Танҳоӣ вабои аср. Чӣ тавр бар он ғолиб оем?
«Тақрибан нисфи калонсолон дар Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки худро танҳо ҳис мекунанд. Танҳоӣ хусусан дар байни ҷавонон бисёр дида мешавад» («Our Epidemic of Loneliness and Isolation: The U.S. Surgeon General’s Advisory on the Healing Effects of Social Connection and Community, 2023»).
«[Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ] Комиссияи навро таъсис дод, ки вазифаи он мустаҳкам намудани муносибат байни ҷомеа мебошад. Ин гурӯҳ танҳоиро як мушкилии шадиди саломатӣ медонад ва дар тамоми давлатҳо, новобаста ба вазъи иҷтимоияшон роҳҳои беҳтарӣ мубориза бо танҳоиро меҷӯяд» (Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ, 15 ноябри соли 2023).
Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки бо ёрии он шумо метавонед бо одамон муносибати хубро барқарор намоед.
Маслиҳатҳои ёрирасони Китоби Муқаддас
Худро аз дигарон дур нагиред. Истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки моро аз дигарон дур месозад. Ба ҷойи он беҳтараш бо одамони гирду атрофатон бештар муошират карда барои худ дӯстони ҳақиқӣ ёбед.
Маслиҳати Китоби Муқаддас: «Дӯст ҳама вақт дӯст медорад, Ӯ бародарест, ки барои рӯзи сахт зода шудааст» (Панднома 17:17).
Ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунед. Корҳои нек на танҳо моро ба дигарон наздик месозанд, балки боз хурсандӣ меоранд.
Маслиҳати Китоби Муқаддас: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Корнома 20:35).
Аз сомонаи мо фаҳмед, ки Китоби Муқаддас дар бораи пайдо кардани дӯстони ҳақиқӣ чӣ мегӯяд.