Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Халқҳо барои таълими Яҳува тайёр карда мешаванд

Халқҳо барои таълими Яҳува тайёр карда мешаванд

«Волӣ... аз таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард» (АЪМ. 13:12).

1–3. Чаро мавъиза кардан ба «ҳамаи халқҳо» ба шогирдони Исо осон набуд?

 ИСОИ МАСЕҲ ба шогирдонаш супориши душворе дод. Ӯ гуфт: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед». Дар натиҷаи иҷрои ин супориш хушхабари Салтанат бояд «дар тамоми олам» барои шаҳодати ҳама халқҳо мавъиза карда мешуд (Мат. 24:14; 28:19).

2 Ҳарчанд шогирдон Исоро дӯст медоштанд ва ба мавъизаи хушхабар шавқ доштанд, онҳо шояд ба шубҳаву нобоварӣ дода мешуданд, ки оё аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонанд ё не. Охир шумораи онҳо хеле кам буд. Илова бар ин, Исо, ки шогирдон дар борааш шаҳодат дода ӯро Писари Худо меномиданд, кушта шуд. Одамон шогирдонро шахсони «нохонда ва оддӣ» меҳисобиданд (Аъм. 4:13). Бо вуҷуди ин, онҳо бояд хабареро паҳн мекарданд, ки ба таълимоти сарварони динии маълумотноку босавод муқобил буд; хабаре ки онҳо мавъиза мекарданд, зидди урфу одатҳои қадимаи яҳудиён буд. Шогирдони Исо дар ватани худ соҳиби иззату обрӯ набуданд. Пас, чунин савол пайдо шуданаш мумкин буд, ки агар онҳоро дар ватани худашон гӯш накунанд, пас чӣ тавр дар Рум, ки аз Исроил чандин маротиба бузургтар буд, касе хабари онҳоро қабул мекунад?

3 Исо шогирдонашро огоҳ карда буд, ки онҳо бо нафрату таъқибот дучор мешаванд ва баъзеашонро ҳатто ба қатл мерасонанд (Луқ. 21:16, 17). Онҳо бояд бо осиён, пайғамбарони бардурӯғ ва афзоиши шарорат рӯ ба рӯ мешуданд (Мат. 24:10–12). Ҳатто агар хабари онҳоро одамон қабул мекарданд ҳам, чӣ тавр онҳо метавонистанд онро «то ақсои дунё» мавъиза кунанд? (Аъм. 1:8). Чунин душвориҳо онҳоро рӯҳафтода карда метавонистанд.

4. Дар асри як шогирдон дар кори мавъиза чиро ба даст оварданд?

4 Нигоҳ накарда ба ҳар гуна ғаму ташвиш, шогирдони Исо хушхабарро на танҳо дар Ерусалим ва Сомария, балки дар ҷойҳои дигар низ боғайратона мавъиза карданд. Ҳарчанд шогирдон бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд, онҳо дар давоми сӣ сол хушхабарро «ба тамоми махлуқоти зери осмон» ва «ба тамоми ҷаҳон мавъиза карданд» ва ин натиҷаи хуб овард (Қӯл. 1:6, 23). Масалан, вақте Павлус дар ҷазираи Қаприс (Кипр) мавъиза мекард, ҳатто мансабдори Рум аз «таълими Худованд мутаҳайир шуда, имон овард». (Аъмол 13:6–12-ро бихонед.)

5. а) Исо шогирдонашро ба чӣ боварӣ бахшид? б) Дар як китоб оиди вазъият дар асри як чӣ гуфта мешавад?

5 Шогирдони Исо медонистанд, ки онҳо танҳо бо қуввати худ кори мавъизаро иҷро карда наметавонанд. Исо гуфт, ки бо кӯмаки ӯ ва рӯҳи муқаддаси Худо онҳо аз ӯҳдаи ин супориш баромада метавонанд (Мат. 28:20). Вазъияти ҷаҳони онрӯза барои паҳншавии хабари Салтанат мусоид буд. Дар як китоби таърихӣ гуфта мешавад, ки асри як барои сар кардани кори мавъиза вақти беҳтарин буд ва баъдтар масеҳиён дарк карданд, ки Худо барои мавъизаи онҳо роҳ тайёр карда буд.

6. а) Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем? б) Дар мақолаи навбатӣ-чӣ?

