Боғи Адан. Оё он вуҷуд дошт?
Боғи Адан. Оё он вуҷуд дошт?
ОЁ ШУМО дар бораи Одаму Ҳавво ва он чӣ бо онҳо дар боғи Адан рӯй дод, шунидаед? Бисёриҳо дар ин бора медонанд. Шумо ҳам инро аз китоби якуми Мӯсо 1:26–3:24 хонда метавонед. Биёед бо ин воқеа мухтасар шинос шавем.
Яҳува Худо * аввалин инсонро аз хок офарида, ӯро Одам меномад ва дар Адан ном минтақае, дар боғи он, сокин мекунад. Ин боғро худи Худо бунёд карда буд. Он гул-гул шукуфон буд ва бисёр дарахти мева дошт. Дар миёнаҷойи боғ бошад, «дарахти шинохти неку бад» рӯйида буд. Худо ба Одам амр дод, ки аз ин дарахт нахӯрад, зеро, агар хӯрад, ҳатман мемирад. Бо гузашти вақт Яҳува аз қабурғаи Одам барояш ҳамроҳе, яъне Ҳавворо, меофарад. Сипас Худо ба онҳо супориш медиҳад, ки боғро нигоҳубин намоянд ва заминро аз насли худ пур кунанд.
Рӯзе, вақте Ҳавво танҳо буд, мор ба гап даромада, ӯро васваса мекунад, ки меваи дарахтеро, ки Худо манъ карда буд, бихӯрад. Мор ба Ҳавво мегӯяд, ки Худо онҳоро фиреб медиҳад ва чизи хуберо, ки онҳоро мисли Худо гардонда метавонад, аз онҳо пинҳон медорад. Ҳавво ба васваса дода шуда, меваи он дарахтро мехӯрад. Баъдтар Одам низ аз он мева хӯрда, ба Худо беитоатӣ мекунад. Яҳува дар ин бора фаҳмида, Одаму Ҳавво ва морро ҳукм менамояд. Ниҳоят, Худо Одам ва Ҳавворо аз боғи Адан пеш мекунад ва дар даромадгоҳи он фариштагонро посбон мемонад.
Як замон олимон, донишмандон ва таърихшиносон мегуфтанд, ки воқеаҳои китоби якуми Мӯсо аз ҷиҳати таърих дақиқ мебошанд. Имрӯз бошад, воқеӣ будани нақли ин китобро бештар инкор мекунанд. Биёед фаҳмем, ки дар асоси чӣ воқеаҳои китоби якуми Мӯсоро дар бораи Одаму Ҳавво ва боғи Адан рад менамоянд. Чор ақидаро дида мебароем.
1. Оё боғи Адан, дар ҳақиқат, вуҷуд дошт?
Чаро дар атрофи ин мавзӯъ баҳсу мунозира бисёр аст? Як сабабаш фалсафа мебошад. Тӯли асрҳо диншиносон мегуфтанд, ки боғи Худо то ҳол дар куҷое воқеъ аст. Бояд гуфт, ки ба таълимоти калисо ақидаҳои файласуфони Юнон — Афлотун ва Арасту, таъсир карда буданд. Ин файласуфон мегуфтанд, ки дар замин ҳеҷ чиз комил буда наметавонад ва комилият танҳо дар осмон аст. Аз ин рӯ диншиносон мегуфтанд, ки биҳишт дар наздикии осмон воқеъ аст *. Ба гумони баъзеҳо, биҳишт дар қуллаи кӯҳи баланде ҷойгир буду ба ифлосиву нопокиҳои замин олуда намешуд. Дигарон ақида доштанд, ки биҳишт дар қутби шимол ё ҷануб воқеъ буд. Инчунин шахсоне буданд, ки, ба фикрашон, биҳишт дар моҳтоб ё наздикии он ҷойгир буд. Бинобар ин ҷойи тааҷҷуб нест, ки таълимот дар бораи биҳишт ба афсонаву ривоят табдил ёфт. Баъзе олимони муосир мегӯянд, ки минтақаи ҷуғрофие бо номи Адан ҳаргиз вуҷуд надошт.
