Суруди 112
Яҳува — Худои бузург
1. Эй Яҳува, Ту неку росткорӣ,
муҳаббатат беҳамтост,
васфат бар забони мост.
Зӯру тавонат, адлу хирадат
чӣ қадар беинтиҳост!
2. Пур аз шафқатӣ, хеле дилсӯзӣ.
Бо ин ҳама бузургӣ
ба дуомон гӯш диҳӣ.
Додӣ ҳаётро, ризқу нишотро,
чун падар панд медиҳӣ.
3. Ҳама аъмолат гӯяд ҷалолат.
Мо низ васф кунем як умр
бо дили лабрез аз шукр.
Эй Худовандо, танҳо Ту ҳастӣ,
ҳама ҳамдро сазовор.
(Ҳамчунин нигаред ба Такр. Ш. 32:4; Мас. 16:12; Мат. 6:10; Ваҳй 4:11.)