6 Оё Яҳува вазъияти ҷаҳониро дар асри як тағйир дод, то масеҳиён бе мамониат мавъиза карда тавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Лекин як чизро аниқ гуфта метавонем: Яҳува мехост, ки хушхабари Салтанат дар тамоми олам паҳн гардад, Шайтон бошад, не. Чаро дар асри як хабари мавъиза хуб паҳн мешуд? Дар ин мақола мо якчанд сабаби онро дида мебароем. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо муҳокима мекунем, ки чӣ тавр имрӯз тараққиёт ба пешрафти кори мавъиза мусоидат мекунад.

СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ РУМ

7. Сулҳ дар сарзамини Рум чӣ қадар давом кард ва чаро ин ҷолиби диққат аст?

7 Ба туфайли сулҳу осоиштагие, ки дар асри як дар империяи Рум ҳукмфармо буд, масеҳиён хушхабарро озодона мавъиза мекарданд. Дар муддати ин вақт ҳокимияти Рум исёну шӯришҳои хурдро пахш мекард. Лекин, чуноне ки Исо пешгӯӣ карда буд, ҷангҳо бояд ба амал меомаданд (Мат. 24:6). Соли 70-и эраи мо лашкари Рум Ерусалимро валангор кард ва дар сарҳади империя амалиётҳои ҳарбии дигар ба амал овард. Замони сулҳу осоиштагӣ дар Рум тақрибан 200 сол давом кард. Дар як маълумотнома гуфта шудааст, ки ҳеҷ гоҳ дар таърихи инсоният сулҳу осоиштагӣ то ба ин дараҷа бардавом набудааст ва то ин замон ҳеҷ гоҳ чунин нашудааст, ки ин қадар одамони зиёд аз сулҳ баҳра баранд.

8. Масеҳиён аз давраи сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини Рум чӣ фоида мегирифтанд?

8 Тақрибан баъди 300 соли марги Масеҳ олиме бо номи Ориген дар бораи давраи сулҳу осоиштагӣ дар Рум чунин навишт: «Агар дар замони Исо ҳокимиятҳои зиёд мавҷуд мебуданд... онҳо доимо бояд бо якдигар ҷанг мекарданд... Мардон бояд барои ҳимояи ватани худ ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд... Таълимоти Исо бошад, одамонро ба сулҳ даъват мекард ва ҳатто аз душманони худ қасос гирифтанро нодуруст мешумурд. Пас, чӣ гуна ин таълимот дар байни одамон паҳн мешуд, агар дар замони омадани Исо сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо намебуд?» Гарчанд шогирдони Исо дар Рум бо таъқиботҳо дучор мешуданд, онҳо аз шароити нисбатан ороми он замона баҳра мебурданд. (Румиён 12:18–21-ро бихонед.)

МАСЕҲИЁН ОЗОДОНА САФАР МЕКУНАНД

9, 10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки сафар кардан дар қаламрави Рум барои масеҳиён нисбатан осон буд?

9 Масеҳиён ҳамчунин аз роҳҳои зиёде ки империяи Рум дар қаламрави сарзамини худ сохта буд, фоида мегирифтанд. Империяи Рум дорои лашкари азиме буд, ки мамлакатро идора мекард ва бехатариро таъмин менамуд. Барои он ки лашкари сершумор озодона ҳаракат кунад, роҳҳои зиёде даркор буданд. Румиён бошанд, дар сохтани онҳо моҳир буданд. Муҳандисони румӣ 80 ҳазор километр роҳ сохтанд, ки ҳама шаҳру деҳотро бо ҳамдигар пайваст мекард. Он роҳҳо аз байни биёбон, ҷангал ва кӯҳҳо мегузаштанд.

10 Илова бар ин, дар ихтиёри румиён роҳҳои сершумори дарёву каналҳо буд, ки ба ҳисоби пурра 27 ҳазор километр тӯл мекашид. Киштиҳои Рум имконият доштанд, ки ба воситаи 900 роҳи обӣ, ки садҳо бандарҳоро бо ҳам пайваст мекард, сафар кунанд. Албатта сафар ба пуррагӣ аз хатар озод набуд, лекин Павлуси ҳавворӣ метавонист, ки дар тамоми қаламрави Рум озодона сафар кунад ва барои ӯ чун замони имрӯза виза ва шиноснома лозим набуд. Ягон намуди бақайдгирӣ низ даркор набуд. Ҷинояткорон аз ҷазои ҳокимият сахт метарсиданд, аз ин рӯ роҳҳо бехатару ором буданд. Қувваҳои баҳрии Рум роҳҳоро назорат мекарданд, барои ҳамин ба мусофирон аз тарафи роҳзанон хатар таҳдид намекард. Масалан, вақте Павлуси ҳавворӣ дар бораи сафарҳояш нақл мекунад, ӯ дар якчанд маврид мегӯяд, ки киштиашон ғарқ шуд, лекин дар бораи ҳамлаи роҳзанон ё чизи ба ин монанд нақл намекунад (2 Қӯр. 11:25, 26).

