Яҳуваро ҷалол диҳед
Боргирӣ:
1. Кист мисли ту, эй Худоям?
Тахти ту бар осмонҳост.
Чистам ман пеши қудратат,
Ки медорӣ маро дар ёд?
Аз муҳаббатат қоилам.
Чӣ бидиҳам дар ҷавоб?
Як мушти хокам, валекин
Аз меҳрат гаштаам шодоб.
(Нақарот)
Эй Яҳува, бишнав сурудамро,
Ба даргоҳат бипазир.
Аз ҳама беш лоиқи васф ҳастӣ,
Турост ҳамди беохир,
Эй Худои беназир!
2. Номи ту чӣ пуршукӯҳ аст!
Бидиҳам онро ҷалол.
Гӯям шуҳратат ба ҳама,
Нест онро поёну завол.
Ҳама неки-т пеши чашмам,
Бигӯям аз некиҳот.
Ҳар як сифатат достонест,
Дар васфат гӯям достонҳо.
(Нақарот)
Эй Яҳува, бишнав сурудамро,
Ба даргоҳат бипазир.
Аз ҳама беш лоиқи васф ҳастӣ,
Турост ҳамди беохир,
Эй Худои беназир!
3. Кӯҳу пуштаву дарёро
Бинаму ёбам фараҳ.
Моҳу офтобу осмонат
Зебоянд ҳар субҳу шомгаҳ.
Андар ҳунари дастонат
Нақши хирадат пайдост.
Чӣ аҷоиб аст аъмолат!
Аз он бӯйи меҳр ҳувайдост.
(Нақарот)
Эй Яҳува, бишнав сурудамро,
Ба даргоҳат бипазир.
Аз ҳама беш лоиқи васф ҳастӣ,
Турост ҳамди беохир,
Эй Худои беназир!
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 96:1-10; 148:3, 7.)