Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳаётамро ба ту мебахшам

Ҳаётамро ба ту мебахшам

Боргирӣ:

  1. 1. Дар шабҳои оромбахш,

    Ба зери ситоразор

    Дил бо ёди ту, бо хаёли ту

    аз меҳр гардад саршор.

  2. 2. Туӣ раҳкушои ман,

    Туӣ раҳнамои ман.

    Умри ман барот, ҷони ман фидот,

    Нигаҳбони ҷони ман.

    (Нақарот)

    Ба ман ту ҷон додӣ,

    Наҷот додӣ,

    Дар дилат ҷо додӣ.

    Маро бозхаридӣ,

    Зинда кардӣ,

    Пас, биспорам ба ту

    тамоми умри худ!

  3. 3. Навозиш кунад офтоб

    бо дастонаш рӯю тан.

    Дасти нарми ту, меҳри гарми ту

    бинавозад дили ман.

    (Нақарот)

    Ба ман ту ҷон додӣ,

    Наҷот додӣ,

    Дар дилат ҷо додӣ.

    Маро бозхаридӣ,

    Зинда кардӣ,

    Пас, биспорам ба ту

    тамоми умри худ!

    (Нақарот)

    Ба ман ту ҷон додӣ,

    Наҷот додӣ,

    Дар дилат ҷо додӣ.

    Маро бозхаридӣ,

    Зинда кардӣ,

    Пас, биспорам ба ту —

    тамоми умр ба ту!