ЗАБОНИ ОММАФАҲМ

Бо пайдо шудани кодекс аз Навиштаҳо ёфтани матни лозима осон гашт (Ба сархати 12 нигаред.)

11. Барои чӣ шогирдон забони юнониро истифода мебурданд?

11 Койне́, ки шакли оммафаҳми забони юнонӣ буд, барои нигоҳ доштани алоқа ва ягонагӣ байни ҷамъомадҳо мусоидат мекард. Азбаски Искандари Мақдунӣ кишварҳои зиёдеро забт карда буд, забони юнонӣ хеле паҳн гашт. Ба туфайли ин ходимони Худо бо одамони миллатҳои гуногун озодона муошират мекарданд ва ҳамин тавр хушхабари Салтанат бе мамониат паҳн мешуд. Беш аз ин яҳудиёне ки дар Миср зиндагӣ мекарданд, Навиштаҳои Иброниро ба забони юнонӣ тарҷума карда буданд. Одамон бо ин тарҷума, ки Септуагинта ном дошт, хуб шинос буданд ва барои ҳамин шогирдони аввали Исо ба он зуд-зуд муроҷиат мекарданд. Забони юнонӣ забони бою зебо ва барои фаҳмондани мавзӯъҳои рӯҳонӣ хеле қулай буд. Аз ин рӯ нависандагони Китоби Муқаддас китобҳои худро ба ҳамин забон навиштанд.

12. а) Кодекс чист ва он аз тӯмори китобат чӣ фарқ дорад? б) Масеҳиёни аввал кай истифодаи кодексро сар карданд?

12 Масеҳиён дар хизмати худ Навиштаҳоро чӣ тавр ба кор мебурданд? Дар он замон одамон дастхатҳои ҳаҷмашон калонро истифода мебурданд, ки тӯмори китобат ном доштанд. Тӯмори китобат, ки дар шакли лӯла печонида мешуд, дар истифода на он қадар хуб буд. Ҳамчунин кушодан ва ҷамъ кардани он қулай набуд. Илова бар ин дар тӯмори китобат одатан танҳо дар як тараф навиштан мумкин буд. Тасаввур кунед, ки як худи Инҷили Матто ҳаҷмаш чун як дастхати калон буд! Лекин хушбахтона баъдтар ба ҷои тӯмори китобат кодекс пайдо шуд. Кодекс — ин шакли қадимтарини китобҳои имрӯза мебошад. Кодекс имконият медод, ки хонанда аз матн ҷои дилхоҳро ба осонӣ ёфта тавонад. Мо аниқ намедонем, ки масеҳиёни аввал кай истифода бурдани кодексро сар карданд. Лекин як маълумотномаи таърихӣ мегӯяд, ки масеҳиён истифода бурдани китобҳоро зуд сар карданд, чунки соли 100-уми эраи мо қариб ҳамаашон озодона кодексро истифода мебурданд.

ҚОНУНИ РУМ

13, 14. a) Павлус аз он ки шаҳрванди Рум буд, чӣ тавр истифода бурд? б) Чӣ тавр масеҳиён аз қонуни Рум истифода мебурданд?

13 Масеҳиёни аввал аз ҳуқуқҳое ки қонуни Рум ба шаҳрвандонаш медод, баҳра мебурданд. Дар якчанд маврид Павлуси ҳавворӣ низ аз чунин имтиёз истифода бурд. Вақте дар Ерусалим сарбозон ӯро тозиёна заданӣ буданд, Павлус ба яке аз онҳо чунин гуфт: «Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табаа [шаҳрванд]-и Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?» Павлус медонист, ки онҳо ба ин кор ҳуқуқ надоштанд. Дар ояти навбатӣ гуфта мешавад, ки баъд чӣ рӯй дод: «Онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ, румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷир зада буд» (Аъм. 22:25–29).

14 Аз сабаби шаҳрванди Рум буданаш дар Филиппӣ бо Павлус хуб муносибат карданд (Аъм. 16:35–40). Боре, дар шаҳри Эфсӯс, вақте гурӯҳи одамони бахашмомада хостанд, ки ба масеҳиён зарар расонанд, ҳокими шаҳр онҳоро ором кард ва гуфт, ки бо ин корашон онҳо қонуни Румро мешикастанд. Мардум аз ин суханон ба худ омада аз фикрашон гаштанд (Аъм. 19:35–41). Дар Қайсария Павлуси ҳавворӣ ба номи қайсар арз карда имконият пайдо кард, ки дар назди ӯ имони худро ҳимоя кунад (Аъм. 25:8–12). Ҳамин тавр, қонуни Рум барои «муҳофизат ва барқарор кардани башорат» мусоидат мекард (Флп. 1:7).

