«Ба гуфти ман кунед»
«Ба гуфти ман кунед»
«Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (ЮҲАННО 8:31, 32).
Маънои ин гуфтаҳо: «Гуфти» Исо таълимоти ӯро дар бар мегирад, ки аз ҷониби Худост. Исо қайд карда буд: «Падаре, ки маро фиристодааст, ба ман амр дод, ки чӣ гӯям» (Юҳанно 12:49). Ӯ ба Падари осмониаш, Яҳува Худо, муроҷиат карда чунин гуфт: «Каломи ту ростист». Исо ҳангоми таълим додан доимо аз Каломи Худо иқтибос меовард (Юҳанно 17:17; Матто 4:4, 7, 10). Бинобар ин масеҳиёни ҳақиқӣ ба гуфти Исо амал карда, Каломи Худо, яъне Китоби Муқаддасро «ростӣ» меҳисобанд ва эътиқоду тарзи ҳаёташон бошад, пурра бар он асос меёбад.
Паҳн шудани хушхабар дар асри як: Нависандаи Китоби Муқаддас Павлуси расул низ мисли Исо ба Каломи Худо эҳтироми зиёд дошт. Ӯ навишта буд: «Тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва... фоиданоканд» (2 Тимотиюс 3:16). Мардоне, ки барои таълим додани масеҳиён таъйин шуда буданд, бояд ба «суханони боваринок»-и Каломи Худо мечаспиданд (Титус 1:7, 9). Масеҳиёни асри як бояд эҳтиёт мешуданд, ки касе онҳоро «бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда асир нагардонад. Ин чизҳо бар урфу одатҳои инсонӣ ва фикру ақидаҳои ҷаҳон асос меёбанд, на бар таълимоти Масеҳ» (Қӯлассиён 2:8).
Кӣ имрӯз хушхабарро паҳн мекунад? Дар «Баёноти калисои католикӣ» гуфта шудааст: «[Калисои] католикӣ ҳар он чизеро, ки ошкор шудааст, пурра дар асоси Навиштаҳои Муқаддас маънидод намекунад. Бинобар ин дар баробари Навиштаҳои Муқаддас бояд расму русумро низ пазируфт ва муҳтарам дошт». Дар маҷаллаи «Меклинс» суханони зерини вазири Торонтои Канада оварда шуда буд: «Чаро мо бояд ба суханони “инқилобӣ”-е, ки 2000 сол пеш гуфта шуда буданд, гӯш кунем? Мо худамон фикру ақидаҳои олиҷаноб дорем, ки қадру қиматашонро гум карда истодаанд. Зеро мо маҷбурем, ки фикру ақидаҳои худро бо таълимоти Исо ва Навиштаҳо асоснок гардонем».
Дар «Энсиклопедияи нави католикӣ» дар бораи Шоҳидони Яҳува чунин гуфта шудааст: «Эътиқод ва меъёрҳои ахлоқии онҳо танҳо дар асоси Китоби Муқаддас аст». Ба қарибӣ дар Канада марде гапи як Шоҳиди Яҳуваро бурида, ба Китоби Муқаддаси ӯ ишора карду чунин гуфт: «Ман аз китоби дастат фаҳмидам, ки ту кистӣ».