ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Зиёд шудани бадкорӣ дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Хушунати гурӯҳӣ дар Ҳаити авҷ гирифтааст. Вабои ҷинояту зӯроварӣ дар Африқои Ҷанубӣ, Мексика ва дигар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ боиси ранҷу азоби зиёд гаштааст. Ҳатто дар ҷойҳое, ки зӯроварӣ камтар шудааст, одамон хабари дуздиву вайронкориро шунида, дар тарсу ваҳм ва изтироб зиндагӣ мекунанд.
Китоби Муқаддас дар бораи зиёд шудани бадкорӣ дар тамоми ҷаҳон чӣ мегӯяд?
Бадкорӣ дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд
Китоби Муқаддас пешгӯйӣ карда буд, ки бадкорӣ яке аз аломатҳои «охирзамон» мешавад (Матто 24:3). Вақте ҳазрати Исо дар бораи рӯйдодҳои рӯзҳои охир гап зад, ӯ чунин гуфт:
«Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Матто 24:12).
Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин пешгӯйӣ шуда буд, ки дар «рӯзҳои охир» одамон «бепарҳез, ваҳшӣ [ва] душмани некӣ» мешаванд (2 Тимотиюс 3:1–5). Аз пушти ин хислатҳои худхоҳона одамон ба бадкориҳое, ки мо имрӯз мебинем, даст мезананд.
Лекин мо ноумед намешавем, зеро Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ бадкорӣ пурра аз байн меравад.
«Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад, ба маконаш назар хоҳӣ кард, вале ӯро нахоҳӣ дид. Аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (Забур 37:10, 11).
Дар бораи хабарҳои умедбахши Китоби Муқаддас маълумоти бештар гиред ва бовар ҳосил кунед, ки рӯйдодҳои имрӯза иҷрошавии пешгӯйии Китоби Муқаддас мебошанд. Барои ин бо мақолаҳои зерин шинос шавед:
«Умеди ҳақиқӣ ба фардои беҳтар»
«Аломати “рӯзҳои охир” ё “охирзамон” кадом аст?»
«Оё дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки ахлоқи одамон дар рӯзҳои мо чӣ гуна мешавад?»