МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД?
Чӣ тавр Китоби Муқаддас новобаста ба он ки матни онро дигар карданӣ буданд, то замони мо расид?
ХАТАР: Китоби Муқаддас новобаста ба фарсудашавӣ ва зиддият то замони мо расид. Лекин баъзе нусхабардорон ва тарҷумонон ба матни он дигаргунӣ дароварданӣ шуданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки хабари Китоби Муқаддасро ба таълимоти худ мувофиқ гардонанд, ҳол он ки онҳо бояд таълимоти худро ба Китоби Муқаддас мувофиқ мекарданд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
Ҷойи ибодат: Дар миёнаҳои асри чор ва дуи пеш аз милод, нависандагони «Панҷкитоби сомарӣ» ба китоби дуюми Мӯсо, боби 20, ояти 17 чунин суханонро илова карданд: «Дар Ҷаризим. Дар он ҷо ба ман қурбонгоҳ бисоз». Ҳамин тавр сомариён ният доштанд, ки дар кӯҳи Ҷаризим ибодатгоҳ созанд ва гӯянд, ки ин бар Навиштаҳо асос ёфтааст.
Таълимоти сегона: Тақрибан 300 сол пас аз пурра навишта шудани Китоби Муқаддас, нависандае, ки тарафдори таълимоти сегона буд, ба номаи якуми Юҳанно, боби 5, ояти 7 суханони зеринро илова кард: «Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд». Ин суханон дар матни аслӣ нестанд. Брюс Метсгер ном олими Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аз асри шашум сар карда ин суханон дар Китоби Муқаддас ба забони лотинии қадим ва Вулгатта [-и лотинӣ] пайдо шуданд».
Номи Худо: Бисёр тарҷумонони Китоби Муқаддас ба таъсири хурофотпарастӣ, ки дар байни яҳудиён паҳн гашта буд, дода шуда номи Худоро аз Навиштаҳо гирифтанд ва ба ҷойи он унвонҳои «Худо» ва «Худованд»-ро гузоштанд. Сазовори диққат аст, ки унвонҳои мазкур дар Китоби Муқаддас на танҳо ба Офаридгори замину осмон, балки ба одамон, бутҳо ва ҳатто Шайтон низ нисбат дода мешаванд (Юҳанно 10:34, 35; 1 Қӯринтиён 8:5, 6; 2 Қӯринтиён 4:4) *.
ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД? Якум, бояд гуфт, ки ҳарчанд баъзе нусхабардорони Каломи Худо аз рӯйи инсоф кори худро иҷро накарданд, бисёр нусхабардорони бомаҳорат ба корашон ҷиддӣ муносибат мекарданд. Миёнаи асрҳои шаш ва даҳи милодӣ масоретҳо Навиштаҳои иброниро рӯбардор карда, матни масоретиро тайёр намуданд. Масоретҳо ҳар як ҳарф ва калимаро ҳисоб мекарданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ягон хато накардаанд. Вақте онҳо пай мебурданд, ки дар матни рӯбардоршуда хатое гузаштааст, онро дар ҳошия қайд мекарданд. Масоретҳо кӯшиш мекарданд, ки ба матни Навиштаҳо аз худ ягон чиз илова накунанд. Олими Китоби Муқаддас Моше Гошен-Готтштайн қайд мекунад: «Матни Каломи Худоро дидаю дониста тағйир додан барои масоретҳо ҷинояти вазнинтарин ҳисоб меёфт».
Дуюм, имрӯзҳо шумораи бисёри дастнависҳо дар ихтиёри олимони Китоби Муқаддасанд. Дар асоси ин дастнависҳо олимон хатоҳои тарҷумаҳоро ёфта метавонанд. Масалан, пешвоёни дин муддати асрҳо мегуфтанд, ки нусхаҳои Китоби Муқаддас ба забони лотинӣ, ки ба онҳо дастрасанд, матни аслии Навиштаҳоро дар бар мегиранд. Аммо, чи хеле дар боло қайд кардем, онҳо ба 1 Юҳанно 5:7 суханони дурӯғ дароварданд. Ин хато дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддаси тоҷикӣ низ (тарҷумаи Мордохай Бачаев) дида мешавад. Вале баъд аз бозёфти дигар дастнависҳо чӣ маълум гашт? Брюс Метсгер мегӯяд: «Порчае, ки дар [1 Юҳанно 5:7] омадааст, ғайр аз тарҷумаи Китоби Муқаддаси лотинӣ, дигар дар ягон тарҷумаи қадимаи Навиштаҳо (суриягӣ, қоптӣ, арманӣ, ҳабашӣ, арабӣ, славянӣ) вонамехӯрад». Бинобар ин дар нашрҳои муосири Китоби Муқаддас он фикри хато партофта шудааст.
Оё дастнависҳои қадима исбот мекунанд, ки матни Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст? Вақте соли 1947 дастнависҳои баҳри Мурда ёфт шуданд, олимон имконият пайдо намуданд, ки матни ибрии масоретиро бо ин дастнависҳои ёфтшуда, ки зиёда аз ҳазор сол пеш навишта шуда буданд, муқоиса намоянд. Як узви гурӯҳи муҳаррирони дастнависҳои баҳри Мурда қайд мекунад: «Ҳатто аз як дастнавис маълум мешавад, ки нусхабардорони яҳудии Китоби Муқаддас тӯли зиёда аз ҳазор сол матни Навиштаҳоро аниқу дақиқ нусхабардорӣ кардаанд».
Дар китобхонаи Честер Битти дар шаҳри Дублини Ирландия маҷмӯи папирусҳое ҳастанд, ки қариб ҳамаи китобҳои Навиштаҳои Юнониро дар бар мегиранд. Дар ин маҷмӯъ ҳатто дастнависҳое ҳастанд, ки ба асри дуи милодӣ тааллуқ доранд, яъне 100 сол пас аз навишта шудани Китоби Муқаддас нусхабардорӣ шудаанд. Дар як луғат гуфта мешавад: «Ин папирусҳо дар бораи ҷузъиёти матни Навиштаҳо бисёр чизро ошкор месозанд ва исбот мекунанд, ки матни Китоби Муқаддас дар давоми садсолаҳо аниқу дақиқ рӯбардор шудааст» (The Anchor Bible Dictionary).
«Бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки ягон китоби қадима мисли Китоби Муқаддас дақиқ нусхабардорӣ нашудааст».
НАТИҶА: Маротибаҳои зиёд нусхабардорӣ шудани матни Китоби Муқаддас манфиати зиёд овард, зеро ба туфайли ин мо имрӯз ба дақиқ будани он боварии бештар пайдо карда метавонем. Олими бритониёӣ Фредерик Кенён дар бораи Навиштаҳои Юнонӣ чунин қайд кардааст: «Ягон китоби бостонӣ ин қадар бисёр далелу исботҳои қадимтарин надорад. Ҳар як олими ростқавл тасдиқ мекунад, ки матне, ки то замони мо расидааст, аниқу дақиқ мебошад». Дар бораи Навиштаҳои Ибронӣ бошад, олим Уилям Ҳенри мегӯяд: «Бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки ягон китоби қадима мисли Китоби Муқаддас дақиқ нусхабардорӣ нашудааст».
^ сарх. 6 Барои маълумоти бештар гирифтан ба Замимаҳои А4 ва А5-и «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» нигаред, ки дар сомонаи www.dan124.com дастрас аст.