Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 24

Доимо сӯи мукофот нигар!

Доимо сӯи мукофот нигар!

(2 Қӯринтиён 4:18)

1. Ҳангоме шавад кӯр бино,

Карон ҳам гарданд шунаво,

Ҳангоме дашту биёбон

Табдил ёбанд ба гулистон,

Ҳангоме бидаванд лангон,

Ҷудо нагарданд наздикон,—

Дидан гар хоҳӣ он ҳаёт,

Нигар доим ба мукофот.

2. Ҳангоме ҳарф зананд гунгон

Ва шавад пиронсол ҷавон,

Ҳам бигардад пурфайз замин,

Ва расад вақти беҳтарин,

Ҳангоме мешавад ҷаҳон

Пур аз хандаи кӯдакон,—

Хешонро бинӣ барҳаёт,

Гар нигарӣ ба мукофот.

3. Ҳангоме кунанд зист якҷо

Гургон ҳамроҳи барраҳо

Ва ҳатто тавонад кӯдак

Бетарс онҳоро чаронад.

Ҳангоме гарданд пок ашкҳо,

Ва гузаранд пурра ғамҳо,—

Tо бинӣ он замони шод,

Нигар доим ба мукофот.

(Ҳамчунин нигаред ба Иш. 11:6–9; 35:5–7; Юҳ. 11:24.)