Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Дин ва ҷанг дар Украина. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Дин ва ҷанг дар Украина. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Баъзе пешвоёни номдори дин дар бораи ҷанг дар Украина чунин мегӯянд:

  •   «Сарвари калисои православии Русия, патриарх Кирилл, дар бораи ҳуҷуми Русия чизе нагуфт... Калисои ӯ доимо дар бораи Украина таблиғот бурда, рафтори Путинро сафед мекунад» (EUobserver, 7 марти с. 2022).

  •   «Патриарх Кирилл барои сафед кардани ҳуҷуми мамлакаташ ба Украина ошкоро гуфт, ки ин низоъ мубориза бар зидди гуноҳ аст» (AP News, 8 марти с. 2022).

  •   «Пешвои калисои православии Украина, Митрополити Киев — Епифании I, рӯзи душанбе халқро баракат дод, ки бо ҳамлагарони Русия биҷанганд... Ӯ инчунин гуфт, ки куштани сарбозони Русия гуноҳ ҳисоб намеёбад» (Jerusalem Post, 16 марти с. 2022).

  •   «Мо [Шӯрои калисоҳо ва ташкилоти динӣ дар Украина] қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҳамаи муҳофизонамонро дар ҳимояи Украина аз ҳамлагарон баракат дода дар ҳаққашон дуо мегӯем» (UCCRO a Statement, 24 феврали с. 2022).

 Шумо дар ин бора чӣ фикр доред? Оё ба рӯҳониёне, ки худро пайрави Исои Масеҳ меноманд, равост, ки дигаронро ба ҷанг ташвиқ кунанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Нақши дин дар ҷанг. Таърих чӣ мегӯяд?

 Таърих гувоҳ аст, ки ҳарчанд диндорон бисёр вақт вонамуд мекарданд, ки тарафдори сулҳу осоиштагиянд, дар асл ҷангро дастгириву сафед мекарданд ва ҳатто сабабгори он мешуданд. Даҳсолаҳо боз Шоҳидони Яҳува ин гуна дурӯягии диндоронро фош карда истодаанд. Ба баъзе мисолҳое, ки дар адабиёти мо оварда шуда буд, диққат диҳед.

Оё динҳои масеҳӣ бояд ҷангро дастгирӣ кунанд?

 Таълими Исо: «Ёри худро мисли худ дӯст дор» (Матто 22:39). «Душманони худро дӯст доред» (Матто 5:44–47).

 Фикр кунед: оё диндорон метавонанд, ки ба ин амри Исо гӯш дода, ҳамзамон дигаронро барангезанд, ки дар ҷанг одам кушанд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мақолаҳои «Масеҳиён ва ҷанг» ва «Оё душманони худро дӯст доштан мумкин аст?»-ро хонед.

 Таълими Исо: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии ман аз ин ҷаҳон мебуд, пайравони ман мубориза мебурданд, ки ба дасти яҳудиён супурда нашавам» (Юҳанно 18:36). «Ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта мешаванд» (Матто 26:47–52).

 Фикр кунед: масеҳиён ҳатто барои муҳофизати Исо ҷанг накарданд, пас, мумкин аст, ки имрӯз онҳо бо сабабҳои дигар ба даст яроқ гиранд? Мақолаи «Оё байни масеҳиёну ҷанг ягон умумияте ҳаст?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр масеҳиёни аввал содиқона ба намуна ва таълими Исо пайравӣ мекарданд.

Бо динҳое, ки ҷангро дастгирӣ мекунанд, чӣ мешавад?

 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо аз диндороне, ки худро пайрави Исо меноманду аз рӯйи гуфтаҳояш зиндагӣ намекунанд, рӯй мегардонад (Матто 7:21–23; Титус 1:16).

  •   Дар китоби Ошкорсозӣ гуфта шудааст, ки Худо ин гуна динҳоро ба марги «ҳамаи куштагони рӯйи замин» ҷавобгар меҳисобад (Ошкорсозӣ 18:21, 24). Аз мақолаи «Бобили бузург чист?» дар ин бора бештар маълумот гиред.

  •   Исо гуфта буд, ки Худо ҳамаи динҳоеро, ки рад кардааст, барои корҳои бадашон мисли дарахти бад, ки меваи бад меорад, «бурида, ба оташ» мепартояд, яъне нобуд месозад (Матто 7:15–20). Агар фаҳмидан хоҳед, ки ин чӣ тавр ба амал меояд, мақолаи «Ҳалокати дини козиб наздик аст!»-ро хонед.

Photo credits, аз тарафи чап: Photo by Sefa Karacan/Anadolu Agency/Getty Images; Maxym Marusenko/NurPhoto via Getty Images

a Шӯрои калисоҳо ва ташкилоти динӣ дар Украина, 15 калисоро дар бар мегирад, ки намояндагони дини православӣ, юнонӣ, калисои католикии Рум, протестантӣ, евангелистӣ ва ҳамчунин дини яҳудиву мусулмонӣ мебошанд.