Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Тирпарронӣ дар мактаб. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Тирпарронӣ дар мактаб. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Санаи 24-уми майи соли 2022 дар шаҳраки Ювалдеи Техас (ИМА) воқеаи даҳшатоваре рӯй дод. Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс хабар дод, ки «ҷавони яроқбадаст 19 кӯдаку ду муаллимро дар мактаби ибтидоии Роб кушт».

 Сад афсӯс ки, ин гуна фоҷиаҳо тез-тез рӯй медиҳанд. Дар рӯзномаи «USA Today» навишта шуда буд, ки дар Иёлоти Муттаҳида «адади тирпаррониҳое, ки соли гузашта дар 249 мактаб рӯй доданд, аз адади тирпаррониҳое, ки аз соли 1970 инҷониб рӯй медиҳанд, баландтар аст».

 Чаро ин гуна воқеаҳои даҳшатовар рӯй медиҳанд? Чӣ тавр онҳоро паси сар кунем? Оё ягон вақт зӯровариҳо хотима меёбанд? Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.

Барои чӣ дар ҷаҳон зӯроварӣ зиёд шуда истодааст?

 Бисёриҳо чунин савол медиҳанд: «Чаро Худо роҳ медиҳад, ки фоҷиаҳо ба мисли тирпарронӣ дар мактабҳо рӯй диҳанд?» Агар ҷавоби Китоби Муқаддасро фаҳмидан хоҳед, мақолаи «Чаро одамони нағз ранҷу азоб мекашанд?»-ро хонед.

Чӣ тавр фоҷиаҳоро паси сар кунем?

  •   «Ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи... тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем» (Румиён 15:4).

 Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба шумо кумак мекунанд, ки ба бераҳмиву зӯровариҳое, ки дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, тоб оред. Барои гирифтани маълумоти бештар маҷаллаи «Бедор шавед!»-ро, ки «Оё зӯроварӣ хотима меёбад?» ном дорад, хонед.

 Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кумак карда метавонанд, то онҳо ҳар гуна хабарҳоро ба дил наздик нагиранд? Дар ин бора аз мақолаи «Чӣ тавр хабарҳо ба кӯдакон таъсир мерасонанд?» маслиҳатҳоро хонед.

Оё ягон вақт зӯровариҳо хотима меёбанд?

  •   «Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:14).

  •   «Онҳо аз шамшерҳои худ позаҳо ва аз найзаҳои худ каҷкордҳо месозанд. Халқе бар халқе шамшер намекашад ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд» (Мико 4:3).

 Худо кореро мекунад, ки аз дасти одамизод намеояд. Ӯ ба воситаи Подшоҳии осмонияш тамоми яроқ ва зӯровариро аз беху бунаш нест мекунад. Барои фаҳмидани он ки Подшоҳии Худо дар оянда боз кадом корҳоро мекунад, мақолаи «Подшоҳии Худо сулҳу осоиштагӣ меорад»-ро хонед.