Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

Ман доимо бо худ яроқ гирифта мегаштам

Ман доимо бо худ яроқ гирифта мегаштам
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1958

  • ДАВЛАТ: ИТОЛИЁ

  • ТАРҶУМАИ ҲОЛ: УЗВИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТКОРОН

ДАР ГУЗАШТА:

Ман дар наздикиҳои шаҳри Рум, дар маҳаллаи камбизоатон ба воя расидам. Зиндагии мо вазнин буд. Модарамро ягон бор надидаам, бо падарам бошад, ҳеҷ гоҳ муносибати наздик надоштам. Ман дар қади кӯча калон шудам.

Аз синни даҳсолагиам ба дуздӣ даст задам. Дар 12-солагӣ якум бор аз хона гурехтам. Падарам чандин бор маро аз милисахона халос карда буд. Ман доим бо одамон дастбагиребон мешудам, аз ҳама хафа ва бадхашм будам. Дар синни 14-солагӣ ман хонаамонро тамоман тарк кардам. Ҳамин тавр нашъакаш шудам ва дар кӯчаҳои шаҳр зиндагӣ мекардам. Ман шабро дар даруни мошинҳо рӯз намуда, саҳари барвақт аз мошин баромада, дар фавораҳои шаҳр дасту рӯ мешустам.

Рафта-рафта дар дуздӣ усто шудам. Корам чизҳои мардумро дуздидан ва шабона хонаҳояшонро ғорат кардан буд. Ҳамин тавр дар байни баъзе гурӯҳҳои ҷиноятӣ ном баровардам. Дере нагузашта маро ба як гурӯҳи машҳури ҷинояткорон даъват карданд. Акнун ман метавонистам бонкҳоро ғорат кунам. Азбаски одами бадхашм будам, дар гурӯҳамон маро хеле ҳурмат мекарданд. Ман доим бо худ яроқ гирифта мегаштам. Рости гап, ҳатто вақти хобам дар таги болишт яроқ мемондам. Ман ба зӯроварӣ, нашъакашӣ, дуздӣ, бадзабонӣ ва бадахлоқӣ дода шуда будам. Ба болои ин полис доимо маро мекофт. Ман якчанд маротиба ҳабс шуда будам. Чандин соли умрам дар ҳабсхона барбод рафт.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД:

Боре, вақте маро аз ҳабс озод карданд, ман ба хабаргирии холаам рафтам. Фаҳмидам, ки ӯ бо ду фарзандаш Шоҳиди Яҳува шудааст. Онҳо маро ба ҷамоат даъват карданд. Ман аз ҳисси кунҷкобӣ даъваташонро қабул кардам. Вақте ба ибодатгоҳ расидем, ман ба онҳо гуфтам, ки дар назди даромадгоҳи толор мешинам, то ҳамаро дида тавонам. Ман он рӯз низ бо худ яроқ доштам.

Он вохӯрӣ ҳаётамро тағйир дод. Дар ёдам ҳаст, ки он рӯз ман худро дар дигар сайёра ҳис кардам. Маро ҳама бо чеҳраи кушод пешвоз мегирифтанд. То ҳол симои пурмеҳр ва самимии онҳо аз назарам дур намешавад. Муҳити он ҷо аз дунёи ман аз замин то осмон фарқ мекард.

Ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Баробари афзудани донишам, дарк мекардам, ки бояд тарзи ҳаётамро комилан тағйир диҳам. Суханоне, ки дар Панднома 13:20 омадаанд, ба дилам хеле таъсир карданд: «Бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ, бо аблаҳ ҷӯра шавӣ, шикаст мехӯрӣ». Ман фаҳмидам, ки бояд бо гурӯҳи ҷинояткорон алоқаамро пурра канам. Ин кор осон набуд, вале бо кумаки Яҳува ман комёб гаштам.

Якум бор дар ҳаётам ман оқибатандеш шудам

Ман инчунин аз ҷиҳати ҷисмонӣ худро пок намудам. Баъд аз кӯшишҳои пайваста сигор ва нашъакаширо бас кардам. Мӯйи дарозамро паст карда, гӯшворҳоямро кашида партофтам ва дигар ҳақорат намекардам. Якум бор дар ҳаётам ман оқибатандеш шудам.

Ба ман хондану таълим гирифтан ҳеҷ гоҳ маъқул набуд, аз ин рӯ омӯзиши Китоби Муқаддас ба назарам мисли кӯҳ метофт. Вале баъди кӯшишҳои пайваста оҳиста-оҳиста ба Яҳува меҳр пайдо кардам. Ботинан тағйир меёфтам, ҳатто виҷдонам ба кор даромад. Ман фикр мекардам, ки Яҳува гуноҳҳои маро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Аммо, вақте мулоҳиза мерондам, ки чӣ тавр Яҳува гуноҳҳои ҷиддии шоҳ Довудро бахшид, дилам таскин меёфт (2 Подшоҳон 11:1–12:13).

Мушкилии дигаре, ки ман паси сар кардам, ин хона ба хона мавъиза кардан буд (Матто 28:19, 20). Ман метарсидам, ки бо шахсоне, ки пеш дар ҳаққашон бадӣ карда будам, рӯ ба рӯ мешавам. Лекин оҳиста-оҳиста тарс аз дилам дур шуд. Ман ба дигарон дар бораи Падари осмониамон, ки саховатмандона моро мебахшад, нақл карда хурсандӣ мегирам.

ҲАЁТАМ БЕҲТАР ГАШТ:

Яҳува маро наҷот дод! Аксар дӯстони пешинаам дар қайди ҳаёт нестанд ё ҳабс шудаанд. Валекин ман ҳаёти хушбахтона ба сар бурда, ба ояндаи дурахшон умед дорам. Ман фурӯтанӣ ва итоаткориро аз худ кардам. Ҳоло мисли пештара тез оташин намешавам ва худро ба даст гирифта метавонам. Барои ҳамин бо одамон муросо кардан бароям осонтар шудааст. Яҳува ба ман инчунин ҳамсари соҳибҷамоле дод, номи ӯ Кармен аст. Имрӯз мо бо Кармен ба дигарон дар бораи ҳақиқати Каломи Худо мавъиза карда хурсандӣ мегирем.

Гуфтагӣ барин, ҳоло ман дар бонк кор мекунам. Лекин ба он ҷо на бо яроқ, балки бо сатилу латта меоям.