Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 50

Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

Муҳаббати илоҳӣ, ки ба мо намуна аст

(1 Юҳанно 4:19)

1. Худо Яҳува нишон бидод, ки чист

Муҳаббат,

Муҳаббат,

То гирем ибрат ва наравем ҳаргиз

Аз ҳақиқат,

Аз ҳақиқат.

Мо орем ба ҷо аъмоли некӯро,

Нигоҳ хоҳем дошт мо ягонагиро,

Дар ин Яҳува ибрат бошад моро.

Ӯ — муҳаббат,

Худо — муҳаббат.

2. Ба ҳамимонон гар меҳри мо бошад

Самимӣ,

Самимӣ,

Дар вақти тангӣ гар якемон афтад,

Диҳем ёрӣ,

Диҳем ёрӣ.

Гар ҳаст муҳаббат, мо ҳамаро бахшем,

Ғамхору дилсӯз аз таҳти дил гардем,

Мо мисли Падар корҳои нек кунем

Аз муҳаббат,

Маҳз аз муҳаббат.

3. Аз меҳр ба Худо ба кори Ӯ бахшем

Умри худ,

Умри худ.

Карда итоат, дар васфаш тайёрем

Хонем суруд,

Хонем суруд.

Мо созем маълум ба ҳама кас номаш,

Ва диҳем ёрӣ, то фаҳманд Каломаш.

Пас, кунем кӯшиш мудом дар хизматаш,—

Ин муҳаббат,

Ҳаст ин муҳаббат.

(Ҳамчунин нигаред ба Рум. 12:10; Эфс. 4:3; 2 Пет. 1:7.)