ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Гармои шадид дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Моҳи июл дар бисёр ҷойҳо пайи ҳам гармои гӯшношунид ба қайд гирифта шуд.
«Дар давоми ин моҳ ҳокимиятдорон ду бор аҳолии беш аз 70 шаҳрро огоҳ карданд, ки ҳаво бениҳоят гарм мешавад» (25 июли 2022, хадамоти иттилоотии CNN).
«Аз боиси гармои шадид дар саросари Аврупо ҷангалҳо сӯхта истодаанд» (17 июли 2022, The Guardian).
«Рӯзи якшанбе дар як қатор шаҳрҳои соҳили Шарқӣ, иёлотҳои ҷанубӣ ва Ғарби Миёнаи Иёлоти Муттаҳида ҳарорати ҳаво ба дараҷаи баландтарин расид» (24 июли 2022, The New York Times).
Ҳамаи ин ба чӣ оварда мерасонад? Оё оқибат дар замин зиндагӣ кардан ғайриимкон мешавад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Оё дар бораи гармои гӯшношунид дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст?
Бале. Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас гармои шадид яке аз нишонаҳои рӯзҳои мо аст. Масалан, дар бораи рӯзҳои охир Исо гуфта буд, ки мо «ҳодисаҳои пурдаҳшат» ва «аломатҳои бузург»-ро хоҳем дид (Луқо 21:11). Бисёриҳо хавотиранд, ки аз сабаби гармои шадид дар замин зиндагӣ кардан ғайриимкон шуда метавонад.
Оё дар рӯйи замин зиндагӣ кардан ғайриимкон мешавад?
Не. Мувофиқи нияти Худо замин барои одамизод ҷойи зисти абадӣ аст (Забур 115:16; Пандгӯ 1:4). Худо намегузорад, ки одамон заминро вайрону хароб кунанд, ӯ тавре мекунад, ки «нобудгарони замин нобуд гарданд» (Ошкорсозӣ 11:18).
Ду пешгӯйиеро, ки Худо дар бораи замин ваъда додааст, дида мебароем.
«Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд, дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт» (Ишаъё 35:1). Худо намегузорад, ки замин ба биёбони беодам табдил ёбад, баръакс, ӯ ҷойҳоеро, ки аз дасти одамон харобазор шудаанд, обод мекунад.
«Ту ба замин ғамхорӣ мекунӣ, онро серҳосилу серғизо мегардонӣ» (Забур 65:9). Худо заминро ба биҳишт табдил медиҳад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Тағйирёбии обу ҳаво ва ояндаи мо. Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?» нигаред.
Мақолаи «Кӣ Заминро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр замин ободу гул-гулшукуфон мешавад.