Лекин дар Каломи Худо дар бораи биҳишт дигар чиз гуфта шудааст. Дар китоби якуми Мӯсо 2:8–14 дар бораи макони боғи Адан баъзе ҷузъиёт оварда мешавад. Он боғ дар қисми шарқии минтақае ҷойгир буд, ки Адан ном дошт. Аз боғ дарёе мегузашт, ки ба чор шохоби калон тақсим мешуд. Дар Каломи Худо дар бораи ин шохобҳо ва маҷрояшон маълумоти мухтасар дода шудааст. Ин маълумот муддати дароз диққати олимонро ҷалб мекард, зеро онҳо умед доштанд, ки ба туфайли он мавқеи имрӯзаи боғи Аданро ёфта метавонанд. Вале дар натиҷа онҳо ақидаҳои гуногун пайдо карданд, ки ба ҳам муқобиланд. Пас, оё нақл дар бораи минтақаи Адан, боғ ва дарёҳои он ривоят асту халос? Биёед фаҳмем.
Як фикр кунед: аз воқеаҳое, ки дар боғи Адан рӯй дода буданд, 6000 сол гузашт. Дар бораи ин воқеаҳо пайғамбар Мӯсо навиштааст. Ӯ, эҳтимол, дастхатҳояшро дар асоси нақли даҳонӣ ё дастхатҳои онвақта навишта буд. Лекин қобили зикр аст, ки Мӯсо дар бораи воқеаҳои боғи Адан баъди 2500 соли рӯй доданашон навишт. Аллакай он вақт ин рӯйдодҳо таърихӣ ба шумор мерафтанд. Оё муддати садсолаҳо дарёҳо маҷрои худро тағйир медиҳанд? Қишри замин доим дар ҳаракат аст, хусусан, дар минтақае, ки Адан тахминан дар он ҷойгир буд. Имрӯз низ он ба қатори минтақаҳое дохил мешавад, ки 17 фоизи заминҷунбиҳои сахттарин дар ин ҷойҳо ба қайд гирифта мешавад. Ба чунин минтақаҳо тағйирёбии ҷуғрофӣ хос аст. Ғайр аз ин, баъди тӯфони Нӯҳ аз сабаби тағйир ёфтани сохту шакли замин муайян кардани мавқеи ин ё он минтақа номумкин шуд *.
Бо вуҷуди ин баъзе маълумот дар ин бора ба мо дастрас аст. Масалан, дар китоби якуми Мӯсо дар бораи боғи Адан чун ҷойи воқеӣ гуфта шудааст. Аз чор дарёе, ки дар китоби Мӯсо зикр ёфтаанд, дутояш, яъне Фурот ва Даҷла, ё худ Ҳиддақил, имрӯз низ вуҷуд доранд ва сарчашмаҳои онҳо ба ҳам хеле наздиканд. Пайғамбар Мӯсо ҳатто дар бораи минтақаҳое, ки ин дарёҳо аз онҳо мегузаштанд, ва канданиҳои фоиданоки он ҷойҳо гуфтааст. Ба халқи Исроили қадим, ки ин порчаҳои Каломро мехонданд, чунин маълумоти дақиқ муфид буд.
Оё дар ҳикояву афсонаҳо низ чунин маълумот оварда мешавад? Дар онҳо одатан маълумотеро меоранд, ки онро тасдиқ ё рад карда намешавад. Афсонаву ҳикоя одатан бо суханони «буд-набуд, дар як замон, дар як макон...» сар мешаванд. Лекин дар нақлҳои таърихӣ ҷузъиёти бисёр оварда мешаванд ва нақл дар бораи боғи Адан низ як қатор ҷузъиёт дорад.
2. Оё, дар ҳақиқат, Худо Одамро аз хоку Ҳавворо аз қабурғаи ӯ офаридааст?
