Душвориҳои экологӣ. Чӣ тавр Подшоҳии Худо онҳоро ҳал мекунад?
«Ҳолати фавқулодаи иқлим одамон, шаҳрҳо ва экосистемаҳоро хароб карда истодааст. Тӯфонҳои пурзӯре, ки бо тағйирёбии иқлим бештару бештар рӯй дода истодаанд, дар саросари ҷаҳон хонаҳо ва воситаҳои зиндагиро нобуд мекунанд. Аз гарм шудани уқёнус ҳаёти бисёре аз ҷонварони баҳрӣ дар хатар аст» (Ингер Андерсен, муовини котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбари Барномаи СММ оид ба муҳити атроф, 25 июли 2023).
Оё ҳукуматдорони давлатҳои гуногун барои ҳалли ин душвориҳо қувваҳои худро як карда метавонанд? Оё онҳо қудрат доранд, ки ин душвориро ба пуррагӣ аз байн баранд?
Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҳокимияте гуфта шудааст, ки тамоми душвориҳои экологиро аз замин бартараф карда метавонад ва ин корро ҳатман мекунад. Дар он гуфта шудааст, ки «Худои осмон подшоҳие барпо мекунад», яъне ҳокимиятеро, ки тамоми корҳои заминро идора менамояд (Дониёл 2:44). Зери роҳбарии ин ҳокимият одамон ба якдигар «бадие намекунанд» ва ҳеҷ кас ба замин зараре намерасонад (Ишаъё 11:9).