Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 34

Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

(Ишаъё 43:10–12)

1. Эй Яҳува, ҳаст бузург муҳаббатат,

Ҳастӣ Худои одил ва пурзӯр.

Ҳама ростиву хирадро манбаӣ

Ва чун Ҳоким дар арш дорӣ ҳузур.

Мо дар хизмати Ту хеле хурсандем

Ва бо шодӣ кунем хостат эълон.

(НАҚАРОТ)

Мефахрем, ки ҳастем мо Шоҳидонат,

Пас, кунем зист мувофиқи ин ном!

2. Мекунем мо ҳамкорӣ дар хизматат,—

Ин афзояд меҳри бародарӣ.

Диҳем таълим ҳақиқатат ба ҳама,

Васф кунем Туро бо сарбаландӣ.

Мо, Яҳува, чун намояндагонат

Мехоҳем кунем шӯҳратат баён.

(НАҚАРОТ)

Мефахрем, ки ҳастем мо Шоҳидонат,

Пас, кунем зист мувофиқи ин ном!

(Ҳамчунин нигаред ба Такр. Ш. 32:4; Заб. 42:3; Дон. 2:20, 21.)