Илми муосир тасдиқ мекунад, ки бадани инсон аз элементҳои гуногун, ба монанди гидроген, оксиген ва карбон, иборат аст. Ин элементҳоро дар таркиби замин дидан мумкин аст. Лекин чӣ тавр ин элементҳо офаридаи зиндаро ташкил доданд?
Бисёр олимон мегӯянд, ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст. Ба ақидаи онҳо, ҳаёт аз як шакли сода давоми миллионҳо сол ба шакли мураккаб табдил ёфтааст. Валекин калимаи «сода» дар ин маврид начандон мувофиқ мебошад, зеро сохти ҳамаи организмҳои зинда, ҳатто организмҳои якҳуҷайраи ноаён, хеле мураккаб аст. Дар асл, далеле нест, ки ягон шакли ҳаёт худ аз худ пайдо шуда бошад. Баръакс, аз офаридаҳои зинда маълум мешавад, ки Офаридгоре вуҷуд дорад, ки аз инсон дида садчандон хирадмандтар аст * (Румиён 1:20).
Вақте шуморо мусиқии дилнишин, расми зебо ё технологияи нав ба ҳайрат меорад, магар якравона мегӯед, ки ин чизҳо офаранда надоранд? Не, албатта! Лекин бояд гуфт, ки чизҳои номбаршуда дар муқоиса бо зебоӣ ва мураккабии сохти бадани инсон ҳеҷанд. Ҳатто забони кас ба гуфтан намегардад, ки он Офаридгор надорад. Илова бар ин, дар китоби якуми Мӯсо қайд шудааст, ки аз миёни офаридаҳои зинда танҳо инсон ба сурати Худо офарида шудааст (1 Мӯсо 1:26). Барои ҳамин танҳо инсон ба офаридан майл дорад ва баъзан дар соҳаи санъат ва технология натиҷаҳои ҳайратовар ба даст меорад. Пас, оё ҷойи тааҷҷуб аст, ки офаридаҳои Худо назар ба маҳсули дасти инсон чандин маротиба волотаранд?
Дар бораи аз қабурғаи мард офарида шудани зан чӣ гуфтан мумкин аст? * Худо метавонист занро аз дигар чизҳо офарад, вале аз қабурғаи мард офарида шудани зан беҳуда нест. Худо ният дошт, ки марду зан оила барпо карда чун «як тан» бо ҳам бипайванданд (1 Мӯсо 2:24). Магар чунин ҳамкории наздик ва барпо кардани пайванди мустаҳкам байни зану мард аз хираду муҳаббати Офаридгор шаҳодат намедиҳад?
Инчунин олимони илми генетика тасдиқ мекунанд, ки ҳамаи одамон, аз афташ, аз як марду зан пайдо шудаанд. Пас, оё рӯйдодҳое, ки дар китоби якуми Мӯсо қайд шудаанд, як афсонаанд?
3. Нақл дар бораи «дарахти шинохти неку бад» ва «дарахти ҳаёт» афсона метобанд
Сазовори диққат аст, ки дар китоби якуми Мӯсо гуфта намешавад, ки ин дарахтон қувваи ғайриодӣ доштанд. Яҳува ин ду дарахтро чун рамз истифода бурд.
Магар одамон низ баъзан чунин намекунанд? Мисол, вақте мегӯянд, ки бояд парчамро иззату эҳтиром кунем, гуфтанӣ нестанд, ки порчаи матоъро иззат кунем, балки давлатро, ки парчам рамзи он аст. Инчунин тоҷу тахти подшоҳону маликаҳо рамзи ҳокимияти онҳост.
