Суруди 54
Мо бояд имон дошта бошем
1. Худо тавассути пайғамбарон
Сухан меронд бо одамон.
Акнун гӯяд тавассути Исо:
«Тавба кун, ҳар як инсон».
(НАҚАРОТ)
Оё дорем баҳри наҷот
Мо дар худ имони қавӣ?
Оё ҳаст исботаш рафтор?
Бо он имон мо ёбем раҳоӣ.
2. Ба амри Исо мо гӯш медиҳем,
Дар ҳар ҷо гуфта хушхабар.
Паёмро бо озодии сухан
Мо гӯем ҳарчи бештар.
(НАҚАРОТ)
Оё дорем баҳри наҷот
Мо дар худ имони қавӣ?
Оё ҳаст исботаш рафтор?
Бо он имон мо ёбем раҳоӣ.
3. Имонамон чун сипар мустаҳкам,
Мо нагардем ҳеҷ гоҳ ақиб.
Душман гарчи меҷангад зидди мо,
Наҷот лек бошад қариб.
(НАҚАРОТ)
Оё дорем баҳри наҷот
Мо дар худ имони қавӣ?
Оё ҳаст исботаш рафтор?
Бо он имон мо ёбем раҳоӣ.
(Ҳамчунин нигаред ба Рум. 10:10; Эфс. 3:12; Ибр. 11:6; 1 Юҳ. 5:4.)