Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 106

Дӯстӣ бо Яҳува

Дӯстӣ бо Яҳува

(Забур 14)

1. Киро, эй Худованд,

шуморӣ дӯсти худ?

Кӣ дар хаймаат зист хоҳад кард,

шиносад Туро хуб?

Ҳар кӣ Каломатро

ҷо бидиҳад дар дил,

Ҳар кӣ содиқу ҳақиқатҷӯст,

ҳар касе ҳаст одил.

2. Кист дӯстат, эй Худо?

Кӣ ҳаст наздик ба Ту?

Киро бо номаш мешиносӣ?

Кӣ созадат хушнуд?

Ҳар кӣ ба гапи Ту

мекунад итоат,

Ҳар касе бошад поку ростқавл,

дилу забонаш як.

3. Ҳама ғамҳои дил

кунем ба Ту баён.

Ҳар рӯз дуо гуфта, парварем

нахли дӯстиамон.

Мегӯянд, ки дӯстон —

нури чашм, тоҷи сар,

Туӣ он нуру тоҷ, зеро нест

дӯсте аз Ту беҳтар.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 138:1; 1 Пет. 5:6, 7.)