Ин тавр бошад, он ду дарахт рамзи чӣ буд? Дар ин хусус ақидаҳои бисёр ва печдарпече вуҷуд доранд. Вале ҷавоби қаноатбахш одӣ ва фаҳмо аст. «Дарахти шинохти неку бад» маънои онро дошт, ки танҳо Худо ҳақ дорад чӣ будани неку бадро муайян созад (Ирмиё 10:23). Аз ин рӯ ҷойи тааҷҷубе нест, ки дуздидани меваи он дарахт ҷиноят ҳисоб меёфт. Аз тарафи дигар, «дарахти ҳаёт» рамзи ҳадияе буд, ки танҳо Худо дода метавонист, яъне ҳаёти ҷовидонӣ (Румиён 6:23).
4. Нақл дар бораи мори гӯё дурӯғу афсона метобад
Бояд гуфт, ки ин порчаи китоби якуми Мӯсоро фаҳмидан осон нест, махсусан, агар мо дигар китобҳои Каломи Худоро ба назар нагирем. Лекин Китоби Муқаддасро хонда, кас оҳиста-оҳиста киву чӣ будани мори гӯёро мефаҳмад.
Чӣ ё кӣ морро ба гап даровард? Исроилиёни қадим дониши бештар доштанд, ки ба ин масъала равшанӣ меандохт. Масалан, ба онҳо маълум буд, ки, ҳарчанд ҳайвон забони гӯё надорад, офаридаҳои рӯҳӣ тавре карда метавонанд, ки он гап занад. Пайғамбар Мӯсо инчунин дар бораи марде бо номи Билъом навиштааст. Мувофиқи гуфтаҳои пайғамбар, рӯзе фариштаи Худо хари Билъомро ба гап даровардааст (4 Мӯсо 22:26–31; 2 Петрус 2:15, 16).
Оё дигар офаридаҳои рӯҳӣ, ки душмани Худоянд, муъҷиза нишон дода метавонанд? Бале! Боре пайғамбар Мӯсо худ шоҳиди он шуд, ки чӣ тавр коҳинони ҷодугари мисрӣ муъҷизаи Худоро такрор карда чӯбдастро ба мор табдил доданд. Бешак, қуввае, ки ин муъҷизаро ба амал овард, аз тарафи душманони рӯҳии Худо, яъне девҳо, буд (2 Мӯсо 7:8–12).
Аз афташ, пайғамбар Мӯсо инчунин китоби Айюбро навишта буд. Аз ин китоб дар бораи душмани асосии Худо, Шайтон, фаҳмидан мумкин аст. Ӯ ҳамаи ходимони Яҳуваро туҳмат кард, ки ягонтои онҳо ба Худо вафодор намемонанд (Айюб 1:6–11; 2:4, 5). Барои ҳамин, эҳтимол, исроилиёни қадим мефаҳмиданд, ки Шайтон қудрат дошт морро ба гап дароварда, Ҳавворо фиреб кунад ва ба роҳи беитоатӣ тела диҳад.
Оё ба воситаи мор Шайтон гап зада буд? Исо Шайтонро «дурӯғгӯй ва падари дурӯғ» номида буд (Юҳанно 8:44). Падари дурӯғ гуфта, ҳамоне дар назар дошта шудааст, ки аввалин бор дурӯғ гуфт. Чи хеле медонем, дурӯғи аввалин аз даҳони мор баромад, вақте ӯ бо Ҳавво гап зад. Бо вуҷуди он ки Худо огоҳ карда буд, ки хӯрдани меваи манъшуда ба марг оварда мерасонад, мор ба Ҳавво гуфт: «Не, намемиред» (1 Мӯсо 3:4). Исо, бешубҳа, медонист, ки аз пушти мор Шайтон меистад. Бинобар ин ӯ ба Юҳаннои расул ҳақиқатро ошкор карда гуфт, ки Шайтон «мори қадимӣ» аст (Ошкорсозӣ 1:1; 12:9).
Оё бовар кардан мумкин аст, ки офаридаи пурқудрати рӯҳӣ тавре карда метавонад, ки гӯё мор гап мезанад? Бояд гуфт, ки ҳатто одамон, ҳарчанд қудраташон назар ба офаридаҳои рӯҳӣ камтар аст, бо ҳилаву найранг касро ба ҳайрат оварда метавонанд. Масалан, найрангбозоне ҳастанд, ки бе ҷунбондани лаб гап зада метавонанд.