ПАРОКАНДА БУДАНИ ЯҲУДИЁН

15. Дар асри як бисёре аз яҳудиён дар куҷо зиндагӣ мекарданд?

15 Яҳудиён дар саросари Рум пароканда буданд. Ин омил низ ба пешравии кори мавъиза дар асри як мусоидат мекард. Асрҳо пеш, яҳудиёнро ашшуриён ва баъдтар бобилиён ба асирӣ бурданд. Дар асри панҷи то эраи мо танҳо дар империяи Форс 127 маҳалле буданд, ки дар онҳо яҳудиён зиндагӣ мекарданд (Эст. 9:30). Вақте Исо дар рӯи замин буд, маҳалҳои яҳудинишин дар Миср ва дигар қисмҳои Африқои Шимолӣ, Юнон, Осиёи Хурд ва Байнаннаҳрайн вуҷуд доштанд. Аз 60 миллион шаҳрванди империяи Рум тақрибан 4 миллионаш яҳудиёнро ташкил медод. Ба куҷое ки мерафтанд, яҳудиён дину эътиқодашонро бо худ мебурданд (Мат. 23:15).

16, 17. а) Пароканда будани яҳудиён барои ғайрияҳудиён аз кадом ҷиҳат манфиатбахш буд? б) Масеҳиёни имрӯза ба кадом намунаи яҳудиён пайравӣ мекунанд?

16 Азбаски яҳудиён дар бисёр мамлакатҳо зиндагӣ мекарданд, ғайрияҳудиёни он ҷойҳо бо Навиштаҳои Ибронӣ шинос буданд. Аз он ҷо онҳо фаҳмиданд, ки танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад ва касе ки ба Ӯ ибодат кардан хоҳад, бояд аз рӯи меъёрҳои баланди ахлоқӣ зиндагӣ кунад. Онҳо ҳамчунин пешгӯиҳои зиёдеро ки дар Навиштаҳои Ибронӣ дар бораи Масеҳ навишта шудаанд, медонистанд (Луқ. 24:44). Ҳам яҳудиён ва ҳам масеҳиён боварӣ доштанд, ки Навиштаҳои Ибронӣ зери илҳоми Худо навишта шудаанд. Бинобар ин Павлуси ҳавворӣ одатан ба куништҳо мерафт ва аз Навиштаҳо истифода бурда бо одамон сӯҳбат мекард. (Аъмол 17:1, 2-ро бихонед.)

17 Яҳудиён якҷоя ҷамъ меомаданд ва дар куништ ё ҷойҳои дигар Худоро ибодат мекарданд. Онҳо суруд мехонданд, дуо мегуфтанд ва Навиштаҳоро муҳокима мекарданд. Имрӯз низ дар ҷамъомадҳои масеҳӣ чунин тартибот дида мешавад.

БО КӮМАКИ ЯҲУВА ИМКОНПАЗИР АСТ

18, 19. а) Вазъият дар асри як чиро имконпазир сохт? б) Шумо аз ин мақола дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидед?

18 Вазъияти нотакрори асри як барои озодона паҳн кардани хабари Салтанат мусоид буд. Дар ин кор ба масеҳиён омилҳои зерин кӯмак мекарданд: сулҳу осоиштагӣ дар қаламрави Рум, имконияти осону бехатар сафар кардан, забони оммафаҳм, қонуни Рум ва дар саросари мамлакат пароканда будани яҳудиён.

19 Чорсад сол пеш аз омадани Исо файласуфи юнонӣ Афлотун чунин гуфт: «Пайдо кардани офаридгор ё падари ин дунё хеле душвор аст. Ва ҳатто агар мо ӯро пайдо кунем ҳам, ба ҳама одамон дар бораи ӯ нақл кардан кори имконнопазир аст». Лекин Исо гуфта буд: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст» (Луқ. 18:27). Офаридгори тамоми олам мехоҳад, ки одамон Ӯро ёбанд ва дар бораи Ӯ дониш гиранд. Барои ҳамин, Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки аз ҳамаи халқҳо шогирд созанд (Мат. 28:19). Бо кӯмаки Яҳува иҷро кардани ин супориш имконпазир аст. Дар мақола навбатӣ мо муҳокима мекунем, ки чӣ тавр ин супориш дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст.