар «Хизмат ба Салтанати Худо», ки он вақт «Информант» ном дошт, чунин савол нашр шуда буд: «Оё ҳазор нафар [пешрави ёвар] ёфт мешавад, ки дар арафаи Шоми ёдбуд хизмат кунад?» Дар бораи тадҳиншудагон чунин гуфта шуд: «Хурсандии онҳо танҳо он гоҳ пурра хоҳад шуд, агар онҳо ба мавъизаи хушхабар машғул шаванд». Бо гузашти вақт ин суханон оиди гӯсфандони дигар низ ҳақ баромаданд.
Барои ҳама Шоҳидони Яҳува ёдбуди марги Масеҳ муқаддастарин шом мебошад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳатто дар вазъиятҳои душвор онро ҷашн гиранд. Барои мисол ба Пэрл Инглиш ва апаи ӯ, Ора, лозим омад 80 км роҳро тай кунанд, то ба Шоми ёдбуд ташриф оранд. Миссионер Ҳаролд Кинг вақте ки дар маҳбаси алоҳида, дар Чин зиндонӣ карда шуда буд, дар бораи Шоми ёдбуд шеър менавишт. Ӯ барои худ аз мавиз ва биринҷ рамзҳо тайёр карда буд. Аз Аврупои шарқӣ сар карда то Амрикои Марказӣ ва Африқо Шоҳидони Яҳува ба манъ кардани маросими Шоми ёдбуд ва ҷангҳо нигоҳ накарда далерона онро қайд мекарданд. Новобаста аз он ки мо дар куҷо ва дар кадом вазъият зиндагӣ мекунем, мо ҳамеша ҷамъ мешавем, то ки Яҳува Худо ва Исои Масеҳро ҳангоми Шоми ёдбуд ҷалол диҳем.