Далели боварибахш
Ҳамаи инро ба назар гирифта, шояд, шумо розӣ шавед, ки онҳое, ки ба воқеӣ будани рӯйдодҳои китоби якуми Мӯсо шакку шубҳа доранд, барои ин ягон далели асоснок надоранд. Воқеӣ будани он рӯйдодҳо бошад, далели боварибахше дорад.
Дар Китоби Муқаддас Ҳазрати Исо «шоҳиди бовариноку ҳаққонӣ» номида мешавад (Ошкорсозӣ 3:14). Ӯ одами комил буд ва ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегуфту ҳақиқатро нодуруст таълим намедод. Беш аз ин, Исо гуфта буд, ки «пеш аз пайдоиши ҷаҳон» солҳои зиёд дар осмон бо Падараш Яҳува зиндагӣ мекард (Юҳанно 17:5). Аз ин бармеояд, ки, вақте ҳаёт нав дар замин пайдо шуд, Исо аллакай вуҷуд дошт. Биёед фаҳмем, ки ин шоҳиди аз ҳама боваринок дар бораи воқеаҳои китоби якуми Мӯсо чӣ гуфтааст.
Ҳазрати Исо дар бораи Одаму Ҳавво чун шахсони воқеӣ нақл мекард. Вақте ӯ дар бораи қонуни Худо оид ба якзанагӣ гуфт, мисоли издивоҷи Одаму Ҳавворо овард (Матто 19:3–6). Агар онҳо вуҷуд намедоштанду боғи Адан танҳо афсона мебуд, пас, Исо ё фиреб хӯрда буд, ё қасдан дурӯғ гуфт. Вале маълум аст, ки Исо на фиреб хӯрда метавонисту на дурӯғгӯй буд. Ғайр аз ин, вақте дар боғи Адан фоҷиа рӯй дод, Исо аз осмон ҳамаашро медид. Магар далели аз ин ҳам боварибахштар ҳаст?
Бояд гуфт, ки ба воқеаҳои китоби якуми Мӯсо бовар накардан баробари ба Исо имон надоштан аст. Чунин беимонӣ ҳатто барои фаҳмидани мавзӯъҳои асосӣ ва ваъдаҳои тасаллибахши Каломи Худо халал мерасонад. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст?
[Поварақҳо]
^ сарх. 3 Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува номи Худо аст.
^ сарх. 7 Ин гуна ақидаҳо бар Каломи Худо асос намеёбанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳамаи корҳои Худо бекамукостанд. Нокомилӣ бошад, аз дигар ҷо сарчашма мегирад (5 Мӯсо 32:4, 5). Қобили зикр аст, ки баъд аз заминро офаридан Яҳува гуфт, ки чизҳои офаридааш «хеле хуб аст» (1 Мӯсо 1:31).
^ сарх. 9 Баъд аз тӯфоне, ки Худо бар замин овард, аҷаб нест, ки аз боғи Адан ному нишоне намонд. Дар Ҳизқиёл 31:18 гуфта мешавад, ки аллакай дар асри ҳафти то милод «ягон дарахти Адан» боқӣ намонда буд. Бинобар ин кӯшишҳои онҳое, ки баъдан мавқеи аслии боғи Аданро ёфтанӣ буданд, бенатиҷа монд.
^ сарх. 14 Нигаред ба брошураи «Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» (рус.), ки онро Шоҳидони Яҳува нашр кардаанд.
^ сарх. 16 Олимони тибби муосир маълум кардаанд, ки қабурға хусусияти ҷолиби шифоёбӣ дорад. Баръакси дигар устухонҳо, агар устухонпардаи қабурға, ки аз бофтаи пайвасткунанда иборат аст, зарар надида бошад, он аз нав инкишоф ёфта метавонад.